Адабиёти ҳазорсолаамон дар тӯли солҳои рушду такомули худ пайваста дар канори мардон занони эҷодкорро парваридаву паёми ононро аз қарнҳои дур ба мо расондааст. Ќариб ҳеч асреро дар хотир надорем, ки аз занони эҷодкор нишоне надошта бошад. Ҳатто дар суннатитарин давраҳои таърих ҳам занон оташи шеърро фурӯ нанишондаву дар баробари мардон барои рушди он талош варзидаанд. Агарчанде дар ҳар асре теъдодашон кам ва ҷойгоҳи иҷтимоияшон дар пояи мардон набудааст, вале ҳамоно риштаи иззату эҳтиром ва ҳурмати суханро аз чашми сўзани замонаҳо гузаронида, хайётона бар тани шеър либоси нафис пӯшондаанд. Нақши сарангушти хуншори Робиаи Балхӣ дар деворҳои куҳнаи ин адабиёт боқист. Агарчи нишоне дар тазкираҳо аз он «зани фозила ва равшанфикр ва бозарофат» Исматии Самарқандӣ намондааст, вале ин байти зеборо аз ӯ ба ёдгор дорем, ки фармудааст:
То фикандаст маро бахти бад аз ёр ҷудо,
Ғам ҷудо мекушадам, чархи ситамгор ҷудо.
Ва ҳамчунон Ойишаи Самарќандӣ, Мўниса Маҳастии Хуљандӣ, Ситтӣ-хонум, Мутрибаи Кошғарӣ (асри XII), Љаҳон-хонум (асри XIV), Меҳрии Ҳиротӣ (асри XV), Адибаи Деҳлавӣ Комила-бегим, Ниҳонӣ, Мунира духтари Мушфиќӣ (асри XVI), Зебуннисо, Зинатуннисо, Бузургии Кашмирӣ, Нурљон-бегим, Зуҳро, Моҳлиќои Ҳайдарободӣ, Лола-хотун, Иффатии Исфароинӣ (асри XVII), Шоира Тољуддавлат, Маҳзуна, Нодира, Мирзо-Фотима, Тоҳира (асри XIX) дар асрҳои мухталиф рисолати шоирии худро бо диду назари отифӣ барои ҳаёт ва адабиёт адо кардаанд. Аммо он чи ки моро аз он офаридаҳои гуворо ва он неъмати бебаҳо бенасиб гардондааст, суннатҳои динӣ ва мазҳабӣ будааст, ки барои дарҷ ва интиқолашон ба асрҳои дур дар ҳар китобе худдорӣ шудааст. Фарзияи дигаре ҳам ҳаст, ки бархе аз донишмандон ба он ишорат кардаанд. Ҳамон гуна, ки дар сарсухани китоби «Дидори субҳ»-и шоири нмвари эронӣ Тоҳира Саффорзода омадааст, «адабиёт… аз дер боз моҳияти мардона дошт ва рўҳи мардона бар фарҳангу адаби мо муттасил буд. Аз ин рў, заноне, ки мехост
анд вориди адабиёт ва фарҳанги суханварӣ шаванд, бояд бо рўҳияи мардона вориди саҳнаи адаб шуда ё либоси маљозии мардона ба тан кунанд, то ному суханашон дар саҳнаи рўзгор боќӣ бимонад». Шояд чунин ҳам бошад, вале бо он ҳама осоре, ки аз Маҳастии Хуљандӣ ба ёдгор мондааст, моро водор ба он мекунад, ки ба ќавли аввал устувор бошем. Эй кош, агар ҳама чун Маҳастӣ рўҳи озоду вораста медоштанд. Он гоҳ мо ба яќин осореро дар ихтиёр медоштем, ки бо рўҳи занона ва андешаҳои ботинии занон дар миёни сойири ашъор фарќ мекарданд.
Ба ҳар сурат, ин миллати шариф ва ин адабиёти оламгир ќабл аз Ислом ҳам ному нишоне аз занони соҳибмаърифат доштааст. Ҳамон гуна, ки Отўсо духтари Куруши Кабир, ҳамсари Дориюши бузург дар баробари парвариши фарзанди иззатманди хеш Хишоёршо шеър ҳам месурудааст ва аз саромадони занони шоир дар таърихи башар аст. Вале он чи ки аз аввалин занони порсигӯ боқӣ мондааст, ду намуна шеър аз Дородухт духтари Доро, аз охирин намояндагони сулолаи Сосонист. Доро шоҳи Тахористон буд ва дар ҳарбҳои зиёд бар муқобили аъроб роҳии Ҷопон шуд ва дар он ҷо сукунат ихтиёр кард. Гикё Ито, эроншиноси ҷопонӣ дар қадимтарин маҷмуаи шеърии дастљамъӣ бо номи «Манъёсю» ду намуна шеъреро шиносоӣ мекунад, ки аз сойири ашъори он нусха бо тарзи нигориш, мавзуъ ва вожагони худ тафовут доранд ва он ду намунаро мансуб ба Дородухт, шоҳзодаи ориёӣ медонад, ки дар хоки Ҷопон ба сар бурдааст.
Ҳарчанд аз Робиаи Балхӣ барои мо чанд намунаи ашъор ба ёдгор мондааст, вале ҷои таассуф аст, ки аз пушти он ашъор овози як занро наметавонем бишнавем. Иллаташ ҳамон љаҳолати замон аст, ки дар мисоли бародараш Ҳорис падидор мешавад. Ҳамчунон аз чанд намунаи ашъори Ойишаи Самарќандӣ ҳам, ки тариќи тазкираи «Оташкадаи Озар» ёдгор мондааст, наметавонем рўҳияи як занро бо эҳсоси занона дарёбем.
Аммо Маҳастии Хуљандӣ… Гўйи овози тамоми занони эљодкори ќабл аз ў дар гулўи вай љўшидааст, ки бо эҳсоси отифии занона бадар мешавад. Чун Маҳастиро падаре вораста буд, ки барои рушду такомулаш заҳмати фаровон кашид. Ўро ҳамчунон зане вораста ва озода тарбият кард, ки аз забонаш, ба рағми замона, ин алфоз метаровид:
Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,
Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.
Онро, ки сари зулф чу занљир бувад,
Дар хона ба занљир нигаҳ натвон дошт!
Кори мо ин љо аз даричаи иљтимоъ нигаристан ба ин суруда нест, балки он аст, ки ташхис бидиҳем дар миёни ин ҳама ашъор, ки дар паҳнои адабиёт аз хатту холи маъшуќ гуфтаанд, худи маъшуќро чӣ гуна дармеёбем ва садояшро бо чӣ шевае мешунавем? Ҳузури комили Маҳастӣ ба унвони маъшуќ, ки зулфони чу занљирашро ба намоиш мегузорад, дар миёни ин ҳама такрор ҳисси дигаре дорад.
Дар шеъри Маҳастӣ ғайр аз он, ки нигоҳи як занро ба раванди сиёсиву иљтимоии љомеа равшан мебинем, ҳамчунон бозтоби рўҳи занонаи шеърро бо хаёлоте рангину шоирона, дар пардаи талмеҳу истиорот ба дурустӣ ҳис мекунем:
Аз ман тамаи висол дорӣ
Алҳаќ ҳаваси маҳол дорӣ.
Васлам натавон ба хоб дидан,
Ин чист, ки дар хаёл дорӣ?!
***
Шабҳо, ки ба ноз бо ту хуфтам, ҳама рафт,
Дурҳо, ки ба нўки мижа суфтам, ҳама рафт.
Ороми дилу мўниси љонам будӣ,
Рафтию ҳар он чи бо ту гуфтам, ҳама рафт.
Агар ҳамчунин фазоеро дар шеъри пешиниён дидаем, шояд ба андозаи ин пораҳо лаззатамон набахашад. Чаро ки ќудрати тахайюли шоирро аз шуруъи достонаш дармеёбем ва дар баробари ў дар ҳар марҳалае як ноќил ва як ќиссапардозро ҳампову ҳамто мебинем, ки чун соя ба дунболаш меравад. Ва дар ќиёси замонҳо, ки ағлаб занон дар тасаввури мо бо ќавонини суннатҳои мазҳабӣ ҳарамнишину пардапўшанд, ин ҳама аз забони маъшуќ садо дардоданро чизе љуз муболиғаи шоирона намедонем. Аммо ваќте девони Маҳастиро мекушоем, аз ҳамон саҳифаи аввал як зани вораста бо мо дар гуфтугў ќарор мегирад. Садояшро мешунавем, эҳсоси занонаашро дарк мекунем, вожагони хосеро, ки аз дили як модар бурун меоянд, бо дасти эҳсос ламс мекунем. Он гоҳ дармеёбем, ки маъшуќи воќеӣ дар шеър чӣ ҳузури мубораке дорад. Дарди ўро ҳис мекунем, ки худро аз зулми замона шабеҳи гуле дар миёни хор мебинад. Лоларухсореро мебинем, ки зоғу заған баргу борашро ба торољ бурдаанд:
Афсўс, ки атрофи гулат хор гирифт,
Зоғ омаду лоларо ба минќор гирифт.
Симоби занахдони ту овард мидод,
Шанљарфи лаби лаъли ту зангор гирифт.
Ин овози як зан аст, ки дар ишќ ноком мешвад ва коре љуз афсўс хўрдан аз дасташ намеояд ва мо ин ангезаро дар ҳар вожа мебинем. Зулми замон ба он ҳад домангири занон буда, ки яке Ниҳонӣ тахаллус интихоб мекунаду дигаре Махфӣ. Аз Зебуннисо ин байтро мехонем, ки дар ниҳояти занонагӣ сурудааст ва назокати он дар сухан пинҳон шудан чун бӯйи гул дар барги гул аст:
Дар сухан пинҳон шудам чун бўйи гул дар барги гул,
Майли дидан ҳар кӣ дорад, дар сухан бинад маро!
Намунаи дигар:
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад, гар барҳаман бинад маро?!
Аљиб ин аст, ки дар сойири ашъори ин шоир тафовут дар ҷинсият ба нудрат мушоҳида мешавад. Дар бархе ашъораш мо Зебуннисоро бо лаҳни нарму малеҳ вомехўрем, ки дар ҳар вожааш эҳсоси занона нуҳуфтааст (Гарчӣ ман Лайлиасосам дил чу Маљнун дар ҳавост…) вале дар бештари маврид шеърҳои ў аз мавзуъҳое ҳикоят мекунанд, ки таљрибаи онҳо барои як зани ҳарамнишин љойи шубҳа дорад. Шояд ин ашъор илҳоќӣ бошад, ки таҳќиќи љиддиро таќозо мекунад. Ваќте аз ҳамин зовия ба шеъри ў мепардозед, ба дурустӣ пай мебаред, ғайр аз он, ки дар аксари онҳо нишоне аз назокати занона нест, ҳамчунон дар сабку сиёқи мухталифе суруда шудаанд.
Бо вуљуди ин ҳузури занони суханвар дар гузашта кам нест ва то кунун таҳқиқу пажӯҳиш дар мавриди шахсият ва эҷоди онҳо дар баробари ҳамзабонон дар кишвари мо ҳам каму беш сурат гирифтааст. Агарчи ашъори ин занон бо сабаби дастрас набуданашон ба шеъри занонаи имрӯзи мо таъсир надоранд, ному нишонашон барои занони суханвари имрӯз бетаъсир нест. Дар адабиёти муосирамон мо занони суханвареро аз зумраи Гулчеҳра Сулаймонӣ, Жола Бадеъ, Розия Озод, Гулрухсор, Фарзона, Хосият Вализода, Шаҳрия Аҳтамзод, Нуқраи Суннатниё, Гулноз, Адибаи Хуҷандӣ, Раънои Мубориз, Робиаи Холмирзо, Субҳияи Зоҳид, Мағфират Юсуфӣ, Офоқ ва аз ҷавонон Дилором Солибоева, Сурайё Ҳасансултон, Шоҳбегим Маликшоева, Мафтунаи Қосим, Зебои Хатлонӣ, Рўдобаи Мукаррам, Адибаи Ҳабиб, Шаҳёд, Руъё Усмонӣ, Аниса Маннонова ва ғайра дорем, ки ин рисолати таърихиро бар дўш доранд ва дар шеъри муосир бо ангезаҳои отифӣ ва идроки занонаи хеш тавонистаанд як пайроҳаеро ҳамвор созанд.
Хуб аст, агар имрӯз як фаслеро ба унвони шеъри занона дар адабиётшиносиамон ихтисос диҳем. Рӯҳияи занона дар шеъри имрўз як самти мушахас аст. Занони эљодкори мо тавонистаанд бо нигоҳ ва иффату назокати худ ба адабиёт ворид гарданд ва дар раванди сиёсиву иҷтимоии ҷомеъа ширкат варзанд. Аз зовияи рӯйкардҳо ва вежагиҳои сабку сиёқ нигаристан ба шеъри зан, ба даст гирифтани набзи вожаҳои занона дар шеър ва нигаристан ба ҳунармандиҳои халлоқоонаи занон дар офаридани осори ҳунарӣ, имкон медиҳад, ки хонанда нигоҳи хоси занон ба атроф, ба ҷомеа, ба ишқу отифа, ба зиндагиро дуруст дарёбад. Бетафовут нагузаштан аз канори ин ҳама ашъор ва зарофатҳои табъи латифи занон ва ҷойгоҳи ононро дар адабиёт нишон додан кори шеърпажӯҳони имрӯз аст, ки бояд сурат бигирад.
Муҳриддин Сабурӣ





