Суруши наврас дар қатори охирини толори пуршукӯҳи театр нишаста, бо фориғболӣ ба саҳна менигарист. Ҳунарпешаҳо саргарми тамринҳои ҳаррӯза, яке сӯфиёнаву орифона чарх мезад, дигаре бо завқу шавқ дар нақши гузарои худ зиндагӣ мекард. Бобову бибияш пайи тадриси шогирдон лаҳзае ором намегирифтанду бо самимияту муҳаббати хос онҳоро раҳнамоӣ мекарданд. Гарчи ин саҳнаҳоро такрор ба такрор медид, гумон надошт, ки рӯзе риштаи тақдири ӯ низ бо театр пайванд меёбад ва дар пайроҳаи мушкилгузари ҳунар қадам мегузорад.
Ҳангоме ки хонаводаи Суруш Қосим ба Фаронса кӯчид, ӯ ҳамагӣ дувоздаҳ сол дошт ва ин фазову макон барояш ноошно буд. Аз ин рӯ бо раҳнамоии модар ба маҳфилҳои гуногуни дабистон, аз ҷумла ба дарси рақс, баскетбол, маҳорати бозигарӣ ва забономӯзӣ мерафт. Пас аз тамринҳои зиёд дар маҳфили маҳорати бозӣ ба ӯ дар намоиши “Ҳамлет, шоҳзодаи Дания”-и Уилям Шекспир нақши Офелияро сазовор донистанд ва бори аввал пеши тамошобин маҳорати худро санҷид. Баҳои баланди устодон ва кафкӯбии беохири аҳли толор далели комёбияш буд ва дар дили ӯ шуълаи умеду боварро фурӯзон кард. Шояд сабаби муваффақияти бармаҳалаш ин буд, ки дар хонаводаи бузургони театр тоҷик – Муҳаммадҷон Қосимов, Мушаррафа Қосимова, Фаррух Қосим ва Сабоҳат Қосим ба дунё омадааст ва меҳри театр дар шаҳраги ӯ ҷӯш мезанад.
Бо ҳамин васила Суруш ба ин ҳунари зебои беназир дилбастагӣ пайдо кард. Сипас ба Мактаби олии бозигарии шаҳри Порис дохил шуда, аз устодоне чун Кристин Жидрол ва Паскал Марианӣ вижагиҳои ҳунарро омӯхт ва ба истеъдоди ирсии худ эътимод пайдо кард. Ҳамчунин бо гурӯҳҳои гуногуни театрии Аврупо ҳамкориро шуруъ кард ва бо гузашти чанде дар саҳнаҳои хурду бузурги Фаронса ва Олмон ба таври ҳирфаӣ нақшофаринӣ намуда, бо истеъдоди хоси хеш дар дили тамошобин маъво гирифт. Ҳамин буд, ки барои иҷрои нақш ба чанд филми кӯтоҳмуддат даъват шуд, аммо баъд аз андаке озмоиш эҳсос намуд, ки гароиши ӯ ба театр бештар аст ва ба ҳеч ваҷҳ аз ин даргоҳи назофат дур нахоҳад шуд. Рӯйи саҳна нақшҳои зиёде офаридааст, аммо бештар талош дорад, нақши занҳоеро бибозад, ки новобаста ба зарбаҳои шадиди қисмат шикастнопазиранд ва ба тавоноии худ бовар доранд. Худаш ҳам рӯзе мехоҳад чун коргардон ба саҳна биёяд ва ин мавзуъҳои мубрамро бо диди як ҳунарпешаи фаронсавие, ки асолати тоҷикӣ дорад, манзури тамошобин гардонад.
Соли равон Сурушро барои иҷрои нақши асосӣ дар намоиши “Таҳминаам”, ки аз рӯйи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва бо коргардонии Музаффар Шарифӣ дар саҳнаи хушнамову хушҳавои Намоишсарои озмоишии тамошобини ҷавони Муҳаммадҷон Қосимов пешкаш мешавад, даъват карданд. Ӯ ин пешниҳодро, ки масъулияти бузургест, бо хушҳолӣ ва ифтихор пазируфт ва дар ин хусус ба мо чунин гуфт:
“Вақте каминаро ба театри бобоям барои нақшофаринӣ даъват карданд, ҳисси аҷибе маро фаро гирифт. Ҳам шод будаму ифтихор мекардам ва боз дар кунҷи дилам тарс доштам, зеро ин даргоҳ барои ман хеле муқаддас аст. Фикр мекунам, бо иҷрои ин нақш пеши рӯҳи поки падарбузургу модарбузурги фарҳангдӯсту фарҳангпарварам имтиҳон месупорам”.
Кор дар театри тоҷик барои ӯ ба осонӣ даст надод, зеро мактаби театрии Аврупо аз мактаби театрии мо тафовутҳои зиёд дорад. Аммо бо талошҳо ва заҳматҳои зиёд тавонист ба Таҳмина ҷон бахшад ва ӯро аз нав рӯйи саҳна зинда созад, кӯҳи андӯҳ ва шодиву нусрати ӯро дар пайкари хеш эҳсос кунад. Ӯ Таҳминаро бо вуҷуди латофату назокаташ боз як модари рӯйинтану қавииродае медонад, ки тор-тори вуҷудаш аз муҳаббат ва озодӣ бофта шудааст. Суруш то ҷое худро шабеҳи ин қаҳрамони ҷовидона медонад ва бо эътимод мегӯяд, ки ин нақшро беандоза дӯст медорад. Ҳунарпешаи ҷавони соҳибноми мо орзу мепарварад, ки “Таҳминаам”-ро ба ҷашнвораҳои Фаронса бибарад ва муаррифи театри тоҷик бошад, чунонки замоне падарбузурги ӯ овозаи театри моро ба саросари ҷаҳон бурд ва онро шоиста муаррифӣ кард.
Дар бораи малакаву маҳорати ин бонуи тоҷик, ки аз Шарқ ба Ғарб қосиди ҳунару муҳаббат аст, метавон ҳарфҳои зиёд гуфт. Ӯ ин дунёи сеҳрнокро дӯст медорад ва гоҳе дар фазои он пар мекушояд ва гоҳи дигар то ба умқи уқёнусаш меравад. Ҳамеша дар такопӯ ва талош аст, ки чизи наве биомӯзад ва бо ҳунараш машъале биафрӯзад. Муҳиматарин чиз барояш бо тамошобин будан аст, новобаста ба он ки рӯйи саҳнаи хурд ё бузург нақш меофаринад. Ба ин васила рисолати худро ҳамчун ҳунарпешаи нуктадон ва инсони некбин иҷро мекунад ва корномаи ниёкони некному овозадори хешро идома медиҳад.
Сайидо ШАРАФӢ, «АС»