УБАЙД РАҶАБ
Ҳар дам бар рӯи ман
Гӯяд адуи ман,
К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,
Нобуд мешавад.
Бовар намекунам!
Бовар намекунам!
Бовар намекунам!
Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур,
Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,
Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор,
Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор,
Ширинтару лазиз
Аз тунги шаккар аст,
Қиматтару азиз
Аз панди модар аст.
Зеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯй,
Софӣ зи чашма ҷӯяду шӯхӣ зи оби ҷӯй.
Нав-нав таровате диҳад
Чун сабзаи баҳор,
Форам, чу савти булбулу дилбар чу обшор.
Бо ҷӯшу мавҷи худ,
Мавҷе чу мавҷи рӯд,
Бо сози тоби худ,
Бо шаҳди ноби худ
Дил об мекунад,
Шодоб мекунад.
Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,
Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам суҷуд.
Чун ишқи дилбарам,
Чун хоки кишварам,
Чун завқи кӯдакӣ,
Чун байти Рӯдакӣ.
Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,
Чун шуълаҳои нарми саҳар мепарастамаш.
Ман зиндаву зи дидаам
Чун дуд меравад?
Нобуд мешавад?
Бовар намекунам!
Номаш барам, ба авҷи само мерасад сарам,
Аз шавқ мепарам,
Сад марди муътабар
Ояд бари назар,
К-онро чу лафзи байту ғазал
Иншо намудаанд.
Бо панди Саъдиям,
Бо шеъри Ҳофизам,
Чун ишқ оламе ба ҷаҳон
Эҳдо намудаам.
Сарсон машав, аду,
Қубҳе зи ман маҷӯ,
К-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳон
Монад ҳаме ҷавон,
То ҳаст одаме,
То ҳаст оламе.





