31.1 C
Душанбе

«Шоири замонасаро». Бузургдошти Алимуҳаммад Муродӣ дар Душанбешаҳр

Субҳи рӯзи чоршанбе, 30 июли 2025 бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори ин боргоҳ маҳфили бузургдошти 80-умин солгарди таваллуди шоири хушноми тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ баргузор шуд.

Алимуҳаммад Муродӣ бо ашъори иҷтимоъию меҳандӯстияш мавриди алоқаи адабпарварон қарор дорад. Ба гуфтаи Ҷумъахон Файзализода, мудири Китобхонаи миллӣ, ки маҳфили гиромидошти Алимуҳаммад Муродиро ифтитоҳ кард, шоир аз даҳаи шашуму ҳафтуми садаи гузашта барои кашфи ҳақиқати оламу одам ва ифшои розҳои ногуфтаву ҳарфҳои ношунида қаламфарсоӣ менамояд. Ҳамин тавр, дар ашъори Муродӣ бузургии инсон, ҳақиқати зиндагӣ, дӯстдории ватану модар ва васфи табиату ситоиши рӯзгори ободи ҳамватанони мо ба тасвир гирифта шудааст.

Ба қавли Давлат Сафар – муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳангоме ки хонанда шеъри Муродиро мехонад, бешак ба жарфтарин нуктаи андеша мерасад, маъниҳо дар шеър ба гунае ҷой дода шудаанд, ки наметавон бо як хондан аз он рад шуд.

“Муваффақияти ӯ дар майдони назм маҳз худи ӯ будан аст, ӯ ба касе монанд нест ва шеъри ӯ мегӯяд, ки муаллифаш маҳз Муродист”, – таъкид кард Давлат Сафар.

Дар идома Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар бораи дарунмоя ва вижагиҳои осори Алимуҳаммад Муродӣ суханронӣ кард. Ба назари вай, дарвоқеъ Муродӣ дар адабиёти муосири мо нақши бисёр босазо дорад. Ифтихор дорем, ки шоироне чун Муродӣ ҳамасри мо ҳастанд ва овозаи шеъри эшон марзҳоро убур кардааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода – узви пайвастаи Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон иброз дошт, ки шеъри Муродӣ шеъри ҳамин рӯз аст ва ин бахти  бузурги шоир аст. Ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам мудерн ба мақсуд расидааст. Доштани чунин шоирони замонасаро боиси ифтихор ва хушбахтист ва таҳияву нашри маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгору осори ӯ айни муддаост.

Аламхон Кӯчарзода, доктори илми филология, профессор дар ин маросим маҷмуаи мақолаҳои “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар”-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи вай, китоби мазкур зери назари ӯ ва дар ҳамкорӣ бо кормандони Китобхонаи миллӣ нашр шуд. Пешгуфтори ин маҷмуа ба қалами Кӯчарзода мансуб буда, Ҳадятуллоҳи Амриддин онро виросторӣ кардааст. “Мавҷи садоқат  аз авҷи ҳунар” мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва меҳрномаҳои донишмандону суханварон ва ҳаводорони Муродиро дарбар мегирад.

Ба гуфтаи Кӯчарзода, чакидаҳои хомаи Алимуҳаммад Муродӣ аз миёнаҳои солҳои 70-уми садаи ХХ, аз айёми дар матбуоти даврӣ ба табъ расидани шеърҳои аввалинаш таваҷҷуҳи мутахассисон ва оммаи хонандагонро ҷалб намуд ва дар баробари чопи маҷмуаҳояш дар бораи мундариҷа, муҳтаво ва сохтори ашъораш тақризҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳо рӯйи кор омаданд. Фазои маҷозӣ боис шуд, ки ашъори шоир тавассути мухлисони собитқадам ба форсизабонони дунё дастрас гардад ва эшон низ таассуроти хешро бо муҳаббат аён доштаанд.

Ҳафиз Раҳмон, адабиётшиноси тоҷик тасвирҳои шоирро ҳамчун мусавваррасозӣ дар шеър арзёбӣ кард. Ба таъкиди вай, шоир шеърро бо табиат ва набзи он ҳамоҳанг сохтааст, ки хеле муассир ва ҳадафрас гаштааст.

“Одатан ғаму дард синасӯз аст, ки решаи дарахти умеди касро ковок ва билохира аз по меафтонад. Аммо ғами шоир, азбаски ғами муҳташами васлу ёди каси ба ҷон баробари ӯст, қалби шоирро ба боғи шукуфоне табдил додааст”, – зикр кард Ҳафиз Раҳмон.

Дар ҳамоиш ҳамчунин шоири хушном Муҳаммад Ғоиб, суханшинос Мубашшир Акбарзод, шоир ва пажӯҳишгар Салими Хатлонӣ ва дигарон ибрози андеша намуданд.

Гуфтанист, Алимуҳаммад Муродӣ 3-юми августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯрообод (кунун Шамсиддин Шоҳин) чашм ба олами ҳастӣ кушуда, донишомӯхтаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳои мадид дар матбуот кор намуда, дар рӯзномаи ноҳияи Ёвон ба мақоми виростор расидааст. Чанд муддат мудири бахши рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа буда, сипас сардабири идораи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ шудааст. Як давра мудирияти бахши нақди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро бар дӯш доштааст. Ҳамакнун дар ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ кору зиндагонӣ мекунад.

Асарҳои “Дастниҳол”, “Боғи мурод”, “Нози Наврӯз”, “Чароғи рӯзадор”, “Хайрбоди баҳор” ва монанди инҳо ба қалами Муродӣ мансуб аст.

Вай аз соли 1987 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2005 барои китоби «Хайрбоди бањор» сазовори Ҷоизаи Турсунзода гардидааст. Дорандаи унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» мебошад.

Наргис НАЗАРЗОДА

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо