44.1 C
Душанбе

Даргузашти вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукурова

Рӯзи 7-уми июл дили Тамара Абдушукурова, бозигар ва коргардони хушноми тоҷик дар 85-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Тибқи иттилоъи пайвандони Абдушукурова, ҷанозаи равоншод шоми 7-уми июл, соати 19:00 дар кошонааш, воқеъ дар кӯчаи Пушкин 8, хонаи 9 сурат мегирад.

Бояд гуфт, Тамара Абдушукурова 24-уми августи соли 1940 дар ноҳияи Ғарм чашм ба олами ҳастӣ гукуда, донишомӯхтаи Донишгоҳи ҳунари театрии Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буд ва солиёни дароз дар Намоишсарои Лоҳутӣ ба унвони бозигар ва коргардон кор кардааст.

Ӯ як муддат дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дарс гуфта, чанд вақт муовин ва сипас раиси ин донишгоҳ шумурда мешуд. Тамара Абдушукурова дар солҳои 1990-1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ин бозигари фақид дар саҳнаи театр бо нақшофаринии ҷаззоб дар намоишҳое чун “Шоҳ Гавазн” (Смералдино), “Ҷавоне аз шаҳри мо” (Варя), “Деҳотӣ” (Бунафша), “Дуэл” (Нозӣ), “Иродаи зан” (Мавҷуда) дар ёдҳо мондааст. Ҳамчунин дар намоишҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва монанди инҳо коргардон будааст.

Гуфтанист, Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони Шӯроӣ буд.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” аз даргузашти Тамара Абдушукурова андӯҳгин буда, ба пайвандону азизонаш ибрози ҳамдардӣ мекунад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо