Миллати ишқ аз ҳама миллат ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
Воқеан моҳи сентябру октябр аз ҷиҳати фарҳангӣ як моҳи пурфайзу баракат аст. Хоса моҳи сентябр бо Рӯзи Дониш, Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рӯзи китоб, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва моҳи октябр бо Рӯзи забони тоҷикӣ (5 октябр) аз рӯзу моҳҳои хосаи миллати тоҷик аст.
Дар рӯзҳои Рӯдакӣ ва Мавлоно, ки шахсиятҳои фарҳангӣ аз шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат меварзанд, ғояи шеъри пурмаънӣ, робитаи инсони комилу ҷомеа ва кайҳони беохир аҳли нишастро ба ваҷд меоварад.
Худи ҳамин дақиқаю соатҳои ифтихорӣ, ки бо ҳам ҷамъ меоем, бароямон як падидаи фараҳбахше аз ин моҳ аст, ки аз рӯзи Дониш китоб оғоз гардида, бо номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва тантанаҳои ба ин абармарди бузурги миллат бахшида рамзан ба поён мерасад.
Ман барои он «рамзан» мегӯям, ки ҳастию бузургии Мавлоно бо шеъри илоҳиёнаю бузургворонаи ӯ беш аз 800 сол аст, ки дар мағзу ҷони миллати тоҷик ва онҳое, ки бо ин забон такаллум мекунанд, ҷо ёфтааст ва ин тантанаҳо худи ҳамин рӯз ба поён намерасанд, зеро барои ҳаводорони шеъри Мавлоно ҳар рӯз ба чунин тантана монанд аст.
Дар таърихи тамаддуни инсоният падидаи маънавию ғоявии рӯзи Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ як чеҳраи фавқуллода бузурги Шарқ, дар ҳама ҷаҳон барои ҳаводоронаш рӯзи хосса ба шумор меравад.
Бузургтарин рӯйдоди фалсафӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ин мутафаккири замон дар замонҳо он аст, ки ӯ ба равияи динӣ ҳақиқати илоҳиро дар дараҷаи ба инсон дастрас қарор дод. Ва ин фалсафаи ниҳоят заминист, ки дар ин байтҳо хеле равшан инъикос ёфтааст:
Онон, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед. ***
Эй қавми ба ҳаҷрафта куҷоед, куҷоед
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед
Машуқи ту ҳамсояи девор ба девор
Дар бодия саргашта Шумо дар чи ҳавоед
Гар сурати бесурати маъшуқа биёбед,
Ҳам Каъбаю ҳам хонаву ҳам хонахудоед.
***
Миллати ишқ аз ҳама миллат ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
***
Ҷомии бузургвор гуфтааст:
Маснавии Маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Ва бояд гуфт, ки сарчашмаи ин фалсафаи илоҳӣ аз Саноию Аттор- устодони маънавии Ҷалолиддини Балхӣ оғоз гирифта, дар биниши рӯҳии Балхӣ ба дараҷаи олӣ расидааст.
Ҷалолиддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Маснади ин суханофаринӣ- базми ишқ — ба дараҷае баланд ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш сармояи орзу ва шеъраш боиси гувороии ҳар як базму тараб мебошад. Осори адабии ин адиби тавоно ва мутафаккири барҷаста чӣ аз ҷиҳати маонии пурназокату пурғановат ва чӣ камоли барҷастаи илоҳиёна аз лиҳози дарбар гирифтани масъалаҳои адабӣ, ҷамъиятию иҷтимоӣ- саҳифаи зарнигоре дар солномаи афкори бадеию эстетикии халқҳое мебошад, ки бо забони Фирдавсию Аттор, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомиву Бедил, Иқболу Дониш ва Айнӣ барин бузургони олами маонии ин сарзамин ва мамлакатҳои забони форсӣ сухан мегӯянд.
Гузашта аз ин, чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолиддин шуҳрат ва аҳаммияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои рӯҳонии тамаддуни башариро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст. Ин аст, ки Мавлонои Рум дар тӯли асрҳо маҳбуби форсизабонон ва мақбули ҷаҳониён будааст ва имрӯз низ ин мартабаи ӯ кам не, балки ба маротиб боло рафтааст, ки баргузории ин рӯз бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифодагари ин маънии ба забон овардаи мо мебошад.
Бузургию манзалати Мавлоно дар он зоҳир мегардад, ки ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморад ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамояд. Барои ӯ яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон ҳамчун инсон яксон мартаба дорад, вай ободии олам ва осоишу камолоти маънавии инсонро дар сулҳу оштӣ, баробарию бародарӣ ва ишқу муҳаббати тамоми ҷаҳониён медид. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно, қодир аст, заминро бо осмон хешу табор гардонад… бузургдошти инсон тараннуми қадру манзалати навъи башар мағз андар мағзи сурудаҳои Мавлоноро ташкил додаанд.
Ҷалолиддини Румӣ то он гаҳе ки дар уфуқи Қуния Шамси Табрезӣ зуҳур кард, ба шеъру шоирӣ сару коре надошт. Шиносоӣ бо ин марди соҳибиродаву маҳкамақида, ки ба расмиёти динию мазҳабӣ рӯйрост бо чашми ибрату озодаандешии маънавӣ менигарист ва ҷозибаи умумиҷаҳонии ишқро асоси ҳастӣ ва сармояи зиндагӣ мешуморид, боиси табаддулоти куллӣ дар омолу ақида ба инқилоби ҷиддӣ дар ботину зоҳири Мавлоно гардид. Ин марди наҷибу хирадмандро шоир ба тамоми ҳастиаш мепарастид ва ақидаҳои вайро пайравӣ мекард. Майл ба озодӣ ба қудрати зеҳнию эҳсосоти инсонӣ, пеш аз ҳама озодии ботинии он, барои Шамси Табрезӣ муҳимтарин омили ҳаёт ба шумор мерафт. Аз ҳамин сабаб аст, ки баъди марги Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Румӣ номи устод ва пешвои рӯҳониашро дар асарҳояш боқӣ мегузорад, яъне девони ғазалиёт ва қасоиди худро девони Шамси Табрезӣ меномад.
Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нағмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот, ишқро бар имон, ҳаётро бар марг, оштиро бар ҷанг таҳким медиҳад.
Ва биёед як лаҳза ин дубайтии Мавлоноро, ки кашфи ботинии инсон аст, якҷоя ба ҳушу гӯш месупорем:
Ойини дил чун шавад софию пок,
Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок.
Ҳам бубинӣ нақшу ҳам наққошро,
Фарши давлатрову ҳам фаррошро.
Яъне покизагии ботин дар ибораи «софию покӣ» нуҳуфтааст, ки аз синаи хок гавҳари покро бурун оварда, манзалати баробарию бародарии инсонро пеш мегузорад.
Чунин ба мушоҳида мерасад, ки мушкилоти асосии инсон дар ҷаҳони гузашта ва ҷаҳони имрӯза дар роҳи ба худшиносии воқеӣ расидан ин роҳро то ба шоҳроҳ нарасондан, яъне мондан дар нимароҳ будааст. Вале Мавлоно инсонро дилпур менамояд, ки барои ба ин мурод расидан дар вуҷуди ҳар як шахс ҷавҳарест, ки агар ин истеъдодро бедор карда тавонад, барои ӯ рози худшиносӣ комилан кушода ва ошкор мегардад. Худи ҳамин ғояе, ки инсонро барои худшиносияш дилпур месозад, ғояе мебошад, ки дар роҳи инсонсозии инсон аз муҳимтарин ҷиҳат ба шумор меравад.
Мероси адабии Ҷалолиддини Румӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он асосан назму насрро ташкил медиҳад. Ҳар чанд, ки асари насрии адиб «Фия мо фия» ва мактуботи ӯ аз ҳар ваҷҳ барои инсон судбахш ва пурфоидаанд, вале шуҳрати ҷаҳонии Ҷалолиддини Румӣ асосан бо «Маснавии Маънавӣ» ва «Девони Кабир» ё «Куллиёти Шамс» вобастагӣ дорад. «Куллиёти Шамс» асосан аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат мебошад.
Дар сурудани ғазал ва қасидаҳои ишқия Ҷалолиддини Румӣ сабку салиқаи махсусе дорад. Шубҳае нест, ки бештар аз ғазалҳои дилошӯб ва диққатангези Мавлоно дар маҷлисҳои рақсу самоъ, кафзанию пойкӯбӣ, дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубоб, дар суҳбати дӯстони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин ҷост, ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ, сурур ва тарабу хушӣ ба гӯшу ҳуш мерасад. Шояд аз ҳамин ҷост, ки аксари ғазалҳои ӯ ҷанбаи ғаноӣ ва мусиқӣ доранд.
Баъди сари Мавлоно низ шӯру шарари шеъри ӯ пайравони зиёде пайдо карда, шеъри оламгири моро ба пояи нави мартабаи ҷаҳонияш расонд. Хоса Аллома Иқбол мартабаи шеъри Мавлоноро дар замони нави таърихӣ барои ваҳдати Шарқ ба кор овард.
Мо ифтихор дорем, ки ӯ тоҷик аст ва ҳамчун фарзанди ин миллат сатҳи фарҳангии миллиро мартабаи ҷаҳонӣ бахшдиааст. Мо ин лаҳзаҳо ӯро дар тасаввури хеш зинда эҳсос мекунем ва аз каломи ӯ чун зинда овоз мешунавем:
Чи гӯям: мурда будам бе ту алҳақ,
Худо аз нав дигар бор офаридам.
Бимон, то дасту поятро бибӯсам,
Бидеҳ идона, к-имрӯз аст идам.
Воқеан, бо гирифтани номи Мавлоно ӯ бо насли ҳурматшинос якбора зинда мешавад ва бо ихлос мегӯяд:
Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:
То боз шавад чашмат, бинанда шавад бо мо.
Бале, имрӯз ҳам Мавлоно чун ҳамроҳи хирадманди мо бо садои абадзиндааш аз меҳр мегӯяд, ки чашми ту бо мо қобили биниш мешавад. Ин биниши ботинист, ки ба Ишқ тааллуқ дорад ва ин Ишқ ҳамаро фарогир аст, ки сифати хоси ашъори ин нобиға мебошад. Ва мо ба Шумо мегӯем, ки бо Ишқ бошед. То ҳамрози ҳаёти ҷовидонӣ гардед. Бо Ишқ бошед, то чун меросдори осори Мавлавӣ зиндагии мо пур аз рақси самоъ ва хуррамиҳои ишқи зиндагисоз бош.
Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб





