34.1 C
Душанбе

ТОҶИК ЯК ТАЪРИХ, ЯК ФАРҲАНГ АСТ…

Пажуҳишгари таърих ва адабиёти форсии тоҷикӣ ва собиқ намояндаи мардум дар парлумони афғонистон, доктор муҳайуддин маҳдӣ, аз ҷумлаи меҳмонони ҳамоиши илмии анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар Душанбе буд. Ӯ зимни суханронӣ аз минбари ин созмони байналмилалии фарҳангӣ ба нақши Тоҷикистон ҳамчун пайвандгари ҳақиқии фазои тамаддуни ориёӣ арҷи фаровон ниҳод. мавсуф дар ин сафар ба иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ оамда, бо роҳбарияти ин иттиҳодияи адабӣ дидор кард. бо истифода аз ин фурсат, мо низ чанд пурсишро бо эшон дар миён гузоштем, ки фишурдаи ин гуфтугӯ пешкаши хонандагон мешавад.

– Ташрифи Шуморо бори дигар ба Тоҷикистон ва хосса ба даргоҳи устодони илму адаби тоҷик хайрамақдам мегӯем. Дар бораи пайдоиши вожаи «тоҷик» ва нишонаҳои ҳувиятии он то кунун донишмандони зиёде сухан гуфтаанд. Дидгоҳи Шумо дар бораи баромаду маънои вожаи “тоҷик” аст.

– Сипос аз истиқболи гарми Шумо. Давлати Тоҷикистон маро ҳамроҳ бо ду писарам ба ин ҳамоиши байналмилалӣ даъват кардааст. Фа рзандонам на ба хотири ман, балки ба ин далел даъват шудаанд, ки худ низ аҳли донишанд ва талош доранд корҳои мондагоре анҷом диҳанд.

