Дар чаҳорчӯби Дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Душанбе – “Тоҷи Сомон”, ки рӯзҳои 15–20-уми октябр дар Душанбешаҳр баргузор мегардад, ду ҷоизаи нав – “Синамо бидуни марз” ва ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Ин нукта рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи Кумитаи тадорукоти II Ҷашвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” садо дод.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии “Тоҷикфилм”, ин ибтикор вижагии муҳимми Дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” буда, ин ҷоизаҳо «барои саҳми муносиб гузоштан дар рушду тавсеаи дӯстӣ, ҳамкориҳои синемосозон, паёми сулҳ ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ” тақдим хоҳад шуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷашнвораи мазкур намояндагони синемои 20 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки давраи нахустини ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” маҳсули ҳунари филмсозони 16 кишвари ҷаҳонро фаро мегирифт.
Дар баробари ин шумори бахшҳо ва ҷоизаҳои Дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” ба 12 адад расид, ки нисбат ба ҷашнвораи қаблӣ се адад зиёд мебошад.
Қарор аст, дар доираи ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҷаласаи Шӯрои мудирони ширкатҳои филмсозӣ, муаррифии лоиҳаҳои синамоӣ, ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 60-солагии коргардони саршиноси тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар мавзуъи “Садои шарқ дар синамои ҷаҳон. Мероси Бахтиёр Худойназаров”, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои синемои Русия, Эрон ва Қирғизистон дар Тоҷикистон ва дарси “Устод ва шогирд” баргузор гардад.
Мутобиқи низомномаи ҷашнвораи “Тоҷи Сомон”, дар ин давра филмҳои ҳунарии пурра ва кӯтоҳи ҳунарие, ки дар давоми солҳои 2023-2025 сохта шудаанд, ширкат карда метавонанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Душанбе – “Тоҷи Сомон” дар ду сол як бор баргузор мегардад. Нахустин давраи он рӯзҳои 15-19 октябри соли 2023 дар Душанбешаҳр барпо шуда буд.
Ба навиштаи вебгоҳи “Тоҷикфилм”, «“Тоҷи Сомон” номгузорӣ шудани ҷашнвораи филмҳо омилу ҷанбаҳои худро дорад. Масалан, “Тоҷ” – тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷу соҳибдавлат будани миллати куҳанбунёди тоҷикро ифода кунад, “Сомон” – номи сулолаи аввалин давлати миллии тоҷикон дар асрҳои IX-X маънидод мегардад».