34.1 C
Душанбе

НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ…

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри «намакдони миллат кафи дасти Ӯст»-и Шоири халқии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат сафар баргузор гардид. Китоби мазкур бо мусоидати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба табъ расида, бо сарсухани муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода оғоз меёбад. Дар чорабинӣ аҳли адабу фарҳанг, шоирону нависандагон, намояндагони вазорату идораҳо ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷи кистон Низом Қосим, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо андешаҳояшонро перомуни китоби мазкур баён карданд. Зимни рӯнамоӣ таъкид гардид, ки китоби мавриди назар бозгӯи муҳаббат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ буда, арзиши баланди маънавӣ дорад. Иштирокчиён аз муҳтавои китоб ва эҷодиёти шоир ёдоварӣ карда, онро яке аз армуғонҳои шоистаи муаллиф дар 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳаводорон шумориданд. Китоб дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромада, ба муар рифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ равона гардидааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо