44.1 C
Душанбе

Шаҳрдор узви Иттифоқи нависандагонро иёдат кард

Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷиканд дар ҳангоми сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Косатароши ин шаҳр шоир ва рӯзноманигор Шодӣ Сатторро иёдат кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳри Панҷиканд, шаҳрдор бо ин адиб гуфтугӯ карда, барои хидмат ва саҳми шоиста дар адабиёти кӯдакон, таълифи мақолаҳои зиёди публисистӣ ва парвариши насли ҷавон аз вай сипосгузорӣ намуд.

“Шодӣ Саттор ҳарчанд 80-солагиро пушти сар намудааст, бардам аст ва ба донишомӯзони мактаби зодгоҳаш алифбои ниёгон меомӯзонад. Ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи ҷавонон фаъолона ширкат мекунад”, — таъкид шудааст дар хабар.

Бояд гуфт, Шодӣ Саттор 3-юми феврали соли 1944 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷиканд ба дунё омада, пас аз хатми дабиристони деҳааш ва Донишсарои Хуҷанд дар дабиристонҳои гуногун ба унвони омӯзгор ва рӯзноманигор кор кардааст.

Ӯ муаллифи ашъори зиёди кӯдакона мебошад, ки дар китобҳои «Зангӯла» (1971), «Гулдаста» (1972), «Ин қадар ширин» (1980), «Сӯфитурғай» (1981), «Аллаи модар» (1986), «Дарвозаи тилло» (1988) ва «Маро талаб» (2007) гирд оварда шудаанд.

Шодӣ Саттор ҳамчунин шеърҳои Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, Муҳйиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ ва Нуъмон Розиқро аз забони форсии тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардон кардааст. Чанде аз шеърҳои худаш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, туркмонӣ ва ӯйғурӣ тарҷума шудааст.

Гуфтанист, Шодӣ Саттор узви иттиҳодияҳои нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ шумурда мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо