34.1 C
Душанбе

ҶАҲОНИШАВИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Худи вожаи “фарҳанг” ба як таъриф маҷмуи дастовардҳои инсоният мебошад. Мусаллам аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст овард ва бори дигар ба ормони деринаи худ расида, тоҷикон соҳиби давлати мустақил шуданд. ин истиқлол барои тоҷикон пеш аз ҳар чизи дигар истиқлоли фарҳангӣ ва тамаддунӣ буд. Чаро? Чунки тоҷикистон ак нун кишваре ба ҳисоб ме равад, ки сиёсати фарҳангии худро худаш мустақилона муайян мекунад. бо соз монҳои байналхалқӣ мустақи ман робитаҳои дипломатиро барқарор мекунад. ин имко ният барои кишварҳои узви шуравӣ пештар иҷоза набуд. Гарчанде созмони бонуфуз тарини фарҳангии ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО дар соли 1945 таъсис ёфта буд ва то соли 1991 ҳукумати шуравӣ бо он ҳам корӣ дошт, кишварҳои ғайри марказӣ, аз ҷумла тоҷикистон ҳақ надоштанд бе огоҳии марказ ё ҳатто бо огоҳӣ бо ин созмон робитаҳои фарҳан гиро густариш диҳанд. Маҳз истиқлоли давлатӣ ин шароит ва имкониятҳоро фароҳам овард. Истиқлол — авҷи шукӯҳи давлат дорӣ ва якпорчагии кишвар буда, дар ҷанбаҳои гуногун гуфта мешавад. Аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, истиқло ли сиёсӣ, истиқлоли иҷтимоӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар маҷмуъ истиқлоли давлатиро дар бар мегирад. Аз миёни он фарҳанг ва истиқлоли фарҳангиро метавон пояи асосӣ ва мустаҳками давлатдории миллӣ номид. Бинобар ин, яке аз ав валин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва ваҳдатбадастоварда таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» буд, ки соли 1997 бо мазмуну муҳтавои баланди меъёрии ҳуқуқӣ ва фарогирии соҳаҳои калидии иҷтимоӣ ба тасвиб расид. Дар заминаи қонуни мазкур як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳову дастурамалҳои танзимку нандаи соҳавӣ таҳия гардида, қабул ва тасдиқ шудаанд. Зеро, тавре маълум аст, барои идора ва танзими ҳар соҳа меъёри муайян ва хатти сурх лозим аст ва ин санадҳо ҳамчун меъёр аз замони қабул то имрӯз хизмат карда истодаанд. Соҳаи фарҳанг аз таркиботи гуно гун ва муҳими иҷтимоӣ ба монанди мероси фарҳангӣ (моддӣ ва ғайри моддӣ), санъату мусиқӣ, табъу нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома, дастурамал, брошюра, китоб-албом, лавҳаҳои таблиғотӣ ва ғайра), муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (клубҳои фарҳан гӣ, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳанг), китобхона, осорхона, илм, кино, теле визион, ВАО (Воситаҳои ахбори омма), дину ойин, расму анъана, ҷашну маро сим ва ғайра иборат мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои 1992 1997 як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, клубҳои фарҳангӣ, муассисаҳои табъу нашр ва полиграфӣ, ёдгориҳои таъри хию фарҳангӣ ва базаҳои археологӣ харобу фарсуда гардиданд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муас сисаҳои фарҳангӣ барқарорсозӣ шуда, гузашта аз ин дар аксарият шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои фарҳанг бо тарҳу услуби хоссаи меъморӣ аз нав бунёд карда шуда, бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмо малӣ Раҳмон ифтитоҳи расмӣ дар онҳо сурат гирифтааст. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро барои барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва мероси фарҳангӣ равона кард. Зеро барои сохтани идеологияи миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ин амри за рурӣ ба ҳисоб мерафт. Худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Дар шароити имрӯза агар хоҳанд миллатеро аз байн бубаранд, пеш аз ҳама забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллиашро аз байн мебаранд». Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии  Тоҷикистон тавонист фарҳангу забон ва тамаддуни беш аз 6000 солаи ху дро ҳифз кунад. На ин ки ҳифз кунад, балки онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар ин давра ме роси фарҳангии моддӣ ва ғайримод дии миллати тоҷик дубора эҳё карда шуда, рушди онҳо яке аз вазифаҳо ва барномаҳои авлавиятдоштаи Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи Барномаҳои давлатӣ 116 адад (то соли 2025) ёдгории таъри хию фарҳангии меъморӣ ва бостонӣ пурра тармим ва барқарорсозӣ карда шуданд. Намунаи олии онҳо шаҳри бо стонии Саразм, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук, мазор-мақбараи Ҳазрати Султон, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Муҳамма ди Башоро, мақбара-мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Бешкент, қалъаи Балҷувон, Қалъаи Вомар, қалъаи Ям чун, муғтеппаи шаҳри Истаравшан ва даҳҳои дигар амсоли инҳо. Инчунин унсурҳои фарҳангии мил лии ғайримоддии тоҷик, ки солҳои сол ва асрҳои аср ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва хатари аз байн раф танашон зиёд буд, дубора эҳё карда шуданд. Ҷашнҳои чаҳоргонаи миллӣ ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон намунаи олӣ ва барҷаста маҳ суб меёбанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора қарори дахлдор қабул намуда, ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ аз ҷумла Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон да стур дод, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат Феҳристҳои миллии мероси фарҳанги ро таҳия бикунад. Ин яке аз иқдомҳои муҳим барои ҳифзи арзишҳои фарҳан гӣ ба ҳисоб мерафт. Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо фарогирии 3413 (се ҳазору чорсаду сездаҳ) адад ёдогории таърихӣ (бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ) ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо фарогирии 538 (панҷ саду сиву ҳашт) адад ун сурҳои фарҳангии миллии ғайримоддӣ дар 7 бахш бори аввал таҳия гардида, ҳатто дар шакли китоб аз чоп баромад. Гузашта аз ин, дар зарфи 35 соли истиқлоли давлатӣ як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ му аррифӣ ва ба феҳристҳои мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. То имрӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикис тон 21 ёдгории таърихию фарҳангии моддӣ: шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), ёдгориҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти Қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳамма ди Башоро, Тали Хамтӯда, Низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Қум, Муғ ва Ҳисорак), ёдгориҳои таърихию фарҳангии силсиланоми натсияи “Хуттали Қадим: Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Золи Зард (ноҳияи Данғара), Шаҳртеппа, Корвонсарои Тоҳир, Шаҳристони Золи Зар (ноҳияи Фархор), Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Манзаратеппа (ноҳияи Восеъ), Дайри Буддоии Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш) ва Ҳалевард (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба Феҳристи асо сии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохиланд. Ҳамзамон, унсурҳои фарҳангии ғайримоддӣ: Ҷашни Наврӯз, Фалак, Чакан, Шашмақом, Атласу адрас, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин, санъати тазҳиб ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Як қатор ҷашну солгардҳои муҳим ва мероси хаттӣ низ дар феҳристҳои ҷашнвораҳо ва хотираи ҷаҳон сабти ном шуда, намоди ифтихори миллӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар ар саи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон муносибатҳои фарҳангии зич дошта, ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳо нии фарҳангӣ ба монанди ЮНЕСКО ва ИСЕСКО узви комилҳуқуқ мебошад. Маҳз ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ имкон фароҳам меоранд, ки доираи таблиғоти фарҳангии мо густариш пайдо карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ муар рифӣ шаванд. Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то ҳайатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷики стон давра ба давра рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар ки шварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор намоянд. Авҷи шукӯҳи ин ташаббусҳо маҳз ду-се маротиба баргузор на мудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо шахсан сарони кишварҳо иштирок кардаанд. Қобили ишораи хос аст, ки панчсо лаи ахир таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хоссатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷи кистон дар бахши мероси фарҳангӣ бисёр назаррас ва ҷиддитар аз ҳар давраи дигар арзёбӣ мешавад. Зеро, дар ин давра иқдомҳое сурат гирифтанд, ки гуфтаҳои моро собит месозанд. Соли 2021 намоишгоҳи байнал милалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он сарони кишварҳои Тоҷикистону Фаронса ва роҳбарияти олии Созмони ЮНЕСКО иштирок намуданд. Соли 2024 на моишгоҳи дигари байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки сарони давлатҳо ва роҳбарияти созмони мазкур баргузор гардид. Тақ дими туҳфаи рамзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ҷаноби Антоннио Гуттериш нусхаи тоҷи кунгурадори заррин му аррифии сатҳи ҷаҳонии тамаддун ва тоҷдории миллати тоҷик буд. Дар ин давра даҳҳо намоишгоҳои миллию байналмилалии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба нақша гирифта, бо иштироки доираи васеи шаҳрвандони дохилию хориҷӣ баргу зор карда шуданд. Ҳамчунин, бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ дар моҳи октябри соли 2026 як намоишгоҳи сатҳи бай налмилалӣ дар шаҳри таърихии Руми Италия ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар он нодиртарин нигораҳои таърихии кишвар ба намоиш бурда ва барномаҳои рангини ҳунарии аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шаванд. Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки фарҳанг ва мероси фарҳангӣ дар ҳама давру замон намоди ифтихоран гез ва руҳябахшии миллатҳо буда ва имрӯз низ аз пештара, бештар эҳсос мешавад. Вазъи кунунии ҷаҳонӣ то рафт шиддат мегирад ва кишварҳо ба як бархӯрд гирифтор мешаванд. Тавре дар Ойинномаи Созмони Милали Мут таҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) омадааст, мақсади асосии ин созмони фарҳангӣ аслан ПОЙДОРИИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки маҳз фарҳанг метавонад маҳаки асосии ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, дар ин ҷода нақши калидиро бозӣ кунад.

 МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМЗОДА

Докторант PhD, муҳаққиқи мероси фарҳангӣ

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо