44.1 C
Душанбе

Ҷашни нависандаи пуркор

30-юми январ дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар суханронии ифтитоҳии хеш Сорбонро аз зумраи нависандагони беҳтарини даврони мо ба шумор оварда, нақши ӯро дар пешрафти насри муосир назаррас арзёбӣ кард. Номбурда афзуд, ки Сорбон бо асарҳои хондании хеш байни хонандагони тоҷик маҳбубияти хос дорад ва ин шуҳрату маҳбубият аз оғози фаъолияти эҷодияш ба ӯ насиб гардидааст.

Доктори илми филология, пофессор Абдунабӣ Сатторзода аз дӯстиву қаробати худ бо нависанда қиссаҳои ҷолиб нақл карда, ҳамчунин роҷеъ ба ҳунари нависандагии ӯ изҳори назар намуд.

Нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, мудири бахши насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ, нависандаи шинохта Маҷид Салим ва рӯзноманигор Одили Нозир дар бораи шахсияту осори нависандаи соҳибҷашн сухан гуфтанд.

Сорбон муаллифи повестҳои “Занги аввал” (1970), “Санги сипар” (1972), “Ҷӯгӣ” (1973), “Буд, набуд” (1975), “Шинел” (1978), “Сабо” (1980), “Қумрӣ” (1986), “Дашти морон” (1990), романҳои “Актёр” (1981), “Зарафшон” (1988), “Достони писари Худо” (2000), “Туғрал” (2007), “Росу” (2010), “Барзгар” (2014), “Шаҳрбону” (2014), “Даричаи дил” (2019) ва ғайра буда, “Ман офтобро мебинам”-и Нодар Думбадзе ва “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо