9.5 C
Душанбе

МАВСИМИ ОБУНА: КӢ ПЕШСАФ АСТ?

Маъракаи ҷумҳуриявии обуна ба нашрияҳои даврӣ барои соли 2027 идома дорад ва пешсафони он рӯз ба рӯз зиёд мешаванд.

Бино ба маълумоти шуъбаи обунаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», шаҳру ноҳияҳои Норак, Айнӣ, Панҷакент, Балҷувон, Темурмалик, Леваканд, Рашт, Данғара, Дӯстӣ, Сангвор ва ҳамчунин ниҳодҳои Вазорати молия, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, «Амонатбонк» ва ҶСК «Саноатсодиротбонк» аз иҷрои нақшаи обуна мужда расонданд.

Ин комёбӣ тасодуфӣ нест. Ин самараи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо, донишгоҳҳо ва бонкҳо ба тарбияи маънавии аҳолӣ, ба рушди фарҳанги китобхонӣ ва ба дастгирии матбуоти миллӣ мебошад. Зеро «Адабиёт ва санъат» ягона ҳафтанома ест, ки:

– Эҷоди тозаи адибони ватанӣ – беҳтарин шеъру ҳикоя, порчаҳо аз роману қиссаҳои тозаи шоирону нависандагони шинохта ва ҷавони кишварро ба нашр мерасонад;

– Беҳтарин осори адибони ҷаҳонро ба забони модарии мо тарҷума ва пешкаш мекунад;

– Хонандаро аз тамоми рӯйдодҳои фарҳангии ҷумҳурӣ – театр, синамо, мусиқӣ, рассомӣ, ки тобҳои нав, ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳои адабӣ мунтазам огоҳ месозад.

Аз ин рӯ, иҷрои нақшаи обуна танҳо рақам нест, балки нишонаи фарҳангдӯстии мардуми ин шаҳру ноҳияҳо, кормандони вазоратҳо, бонкҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо мебошад.

Ҳайати эҷодии «Адабиёт ва санъат» ба роҳ барияти ҳамаи мақомоти зикршуда, фарҳангиён, омӯзгорон, китобдорон ва ҳамаи мухлисони сухани бадеъ барои саҳми арзандаашон изҳори сипоси самимӣ менамояд.

Таҷрибаи онҳо намунаи ибрат барои дигар шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо, донишгоҳҳо ва бонкҳои ҷумҳурӣ мебошад. Маъракаи обуна идома дорад.

Ба ҳар хонавода як нусха «Адабиёт ва санъат»!

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо