Санаи 30-юми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно ҳамоиши калони илмиву адабӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки Мавлоно дар саросари дунё яке аз писанди датарин шоирон буда, «Маснавии маънавӣ» пурфурӯштарин китоб ба шумор меравад. Тафаккури Мавлоно ба шардӯстона мебошад. Ин аст, ки башарият эҷодиёти пурғановати ӯро то ҳанӯз мехонад. Сипас гардонандаи ҳамоиш, сар муҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо риштаи суҳбатро ба даст гирифта, чунин таъкид намуд:
– Ҳар ҷое, ки забони форсӣ, шеъри форсӣ, руҳи баланди ҳунар ва шӯри ишқу ирфон зинда аст, он ҷо хонаи Мавлоност. Иттифоқи нависандагон низ даргоҳи Мавлоно мебошад. Чунон ки худи ӯ меоварад:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем…
Тавре ҳамаи мо эҳсос мекунем, ба тақвияти ҳамдигаршиносии бештар ниёз дорем. Соли 2016 дар Амрико будам. Ҳамон сол «Мас навии маънавӣ» китоби сол шуда буд. Онро харидам, ки ҳаҷман хеле хурд аст. Таҳиягарон паёмҳо, анде шаҳо, ҷаҳонбиниҳо, хулоса, мағзи «Маснавӣ»-ро барои хонандагони худ пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷи кистон Гулрухсор Сафӣ, маҷаллаи «Фарҳанг» дар ду соли фаъолият тавонист, ки дар тарбияи миллата мон саҳм гузорад. Оғози нашраш ҳам бо осори Мавлоно амалӣ гашта буд. Дар бораи Мавлоно сухан гуфтан дар бораи ситораи ба тозагӣ кашфшуда ҳарф задан аст. Вақте дар бораи ӯ фикр мекунам, дар бораи мардум, дар бораи худ фикр мекунам. Чунон ки номбурда афзуд, тамо ми вожаҳои тоҷиконаеро, ки имрӯз ҳам дар ҳар гӯшаву канори кишва рамон истифода мегарданд, Мав лоное, ки дар шашсолагӣ ба Туркия рафта буд, тавонист дар асарҳояш ҷой диҳад. Мувофиқи пешниҳоди Гулрухсори Сафӣ, бояд ҳар сол дар Қуния, дар сари мақбараи Мавлоно низ Рӯзи Мавлоно дошта бошем. Шоирон шеър қироат кунанд, сарояндаҳо су руд хонанд ва раққосаҳо бирақсанд. Ба ҳар маконе, ки сухани Мавлоно расидааст, дар он ҷо зиндагӣ ҷӯш мезанад. Мавлоно ягона шоирест, ки аз илм шеър ва аз шеър илм сохта аст. Рубоиҳои Мавлоноро ба дурустӣ нашинохтем. Ҳол он ки яке аз дигаре беҳтар аст, – гуфт номбурда. Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир ба муносибати Мавлоно ва Шамс сухан карда, як шеъри ба Мавлоно бахшидаи худро қироат намуд. Муҳаққиқ Шодимуҳаммад Сӯфизода дар навбати хеш аз ҷан баҳои ирфонии ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сухан гуфт. Таърихнигори шинохтаи афғони стонии муқими Олмон, муаллифи китоби “Тоҷикони Хуросон” доктор Соҳибназар Муродӣ нақл кард, ки як устоди Донишгоҳи Сорбонна дар Фаронса барои ҳар шахсияти бузур ги тоҷик ҳамто ёфтааст, аммо барои Мавлоно не. Ӯ таъкид намуд, ки Мав лоно рамзи ваҳдат ва ҳамбастагии фарҳангии мо ба ҳисоб меравад. Сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа ғазали дар вас фи Мавлоно навиштаашро хонд. Адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ доир ба 800-солагии Мав лоно, ки соли 2007 ҷашн гирифта шуд ва нашри осори шоир дар ки швар андешаронӣ кард. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунарпешагони маъруф Ибодулло Машраб, Ортиқ Қодир, Шоҳмурод Аюбов бо маҳорати баланд шеърҳои Мавлоноро қироат карданд, Акбар Абдулло суруд хонд ва ҳунармандо ни Театри давлатии «Аҳорун» порае аз намоиши «Бишнав аз най…»-ро пешкаш намуданд. Ба таъкиди Ортиқ Қодир, Мавлоно барои ваҳдат омада буд ва рисолаташ пайванд кардани тамоми мазҳабу халқҳо будааст. Ҳар қадаре, ки ба Қуния наздиктар шавем, ҳамон қадар муҳити тоҷикиро бештар эҳсос мекунем. Дар он ҷо ҳатто хонаҳо ба хонаҳои деҳаҳои тоҷикон монанд мебошанд. Дар охир Ховари Абдулҳай, Си нои Абуалӣ, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон шеърҳои худро пешниҳоди ҳозирин гардонданд. Ҳамин тавр, Рӯзи Мавлоно дар Иттифоқи нависандагон имсол низ чун солҳои пешин хотирмон баргузор гардид.
БУЗУРГМЕҲРИ ТОҶИДДИН, «АС»





