Барноманигори Тоҷикистони навин.
Дастат гулу ҳар як қадаматгулрез аст
Чун пайки баҳори Тоҷикистони навин.
Гардид муҷалло, чу дури фазлу хирад
Кардӣ ту нисори Тоҷикистони навин.
Бахшидӣ раҳоӣ зи бало миллатро,
Фарзанди баори Тоҷикистони навин.
Бинем ҷаҳонро ба қароре ё не,
Бо туст қарори Тоҷикистони навин.
То Суғду Бадахшон бикушудӣ шаҳроҳ
Аз қалби Ҳисори Тоҷикистони навин.
Дил поку назар неку амалҳо солеҳ,
Тимсоли диёри Тоҷикистони навин.
Чун кӯҳ ситодаӣ ту дар поси рафоҳ,
Дар равнақи кориТоҷикистони навин.
Бо туст ғурури миллату низ турост
Тамкину виқори Тоҷикистони навин.
Сарчашма зи ному обрӯят гирад
Ҳар бурду барори Тоҷикистони навин.
Чун меҳри Ватан ёр бувад қалбатро,
Олам шуда ёри Тоҷикистони навин.
Сарсабзу қавинабз ба бахти миллат
Монӣ ба канори Тоҷикистони навин.
МИРЗО КЕНҶА,
РУСИЯ





