Рӯзи 31-уми январ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон нишасти муштараки кормандони Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (28.12.2024, шаҳри Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нишастро муовини аввали раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Сафарзода ифтитоҳ кард.
Дар идома муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод ва ёвари раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Муҳаммадӣ дар бораи Паём андешаҳояшонро баён доштанд.
Сипас суханронии муфассали мудири маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагон Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни масоили дар Паём матраҳгардида шунида шуд.
Таъкид гашт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯйи пешравӣ дар соҳаҳои муҳимми ҷомеа мебошад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ин кишвар ҳамасола дар охири сол баргузор шуда, натиҷагирӣ аз амалкарди яксолаи Ҳукумати кишвар шумурда мешавад.
Бузургмеҳри Тоҷиддин,
«АС»