Санаи 5-уми ноябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, узви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли фарҳангу адаб, шоирону нависандагон, олимону дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омаданд.
Маърузачиён аз эҷодиёти пурға новати шоир, роҳи пурбаракати эҷодии ӯ ва саҳми арзандааш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Аскар Ҳаким бо шеърҳои ватандӯстона, инсонпарварона ва фалсафии худ дар дили хонандагон ҷойи устувор пайдо кардааст ва дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳифзи забони модарӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми шоиста гузоштааст. Дар идома намунаҳо аз ашъори шоир садо дода, ҳозирин аз олами пур аз меҳру маънии шеъри ӯ баҳравар гардиданд. Маҳфил дар фазои самимият, эҳтиром ба сухан, шеъру адаб ва мероси маънавии миллат баргузор гардида, баёнгари қадршиносӣ аз хизматҳои шоистаи Аскар Ҳаким дар адабиёти муосири тоҷик буд.





