Аз дувоздаҳсолагӣ Шаҳриёрро мешинохтам. Ғолибан ба хонаи мо меомад, ҳамеша дӯсташ медоштам. Ҳоло ҳам барои ман зинда ва дӯстдоштанист. Аз хотирам нарафтаст: Он симои наҷиб ва паридаранг, он чашмҳои сиёҳ ва дурушт, он мӯйҳои софу сиёҳ, ки ҳарчи ман бузургтар мешудам, торҳои сапедашон бештар мешуд.
Шеърҳояшро азбар мекардам ва дар мадраса барои дӯстонам мехондам. Ба хонаи ҳамсар, ки рафтам, ба хонаи ӯ наздиктар шудам. Хонаи мо дар хиёбони Фахробод буд ва хонаи ӯ дар хиёбони Зарриннаъл. Ҳоло номи ин ду чист, намедонам. Аз он пас бештар ба хонааш мерафтам. Канори бисоти самовараш менишастам ва ӯ шеърҳояшро бароям мехонд. Гоҳе ҳам водорам мекард, ки шеъре барояш бихонам ва мехондаму ташвиқам мекард.
Баъдҳо, ки ба Донишкадаи ҳуқуқ рафтам ва ба кори таҳсилу тадрис машғул шудам, камтар фурсати дидорашро ба даст меовардам, аммо аз шеъраш ҳамеша бохабар будам.
Нимаи даҳаи 40 буд, ки ба Табрез рафт ва барои ҳамеша Теҳронро тарк гуфт, ҳамсар ихтиёр карду бачадор шуд. Аммо ишқеро, ки ҳамеша дар шеъраш аз он ёд мекард, ҳаргиз ба фаромӯшӣ насупурд ва зимни дидори дигарборае аз Теҳрон, дар толори бузурге пур аз ҷамъият, ба сароҳат аз ин ишқ сухан гуфт ва фош кард, ки ба дӯшизае аз хонаводаи бузург ошиқ буда ва имкони издивоҷи ӯ бо духтар муяссар нашуда. Бо ин ҳама ошиқ ин ишқи нокомраворо ҳамеша муҳтарам медоштааст.
Дар он маҷлис Абдуалихони Вазирӣ ҳам ҳузур дошт ва таронаи «Ҳоло чаро?»-и Шаҳриёрро, ки аз маъруфтарин таронаҳои он рӯзгор буд, – иҷро кард:
Омадӣ, ҷонам ба қурбонат! Вале ҳоло чаро?
Бевафо! Ҳоло, ки ман афтодаам аз по, чаро?…
Чанде баъд шунидам, ки Шаҳриёр сахт бемор аст. Ӯро ба Теҳрон оварданд ва дар бемористони «Меҳр» бистарӣ карданд. Фарзанди Шаҳриёр ва парастори ҷавон ҳамроҳи шоири пир буданд. Як рӯз наздики ғуруб оқои Мафтун Аминӣ – шоири гиромӣ ва дӯсту ҳамшаҳрии Шаҳриёр ба ман занг заду гуфт: Шаҳриёр сахт бемор аст ва дишаб то субҳ номи туро бар забон доштааст ва мехоҳад туро бубинад. Хостам биравам. Гуфт: Дидори охир аст, пушаймон хоҳӣ шуд!
Он шабро то субҳ бо ошуфтагӣ ба сар бурдам. Субҳ ба шодравон Ахавон занг задам. Аз ин моҷаро сухан гуфтам ва қарор шуд, ки бо ҳам ба дидани Шаҳриёр биравем, ки рафтем.
Канори тахташ истодам, пӯсташ сафед ва бе хун, рӯйи дандаҳояш (қабурғаҳояш) месурид (мелағзид), нафасаш ба сахтӣ боло меомад, дастамро падарона дар даст гирифт. Пешонияшро бӯсидам ва ҳарду гиря кардем, на, ҳарсе — Ахавон ҳам гиря мекард. Намедонам дар он парешонӣ чи гуфтам ё чи шунидам. Фардои он рӯз шодравон Ҳамиди Мусаддиқ занг зад, ки Шаҳриёр мулоқоти дирӯзро кофӣ надонистааст ва мехоҳад дар хонаи ман (яъне хонаи Ҳамид) бо ҷамъе аз шоирон ва аз ҷумла шумо мулоқот кунад. Ҳайрат кардам! Магар иҷоза медоданд, ки пирмард бо он ҳол ба хонаи касе биравад? (Ҳамид ҳамсари хонум Лола Хушканобӣ буд ва Лола ҳам бародарзодаи Шаҳриёр аст). Гуфт, ки шаби ҷумъа иҷоза додаанд барои чанд соат Шаҳриёр бо омбулонс (мошини ёрии таъҷилӣ) ва парастори махсус ба хонаи Ҳамид ва Лола биёяд ва мо ҳам дар он ҷо бо Шаҳриёр дидор кунем ва хотироти гузаштаро таҷдид.
Баробари қарор ба хонаи Ҳамид рафтем. Ахавон, Ҳуқуқӣ, Ҳисомӣ, хонум Сурайё, Садри Дониш (равонаш шод), Маҷобӣ, писарам Алӣ ва чанд нафари дигар меҳмони Шаҳриёр будем. Шаҳриёр дар либоси сафеди бемористон бар тахте дароз кашида буд ва бо шодӣ ба мо нигоҳ мекард. Ахавон шеъре аз девони Шаҳриёр хонд ва ман ҳам ғазале аз ҳамон девони Шаҳриёр, аз шодӣ сар такон дод. Худаш ҳам шеър хонд, аммо садояш гиреҳ мехӯрд. Чанд калима ба фаронсавӣ суҳбат кард. Шаҳриёр соли шашуми пизишкиро нотамом гузошта ва тарки таҳсил карда буд, шояд ба иллати ҳамон ишқи нокомраво, аммо забони фаронсавиро аз ёд набурда буд. Хотироти шод бозгӯ шуд; шӯхӣ ба миён омад. Ду-се соат баъд Шаҳриёр ором-ором ба хоб рафт ва мо ба хона бозгаштем.
Ду рӯз баъд Шаҳриёр чашм аз ҷаҳон ҷаҳон пӯшид ва ба хоби абад рафт. Пайкари ӯро ба зодгоҳаш фиристоданд ва дар миёни шӯру ҳаяҷону андӯҳ ва зории мардуми Озарбойҷон ташйеъ шуд ва дар оромгоҳи худ ором гирифт. Соле баъд оқои Сарҳанг – шоири ҷавони озарбойҷонӣ, ба диданам омад бо мукаммали девони Шаҳриёр, ки баъд аз маргаш ба чоп расида буд. Гуфт: «Дар ин девон шеъре ҳаст, ки Шаҳриёр барои шумо сурудааст».
Девонро гирифтаму хондам ва ҳадс задам, ки пас аз дидор дар бемористон суруда шудааст. Таърих надошт, аммо нишонаҳоро шинохтам ва ҳайрат кардам аз он ҳама зарофат ва равонии шеър ва чирагии ӯ бар сурудан дар ҳангоме ки ба заҳмат нафас мекашидааст.
Дареғ аз ӯ, дареғ аз ёрони рафтае, ки ба гуфтаи зиндаёд Муширӣ, ҷамъашон дар он сӯй бештар аз ин сӯй аст.
Симини БЕҲБАҲОНӢ
Таҳияи Н. ҚУРБОНЗОДА, «АС»