Тардид надорам, он чӣ имрӯз «тоҷик» мегӯем, бахше аз ҳувияти бузургтаре бо номи «порс» аст. Ҳеродот номи даҳ қабилаи порсро дар ҳудуди 450 сол пеш аз милод баршумурдааст, ки тибқи он шарқи тарин ҷое, ки порсҳо дар он нишон дода шудаанд, водии Свот аст. Свот водие дар доманаи Ҳиндукуш ва дар шимолу ғарби Покистони имрӯза аст. Барои мо, тоҷикон, Свот порае аз ҳофизаи таърихии мост. Тибқи шавоҳиди манобеъ ва пажуҳишҳои тозанашр, то садаи шонздаҳум дар ин водии пурбаракат Салтанати тоҷикии свотиён фармон меронд. Ҷамъияти аслии онро тоҷи кони габрӣ, шалмонӣ ва тироҳӣ таш кил медоданд. Онҳо на кӯчнишину чӯпон, балки деҳқонони асил буданд. Вожаи «деҳқон» дар он замон унвони ашрофӣ дошт ва ба маънои соҳиби замин ва фарҳанг буд. Ин салтанат, ки маркази он Паклӣ Саркор буд, дар масири Роҳи Абрешим қарор дошт ва намояндаи фарҳанги пешрафтаи ориёӣ-тоҷикӣ буд. Суқути он фоҷиаи бузурге буд. Дар соли 1481 Мирзо Улуғбеки Те мурӣ сардорони қабилаи юсуфзайро дар Кобул сар бурид. Юсуфзайҳо ба сӯи шарқ гурехтанд ва ба Свот паноҳ оварданд. Свотиҳои меҳмоннавоз онҳоро пазируфтанд. Сӣ сол дар заминҳои тоҷикон ба унвони хидмат гор ва коргар зиндагӣ карданд; аммо дар соли 1519 ҳодисае рух дод, ки сарнавишти минтақаро тағйир бах шид. Заҳириддин Муҳаммад Бобур аз Фарғона омад ва ба Свот ҳамла кард. Юсуфзайҳо, ки дар он ҳангом қудрат гирифта буданд, бо лашкари Бобур муттаҳид шуданд ва салтанати тоҷикиро сарнагун карданд. Он чӣ пас аз он рух дод, дар таърих «истиҳолаи бузург» номида шудааст. Бахши бузурге аз тоҷикони асил ба ғуломӣ ва деҳқонии вобаста кашонида шуданд. Фарҳанги латифи онҳо аз сӯи навомадагон мусодира шуд. Ҳатто вожаи пурифтихори «деҳқон» маънои пешини худро аз даст дод ва ба маънои «коргари кироя» ба кор рафт. Гурӯҳе аз тоҷикон, ки тоби ин ситамро надоштанд, аз рӯди Синд гузаштанд ва ба Ҳазора муҳоҷират намуданд. Насли онҳо то имрӯз бо номи «свотиҳо» ва бо за бони ҳиндкӯ зиндагӣ мекунанд, аммо асли худро фаромӯш накардаанд. Свот то соли 1969 давлати шоҳӣ бо пойтахти Сайду Шариф буд. Имрӯз ин минтақа бо буткадаи бостонӣ ва муҷассамаҳои Буддо шуҳрат дорад; аммо барои ҳар тоҷи ки огоҳ сангҳои Свот аз чизи дигаре низ ҳикоят мекунанд: аз давлате, ки вуҷуд дошт, аз забоне, ки дар он сар замин танин меандохт ва аз ҳувияте, ки бояд дубора шинохта шавад. Ба муносибати ҷашни Истиқ лоли Тоҷикистон рисолае бо номи «Таърихчаи тоҷикони Свот» на виштам ва онро ба Ҷаноби Олӣ эҳдо кардам. Забон ва нажоди мардуми ин водӣ порсӣ аст. Пас аз Ҳеродот ба манобеи чинӣ мерасем. Яке аз ин манобеъ ба форсӣ низ тарҷума шудааст. Дар манобеи чинӣ номе омадааст, ки дар англисӣ «Тайан» хонда шуда аст. «тайан» гузориши сафири Чин ба дарбори Кӯшониён аст; албатта, дар замоне ки ҳанӯз давлати Кӯшонӣ ташкил нашуда буд ва ӯ ба дарбори юечжиҳо меравад. Аз ин гузориш натиҷа мегирем, ки шарқитарин маҳалли будубоши порсҳо Гансуи Чин будааст. Ин санад марбут ба соли 167 пеш аз милод аст. Дар ҳамин сол, қабилаҳои муғулии жуан-жуан ба ҳамин қавм ҳамла мекунанд; қавме, ки чиниҳо онро юечжи меноми данд. Ҷанги сахте рух медиҳад ва юечжиҳо шикаст мехӯранд. Раиси қабилаи юечжи ба дасти жуан–жуанҳо асир мешавад. Ӯро мекушанд ва аз сараш косаи ша роб месозанд. Ин ривоят дар гу зориши ҳамон сафир омадааст. Пас аз ин ҳодиса бузургтарин муҳоҷирати дастаҷамъӣ оғоз меша вад. Онҳо Гансуро тарк мекунанд ва ба сӯи ғарб роҳ меафтанд. Ду миллион нафар дар он замон ба ҳаракат медароянд ва ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Як гурӯҳ, ки чи ниҳо онҳоро «точӣ», яъне, юечжиҳои бузург, мегӯянд, аз кӯҳҳои Тиёншон мегузаранд ва ба Фарғона меоянд. Дастаи дигар ба сӯи Тибет мераванд, ки онҳоро юечжиҳои хурд меноманд. Ҳамин ҷамоати баъдӣ, ки ба номи ҳайтолиён шинохта мешаванд, ҳам аз назари нажодӣ ва ҳам аз назари забонӣ омехта шуданд. Чаҳорсад сол баъд онҳо низ аз кӯҳҳои Помир гузаштанд ва ба Ҳиндустон рафтанд. Точиҳо нахуст Фарғона ва сипас Суғду Бохтарро гирифтанд ва давлати Юнону Бохтариро шикаст доданд. Аз миёни чаҳор ё панҷ қабилае, ки буданд, яке «кӯшон» ном дошт ва давлати бузурги Кӯшониёнро бунёд гузошт. Мо катибае дар Якавланг – ноҳияе дар Бомиён дорем ва катибаи дигаре низ бо номи «Работак». Ин катибаро ба забони ориёӣ ва ҳамчунин ба забони юнонӣ навиштаанд – аз замони Каниш ка – ва ба гумонам катибаи дигаре низ дар хоки Тоҷикистон вуҷуд дорад. Юечжиҳои бузург ҳамон эрониёне ҳастанд, ки чиниҳо онҳоро юечжи номи даанд ва ба гумони ман, вожаи «тоҷик» аз решаи «точӣ» аст.

Дар шарқи Афғонистон ва дар масире, ки аз Пактиё мегузарад, дарае бо номи «Точӣ» вуҷуд дорад. Мардуми он ҳанӯз тоҷиканд. Ҳамин «точӣ» тоҷик аст. Санади дигаре, ки дар ихтиёр дорем, кати баҳое ба забони бохтарианд, ки бо номи «точӣ» шинохта мешаванд. Ин катибаҳо сезабонаанд: бохтарӣ, санскритӣ ва арабӣ. Таърихи бахши арабии он 257 ҳиҷрӣ аст. Аҳаммияти муҳтавои ин катиба чандон зиёд нест. Мазмуни он ин аст, ки хон ё ҳокими ҳамон минтақа банде барои об ме созад. Он чӣ дар ин катиба аҳаммият дорад, соли таҳрири он аст, ки калиде барои таърихгузории катибаҳои қаблӣ шумурда мешавад. Дар соли 2003, яъне, 23 сол пеш, дар Якавланг, аз минтақаҳои марбут ба вилояти Бомиён, ҳанго ми кори як деҳқон сангнавиштае ба даст омад, ки бо номи сангнавиштаи «Якавланг» ё «Сафедак» шинохта мешавад. Ин сангнавишта ҳамин маъба дро муаррифӣ мекунад, ки Алхис, писари Хурос, ба дастури подшоҳ ё ҳоким сохтааст. «Ман Алхис, писари Хурос, подшоҳи тоҷик…» Ин нахустин ҷо ест, ки вожаи «тоҷик»-ро мебинем. Устод Доварӣ таърихи онро соли 628 мелодӣ муайян кардааст. «Алхис, писари Хурос» мегӯяд: «Ман ин маъбадро сохтам». Дар ҳоле ки подшоҳи турк ҳам буд. Симз Вилямс «тоҷик»-ро дар ин матн «араб» тарҷума мекунад. Дар ҳоле ки соли 628 мелодӣ араб ба Бомиён нарасида буд. Сониян, араб барои вайрон кардани маъбадҳои буддоӣ омада буд; пас чӣ гуна мумкин аст, ки подшоҳ ё амири араб дар сохтани маъбади буддоӣ иштирок кунад?

— Вожаи «тоҷик» аз чӣ замоне дар шакли талаффузи имрӯзаи он устувор шуд?

– Ҳамин чаҳор вожа – порс, эронӣ, тоҷик ва аҷам ҳаммаъно ҳастанд; яъне муродифҳои фарҳангии соҳиби андешаанд. Китоби «Таърих номаи Ҳирот»-и Сайфи Ҳиравӣ нақл мекунад, ки ин номаи шахсии худи Чингиз аст. Ин нома аз сӯи Чингиз ба писараш Тулӣ навишта шудааст. Дар он омадааст: «Ман барои ту ҳаштод ҳазор савор додам, то биравӣ мамлакати тоҷикро бо Эрон тахриб кунӣ».

Мегӯянд, вақте Чингиз баргашт, аз дарёи Ому гузашт ва ба Бухоро расид, он ҷо ҷаласае баргузор кард ва гуфт: «Ман аз мамлакати тоҷик баргаштам», яъне, аз Свот. Се бор мегӯяд, ки «ман аз мамлакати тоҷик баргаштам». Ин матлаб дар китоби «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидиддин Фазлуллоҳ омадааст.

Чанд сикка аз Рутбилшоҳон боқӣ мондааст; ҳамин Зобулшоҳон. Дар он ҷо низ сиккае бо ун вони «подшоҳи тоҷик» омадааст. Ин марбут ба соли 256 ё 257 ҳиҷрӣ, дар замони Яъқуби Лайси Саффорӣ аст.

– Маънои луғавии вожаи «тоҷик» чист?

Устод Доварӣ рисолае дорад бо унвони «Во жаи тоҷик ва решаҳои таърихии он». Эшон бар ин бовар аст, ки «тоҷик» аз вожаи «тоҷ» гирифта шу дааст. Мо ҳанӯз дар Андароб ва дар шаҳристони худамон кулоҳро «тоқӣ» мегӯем. Устод Доварӣ ин вожаи «тоқ»–ро дар навиштаҳои давраи Ҳахома нишиён низ ёфтааст.

Ман тардиде надорам, ки ин назар дуруст аст. Дар шароити кунунӣ ман тоҷикро сирф як табор ё як қавми хос намедонам; тоҷик як таърих аст, як фарҳанг аст. Табори тоҷикро бояд дар асотир ҷустуҷӯ кард. Таъкиди мо дар ин баҳс бар вожаи «тоҷ» аст.

