6.1 C
Душанбе

САБАҚИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳаммият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти муҳимми сиёсӣ ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ, сарнавиштсоз ва калидӣ мебошад. Ҳамчунин, дар таърихномаи ҳар мил лат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми неку хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки имсол 29-умин солгарди он дар саросари кишвар ҷашн гирифта меша вад. Ин санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Ру сия ба имзо расид, маҳз пайғоми муҳимме аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормони миллати тоҷик бо каломи Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, гувоҳи сулҳпар варӣ, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатмардони тоҷик аст. Бояд гуфт, ки ҳарчанд душманони миллати тоҷик оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари мо таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш кунад, Давлату Миллату Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро ба кишвар баргардонанд ва ба ободонии мамлакат камар бандад. Бешубҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи таърихиро иҷро карда, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва Пешвои миллии мардуми мо донистани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад. Ба назари моҷарошиносон бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд. Бо им зои ин санади таърихӣ Қаҳрамони миллати тоҷик, Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва давлатамон ро аз нобудӣ наҷот доданд. Имрӯз модели сулҳсозии миллати тоҷик дар Созмони Милали Муттаҳид эътироф ва таҷриба барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки ин фоҷиа барои миллати тоҷик як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид. Пас аз ин фоҷиаи таърихӣ халқи тоҷик ва давлатмардони он кишвари дар асари ҷанг харобу валангоршударо танҳо бо заҳмат, нангу номус ва ифтихори ва тандорӣ имрӯз ба қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф дохил карданд. Дар баробари ин, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо самтҳои асо сии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ ва ҳифзи ҳуқуқро таъмин сохта, арти ши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадиро ташкил дода, рамзҳои давлатдории соҳибистиқ лолро тасдиқу қабул кард. Бояд иқрор на муд, ки ин дастовардҳо заҳмату талош ва чораандешиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистонро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, арзишҳои миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ равона созад. Зеро 29 соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худ шиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, 35 қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт, хеле муҳим мебошанд. Дар зимн мехоҳам чанд нуқтаи назарро дар бораи роҳу усулҳои таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату якдилии ҳамватанон пешниҳод намоям: Якум, бо шарофати заҳмату тадби рҷӯйиҳои Сарвари миллату давлатмар дони тоҷик яке аз ҳадафҳои стратегии муҳимми мо, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро ёфтааст. Ин аст, ки имрӯз роҳҳои заминӣ ва ё ҳавоии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтару бештар гардида, аз шаҳри Душанбе дар ним соат ба минтақаи тобеи ҷумҳурӣ, дар ду-се соат ба минтақаи Кӯлоб, дар чор панҷ соат ба минтақаи Суғд, дар се-чор соат ба минтақаи Ғарм ва дар ҳашт-даҳ соат ба минтақаи Бадахшон метавон рас ид. Агар шароити инфрасохтори сайёҳии дохилиро боз ҳам беҳтар карда, дар роҳу шоҳроҳҳо шароити хуб ва мусоидро муҳайё намоем ва роҳпуливу ҷойи зист ва маконҳои тамошогоҳу истироҳатгоҳҳои ватаниро барои шаҳрвандони худ арзону дастрас намоем (ҳатман, барои сайёҳони хориҷӣ арзиши хидматрасонӣ баланд бошад), ҳисси ҳамдиливу ватандорӣ ва ҳувияту худшиносии миллиамон бештар болову мустаҳкам хоҳад гардид. Чунки дар баробари сафарҳои хизматӣ, тиҷоратӣ ва дидорбинӣ (хешутаборӣ), ки то ҳадде ҳамдиливу муттаҳидиро қавӣ мекунад, ин роҳу усул низ бештар Ватанро аз наздик мешиносонад. Замоне, ки инфрасохторҳои дохилӣ беҳтар ва робитаҳои ҷамъиятӣ пайвасту пайванданд, шаҳрвандони мо бо дидану тамошои минтақаҳои гуногуни кишвар руҳияву боварии “ифтихор кардан аз Ватани аҷдодӣ” зиёд шуда, аз доштани “давлати соҳибистиқлол” болида, дар “таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат” ва “ободиву имрӯзу фардои ки швар” саҳмгузор хоҳанд шуд. Дуюм, бешубҳа, барои баланд бардоштани донишу савод, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкиму тақвияти ваҳдати миллии шаҳрвандон як қатор озмунҳои миллӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва ғайра, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу роҳандозӣ гардидаанд, ҷойгоҳи хос доранд. Дар баробари ин, бинобар беш аз пеш печида гардидани фазову равандҳои сиёсӣ ва бархӯрди манфиатҳои давлату созмонҳои қудратгаро дар ҷаҳони муосир хуб мешуд, ки дар баробари озмунҳои миллии болозикр, озмуни дигари муҳимми сиёсӣ барои баланд бардоштани қобилияту истеъдоди сиёсат ва идоракунии давлат (илми сиёсат ва ҷомеа) таҳти унвони “Сиёсат – фаъолият барои таъмини саодати башар” (андешаи Абунасри Форобӣ) ташкил карда шавад. Дар назди сиёсатмадорону давлатмар дон, зиёиёну рӯшанфикрони собиқадору таҷрибадори ватанӣ равшан аст, ки воқеан дар шароити кунунӣ давлату давлатдории миллии мо дар гузашта, имрӯз ва оянда бо чунин шахсиятҳои донандаи илмҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, хусусан таҳлилгарони сиёсии касбӣ ниёз дошту дорад. Дар баробари ин, дар кишвар марказҳои зеҳниву таҳлилӣ ва дар дохили вазорату мақомотҳои дав латӣ самти махсуси таҳлилу ояндабинии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд, ки ҳа меша ба мутахассиси касбии таҳлилгар ниёз доранд. Албатта, ин вазъу ҳолатро огоҳону корафтодагони ин самт беҳтар дарк мекунанд. Таҷрибаву воқеият ва фоҷиаҳои таъри хии миллати тоҷик нишон медиҳанд, ки дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дориҳои тоҷикон дар тайи асрҳои гузашта маҳз набудани хиради ояндабиниву пеш бинии сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, таш кили чунин як озмуни сиёсии ҷумҳуриявӣ метавонад, ки насли наву ояндаи таҳлил гарони касбиро (сиёсатшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, психология ва ғайра) барои давлатдорӣ омода намоянд. Албатта, тартиби баргузорӣ, низомнома, ҳайати комиссия, шартҳои иштирок, ҷои заҳои озмун, саволнома, рӯйхати адабиёти тавсияшаванда ва дигар шаклҳои ташкилу таъсиси онро давлатмардони мо ва баъзе рӯшанфикрони соҳаи илмҳои сиёсӣ беш тару беҳтар медонанд. Дар ҳолати амали шудани ин озмун мо метавонем ба онҳо муроҷиат кунем. Ин тадбир метавонад, ки Истиқлоли сиёсиву давлатӣ ва Ваҳдати миллии моро имрӯз ва оянда тақвияту таҳким бахшад. Сеюм, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамоно нақши зиёиёну рӯшанфикрон муҳим ва калидӣ боқӣ мемонад. Агар ба воқеиятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ назар намоем, яке аз омилҳои давомдор гарди дани ҷанги таҳмилӣ бетарафии зиёиён ба ҳодисаву падидаҳои ҷамъиятӣ буд. Зиёиён, ки набзи замон ва ҷомеаро пай васта дарк менамоянд, онҳоро лозим аст, ки дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва муттаҳидии миллӣ саҳми худро гузоранд. Рисолати асосӣ ва муҳим ми як рӯшанфикри имрӯзи мо маҳз ҳамин аст, ки ҷомеаро ба ваҳдату ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Ҳа меша, дар гузашта, имрӯз ва оянда, танҳо қишри зиёӣ барои фаҳмонидану расонида ни аҳаммияту моҳияти сиёсати давлатӣ, ҳифзу пойдории суҳлу ваҳдати миллӣ ва таҳкиму тақвияти рукнҳои асосии давлат дорӣ зарфияти бузург дошту дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат бар ин ақидаанд, ки “зиёиён равшангари роҳи миллатанд ва адабиёт муҳимтарин воситаи таъмини манфиатҳои миллӣ мебошад”. Имрӯз бисёр муҳим аст, ки рӯшан фикрону зиёиёни асили мо барои баёни фикру андешаҳои худ аз методу равишҳои аудиториву китобӣ ба интернет, яъне ба каналу саҳифаҳои иҷтимоии интернет ворид гарданд. Онҳо фикру андешаҳои солиму ангезандаи худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сохтани афкори мусбии миллат дар интернет фаъол шуда, ҳамқадами замону ҷаҳони муосир бошанд. Аз чунин методу бархӯрдҳо, аллакай баъзе олимону донишмандони давлатҳои ҳамсоя истифода бурда истодаанд. Хулоса, Ваҳдати миллӣ барои миллати мо арзиши бузург дорад. Тамоми дасто вардҳои ду даҳсолаи охири давлатдории миллии мо тоҷикон дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба даст омаданд. Тавре дар боло таъкид намудем, Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо давлати миллӣ ва тозаистиқ лоли худро аз хатари нобудӣ наҷот диҳем ва миллатро аз фоҷиаи парокандагӣ ҳифз намоем. Бояд зикр намоем, ки дар шароити муосир лаҳза ба лаҳза ва рӯз то рӯз аҳаммият ва нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, пешрафти зиндагии мардум ва амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ афзоиш меёбад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як тоҷик ва умуман, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин дастоварди бузургро чун гавҳа раки чашм ҳифз намояд ва барои наслҳои оянда давлати рушдкардаву соҳибиқтидорро ба мерос гузорад.

ТАБАССУМ АЗИМЗОДА, СИЁСАТШИНОС

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо