1
Ҳар бор хабарнигорон аз ман мепурсанд: «Сирри шоириро ба мо ошкор кунед. Ба мо бигӯед, ки барои шеъри хубу хонданӣ навиштан чӣ бояд кард».
Замоне ман ҳам дар бомдоди умрам гумон доштам, ки кори шоирӣ «сирри» махсусе дорад ва агар касе пайдо шаваду ин «роз»-и сарбамуҳрро ифшо намояд, чизи дигаре лозим нест, бароҳат метавонам шеърҳои нағзу пурмағз навиштанро ёд бигирам.
Албатта, чунин пиндошт дар бораи ҳунари шоирӣ иштибоҳи маҳз аст. Ҳеч гуна «сирр»-и вежае дар амри офариниши шеър мавҷуд нест ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.
Ба ҳар сурат, чунин «сирр»-е дар осори бадеӣ (ман вожаи «сирр» ро ин ҷо шартан ба кор мебарам) вуҷуд дошта бошад ҳам, пас он ба таври алоҳидаву инфиродӣ дар мағзи осори ҳар шоир нуҳуфтааст ва «сирр»-и як шоир сари мӯйе ба «сирр»-и осори шоири дигар иртибот надорад ва ба кор намеояд. Онро наметавон шабеҳи калиде донист, ки ба василааш ҳар дареро боз кардан мумкин аст.
Гумон мекунам, шояд чунин гуфтан дуруст бошад: «сирр»-и шоириро ҳар шоир худаш аз ботини худ метавонад пайдо кунад. Ҳар шоир, мисли он ки шеъри худро аз нав барои худ кашф мекунад, бояд «сирр»-и шоириро низ аз нав кашф намояд.
Соҳиби «сир»-и шоирӣ будан, яъне дар эҷодгарӣ мустақил будан, тавре навиштан аст, ки хоси худат бошад ва каси дигареро ба ёд наорад, гуфтани он суханест, ки танҳо ту метавонӣ онро бигӯӣ, зеро онро ту дидаву мушоҳида намудаӣ, дарку эҳсос кардаӣ, хулоса баровардаӣ. Мавзуъи асар бояд густардаву фарогир, шавқовар, пурмазмун ва натанҳо барои доираҳои маҳдуд, балки барои доираи васеи хонандагон дастрас ва қобили фаҳм бошад.
Набояд чунин пиндошт, ки шоир бо дастомӯз намудани воситаҳои техникӣ ва тафаннунии назм дар бораи ин ё он рӯйдоди зиндагӣ бо сатрҳои мутантан нақл мекунад. Донистани техникаи шеър, албатта, ҳатмист, вале калиди муваффақият ин нест.
Фароянди эҷод душвортар аз он аст, ки тавонӣ аз рӯи қоидаҳои фанни назм шеър бинависӣ.
Фарз кардем, шоир дар бораи рӯйдоде, ки ӯро ба ваҷду ҳол меорад ва музтарибу ошуфта мекунад, шеър мегӯяд. Ҳамчунин маъно дорад, ки он рӯйдод пеш аз он ки дар шеър бозтоб ёбад, аввалқадам аз зеҳну шуур ва рӯҳу равони шоир, аз вуҷуди ӯ мегузарад. Ҳангоми тасвири воқеа шоир (агар воқеъан шоири асил бошад) андешаву эҳсос ва наҳваи муносибати худро ба он баён медорад. Ба таъбири дигар, рухдодро тавре қаламдод мекунад, ки хираду эҳсосаш тақозо доранд. Дар чунин маврид ӯ бояд холису фарохбин бошад, воқеаҳоро дурусту ҳаққонӣ дарк кунад ва аз ҳақиқат чашм напӯшад.
Дарки инҳо ва дар амалияи эҷод аз рӯи ҳамин қоидаҳо кор кардан ошкор намудани «сирр»-и шоирист, ҳарчанд ки ҳеч чизи асроромезу ғайриодие дар ин ҷо дида намешавад.
2
Ин ҷо мехоҳам ба сифати намуна шеъри машҳури Некрасов «Қитъаи нодаравида»-ро биёварам. Мазмуни ин шеър, тавре ки ёд доред, чунин аст: тирамоҳ дер фаро мерасад ва дар саҳро ҳанӯз қитъаяке ба сабаби коркӯфтагӣ ва бемории соҳиби замин нодаравида мондааст.
Ҳама гапу кор ҳамин. Ин рухдоди ҳаётиро Некрасов шоистаи ба шеър ворид намудан донистааст. Ман онро айнан ва дақиқан нақл кардам, вале аз рӯи нақли ман дар ин шеър ҳеҷ чизи қобили мулоҳиза ва асаргузоре эҳсос намешавад, ҳатто ба назар ночизу беаҳамият менамояд. Дарвоқеъ, оё каманд чунин барзгароне, ки аз бемориву бемадорӣ натавонистаанд кори саҳроро ба сомон бирасонанд?
Чаро ин рӯйдод, вақте ки аз забони ман баён мешавад, муассиру корагар нест ва дили касеро такон намедиҳад? Ҷавоб ин аст, ки ман ин воқеаро хушку холиву урён, бидуни калимоти борвар аз эҳсосоти фардиву корагар ба дилу шуур, бе ягон андешаву ҳикмати шоирона нақл кардам.
Ман дидаву дониста махсус чунин кардам, зеро мехостам нишон бидиҳам, ки офариниши шеър то чӣ андоза ба ҳунари шоирӣ ва ба он «саҳм»-и рӯҳониву маънавие, ки дар маводи рӯзмарраи зиндагӣ – асосу маҳаки асари бадеӣ ҷой мегирад, бастагӣ дорад.
Акнун мебинем, ки ҳамин воқеаро Некрасов чӣ гуна ва бо чӣ тарзу шевае ба хонанда баён мекунад:
Тирамоҳ асту калоғон рафтаанд,
Ҷангалу саҳро бараҳна хуфтаанд.
Лек танҳо қитъаи хурде ҳанӯз
Надравида монда, орад ҳузну сӯз.
Хӯшаҳо доранд бо ҳам гуфтугӯ:
«Ғам кашем аз ин шамоли тундхӯ.
Ғам кашем аз сар хамидан бар замин,
Аз гудози ғаллаҳои оташин.
Мезананд аз ҳар тараф моро ба хашм
Ин ҳама паррандагони гушначашм.
Туъмаи заргӯшу тӯфон мағзи мост,
Интизори чист, он зореъ куҷост?..»
Аз сатрҳои нахустини ин шеър, ҳарчанд шумо эҳтимолан намедонед, ки чаро шоир сухан аз ин боб оғоз кардааст, андӯҳи ноланда ва монанд ба резиши мудовими борон ба дилатон роҳ меёбад. Вуҷуди шуморо эҳсоси тараҳҳум нисбат ба ин қитъаяки азназарафтода, ки ҳам аз боду бӯрон ва ҳам аз заргӯшу парандагони ҳарис шиканҷа дидааст, фаро мегирад…
Ҳарчи бештар ин шеърро бихонед, ҳамон қадар равшантару зиндатар симои марди ранҷбари рус, ки аз муҳтоҷиву коркӯфтагӣ абгору бемадор шудааст, пеши назаратон муҷассам мешавад ва дар шахси ӯ симои кулли ранҷбарони тирабахту камбағал ва зиндагикӯбидаи ҳамон замонро пеши назар меоваред. Шумо эҳсосу дарк мекунед, ки қитъаяки нодаравида натанҳо як қитъаи одии аз тарафи барзгар даравнашуда, балки тимсоли беҳуқуқиву зулм ва дарду ранҷи умуми мардум аст. Ба маҳзи хондани шеър дар дили мо оташи ғазаб бар алайҳи мустабидон аланга мезанад.
Қобили зикр аст, ки чунин эҳсосот (дард, раҳм, хашм), ҳарчанд дар шеър даъвати рӯшоду ошкоро ба онҳо дида намешавад, худ аз худ, ба таври нохудогоҳ дар дили мо рӯ мезанад. Чунин аст таъсири «Қитъаи нодаравида» ба хонанда.
Пас, масъалаи асосӣ чист? Чаро як рӯйдоди одиву маъмулии зиндагӣ тавассути қалами Некрасов ин қадар нерӯи бузурги ангезанда ва муҳтавои умумӣ касб намудааст?
Масъала ин аст: Некрасов дар пасманзари ин ҳодисаи маъмулӣ хеле бештар аз онро дидааст, ки бо як назари сатҳӣ метавон мушоҳида намуд. Ӯ бо нури нубуғу истеъдоди хеш ба жарфнои ин ҳодиса ворид шуда, он паҳлуҳоеро равшан кардааст, ки ба як дидан ноаён буданд. Ангор, ӯ ҳодисаро аз нав дар шеъри хеш барои хонандагон кашф намудааст. Шоир аз садафи дили хеш марворидҳо – суханони саршори эҳсосот ва дилнишини шоиронаеро ёфтааст, ки бовар накардан ба онҳо ғайримумкин аст. Шоир ин суханҳоро дар банд-банди вуҷуди худ бо ҳама сӯзнокиашон эҳсос намуда, дар кӯраи тахайюлу тафаккури хеш пазонда, рӯи коғаз овардааст. Инҳо суханоне буданд, ки намешуд бо дигар вожагони ифодакунандаи ҳамин матлаб ивазашон кард.
Дар ҳақиқат, ҳоло наметавон ҳатто тасаввур кард, ки шоир метавонист «Қитъаи нодаравида»-ро дар дигар шаклу қолаб ва бо суханони дигар эҷод намояд. Некрасов аввалқадам андаруни хеш ин суханонро бояд меёфт ва аввалин шуда бояд баён мекард, сукути розомезу дардноки хӯшаҳоро бояд забон мебахшид, аввалин шуда мебоист барои хонандагон ҳама мазмуни фароху бузурги иҷтимоиеро, ки дар қитъаи нодаравида нуҳуфта буд, кашф намояд. Хидмат, маҳорат, навоварӣ ва бозёфти шоиронаи вай маҳз ана дар ҳамин чиз зуҳур меёбад. «Сирри шоирӣ» дар ҳамин ҳунару диди густардаи шоир ниҳон аст.
3
Мехоҳам боз ба паҳлуи дигари осори манзум таваҷҷуҳ кунам.
Дар шеърҳои шоир ногузир натанҳо маҳорати шоирӣ ва тавоноии тафаннунӣ, балки ҳамзамон хислату хӯ, шахсият ва сифатҳои фардии инсонии ӯ низ зоҳир мешаванд. Аз ин ҷост, ки мо шеърро, бигирем шеъри Некрасовро, метавонем ба осонӣ аз миёни анбӯҳи шеърҳои дигарон бишиносем ва пеши худ бигӯем: бале, ин ба тариқи сухан ва хислату сиришти Некрасов рост меояд, танҳо ӯ, Некрасов, қодир ба навиштани чунин шеър аст.
Ин вежагиро метавон ба шеърҳои Маяковский ва шоирони дигар низ нисбат дод.
Ман аз он сабаб зикри ин нуктаҳоро лозим донистам, ки дар тасаввур ва пиндори иддае аз шоирони навқалам гӯё истеъдоди шоирӣ ҷудо аз шахсият ва хислати шоир аст. Навқаламон гумон доранд, ки истеъдод аз куҷое ногаҳон ба суроғи онҳо меояд ва дар табиаташон монанди як “замима”-и комилан алоҳидаест, ки новобаста ба ҳама чиз метавон аз он манфиат ҷуст.
Бо ин зумра шоирон ҳар гоҳ чунин иттифоқ меафтад, ба унвони фарз кардем, рафиқ Н. чунин нома менависӣ: «Дӯсти азиз! Шеърҳои шумо ноқису заифанд. Заъфи онҳо, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки шумо натавонистаед тозагӣ, чизи хоси худ, чизе, ки аз зиндагӣ гирифтаед ва дар дилу эҳсосу шуури худ парвардаед, ворид кунед. Шумо танҳо равишу ҳинҷори куҳнаву озмударо истифода мекунед, яъне луқмаи тайёрро фурӯ мебаред. Ончиро, ки аз шоирони дигар хондаед, ба тариқи дигар такрору бозгӯйӣ мекунед. Ба шумо асолату худвежагӣ намерасад».
Рафиқ Н. чунин номаро гирифта, дарҳол қасди нишастану «худвежа» ва «асил» будан ва кӯшиши ба касе монанд набудан мекунад. Ӯ ба “кашфи” сабки хоси навиштори худ оғоз менамояд, зеҳнашро тагорӯ намуда, ҳолатҳои ғайриодиву ғайритабиӣ ва образҳои ҳайратангезу булъаҷаб меҷӯяд.
Албатта, аз чунин қасду амал ҳеҷ муроде ҳосил намешавад ва ин бозии худфиребона ҷуз тасаннуъу сохтакорӣ ва ба истилоҳ абрӯпаронии саҳнавӣ чизе бор намеорад.
Рафиқ Н. қодир ба фаҳми ин нукта нест, ки наметавон ба таври сохтакорона сабку тариқа ва овози хоси худро дар шеър соҳиб шуд, айнан ҳамон гунае, ки намешавад чеҳраи аслии худро пушти ниқоб пинҳон кард ва сифатҳоеро, ки аслан хосамон нест, ба худ нисбат дод. Дурусттар бигӯем, чунин сохтакорӣ намудан шояд имконпазир бошад, вале охир дар ин сурат одам на асливу ҳақиқӣ, балки сохтаву бофта ва фиребанда хоҳад буд.
Дар шоирӣ худвежа ва асил будан, пеш аз ҳама, сиришту симои ҳақиқии худро оинадорӣ кардан аст. Яъне, бояд он сифатҳои инсонӣ ва маънавиеро дар шеър нишон дод, ки воқеан дар ниҳоду табиати худи ту ҳастанд.
Истеъдоди шоирӣ чизе ҷудову мустақил ва беалоқа ба шахсияти шоир нест. Он бо фитрату тинат ва ҷаҳони маънавии шоир пайванди ногусастанӣ дорад. Вуҷуди ин истеъдод худ аз худ нест ва он танҳо василаи махсусест барои буруз додани андешаву эҳсосот, хислату рафтор ва шахсияти ӯ.
Бинобар ин, масалан, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест, ки инсони камсаводу қафомонда ва дорои ҷаҳонбинии маҳдуд, ҳатто агар табиатан соҳиби қобилиятҳои маълуми шоирӣ ҳам бошад, асари арзишманди манзум эҷод карда битавонад. Фақри дунёи маънавии ӯ имкон намедиҳад, ки ба ин кор қодир бошад. Ӯ наметавонад ба хонанда матлаби қобили ироа ва ҳарфи гуфтаниеро бирасонад.
Аз ин рӯ, вақте ба шоирони навқалам (натанҳо ба навқаламон ва натанҳо ба шоирон!) бигӯянд, ки бояд аз пайи омӯзиш буд ва касби камол кард, ин маслиҳатро хеле ҷиддӣ бояд гирифт.
Набояд чунин андешид, ки барои шоири навқалам танҳо омӯхтани техника, ҷиҳатҳои фаннӣ ва роҳу усулҳои назмсозӣ кофист. Омӯзиш бояд ҳамаҷониба, пурвусъат ва амиқ бошад. Тавассути омӯзишу мутолиа шоири навкор, пеш аз ҳама, чун инсон ва шахсият бояд ба камол бирасад. Ба ин ҳадаф танҳо бо мутолиаи китоб наметавон даст ёфт, бояд сояравшанҳои зиндагиро шинохту омӯхт ва дар ҷараёни он иштироки фаъолона бояд дошт. Аз оғози роҳ шоир худро барои фарзанди замони хеш будан, инсони ҳақиқатшиносу мушоҳидакор, борикбину фарохандеш будан бояд омода намояд. Зеро ӯ ҳомил ва офаринандаи фарҳанги маънавии мардум аст ва ҳақ надорад, ки камсаводу пасмонда ва ғайрифаъол бошад. Дониши ӯ густардатар аз дониши шаҳрвандони қаторӣ бояд бошад, дарроку дурбин бошад ва зиндагиро бо ҳама паҳлуҳояш комилтару амиқтар дарку эҳсос намояд.
«Сирри шоирӣ» дар жарфои ҳаминҳо ниҳон аст.
Бадбахтона, бештари шоиро ни навқалам ба фаҳми ин нукта намерасанд. Мисоли зиёд метавон овард ва, инак, як намуна:
Шахсе шеърнависиро шуруъ карду чунин тасмим гирифт: «Модоме ки ман шеър менависам, пас соҳиби истеъдодам. Пас барои сабзишу шукуфоии истеъдодам бояд мадад кунанд…»
Ҳамин тавр мукотибаи ӯ бо нашрияҳо ва маслиҳатгарону машваратгарони соҳа оғоз мешавад. Ин рафиқ гумон мекунад, ки шеъраш нашр мешавад ва агар сазовори чоп набошад, машваратгарони соҳа маслиҳат медиҳанд, ки барои тавфиқ ёфтан чӣ гуна бояд навишт ва ҳамин тавр об ба лаби ҷӯ баробар хоҳад шуд.
Хулласи калом, рафиқи мо умедашро ба машваратгарон мебандад ва интизор мешавад, ки касе аз канор ба ӯ шеъри хуб навиштанро ёд медиҳад ва мегӯяд: ин тавр бинавису он тавр бинавис ва ту шоири ҳақиқӣ хоҳӣ шуд (албатта, на ҳама навқаламон чунинанд, вале шумораи инчунинҳо хеле зиёд аст).
Боз як мисоли дигар: шоири навқалам С. шеърҳояшро ба идораи маҷаллаи «Звезда» фиристод. Ҳамаи онҳоро овардан дар ҳавсалаи навиштаи мо намегунҷад. Фақат хоҳиш мекунам, ки ба ҳарфам бовар кунед: шеърҳо ба ду по меланганд ва камсаводонаанд. Арзиши онҳоро аз ин чаҳор мисраъ метавон пай бурд (сухан аз ҷанговари шӯравист):
Қаҳрамониҳои ӯро кай тавонӣ баршумурд,
Дар «Илиада» назирашро наёбӣ бегумон.