– Шумо вазъияти имрӯзи ҳавзаи форси забонон ва таҳдидҳоеро, ки мутаваҷҷеҳи он аст, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Анҷумани «Пайванд» дар ҳалли мушкилоти муштараки миллат чӣ кумакҳое метавонад бирасонад?

– Агар вазъияти имрӯзро бо сӣ соли пеш муқо иса кунем – бавижа, ки ман сӣ сол пеш низ дар Душанбе будам тафовути зиёде мебинем. Дар он замон дар Тоҷикистон ҳатто бархе аз нухбагони бузург, андешаи тоҷик ва тоҷикиро дар чорчӯби мафҳумҳои «Эрон» ва «форсӣ» медиданд ва таблиғ мекарданд. Дониши густурда ва огоҳии бештаре дар бораи ин масъала вуҷуд надошт. Тоҷик ба унвони миллат ва ба унвони фарҳанг дар зеҳни бисёре ҷойгоҳи имрӯзро надошт. Дар Афғонистон низ тоҷик будан ҳам шарм буд, ҳам гуноҳ буд ва ҳам хатар. Ҳар касе, ки ин парчамро баланд мекард, хатари онро низ мепа зируфт. Дар Афғонистон ҳар касе, ки мегуфт «ман тоҷик ҳастам», бо вуҷуди дониш ва шоистагие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ ба осонӣ ба мақомоти боло роҳ намеёфт. Ман ин вазъиятро борҳо дар давроне, ки намояндаи мардуми Бағлон дар парлумон будам, мушоҳида кардаам. Шумо ин ҳамоишро «Тоҷикистон – пайвандгари фазои тамаддуни ориёӣ» номгузорӣ кардаед. Ин унвон бисёр пурмаъност.

– Нишонаҳои асосии ҳувияти мо – тоҷикон чист? Тоҷикистон чӣ зарфияте дорад, ки дубора ба пайвандгари ин ҳавзаи тамаддунӣ табдил ёбад?

– Аносире, ки ҳувияти тоҷикро ташкил ме диҳанд, мафҳумҳои бисёр амиқ ва бунёдӣ ҳа станд. Нахустин нишона забон аст. Шунидаем, ки давлати Тоҷикистон дастур додааст омӯзиши хатти ниёгон тақвият шавад. Ин қадами бисёр арзишманд аст. Ҳанӯз ҳам миёни мардумони форситабор фосилаи забонӣ вуҷуд дорад. Гузашта аз хат, тафовути лаҳҷа ва истилоҳот низ вуҷуд дорад. Таъсиси як телевизиони муштарак метавонад дар коҳиши ин фосила ва наздиктар кардани забони мо нақши бисёр муассире дошта бошад.

Дуюм таърих аст, яъне, қироати миллии таърих.

Сеюм сарзаминҳое мебошанд, ки дар он зин дагӣ мекунем. Имрӯз ҳувияти тоҷик дар Хуросон дар хатар аст. Сарзаминамонро гирифтанд, забо намонро гирифтанд, фарҳангамонро гирифтанд. Оё ин хатар нест? Дар забони арабӣ мақоле аст, ки мегӯяд: агар наметавонӣ ҳама чизро ба даст биёрӣ, дастикам ҳама чизро аз даст надеҳ.

Чорум адабиёти бузурги ирфонӣ аст, ки дар умқи фарҳанги мо реша давондааст.

– Ҷуғрофиё чӣ? Агар ҷуғрофиёро аз даст бидиҳем, ба «тоҷикони фейсбукӣ» табдил намешавем?

– Дуруст мегӯед. Ман дар Канада зиндагӣ ме кунам. Фарзандони ман тоҷик мемонанд, аммо дар бораи набераҳоям намедонам; чун мумкин аст забонро низ фаромӯш кунанд…

Зарфияти Тоҷикистон зарфияти фарҳангии он аст. Муаррифи аслии ҳувияти инсонҳо забон аст. Ба вижа давлати дунявӣ будани Тоҷикистон заминаи хубе барои эҷоди як фазои фарҳангӣ барои ҳамаи форсизабононро фароҳам мекунад.

– Сипоси фаровон аз Шумо барои ин гуф тугӯ.

МУСОҲИБ А. САФАРЗОДА, «АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо