44.1 C
Душанбе

Танзҳои Ато Мирхоҷа

Танқиди аҷиб

Китоби шеърҳои Салимшоҳ Ҳалимшоҳ аз чоп баромаду ман дар ҳузури Ҳайрат Шанбезода ӯро ба ин муносибат табрик кардам.

– Қасидаҳоятон бисёр аҷоиб, устод, аммо, ба фикрам, баъзе маъниҳоро на ҳар хонанда мефаҳмад, – андешаамро баён кардам ман.

– Атоҷон, барои фаҳмидани шеърҳои Салимшоҳ тамоми географияро азёд донистан лозим, – гуфт дар омади гап Ҳайрати хушсухан.

Та-нн-б-ад-зе

Дар ошӯбҳои ҷанги ҳамватанӣ Ҳайрат Шанбезода фирор накард ва дар Душанбе монд. Рӯзе аз маҳбаси хонагӣ безор шуда, ба кӯча баромад, ки нохост як даста силоҳдорон ӯро ба ҳалқа гирифтанд.

– Шума памирӣ-ма? – мепурсад як ҷавони ширакайф.

– Не, ман гурҷӣ, – ҷавоб медиҳад Ҳайрат.

– Такумент даред-ма?

– Ҳа, мана, – Ҳайрат тасдиқномаи узвияти Иттифоқи нависандагонашро ба ӯ дароз мекунад.

Силаҳдор аз ғояти мастӣ ҳиҷҷаку нон «Шанбезода»-ро чунин мехонад: «Та-нн-б-ад-зе».

– Ҳа, ин кас ҳақиқатан гурҷӣ будаанд, бачаҳо ин кас-ба ҷавоб.

«Забонро дар куҷо омӯзам?»

Солҳои шӯравӣ китоби шеърҳои Салимшоҳ Ҳалимшоҳро дар ҷаласаи Иттифоқи нависандагон ба муҳокима гузоштанд. Ҳар кас ҳарчи гуфт ва аз ҷумла устод Муъмин Қаноат эрод гирифт, ки забонаш суст аст.

Ин сухани Муъминшоҳ ба Салимшоҳ сахт расид, ки дар поёни ҷаласа асабонӣ гуфт:

– Муъминшоҳи азиз, охир, ба кор биёям, ҷаласаҳои мо ба русӣ гузаранд, бозор равам, мардум ба ӯзбекӣ гап занад, ба хона равам, занам маро ба шуғнонӣ ҳақорат кунад, аз рӯйи инсоф бигӯед, ки забони тоҷикиро дар куҷо омӯзам?!

Фарқи олим ва шоир

Шоир Султон Шоҳзода дар замони ҷанги шаҳрвандӣ муддати як сол дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ фанни адабиётшиносиро дарс медод. Гурӯҳе аз муаллимон бар озодманишии ӯ бухл карданд ва яке таънааш зад, ки ӯ кори илмӣ навишта наметавонад. Султон аз ин дар ғазаб шуд ва гуфт:

– Агар дилам хоҳад, кори илмиеро, ки шумо дар навиштани он воҳима мекунед, дар ҳафтае менависам, аммо агар ҳамаи шуморо ҷамъ оваранд, дар соле ду мисраъ шеър навишта наметавонед.

Беақлӣ

Рӯзе дар кӯча устод Салимшоҳро дучор омадам. Табъаш хеле хуш буд. Сабаб пурсидам. Гуфт:

– Нафақа гирифтам.

– Чӣ кори хубе, – гуфтам ман, – акнун зиёфат мехӯрем гӯй.

– Не, ман дар умрам ин хел беақлӣ накардаам ва нахоҳам кард, – гуфт бо қатъият Салимшоҳ.

Шоири иблис

Дар Иттифоқи нависандагон панҷоҳсолагии шоире таҷлил мешуд. Султон Шоҳзода ба ин шахс ҳусни таваҷҷуҳ надошт, аммо ба хотири шеъри хубаш ба он маҳфил омада буд. Пас аз поёни ҷаласа як даста гули зебо ба соҳибҷашн дод ва ин байти Нодирпурро барояш хонд:

Иблис, эй Худои бадиҳо, ту шоирӣ,

Ман борҳо ба шоириат рашк бурдаам.

Шеъри асил

Шоир Абдулқодири Раҳим нақл кард, ки корманди телевизон буду устод Нодир Шанбезодаро ба студия даъват кард, то шеърҳояшро бихонад. Қаблан устодро огоҳ карда буд, ки азбар бигӯяд. Аммо Шанбезода ҳар бор мисраъеро гум мекард ва коргардон корро аз сар мегирифт. Абдулқодир ба танг омад ва ӯро сарзаниш кард:

– Аҷиб одам будаед Шумо, устод, тамоми «Шоҳнома», осори Ҳофиз, Лоҳутӣ, Эраҷ Мирзоро азбар медонеду наход чор шеъратонро азбар карда натавонед?!

– Писарам, охир онҳо шеъранд, шеър! Агар навиштаи мо ҳам шеър мебуд, азбар мекардем, – посух медиҳад Шанбезодаи ростқавл.

Гурез аз марг

Як субҳи солеҳон ҳамроҳи устод Салимшоҳ Ҳалимшоҳ аз хонааш ба кӯча баромадем, ки нависандаи солхӯрда, ҳамсояи устод – Масъуд Муллоҷонов дар тан либоси варзишӣ, аз паҳлуи мо давида гузашт. Пурсидам:

– Устод, ин пирамард чӣ мекунад?

Гуфт:

– Мехоҳад аз марг бигрезад.

Кори нохуб

Шоир Салимшоҳ Ҳалимшоҳро дар шиноснома «Алимшоев Салимшо» ном аст. Чанд шеърашро дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» чоп карданд ва имзояшро «Салимшоҳ Ҳалимшоҳ» ниҳоданд. Ҳамкорон хонданд, табрикаш карданд ва хостанд андешаи ӯро бидонанд. Салимшоҳ гуфт:

– Кори хубе нашуд, акнун занам ҳам номамро талаффуз карда наметавонад.

Боақл

Шоир Салимшо Ҳалимшо аз пеши хонаи ҳамсояаш мегузашт. Писараки хурдсоле пеши дари хонааш нишаста буд, бо камоли одоб ба устод салом гуфт ва ба хона даъват кард. Салимшоҳ пурсид:

– Ту писари кистӣ?

– Писари фалон шоир.

– Кош ҳамин ақлатро падарат медошт, – гуфт Салимшоҳ ва роҳашро давом дод.

Шеър ва куштӣ

Дар маркази ноҳияи Ванҷ ба ифтихори шастсолагии шоир Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ базми назм барпо шуд. Иттифоқан иде буд пас аз маҳфил дар майдони марказӣ. Ба соҳибҷашн дар охир сухан доданд. Ӯ чунон ғарқи шеърхонӣ гашт, ки аз толор баромадани мардумро эҳсос накард. Дарбон дид, ки шоир ба зудӣ баромаданӣ нест, ба танг омад ва ба Маҳмадалишоҳ, ки шеъри «Хушдоманам-е»-ро мехонд, хитоб намуд:

– Устод, хушдоманатон ба тамошои куштӣ рафт, Шумо ҳам бароед, ки дарро қуфл кунам.

Ато МИРХОҶА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо