34.1 C
Душанбе

ИН МАРДИ САРБАЛАНД

БАДАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ!

ДАВЛАТ САФАРЗОДА

Ӯ ифтихору нусрати армони миллат аст,

Фархундабахту ҳамду санохони миллат аст.

Эй ҳамватан, биё, ки муродиф ба ҳам шавем,

Миллат вуҷуди Меҳану ӯ ҷони миллат аст.

Чашми фиреби кас нарасад то ба иттиҳод,

Аз чашми каҷнигоҳ нигаҳбони миллат аст.

Зулмат шикасту дасти мурувват дароз кард,

Шукри Худо кунем, ки Раҳмони миллат аст.

Ҳимматбаландияш, ки нишони садоқат аст,

Пурфайз аз каромати ӯ хони миллат аст.

Андарзи ӯст ояти волои сарнавишт,

Ҷаҳдаш ҳидоятест, зи Қуръони миллат аст.

Лаъли садоқат аст ба кӯҳи муроди ӯ,

Ин марди сарбаланд Бадахшони миллат аст.

Эй ҳамватан, биё, ба дилу дида ҷо шавем,

Фазлаш, ки аз фазилати Нуъмони миллат аст.

Дар кишваре, ки зарраи хокаш мукаррам аст,

Дунёи бебаҳои Хуросони миллат аст!

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо