34.1 C
Душанбе

ХАЙРЁДИ ТӮЛҚИН ХОҶА

Мани шӯридахотир,

Аё шӯридашоир,

Бихондам дафтарат имшаб,

Дилам гардид огаҳ

              аз дили ғампарварат имшаб.

Ба шоҳинбаччаҳои худ,

Ба ширинбаччаҳои худ,

Зи ваҷҳи барқумришон,

Зи ваҷҳи барқмаргишон

Дилу ҷонам бигирёндӣ.

Хаёламро мисоли гирдбоде

Ту андар гирди чархи гирдгардон,

Ки мегардад ба гирди хайли бедардон

Ва гирде менагардад гирди аҳли дард,

Бигардондӣ…

Зи нақли ранҷҳоят

Биафкандӣ маро дар тобаи таб.

Зи ноқилсатрҳоят,

Зи ноқилсимҳои сатрҳоят

Маро ҳам барқ зад имшаб.

***

Бонакбату бенаво ту шоир мондӣ,

Бар қасди баду бало ту шоир мондӣ.

Чун одамӣ ар ҷой шудат зери хок,

Дар қуллаи қалби мо ту шоир мондӣ.

***

Шодӣ надидӣ дар ҷаҳон, эй дӯст, руҳат шод бод,

Ғарқида будӣ дар ғамон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Гуфтӣ: «Раҳо созад аҷал,  май  бо ту нӯшам»,

ин маҳал

Аммо найӣ бо майкашон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Пушти ҷигарбандони худ, ду навгули хандони худ

Бирёнҷигар гаштӣ равон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Гетии сифлӣ буд сақар баҳрат, кунун бо ду писар

Ҷавлонгаҳат  боғи ҷинон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Дидӣ фузун сӯгу ситам, сад хулд шодӣ низ кам

Бошад туро, з-он садчунон, эй дӯст,

руҳат шод бод.

Пур маҳфил аз ёдат бувад, ҷоят валекин то абад

Холист моро даври хон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Заҳр аст май бе ту маро,  чун ашки хунинам варо

Омезад инак  чак-чакон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Андуҳам оё кам набуд, андуҳи ҳаҷрат зам намуд

Бар дил сипеҳри беамон, эй дӯст, руҳат шод бод.

Аз дӯзахи ин бебақо дунёи дун бидҳам нидо

Сӯйи биҳишти ҷовидон: Эй дӯст, руҳат шод бод!

САЛИМИ ЗАРАФШОНФАР

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо