9.5 C
Душанбе

ТАСВИРГАРИ СИМОИ МИЛЛАТ

 Рассоми соҳибистеъдод Сабзалӣ Шариф беш аз  60 сол аст, ки фаъолияти эҷодии худро идома дода, дар соҳаи санъати тасвирии муосири тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Ӯ дар баробари фаъолияти эҷодӣ ба таълиму тарбияи насли ҷавон низ машғул буда, таҷриба ва дониши худро ба шогирдон меомӯзонад.

Осори зиёди ӯ имрӯз дар осорхонаҳо ва маҷмуаҳои хусусии Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва дигар кишварҳои Осиё нигаҳдорӣ ва муаррифӣ мешаванд. Рассом дар намоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди худро ба намоиш гузоштааст. Асарҳои эҷоднамудаи ӯ дар шаҳру кишварҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Маскав, Кипр, Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Ҷопон, Венгрия, Полша, Амрико, Олмон, Шветсария ва амсоли инҳо муаррифӣ гардидаанд.

Намоиши навбатии инфиродии рассом бо номи “Модарнома”, ки тули як моҳ дар Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, таваҷҷуҳи зиёди дӯстдорони санъатро ба худ ҷалб намуд ва баҳои баланд гирифт. Асарҳои рассом бо истифодаи рангҳои гуногун ва инъикоси эҳсоси гарми модарона дар қалби бинандагон таассуроти амиқ гузоштанд.

Дар кори намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, санъатшиносон Лариса Додхудоева, Аслиддин Низомов ва Манзура Улҷабоева, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, рассомони ҳирфаӣ, ҳамкасбони рассом, донишҷӯёну шогирдон, дӯстдорони санъат ва дигар наздикону пайвандон ширкат варзида дар гузоришҳояшон ба эҷодиёти рассом баҳои баланд доданд.

 Дар ин намоиш зиёда аз 30 асари рассом аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ ва аз маҷмуаи шахсии рассом ба мисли “Фариштаҳои заминӣ”, “Дар остонаи модарам”, “Нури умедбахш”, “Модарам болу парам”, “Оромӣ”, “То субҳидам”, “Марҳабо”, “Ба ёди солҳои гузашта”, “Сиёҳ ва сафед”, “Сукути лолазорҳо”, “Гаҳвора”, “Навбаҳори мардикорон”, “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”, “Аз дуриҳо ба нуриҳо, аз нуриҳо ба фарозҳо” ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Асарҳои пешниҳодшуда паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти  Сабзалӣ Шарифро дар тули 60 соли эҷодӣ инъикос намудаанд. Мавзуи асосии онҳо меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба модар, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги халқи тоҷикро дар бар мегирифт.

Меҳвари асосии намоиши “Модарнома”-ро ду асари бузурги монументалии рассом бо номи “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва “Аз дуриҳо ба нуриҳо, аз нуриҳо ба фарозҳо” ташкил медод. Дар ин офаридаҳо таърихи пурифтихори халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои маънавии мардум бо истифода аз рангҳои зебову ҷолиб таҷассум ёфтаанд.

Намоиши “Модарнома” ва эҷодиёти Сабзалӣ Шариф дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик нақши муҳим доранд. Дар асарҳои ӯ таърихи миллат, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги тоҷик инъикос ёфтааст. Дар осораш инчунин, дастовардҳои даврони истиқлол ва кӯшишҳои созандагии роҳбарияти давлатро дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ таҷассум менамояд.  

 Яке аз мавзуъҳои асосии эҷодиёти рассом дар ин намоишгоҳ мавзуи “Модар” мебошад. Дар асарҳои ӯ образи неки модар ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, муҳаббат ва қувваи руҳии миллат ба таври хеле зебо тасвир ёфтааст. Модар дар эҷодиёти рассом на танҳо як шахси наздик, балки рамзи ҳаёт, сулҳ ва ояндаи дурахшони ҷомеа мебошад. Ғайр аз ин, дар осори ӯ мавзуъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ низ ҷойгоҳи махсус доранд. Рассом дар асарҳояш ҳолатҳои ҷанг, меҳнати халқ, хислати тозаи инсонӣ ва зебоии табиати Тоҷикистонро бо рангорангӣ ва эҳсоси баланд тасвир менамояд.

Ин рассом аз ҷумлаи онҳоест, ки метавонад воқеаҳои муҳимми таърихи кишварро тавассути асарҳои худ ба таври равшан нишон диҳад. Ӯ дар эҷодиёти худ ба дигаргуниҳои соҳаи санъат, тағйироти ҷомеа ва таҳаввулоти ҳаёти инсон аҳаммияти махсус медиҳад. Рассом бо диди хос ва маҳорати эҷодӣ воқеаҳои гузаштаву имрӯзаро ба ҳам пайваста, онҳоро дар шакли тасвирҳои мурмазмун таҷассум менамояд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки тавассути асарҳояш арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиро ҳифз намуда, ба бинандагон барои беҳтар дарк кардани воқеияти зиндагӣ мусоидат кунад.

Эҷодиёти Сабзалӣ Шариф дар намоишгоҳи “Модарнома” нишон медиҳад, ки ӯ ба воситаи санъат паёми муҳаббат ба модар, эҳтиром ба Ватан ва ифтихор аз таърихи миллатро ба тамошобинон мерасонад. Асарҳои ӯ барои ҳар як шахс як дарси зиндагӣ ва нишонаи ваҳдати миллӣ мебошанд.

Сабзалӣ Шариф аз чеҳраҳои шинохтаи санъат ва фарҳанги тоҷик ба ҳисоб рафта, дар рушди ҳунари миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамчун офарандаи рамзҳои расмии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъруф мебошад.

Осори рассом таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб намуда, имконият медиҳад, ки робитаи байни санъати тасвирӣ, мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷаҳонбинии эҷодии рассом беҳтар дарк карда шавад. Дар асарҳои ӯ нақшу нигори қадима, образҳои таърихӣ, ривоятҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ бо ҳам омезиш ёфта, арзиши баланди бадеӣ ва фарҳангӣ пайдо мекунанд.

Эҷодиёти Сабзалӣ Муродзода таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва санъатшиносони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷумла Лутфия Айнӣ, Рауф Муродов, Лариса Додхудоева, Татьяна Овчарова ва дигар мутахассисон ба омӯзиши осори ӯ машғул шудаанд.

Муҳаққиқон истеъдоди баланди рассомӣ, тафаккури амиқ, дониш ва маҳорати касбии Сабзалӣ Муродзодаи Шарифро махсусан таъкид кардаанд. Ба андешаи онҳо, рассом на танҳо дар эҷоди асарҳои дастгоҳӣ, балки дар санъати монументалӣ низ маҳорати баланд нишон додааст. Ӯ бо истифода аз тобишҳои нозуки ранг дар рӯйи матоъ асарҳое меофарад, ки дорои қувваи таъсирбахш, ифодаи равшан ва ҳусни хос мебошанд. Яке аз чунин асарҳои монументалии ӯ “Аз дуриҳо ба нуриҳо ва аз нуриҳо ба фарозҳо” мебошад, ки дар шакли горизонталӣ эҷод гардида, аз даҳ қисм иборат буда, ба се паҳлу тақсим шудааст. Ҳаҷми умумии он 3 м. баландӣ ва 14 м. 60 см. дарозӣ мебошад.

Рассом мегӯяд: “Мавзуи асар иқтибос аз китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” гирифта, марҳала ба марҳала аз таърихи муборизаҳои халқи тоҷик бо душманони сарзамину давлатдории онҳо тасвир карда шудааст. Ғояи асосии асар бо тарзи композитсия, чи дар шакл ва чи дар мазмун асосан аз ривояту гуфторҳо, маводҳои дар натиҷаи сафарҳои эҷодиям ба минтақаҳои кӯҳистони ватанамон гирдоварда, истифода бурда шудаанд. Ба хусус кӯҳҳои одамшакл. Ин тарзи эҷодро аслан дар асарҳои рангнигориям истифода бурдам. Дар санъати монументалӣ бошад, ин зайли тасвирнамоиро нахустин маротиба истифода кардаам. Ҳадаф аз истифодаи чунин шакли тасвирнамоӣ дар он аст, ки худи мазмуни асар бо ҳамин шакл ҷавобгӯ мебошад ва ман хостам образи қаҳрамонони муборизи давру замонҳои гуногунро бар зидди душманон чун кӯҳҳои устувор равшантару аниқтар нишон диҳам, мантиқи асосӣ дар он аст, ки дар муборизаҳои шадиду нобаробар, мардуми дар шаҳру ҳамвориҳои иқоматдошта, инчунин, дар заминҳои ободу сабзу хуррам маҷбур буданд, ки фирорӣ шаванду барои худ ҷойҳои душворгузару дурро макон интихоб кунанд, паноҳи худро дар кӯҳҳои касногузар ёбанд, то ин ки барои душмононашон мушкилу гарон гардад. Тасдиқи ин саргузашти талхи тоҷиконро мо дар ривоятҳо, қиссаҳо, достону гуфтаниҳои аз ниёгонамон ба мо расида, дармеёбем.

Масалан, кӯҳҳои одамшаклро мо равшану возеҳ дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муминобод дида метавонем. Яъне, дар асар ҳар як қисми он мавзуъ, образи ҳар як қаҳрамон шаклу тасвири хоси худро дорост. Ҳамаи ин 10 қисм бо ҳам бо тариқи роҳҳои шуъламонанд бо рангҳои торику равшан аз ду тарафи асар то маркази он тасвир шудаанд ва қисми марказии асарро равшан менамоянд. Ин рамзи нурпошии қарнҳо то ба имрӯзҳост”.

Воқеан, асари тозаэҷоди “Аз дуриҳо ба нуриҳо ва аз нуриҳо ба фарозҳо”-и Сабзалӣ Шариф имрӯз намунаи маҳорати баланди эҷодӣ ва ҷаҳонбинии васеи бадеии ӯ ба шумор меравад.

 Дар ин асар рассом аз рангҳои гарму равшан ва сояҳои мулоим истифода бурда, фазои пур аз рӯшноӣ ва ҷилои бадеиро ба вуҷуд овардааст. Тарзи тасвир ва сохтори образҳо бинандаро ба ёдгориҳои қадимаи Панҷакент, Афросиёб ва Бунҷикат мебарад. Рассом хусусиятҳои меъморӣ ва ороишии деворнигораҳои бостониро омӯхта, онҳоро бо услуби хоси тасвирии худ бозтоб додааст. Тасвирҳои сангӣ ва пайкараҳои инсонӣ дар асар бо ҳам пайваст гардида, манзараи зиндаи таърихи гузаштаро пеши назар меоранд.

Хулоса, Сабзалӣ Муродзодаи Шариф дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ бо маҳорати баланди эҷодӣ, завқи зебоипарастӣ ва андешаҳои амиқи бадеии худ дар байни аҳли фарҳанг мавқеи хос пайдо намудааст. Осори ӯ аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва тарзи тасвир ҷолиб буда, таваҷҷуҳи дӯстдорони санъатро ба худ ҷалб мекунад. Асарҳои эҷодкардаи ӯ ифодагари ҳунари воло, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти баланди эҷодии рассом мебошанд.

ЗУЛОЛА БОЙМУРОДОВА

Санъатшшинос

Наргис Ҳомидова

Раиси Иттифоқи расомони Тоҷикистон   

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо