Маҳзари шодравон устод Абдулҳай Ҳабибӣ барои ман ҳамвора пурфайзу пурсамар буд. Дар гуфтаҳои устоди фарзона ҳамеша нуктаҳое медидам нағзу дилангез ва матолибе меёфтам судманду рӯшноибахш.
Рӯзе дар миёни суханҳои дигар гуфтанд, ки дар замони ҷанги ҷаҳонии дувум як моҳи тамомро дар Тошканд бо Содиқ Ҳидоят сипарӣ кардаанд. Ман бо исрор аз устод хостам, то он чиро, ки аз мусофират ва аз ин дидор бо Ҳидоят дар ҳофиза доранд, рӯйи коғаз оваранд. Зеро эшон ягона афғонистоние ҳастанд, ки Ҳидоятро чунин аз наздик дида ва шинохтаанд. Бо бузургворӣ хоҳишамро пазируфтанд ва рӯзе телефун заданду фармуданд:
– Он набиштаяк омода аст!
Бад-ин гуна хотироти бисёр фишурдаи устод Ҳабибӣ аз он мусофирати душвор ва аз он дидор бо Содиқ Ҳидоят ба дасти ман расид. Акнун, ки устод дар миёни мо нестанд, хостам, ки ин файз барои муштоқону алоқамандони устод ва дилбастагони нависандаи пуровоза Содиқ Ҳидоят ом шавад ва ба чоп бирасад.
Нигориши набишта аз ман аст, вале матолиби устод содиқона ҳифз шудааст. Танҳо ду-се ҷумларо – бинобар маслиҳате – ҳазф кардаам. Албатта, иҷозаи ин корро аз устод доштам.
Раҳнаварди Зарёб
***
Дар соли 1325-и ҳиҷрии хуршедӣ ба ҳайси нахустин раиси донишкадаи навбунёди адабиёти Донишгоҳи Кобул кор мекардам. Рӯзе вазири маорифи вақт дар бӯстонсарои Кобул, ҷойе, ки амир Абдураҳмонхон мадфун аст, амр кард, то се нафар дар маросиме, ки ба муносибати бисту панҷумин соли таъсиси Донишгоҳи Тошканд дар он шаҳр баргузор мешавад, ширкат кунанд. Ин се нафар ман, дуктур Муҳаммади Анас ва Сарвари Гӯё будем.
Сафари мо бедиранг оғоз шуд, зеро ба кушоиши маросим танҳо ду рӯз монда буд ва мо ногузир будем, ки дар он рӯзҳои зимистонӣ аз миёни барфҳои Ҳиндукуш ва рӯдбори Омӯ бигзарем ва сипас аз шаҳри таърихии Тирмиз ба сӯйи сарзамини Чоч парвоз кунем.
Дар он рӯзҳо кишвари мо роҳҳои пухтаи қиррезишуда надошт. Мо роҳҳои пурбарф, гилолуд ва морпечро дар дашту кӯҳу камар паймудем ва худравамон (мошинамон) борҳо дар гилу лой фурӯ рафт.
Саранҷом шаб шуда буд, ки ба шаҳри Мазори Шариф расидем. Шабро дар он шаҳр сипарӣ кардем ва сарҳаргоҳон бори дигар ба роҳ афтодем. Аммо пас аз паймудани фосилае худрави кӯчаки тезрафтори мо дигар натавонист гилу лойро дарнавардад ва аз рафтор бозмонд. Ногузир асбҳои танумандеро ба сето гардуна (ароба) бастанд ва ҳар яки мо бо кӯлабори хеш савори яке аз гардунаҳо шудем.
Гардунаҳои мо ба роҳ афтоданд ва асбҳои неруманд бо тундию шитоб ба тохт даромаданд. Нимрӯз буд, ки ба минтақаи Сиёгард, мақарри марзбонони Афғонистон расидем. Дар воқеъ, аз гилу лой берун шудем ва бар регистон по гузоштем. Лахте баъд аробаҳои гардунаяҳомон дар регҳо фурӯ рафтанд ва асбҳои кӯҳпайкар аз кашидани гардунаҳо оҷиз монданд.
Ночор аз гардунаҳо пойин шудем ва бар асбҳои тозанафас савор гаштем. Саворони ҷавону нерӯманд пешрӯямон бар асбҳои зебо нишастанд ва мо, ки одат ба саворкорӣ ва нишастан бар пушти асбҳои наҷибу тундрави он сарзаминро надоштем, ногузир шудем, ки бо дасторҳо худамонро ба он ҷавонони нерӯманд бибандем. Он гоҳ онон бо шитобе ҳамчун тир моро ба сӯйи Тошгузар, ки дар он ҳангом гузаргоҳи рӯди Омӯ буд, бурданд.
Касоне, ки ба асбсаворӣ хӯй накарда бошанд, бавежа ононе, ки ҳамвора пушти мизҳо қаламзанӣ ва мирзоӣ карда бошанд, агар бо чунин озмуне рӯбарӯ шаванд ва ногузир ҳам бошанд, ки аз чошт то шаб хештанро ба мақсади дурдасте бирасонанд, ҳатман ҳавсала мебозанд ва тавони муқовиматро аз даст медиҳанд.
Ба ҳар рӯй, бо хастагии ҷонфарсо ва дар миёни сармои сахт ба Тошгузар расидем. Хушбахтона, дар канори Омӯ утоқи гарме истиқболамон кард. Аз зиёдати хастагӣ ба хоби сангине фурӯ рафтем. Саҳаргоҳон бо як киштии бухорӣ, ки меҳмондорони шӯравӣ ба каронаи чапи Омӯ оварда буданд, рӯйи об ба роҳ афтодем. Омӯ марзи муштараки кишвари мо ва сарзамини паҳновари Иттиҳоди шӯравист. Дар миёни мо шеършиносе чун равоншод Гӯё Эътимодӣ ҳузур дошт. Дар ҳоле, ки рӯди Омӯро мепаймудем, ӯ достони пул бастани Султон Маҳмудро бар рӯди Омӯ ва гузаштани дигар ҷаҳонгиронро аз ин об ба забони қасидае аз Фаррухии Систонӣ барои мо бозмегуфт:
Бар оби Ҷайҳун пул бастану гузора шудан
Бузург муъҷизае бошаду қавӣ бурҳон.
Бузург муъҷизае бошаду қавӣ бурҳон.
Сикандар он гаҳ, к-аз Чин ҳаме фуруд омад,
Бимонд бар лаби Ҷайҳун се моҳи тобистон.
Малик ба вақте к-аз оби рӯди Ҷайҳун буд,
Чу осмон, ки мар ӯро падид нест карон,
Дар оби Ҷайҳун ба ҳафтае яке пул баст,
Чунонки гуфтӣ, к-аз дер боз буд чунон…
Боре ғарқ кардани Адиб Собири Тирмизиро дар ҳамин об, ки киштии бухориямон бар он мехиромид, ба ҳамдигар ҳикоят мекардем, то аз рӯдхона гузаштем ва шукр гузоридем, ки ба сарнавишти Адиб Собир гирифтор наомадем.
Аз киштӣ пиёда шудем ва ба канори рости рӯдхона по ниҳодем. Ин ҷо хоки Тирмиз буд, хоке, ки саргузашти фарҳангу тамаддун ва номҳои номварони донишу адаби Осиёи Миёна бо он пайванде устувор доранд ва номҳое чун Ҳакими Тирмизӣ, Абубакр Варроқи Тирмизӣ, Муҳаддиси Тирмизӣ ва монанди инҳо дар уфуқи он медурахшанд.
Меҳмондор моро шитобон ба парвозгоҳи ҳавопаймо бурд ва аз он ҷо ба сӯйи Тошканд парвоз кардем. Дар Тошканд ҳаво сард буд ва кам-кам барф меборид. Меҳмондори донишгоҳи Тошканд моро ба меҳмонхонае дар шаҳр бурд, ки роҳи он монанди шаҳри Мазори Шариф гилолуд буд.
Дар он ҳангом ҷанги ҷаҳонӣ ба шиддат ҷараён дошт ва мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми ҳиммату талошашонро ба амри пирӯзӣ дар ҷанг гумошта буданд. Мардону занон либосҳои содаи сиёҳранг ба тан доштанд ва дастандаркор буданд, то таҷовузгаронро аз хокашон биронанд.
Дар ҳамин рӯз се меҳмони эронӣ низ ба меҳмонхона расиданд. Яке аз ин меҳмонон Содиқ Ҳидоят, нависандаи пуровозаи Эрон буд. Меҳмони дигари эронӣ дуктур Кишоварз ном дошт, ки аз аъзои номвари ҳизби Тӯдаи Эрон ба шумор мерафт. Ӯ агарчи дар риштаи бемориҳои кӯдакон дар Фаронса омӯзиш дида буд, дар сиёсат низ дасти расо дошт ва марде буд наққод, оташин ва сареҳуллаҳҷа. Ӯ забони русиро бо равонӣ гап мезад ва низоми шоҳии Эронро мекӯбид. Байтҳое ҳам ба вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҳаҷви шоҳ ҳамвора вирди забонаш буданд. Меҳмони саввуми эронӣ, ки марде буд сиёсатгари дарборӣ ва аммо донишманд, дуктур Алиакбари Сиёсӣ ном дошт. Ӯ низ дар риштаҳои равоншиносӣ ва омӯзишу парвариш дар Фаронса хонда буд ва дар он ҳангом мақомҳои вазорати омӯзишу парвариш ва раёсати Донишгоҳи Теҳронро дошт. Дуктур Сиёсӣ марде буд андешавар, орому ҳушёр. Ӯ аз давлати Эрон дифоъ мекард ва ҳамвора бо ду ҳамроҳи эронияш пархошҳои лафзию забонӣ медошт.
Содиқ Ҳидоят, ки як моҳро бо ӯ дар ҳамин меҳмонхона гузарондем, ҷавоне наҳиф ва миёнақад буд. Аъзои мутаносиб ва чеҳраи неку, маъсум ва хушоянде дошт. Ғолибан либосҳои тира мепӯшид. Мӯҳои сараш бисёр сиёҳ буданд ва бурутҳои кӯчаке ҳам дошт.
Ба назар мерасид, ки Ҳидоят бо дуктур Кишоварз рафтори дӯстона ва наздикии андеша дорад. Бо ин ҳама, Кишоварзӣ марде буд фаъъол, пӯёву пуртапиш ва Ҳидоят баръакси ӯ марде назарияпардоз ва дарунгаро буд. Метавон гуфт, ки яке кирдорӣ буд ва дигаре пиндорӣ.
Дар меҳмонхона утоқҳои хоби ҳар кадомамон ҷудо буд. Аммо солун ва мизи нонхӯрии муштараке доштем. Як бонуи пухтасол бо ду дӯшизаи хушрӯву некуманзар дар хидмати мо буданд. Дуктур Кишоварз, ки забони русиро нек медонист, ғолибан кори тарҷумонии моро бо онон анҷом медод ва гоҳе ҳам бо он зеборӯён мазоҳу шӯхӣ ба роҳ меандохт.
Гӯё Эътимодӣ аз ҳамон рӯзи нахуст дарёфт, ки байни Ҳидоят ва дуктур Кишоварз дар як сӯ ва дуктур Сиёсӣ, ки гумоштаи давлат буд, дар сӯйи дигар ихтилофи шадиде вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ғолибан ҳангоме ки дар солун гирд меомадем ё сари мизи нон менишастем, Гӯё Эътимодӣ дар бораи авзои Эрон аз дуктур Сиёсӣ чизе мупурсид. Ӯ ҳам лаб ба сухан мекушуд ва аз пешрафтҳои Эрон гап мезад. Он вақт ин ду тани дигар чизҳоеро, ки дуктур Сиёсӣ мегуфт, бедиранг ва бо сароҳати лаҳҷа ва гоҳе ҳатто бо танзу тамасхур рад мекарданд. Ва мо ин пархошҳои ҷолибро бо дилчаспӣ дунбол мекардем.
Ман Ҳидоятро марде ёфтам бадбин, ки ба зиндагӣ дилбастагии чандоне надошт. Саҳаргоҳон, пеш аз субҳона, бодаи талх менӯшид ва сабӯҳӣ мекард. Пас аз он ҳам агар даст медод, дареғ намеварзид. Агар касе пандаш медод – “Ту ҷавон ҳастӣ… Мабодо ба тандурустият осебе бирасад”, дар посух мегуфт: – Оқо, зиндагӣ арзише надорад ва ба ин қайдҳову парҳезҳо ҳеч намеарзад. Ман чунии зиндагиро аз чандии он бештар дӯст дорам.
Ҳидоят модда ва моварои модда, ҳардуро ба сухрия (тамасхур) мегирифт. Ӯ сахт озодандеш ва бебок буд. Гоҳе ҳам суханоне аз зеҳнаш мепариданд, ки агар охунде онҳоро мешунид, яқинан ба алҳоду фасоди ақидаи ӯ фатво медод.
Ҳидоят бо навиштаҳои озоду интиқодӣ ва бо офаридаҳои арҷманди адабияш имрӯз бисёр пуровоза шудааст. Бархе аз достонҳояш ба забонҳои аврупоӣ низ тарҷума шудаанд. Ман, ки ба ҳунари достонпардозӣ ошноии дурусте надорам, ҳунари ӯро дар ин замина, чунонки шоистаи он бошад, арзёбӣ наметавонам кард. Ва аммо метавонам гуфт, ки муқаддимаи интиқодии ӯ бар рубоиёти Хайём, ки нусхае аз ин китобро ба ман ёдгор супурд, аз дидгоҳи нақд, пажӯҳиш ва озодандешӣ арзиши фаровон дорад ва низ метавонад дар шинохти андешаҳои худи ин нависандаи пуртавон милоки хубе бошад.
Ақоиди Ҳидоятро дар бораи таърихи адабиёти форсӣ ва чигунагии таҳаввули забони паҳлавӣ ба забони форсӣ бисёр донишмандона ёфтам, зеро ӯ забони паҳлавиро омӯхта буд ва инро ҳам медонист, ки султаи сиёсии тозиён чи гуна бар забону адабиёти Эрон асар гузошт ва забонҳову лаҳҷаҳои Эрон ва моварои Эрон бо чи сарнавиште рӯбарӯ шуданд.
Ба гумони ман, Ҳидоят бо кешу мазҳаби вежае пайванд надошт. Гоҳ-гоҳе бар сабили танзу шӯхӣ матолиби занандае дар боби дину мазҳаб бар забон меовард ва ҳама чизро масхара мекард.
Ҳаммоми меҳмонхона муштарак буд ва мо, меҳмонони афғонистонию эронӣ, гоҳе барои гирифтани навбат наздик дар ҳаммом саф мекашидем. Ман аз кӯдакӣ одат доштам, ки саҳаргоҳон пеш аз баромадани хуршед аз хоб бархезам. Рӯзе дар ҳаммом саргарми шустушӯ будам ва Ҳидоят дар берун бар касе интизор нишаста буд. Ман дар аснои шустушӯи сару бадан бар ҳасби талқину одати рӯзгори кӯдакӣ калимаи шаҳодатро баланд-баланд бар забон овардам.
Ҳангоме ки аз ҳаммом баромадам, Ҳидоят бо шӯхӣ гуфт:
– Аҳсанта… Аҳсант! Хуб бо такбир ва таҳлил шустушӯ кардӣ. Аз ту чунин интизор намерафт. Мисли як охунди воқеӣ азон гуфтӣ!
Гуфтам: – Гоҳе бар ҳасби одат…
Суханамро бурид ва чизҳои дигареро пеш кашид.
Рӯзе дуктур Кишоварзро бо дуктур Сиёсӣ бар сари устодии донишгоҳ пархош рафт. Дуктур Сиёсӣ ба дуктур Кишоварз гуфт:
– Шумо, ки устоди донишгоҳ нестед, чаро дар ҳар ҷо худатонро устоди донишгоҳ муаррифӣ мекунед?
Ҳидоят, дар ҳоле, ки хандае бар лаб дошт, бо лаҳни нарму ором гуфт: – Чӣ бок? Шумо ҳам, ки устоде ҳастед сиёсӣ!
Ва манзураш ин буд, ки дуктур Сиёсӣ ба зӯри сиёсат ба ин мақом расидааст.
Ҳидоят пайкари наҳиф ва зоҳири ором дошт, вале ҳангоми муқобала бо хасм ҳеч гоҳ худашро намебохт ва ба ҷидд ё ҳазл посухи тарафро медод. Бо ин ҳама, ҳеч вақт ӯро асабонӣ надидам.
Шабе, ки осмон соф буд ва маҳтоб медурахшид, моро ба дидани расадгоҳи Тошканд бурданд. Дар он ҷо сохтмоне ҳаммонанди чоҳи жарф дар замин сохта шуда буд, ки зинаи оҳанин дошт ва даруни онро чароғҳои барқ равшан мекарданд. Барои дидани он чи дар зери замин буд, одам боистӣ аз он зинаи оҳанин пойин биравад.
Меҳмондори мо гуфт: – Дар дохили ин чоҳ, ки сад метр жарфо дорад, соати бисёр дақиқе насб шудааст, ки аъшори (даҳякҳои) сония ва лаҳзаҳои бисёр кӯчаки замонро нишон медиҳад. Барои дидани ин соат лозим аст, ки як нафар ба танҳоӣ пойин биравад, зеро танаффуси чанд нафар бар ҳавои он ҷо асари ногувор ва зиёнбор барҷой мегузорад. Маҳалле, ки соат дар он қарор дорад, бояд ҳарорати собите дошта бошад. Акнун ҳар кас, ки бихоҳад, метавонад аз зинаи оҳанин пойин биравад ва он соатро тамошо кунад. Дуктур Кишоварз хеле сода гуфт: — Дар Теҳрон ба вуҷуди ман бисёр зарурат аст. Ҳам дар ҳизб ва ҳам дар бемористони кӯдакон ба ман эҳтиёҷ доранд. Чун фикр намекунам, ки аз ин гувдол зинда бароям, аз хайри тамошои соат мегузарам.
Дуктур Сиёсӣ гуфт: – Фикр мекунам, ин кор аз назари равонӣ бар ман асари номатлуб дошта бошад. Сарфи назар кардам.
Гӯё Эътимодӣ гуфт: – Пойин рафтану боло омадан бисёр душвор аст. Охир, «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?» Намеравам.
Ҳидоят бо хандаи латифе гуфт: – Барои ман, ки тамоми зиндагонӣ ба ду ҷав намеарзад, шумурдану дидани сонияҳо ва аъшори онҳо чӣ маъное метавонад дошт?!
Рӯзе ҳам, ки моро ба дидани Эшони Бобохон – муфтии бузурги Тошканд, бурданд, Ҳидоятро ҳеч хуш наомад. Муфтии бузург дар мадрасааш зиёфати пуртакаллуф тартиб дода буд. Меҳмондори мо, ки ба забони форсӣ, ӯзбекӣ ва русӣ гап мезад, вазифаи тарҷумониро дошт. Худи муфтии бузург низ забони форсиро нек медонист, вале барои ин ки мутарҷим матолибашро хуб бифаҳмад, гоҳе ба русӣ ва гоҳе ба ӯзбекӣ сухан мегуфт. Бо ин ҳама, мо эҳсос мекардем, ки худдории ӯ аз гап задан ба форсӣ дар воқеъ аз баҳри он аст, ки шакки кормандони дастгоҳи истихбороти давлатро, ки дар маҳфил ҳузур доштанд ва форсӣ намефаҳмиданд, барнаангезад.
Эшони Бобохон марди ҷолиб ва барҷастае буд. Иттилооти густардае дар боби масоили динӣ дошт. Бар деворҳои утоқи кораш чандто аз фармонҳои Истолин дида мешуданд.
Мутарҷим гуфт: – Муфтии бузург бо судури фатвое ҳазорон нафарро барои дифоъ аз кишвар ба майдонҳои ҷанг фиристодааст. Кумакҳои моддӣ ва маънавии ӯ дар ин замина боис шудааст, ки раҳбари Шӯравӣ бо номаҳои расмии ситоишомез ӯро бинавозад.
Муфтии бузург, ки марди ҳушёру равшанбин ба назар мерасид, ҳарчанд мутобиқи завқи ҷавонон сухан мегуфт, вале Содиқ Ҳидоят, ки аз мусоҳабати охундӣ дилтанг шуда буд, қиёфаи бисёр абусе дошт.
Ман дар Содиқ Ҳидоят ҳеч гуна айбу худситоӣ надидам. Фурӯтан, аммо бадбин буд. Бо ин ҳама, бо ошнову ноошно бо пешонии кушода сухан мегуфт. Аз шоирони дарборӣ ва мадеҳасаро сахт бадаш меомад ва Хайёмро ба нисбати сароҳати лаҳҷа ва нешхандҳои шаккоконааш бисёр дӯст дошт.
Таҳияи С. ФАРЗОД