12-уми ноябр бо ибтикори кишварҳои форсизабон дар Женева, дар Қасри миллатҳои Созмони Милали Муттаҳид Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абуалӣ Ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонби нии нави илмӣ» баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Дар ҳамоиш дипломатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, дониш мандон ва муҳаққиқон иштирок карданд. Онҳо доир ба саҳми арзишманди Абуалии Сино дар рушди илму фалсафаи ҷаҳонӣ, аҳаммияти мероси илмӣ ва маънавии ӯ, инчунин, нақши андешаҳои инсонмеҳвари мутафаккири бузурги тоҷик дар таҳкими муколамаи тамаддунҳои Шарқу Ғарб изҳори назар намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои ҳифз, омӯзиш, рақамикунӣ ва муаррифии мероси илмии Абуалии Сино, густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таҳкими арзишҳои умумибашарии илму маърифат, хирадгароӣ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
БУЗУРГДОШТИ СИНО ДАР ЖЕНЕВА
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





