Суҳбат бо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим
– Қабл аз суҳбат мехоҳам ҷашни бузурги мил лӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиамонро барои Тоҷикистони ба ҷону дил қарин ва дар радифи ин номи тоҷдору тахтнишин ба тамоми ҳамдиёрони азиз муборакбод бигӯям. Тоҷикистон, чашмаҳоят чашмаи иқбол бод! Мурғи бахтат ҷовидона хушпару хушбол бод!.. Дар раҳи иқболи худ бошӣ ҳамеша мустақил, Ҳар даму ҳар рӯзи умрат Ҷашни Истиқлол бод!– Ташаккур барои табрики самимонаи шоирона! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки имрӯз аз шарофати Истиқлол давлати тоҷиконро ҷо меаи ҷаҳонӣ шинохтааст ва кишвари азизи мо ба узвияти ҳамаи созмонҳои муътабари дунё пазируфта шудааст, аз ин рӯ, қарзи инсониву шаҳрвандии мост, ки ба қадри ин неъмати пур баҳо бирасем ва чун гавҳараки чашм эҳтиёташ бикунем. Дар ҳақиқат, аён мебинем, ки мамлакати мо бо қадамҳои баҳодурона бо роҳи пешрафт равон аст, комёбиҳои дар солҳои Истиқлол ба дастовардааш бошанд, барои ҷомеа аҳаммияти таърихӣ доранд. Ҳамин масъала дар адабиёта мон чӣ гуна инъикос меёбад?– Суханони дилраси Сарвари давлати соҳибистиқлоламон моро ба бисёр корҳо водор мекунанд. Халқи Тоҷикистон дар арафаи яке аз санаҳои бузурги таърихи навтаринаш – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ибораи «санаҳои бузург» ягон зарра муболиға нест. Воқеан, ҳамин тавр аст, чунки баъди беш аз даҳ асри парешон шудани Давлати Сомониён халқи тоҷик боз соҳиби давлати соҳибистиқлоли хеш гашт ва ин боиси ифтихори самимии ҳар яки мост. Ин бахти баланд ба мо осон муяссар нашудааст. Халқи Тоҷикистонро лозим омад, ки аз санҷишҳои сангин бигзараду муқобилати таҳмилии шаҳрванди ро, ки аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ тулонитар буд, паси сар бикунад. Хушбахтона, аз шарофати ҷаҳду талошҳои қувваҳои солими ҷомеа бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини бостонию ази яткашидаи тоҷик сулҳ омад. Ормони миллионҳо ҳамватанонамон ва, пеш аз ҳама, Пешвоямон, ки дар авҷи муқобилатҳо «Ман ба шумо сулҳ меорам!» гуфта буданд ва чун ҳа меша ба ваъдаашон вафо карданд, амалӣ гардид. Пас аз истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи бунёдкориву рушд қадам ниҳод ва бо сарварии Пешвои барҳақи хеш бомаром сӯи пеш, ҷониби музаффа риятҳои нав ба нав меравад. 35 сол шояд қатрае дар баҳри таърих бошад, вале барои халқи Тоҷикистон аҳаммияти бузурге до рад. Чунки дар ин муддат мамлакат ба комёбиҳои бесобиқа ноил гардид ва дар ҳама самтҳои ҳаёт музаффа риятҳое ба даст овард, ки ба мардум ояндаи аз ин беҳтар илқо мекунад. Имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллатро, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд, ҳамаи мамлакатҳо дастгирӣ мекунанд, мо ҳар рӯз беш аз пеш шоҳиди зеботару дилработар шудани кишварамон ва беҳбуди зиндагии халқамон мешавем. Албатта, муваффақиятҳои дар давраи Истиқлоли давлатӣ бада стомада дар адабиёти муосир, ҳам дар насру ҳам дар назм ва ҳам дар драматургияву ҳам дар публит систика, васеъ инъикос меёбанд. Дар ин маврид бояд, пеш аз ҳама, аз устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар ёд кард. Ва, албатта, анъанаи неки истиқлолгароиву истиқлолсароии онҳоро имрӯз шогирдони арзандаа шон сарбаландона идома медиҳанд. Қабл аз ҳама, диловарию заҳ матҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳи адибонро ба худ мекашад. Ин дам беихтиёр сатрҳои табиию самимии Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот ба ёд мерасанд, ки ба қари бӣ 80-солагиашро сазовор таҷлил кардем ва ба эҷодиёти навҷӯёнааш инъикоси бадеии воқеияту шахси ятҳо ва эҳсоси баланди инсониву шоирӣ хос аст. Ифтитоҳи нақби бузурге, ки як вилояти калони мамлакатро бо маркази он пайваст ва барои та моми минтақа аҳаммияти беназир дорад, дар хотири ҳамаамон хуб нақш бастааст, лекин батафсилу ҳамаҷиҳата бо таърихи лаҳзаҳои му ассири бунёди он тавассути романи Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол» ошно мешавем. Ба ҳамин тариқ ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам, ки сарбанди дар дунё балан дтарин дорад ва файзу баракаташ ба дигар кишварҳо ҳам мерасад, асарҳои зиёде бахшида шудаанд. Яъне, адибон дар инъикоси бар номаҳои бузурги давлатӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикии мамлакат саҳмгузоранд ва дар чанд соли охир сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардидани асарҳои ба ин мавзуъҳо бахшидашу да инро бори дигар таъкид мекунад. Масъалаҳои созандагиву бунёд корӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватан парварию миллатдӯстӣ, ифтихор аз ниёгони хушном, бовар ба ворисони баномус ва ғайра низ, ки дар ада биёти муосир фаровон инъикос ме шаванд, бевосита ва ё бавосита ба мавзуи бузурги Истиқлоли давлатӣ такя мезананд ва тақрибан адибе нест, ки ба инъикоси онҳо рӯ наоварда бошад. Ва, ҷои шубҳа нест, ки васфу гиромидощти Истиқлоли давлатӣ оғоз дораду анҷом не. Ва вазифаи адибон ин кори пуршараф ро бо сифат, тозаҷӯёнаю тозагӯёна анҷом додан аст.– Ҳукумати мамлакат ба илм, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва масъалаи ҷавобгӯи талаботи замон будани он таваҷҷуҳи зиёд дорад. албатта, чунин муносибат, ки аз мавқеи Пешвои мил лат сарчашма мегирад, миёни зиёиён – адибону олимон ҳамо возии самимӣ ба вуҷуд меорад ва онҳоро ба ҷустуҷӯю бозёфтҳо водор месозад…– Оре, адабиёту санъат аз масъалаҳои имтиёзноки сиёсати давлатанд. Сарвари давлат бе штару беҳтар аз ҳар каси дигар дарк мекунанд, ки нақши адабиёт дар маърифатбахшӣ ва тарбияи ахлоқию маънавии мардум, баху сус ҷавонон, бузург аст, маҳз он завқҳоро ташаккул медиҳаду такомул мебахшад. Пешвои миллат натанҳо худ ба эҷоди ходимони барҷастаи илму адаб арҷ мегузоранд, бал ки аҳли ҷомеаро ҳам пайваста ба ин амал даъват мекунанд. Барои ин гуфта да лелҳо зиёданд. Аз он оғоз кунем, ки бо тасмими оқилонаи он кас нахустқаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол устод Садриддин Айнӣ эълон шуданд. Баъд – Бобоҷон Ғафуров, ки пеш аз шоҳасари «Тоҷикон»-ро на виштану муаррихи ҷаҳонӣ шудан рӯзноманигори хушқалам буданд, асарҳои бадеӣ менавиштанд ва қиссаи ҷолиби «Маҳмуд» далели ин аст. Қаҳрамони сеюми Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаи баландмақому ҷовидном дониста шуданд, ки 31 сол сазовор Иттифоқи нависандагони мамлакатро сарварӣ карда буданд. Бо мақсади огоҳӣ аз ганҷинаи бузурги маънавиамон ва таҳкими худшиносии миллии мардум бо да стури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдодҳои фаровон чопу ба ҳар як хонадони кишвар туҳфа шудани «Шоҳнома»-ву «Тоҷикон» рамзи бузурги таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба адабу илм аст. Аҳли адаби кишвар дигар амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллатро низ ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Дар Москва хабар гирифтани устоди солхӯрдаи ада биётамон Сотим Улуғзода ва баъди вафоташон ба диёри маҳбуб овар дану ба хоки Ватан супурдани эшон яке аз ин гуна мисолҳост ва даъвату арҷгузорӣ, сониян аз он гӯшаи дунё ба Ватан овардани ҷасади машҳур тарин шоири муосир Бозор Собир – мисоли дигар. Хотиррасон кардан баҷост, ки даҳ сол пеш маҳз бо дастури бевоситаю дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷума ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар густариши ин кори муҳим ва таҳкими робитаҳои адабӣ бо кишварҳои дуру наздик мавқеи сазовор пайдо кардааст. Дар ин муддат бо қалами кормандони Марказ асарҳои зиёди адабиётамон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуданд ва барои фаъолияти пурборашон бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ қадрдонӣ шудани ду ходими пуркораш далели равшани фаъолияти густурдаи он аст. Ҷашнҳои бошукӯҳи адибони забардаст, ба номи онҳо мондани шаҳру ноҳия, кӯчаву хиёбон, мак табу донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо далелҳои дигари сиёсати адабпар варона ва шоирдӯстонаи Пешвои миллати тоҷик аст. Ва ин масъули яти мо, ворисони ин адабиёти бе назирро бештару бештар мекунад. Пеш аз ҳама, адибон бояд вази фаи бевоситаашон – офаридани асарҳои арзандаро содиқона иҷро кунанд ва тавассути сухани баланд ба амалӣ шудани нақшаву ниятҳои олии Сарвари давлатамон мусоидат намоянд.– оё дар давраи мавриди назар асарҳои муҳимме дар назм, наср, драматургия, публитсистика ба майдон омаданд?– Бале, асарҳои хонданӣ зиёданд. Мақолаҳои фаровони адабиётшиносон, тақризҳои зиёди мунаққидон, фикру мулоҳизаҳои мухлисони адабиёт, ки дар мулоқоту вохӯриҳо, маҳфилҳои адабӣ, рӯна моии китобҳо баён мекунанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Ва боз асарҳое, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсун зода ноил гаштаанд, ба ин далолат мекунанд. Маълум аст, ки ин ҷоизаҳо баъди муҳокимаҳои амиқи адибону адабиётшиносон бо овоздиҳии пинҳонӣ тақдим мешаванд ва на ҳар асар сазовори онҳо мегардад. Роману қисса, драма, маҷмуаи шеър ва достонҳо, асарҳои мустанад ва тарҷумаҳои зиёде ба дарёфти ҷоизаҳои мазкур мушарраф шуда анд, ки ном бурданашон вақту ҷои зиёдро мегирад. Лекин метавон на мунаҳои хотирмонеро ба ёд овард, ки романҳои Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Барот Абдураҳмон, Юнус Юсуфӣ, Ато Мирхоҷа, қиссаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва Равшан Махсумзод, драмаи Меҳмон Бахтӣ, маҷмуаҳои шеъри Камол Насрул ло, Гулрухсор Сафиева, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Доро Наҷот, Толиби Луқмон, маҷмуаи ҳикояҳои Ҳафиз Сайфуллоев, китоби тарҷумаҳои Амонбой Ҷуманов аз он ҷумлаанд.– Дар 35 соли Истиқлоли дав латӣ насли нави адибони тоҷик ташаккул ёфт. Барои кашфу дастгирии онҳо чӣ корҳо сурат мегиранд?– Комилан мувофиқам, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ наслҳои нави қаламкашон ба майдони ада биёт омаданд ва натанҳо ба синну сол, балки бо ҳунару эҷодиёт ҳам ба камол расиданд. Устоди зиндаёд Мирзо Турсунзо да хеле дақиқ гуфта буданд, ки тоҷи кон табиатан шоиранд. Имрӯз ҳам сафи аъзои Иттифоқи нависандагон бештар бо шоирон пур мешавад. Лекин носирон, мунаққидон, адибо ни ҷавони бачаҳо низ кам нестанд. Ва зиёданд дар ин миён онҳое, ки воқеан бо дили пуру тӯшадони сар шори эҷодӣ ва дарки масъулияти эҷодкориву ватандорӣ ба ин саф мепайванданд. Бо ҳар роҳ сурат мегирад ин кор: яке дар машварати адибони ҷавон, ки ҳар ду сол баргу зор мешавад, аз худ дарак медиҳад, дигаре дар маслиҳату машваратҳои бардавом бо устодони сухан чеҳра рӯшан мекунад, дигаре аз маҳфили адабии донишгоҳ меояд. Иттифоқи нависандагон, устодони муҳтарами адабиёт аз зуҳури ҳар як истеъдод самимона шод мешаванд ва аз дилу ҷон дастгириаш мекунанд, мекӯ шанд, ки баҳояшон воқеӣ бошад, ҷавонро ба худшиносиву заҳмат писандӣ ҳидоят бикунад. Шахсан ҷонибдори онам, ки ҷавонон бисёр тар биомӯзанд, суханро амиқ дарк карда, ба қадраш бирасанд, симои эҷодии худро дошта бошанд. Дар байни адибони ҷавон тарҷу монҳои хуб, ҳатто носирони бои стеъдод дучор мешаванд, лекин беш аз пеш ба мунаққидон, шоиру нависандаҳои бачаҳо ва драмна вису публитсист эҳтиёҷ дорем ва мақсади озмунҳои эҷодие, ки ИН ва нашрияҳои он ба қадри имкон бар гузор мекунанд, дарёфти адибони гуногунжанр аст. Ҷонибдори онам, ки дастгирӣ натанҳо маънавӣ бошад. Ва барои ин мехоҳам ба бисёр шахсони қадр дони адабиёт изҳори сипос бикунам. Пеш аз ҳама, ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки аз ҳимматашон чор адиби ҷавон дар пойтахт соҳиби манзил шуданд ва умедворем, ки ин амали неку зарур идома меёбад, ба муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раи си вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ки пайваста китобҳои адибони ҷавонро чоп мекунанду доим аз аҳволашон огоҳанд, ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки ба бахши эҷодӣ таваҷҷуҳи пайваста доранду барои ҳар узви Иттифоқи нависандагон ёрдампулии ҳармоҳа муқаррар кардаанд, ба узви Маҷли си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Турсун зода Парвиз Акрамзода ва Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ки ҷашнҳои адибони бузурги диёрро ба иди ҳақиқии адабиёт ва саҳнаи қадрдониву ибратомӯзӣ табдил медиҳанд.– Ҳадафи адабиёт натанҳо инъикоси дирӯзу имрӯзи ҳаёт ва офаридани образу характерҳои адабӣ, балки тарбия ҳам ҳаст. Хонанда аз қаҳрамонони адабиёт меомӯзад, ибрат мегирад, инсон дӯстиву ватанпарварӣ, адолату ҳақиқат, сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ёд мегирад. адабиёти муосири тоҷик ин ҳадафро чӣ гуна пайгирӣ мекунад?– Мақсади асосии ҳар адибе, ки адабиётро, хонандарову худро эҳтиром мекунад, ҳамин аст ва дар ин бора адибони гузаштаву имрӯза амон зиёд изҳори ақида кардаанд. Дар маҷмуъ зеботар намудани дунё ва инсонтар кардани инсон будааст ҳадафи ҳар адабиёт ва дар ин роҳ адабиёти навини Тоҷикистон ҳам хидмати зиёд кардааст. Хидматеро, ки барои худшиносии миллат устодон Айнӣ, Турсунзода, Икромӣ, Улуғзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ карданд, боз бо кадом роҳ кардан имкон дорад? Имрӯз ҳам ин кор бояд бо масъ улиятшиносии хос аз ду роҳ сурат бигирад: аввалан, тарбияи ҷавонони миллатдӯсту ватанпарвар тавас сути асарҳои ҷолибу баландғояи таърихӣ, сониян, тарбияи завқу салиқаи хонанда бо асарҳои ҳунар мандонаи адабӣ. Аз назари ман, адабиёти муосири тоҷик барои ин кор воситаву имкониятҳо дорад. Яъне, шоиру нависандагоне до рем, ки аз гузаштаи халқу диёр хуб огоҳанд ва саҳнаҳои ибратомӯзи таъриху имрӯзро ҳунармандона ба қалам оварда метавонанд.– Максим Горкий адабиётро «инсоншиносӣ» гуфтааст ва дар як давраи тулониву пурмаҳсули адабиёт меъёрҳои арзиши он ғоянокӣ, халқият ва бадеият буданд. Дар ин хусус чӣ андеша доред?– Ман ҳам фарзанди ҳамон за монам ва, албатта, аз он таълимот бебаҳра намондаам… Асари адабии бебадеият чӣ арзиш дорад? Агар он аз ғояи баланду созанда ҳам орӣ бошаду ба халқ писанд наояд, хонаест бе бому девор. Ба қавле: «Дарахти бебарг ҳезум асту абри беборон – дуд». Дар хусуси ин се сифати ногузири адабиёт пеш аз коммунистон ва ҷуз коммунистон ҳам бисёр гуфтаанд. Бамаврид аст, ки суханони адибу файласуфи асри 18-и Фаронса Клод Гелветсийро ба ёд биорем: «Барои комёбии комил зарур аст, ки ба ҳус ни баён ғояи волое бипайвандад. Бе ин асари адабӣ аз санҷиши замон намегузарад». Хуллас, ман ҷонибдори асари ҳунармандонае ҳастам, ки ғояи со зандаеро тарғиб бикунад ва барои хонанда фаҳмову дастрас бошад.– Дер боз адабиёти Тоҷики стон бо забонҳои гуногун эҷод мешуд. Ҳоло вазъ чӣ хел аст?– Имрӯз адибони Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ эҷод мекунанд. Дар ин маврид дақиқан «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Муҳим – доштани ҳарфи сазовори гуфтан ва онро ҳунармандона иброз намудан. Дар масъалаи эҳтироми фарҳанги дигар халқҳо мо комилан ҷонибдори Пешвои инсондӯсту таҳаммулгарои миллатем.– Робитаҳои адабӣ чӣ ҳол доранд?– Тоҷикистон кишвари муҳаб бату рафоқат, бунёдкориву соза ндагӣ, рушду пешрафт аст ва бо ҳама мамлакатҳои мутамаддин робитаҳои дӯстона дорад. Ҳаминро ба адабиёташ ҳам метавон нисбат дод. Имрӯз Иттифоқи нависандагони мам лакат бо созмонҳои адибони Армани стон, Беларус, Эрон, Қазоқистон, Қирғи зистон, Русия, Уз бекистон робитаҳое дорад, ки дар шакли иштирок дар чора биниҳои ҳамдигар, тарҷумаи тарафайни осор, табодули шу мораҳои нашрияҳои адабӣ, таҷлили ҷаш нҳои адибони машҳу ри кишварҳои якди гар зоҳир мешаванд. Чанд рӯз қабл номаи раиси Иттифоқи на висандагони Осетияи Шимолӣ расид ва мо бо мамнуният дархо сти ҳамкориашонро пазируфтем. Шиори мо ҳамоно «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо» мебошад.– Дар китоби наватон мақо лаеро дучор омадам, ки «Шеъри дирӯз дар хидмати имрӯз» унвон дорад. Мақсад чист?– Ба 70-солагии силсилашеъри машҳури устод Турсунзода «Қиссаи Ҳиндустон» бахшида шудааст он. Баъди ҳафт даҳсола ҳам замонавию дархури замон мондааст ин асар, чунки ба адолат даъват мекунад, ба дӯстии халқҳо мехонад хонандаро. Ва, мутаассифона, вазъи онрӯзаи Ҳиндустон имрӯз ҳам дар бисёр гӯшаҳои дунё мушоҳида мешавад. Адиби бузурги рус Салтиков Шедрин сухане дорад: «Фақат як адабиёт аз қонуни фано гаштан эмин аст, фақат як он ба марг тан намедиҳад». Маҳз ба чунин адабиёт мансубанд асарҳои устод Мирзо Турсунзода ва дигар бузургони мо. Бояд ба эҷоди чунин асарҳо саъй ку нем мо, ворисони онҳо, ҳам. Маҳз ба ҳамин даъват мекунад моро сарвари адабдӯсту адибдӯстамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.– Сипос барои суҳбати ҷолиб.– Ба Шумо ҳам. Бори дигар ҷаш ни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рои кулли ҳамқаламону хонандагони содиқи адабиётамон ва дар шахси онҳо ба тамоми мардуми кишвари азизамон мубораку хуҷаста бошад!
Суҳбати Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим бо рӯзноманигор Мансур Суруш





