Эмомалии Раҳмон!
***
Эй Сарвари тоҷикони дунё,
Эй марди хирад, бародари мо,
Эй дӯст, Эмомалии Раҳмон,
Обод намудӣ Тоҷикистон.
Пурфайз шуданд шаҳру деҳот,
Раҳмат ба гузаштагони ту бод!
Раҳ чун кафи даст тахту ҳамвор,
Дар ҳар қадаме гул асту гулзор.
Осудагӣ, тинҷӣ ҳукмрон аст,
Ин аз ҳама давлати калон аст.
Хоҳам, ки ту ҷовидон бимонӣ,
Сарсабз ва ҳам ҷавон бимонӣ.
Эй марди накуи Тоҷикистон,
Эй дӯст, Эмомалии Раҳмон!
САЙҚАЛ ҚУРБОНОВ,
УЗБЕКИСТОН





