Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шубҳа надорад. аз ин аст, ки ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон-Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст. Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд. Гузашта аз ин, Сарвари дав лат аз рӯзҳои аввали Роҳбари Тоҷикистон интихоб шуданашон забони тоҷикиро дар паноҳи дав лати миллии тоҷикон ва давлати миллиро дар паноҳи забони тоҷи кӣ эълон доштанд ва то имрӯз ин сиёсатро, ки ҳамсадои дили аксари мутлақи мардуми ин сарзамин аст, собитқадамона амалӣ мекунанд. Хидматҳои Пешвои миллат на танҳо дар мавриди тозаю беоло иш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ, инчунин дар роҳи тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ хеле бузург мебошанд. Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон – Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуни данд. Хушбахтона, то имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефири станд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва эко логӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд. Доир ба нақши забон дар зиндагии инсонҳо Президенти Тоҷикистон баён намуданд, ки «забон неъма ти бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад». Мусаллам аст, ки забон воси таи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз бом доди зуҳури башар муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим дароварда аст. Ба сухани равшантар, қудрат ва тавонмандии забон нишонаи иқтидори як миллат аст. Андеша, аз ҷумла, андешаи миллӣ, забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё боиси зуҳури зарфияти маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маъ навӣ дучор месозад. Аз ин ҷост, ки баробарӣ ва таодули ин ду падида тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи урузи буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ ва фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва дав лат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муар рифии боистаю шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ дошта метавонад. Саҳифаҳои таърихи миллӣ ни шони он ҳастанд, ки забон ҳамчун унсури ҳувиятию сиёсӣ дар сохт мони андешаи миллӣ ва бунёди давлатдории бумӣ нақши калидӣ доштааст. Аслан назари мухта сар ба решаи калимаи «тоҷик» ба сифати этноними таърихӣ нишон медиҳад, ки мафҳумҳои «халқ» ё «миллати тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» бо ҳам пайванди қавӣ ва иртиботи ногусастанӣ дошта, ин ҳарду мафҳум решаву поя дар қаъри садсолаҳои пешин доранд. Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки забон, фарҳанг ва таърихи мил лат бунёдитарин омилҳои мавҷу дияти миллат буда, ба ташаккулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳа стии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Рушди устувори ҷомеа дар заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ бе арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Дар марҳалаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамво ра саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст, зеро дар ҷумҳурии мо танҳо ҳамин за бон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне, забони тоҷикӣ хидмати бе штаре кунад. Маънои вожаи «тоҷик», ки аз ҷониби аксар муҳаққиқон ва до нишмандон пазируфта шудааст, бо вожаи «тоҷ» иртибот дошта ни он, яъне, ба маънии тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷ маънӣ шудани вожаи «тоҷик» аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар бобати маънои калимаи «тоҷик» дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин изҳори назар наму даанд: «Маънои калимаи «тоҷик», чунонки медонем, мардуми тоҷдор, наҷибу озода ва озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ҳамчун муродифи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази вожаи «ориёӣ» омадааст». Бинобар ин, мо бояд ин маъ норо, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, ҳамчун аксиома қабул бикунем ва аз ин рӯ, бояд ба эъти бор гирифт, ки мафҳуми «забони тоҷикӣ» ба маънии забони қисме аз мардуми ориёитабор аст. Мар думи тоҷик ё ба қавли устод Айнӣ, «қавми муаззам» ё «қавми бузург» и тоҷик, аз ибтидои ташаккул ба сифати этнос бо озодагию сарфа розӣ ва далерию шуҷоати худ ном бароварда буд, ки байти зерини Амир Хусрави Деҳлавӣ ин гуфтаро бори дигар тасдиқ мекунад:
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештарӣ найзавару теғзан.
Нахустин шоироне, ки бо ин за бон шеър гуфтаанд, маҳз, аз қисми шарқии Ориёно зуҳур кардаанд. Абуҳафси Суғдӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқии Самарқандӣ, Абуабдуллоҳи Рӯда кӣ ва даҳҳо шоири дигари шарқи Ориёно аз зумраи аввалин шоиро не ҳастанд, ки ба ин забон ашъори баландпоя ва мондагор эҷод кар даанд. Аксари донишмандон ва муҳаққиқоне, ки доир ба ташаккул ва таҳаввули забонҳои қавмҳои ориёиасл таҳқиқоту пажуҳиш анҷом додаанд, бар он назаранд, ки раванди пайдоиш ва густариши забони тоҷикӣ на баъди истилои араб, балки пеш аз он шуруъ шуда аст. Натанҳо аз ибтидои асри XIX корбурди вожаи «тоҷикӣ» ҳамчун номи забони модарии мо дар баъзе аз тазкираҳо ва маъхазҳои таърихӣ дучор мешавад, балки чӣ тавре дар боло ишора намудем, дар маҷмуаи Турфон бо шумораи 339М, ки дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад, он бо номи «пар тожигона овок», яъне «ба забони тожикӣ» оғоз мешавад (Ниг.: Доварӣ Ғулом Ҷелонӣ. Таҳ лили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашф шуда. Интишороти Бомиён, 2015., С. 69.) ва ин худ далели муътамаде аст, ки мафҳуми «забони тоҷи кӣ» баробар бо пайдоиши вожаи «тоҷик» арзи ҳастӣ намудааст. Феълан, имрӯз мо натанҳо бо тақозои авзои замониву маконӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва бахусус манофеи миллӣ, бал ки дар асоси пажуҳишҳои и л м и и муҳаққиқони дохилию хо риҷӣ нисбат ба забони миллии худ мафҳуми да воми асрҳо таҳаввулёфтаи «забони тоҷикӣ»-ро корбаст менамоем. Дар шароити кунунии таърихӣ бурди мо ва тамоми мардуми ориёитабор ин аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда муваффақ шудем, ки дар гӯшае аз ҷуғрофияи густур даи Ориёвиҷи таърихии аз ҳам фурӯпошида давлати миллие бо номи Тоҷикистон таъсис намоем. Мавҷудияти давлати миллӣ ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки забони миллие бо номи «забони тоҷикӣ» ва ҳувияти миллие бо унвони «ҳувияти тоҷикӣ» дошта бошем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани худ ба асари аз нигоҳи илмӣ ва таҳқиқотӣ беназирашон «Чеҳраҳои мондагор» таъкид менамоянд, ки «эҳтиром гузоштан ба таърихи гузашта барои мо ҳаргиз маънои таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад. Мо бо таҳқиқу омӯзиши таърихи миллат ва арзишҳои фарҳанги қадимаи халқамон мехоҳем, ки раванди ҳамгироиро бо мамлакатҳои тараққикардаи олам густариш диҳем ва дар айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ пайвандем». Бинобар ин бояд гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушах хасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барно маи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд. Президенти Тоҷикистон пайваста бар он пофишорӣ менамоянд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқад дасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи му соид ва имконияти фаровон муҳайё намуд. Аз тарафи дигар, забони миллӣ (забони тоҷикӣ) ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад. Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии дав латдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосӣ дорад. Барҳақ, Пешвои миллат «забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат» эълом карда, аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар исти фода баранд. Дар ниҳоят, Пешвои миллат аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати фавқулодаи сиёсӣ истифода намуда, дар хидмату пуштибонии забони давлатӣ қарор доранд ва забони мо ҳам дар симои ин роҳбари фарҳангпарвари миллӣ ҳомии аслии худро пайдо кардааст. Ба ин маънӣ, амалҳое, ки Сарвари давлат зимни фаъолияти раҳбарӣ дар самти сиёсати забонӣ анҷом додаву медиҳанд, байни мардуми шарифи Тоҷикистон ва доираҳои сиёсию мадании миллию фаро миллӣ ба сифати ҳимоятгару пуш тибони забони давлатӣ, эҳёгари таъриху ойину суннатҳои миллӣ, бунёдкори имрӯз ва раҳнамои фардои миллат маҳбубияти хосса мебахшанд.
ФАРҲОД РАҲИМӢ, АКАДЕМИК