Маргро размандаи нотарси рус дар бар гирифт,
То бубахшад зиндагиву рӯзи хуш бар одамон.
Ё ин сатрҳо аз шеъри дигар:
Меравад вақт, шаб фаро ояд,
Одамон орамида дар бистар.
Идораи маҷаллаи «Звезда» ба соҳиби ин шеърҳо мактуби муфассал ва комилан дурусте навишт ва дар он аз ҷумла омада буд: «Шеърҳоятон аз ҷиҳати мавзуъ дурустанд, вале дар ин мавзуъи муҳиму зарурӣ нигариши мушаххасу хоси худатон хеле кам аст, услуби вежаи эҷодӣ эҳсос намешавад, образҳои тару тозаву равшан ба назар намерасанд. Пургӯӣ ва ғоз додани сухан хоси ҳарду шеър аст. Матлаб дар онҳо бо ҷузъиёти дувумдараҷаву нолозим кашол ёфта, пажмурдаву берӯҳ шудааст» ва ғайраву ҳоказо…
Соҳиби шеърҳоро ин мактуб тамоман қонеъ накард ва ӯ ба ман муроҷиат намуда, аз ҷумла чунин навишт:
«Ман шеърҳоямро ба маҷаллаҳо мефиристам, вале аз онҳо посухҳое мегирам, ки ба фаҳмашон зӯрам намерасад. Агар шеърҳои ман коромад нестанд, пас мехоҳам донам, ки ба чӣ ваҷҳ чунинанд. Дар акси ҳол аламовар аст».
Ин шоир дар поёни мактубаш ба хулосае расидааст, ки «Шеърҳои маро на ба ваҷҳи хомиву сустӣ, балки барои он нашр намекунанд, ки ба қалами шоири ноошнову ношинохта тааллуқ доранд».
Ман чунин меандешам, ки рафиқ С. барои аз машварати маҷаллаи «Звезда» ранҷидан ҳеҷ асосе надорад. Ба шеърҳҳои ӯ маслиҳати пухтаву санҷида дода, ба нуқсону норасоиҳоияшон дуруст ишора кардаанд. Беш аз ин наметавонистанд коре кунанд. Ҷиҳати рафъи ин нуқсонҳо бояд худи рафиқ С. биандешаду заҳмат бикашад. Каси дигаре ба ҷойи ӯ ин корро ба зимма намегирад. Рафиқ С. ба ман менависад, ки ба дарку маърифати ҷавобҳои маҷалла «зӯраш намерасад» ва ин воқеан дуруст аст. Ман ҳам иқрор мекунам, ки ӯ, фарз кардем, аз чӣ будани тозагиву ибдоъ, асолат ва сифатҳои фардии шоир воқеан хабар надорад.
Дар ин ҷо боз ҳам на машваратгарони соҳа, балки худи ӯ гунаҳгор аст. Инсон агар домани кореро бигирад, дастикам тарзу роҳҳои асосии онро бояд бидонад.
Ҳамин тариқ, агар наметавонӣ чизеро дарк бикунӣ, тадбири ягона ин аст: бикӯш, то бифаҳмиву аз худ бикунӣ, муттасил биомӯзу нерӯи худро барои омӯзиш дареғ мадор. Умедвор машав, ки дасти дигаре аробаи туро мекашад. Дӯстони дигар метавонанд ба ту маслиҳату машварат бидиҳанд, вале ҳароина кори асосиро бояд худат анҷом бидиҳӣ.
Ман медонам, ки кори маслиҳат гарону машваратгарони соҳаи мо на ҳамеша матлубу нишонрас аст ва бар онам, ки ин маслиҳатҳо набояд хушку холиву беасар бошанд, балки барои бартараф гардидани камбуду нуқсони ашъори навқаламон ёрӣ бирасонанд. Ин бе чуну чаро дуруст аст. Вале аз ин воқеият низ наметавонам канора бигирам, ки дар шикояти навқаламон аз машваратгарон ва идораи маҷаллаҳо аксаран кундфаҳмиву беадолатӣ ва фазлфурӯшии онҳо эҳсос мешавад.
4
Дар оғози матлаб гуфтам, ки «сирр»-и шоириро танҳо худи шоир дар вуҷуду бунёди хеш метавонад кашф бикунад, каси дигаре ба ҷои ӯ қодир ба кашфи он нест.
Андаррасидан ба кунҳи ин маънӣ ва асрори шоирӣ, яъне муайян намудани мавқеи худ дар он дарки ин нукта аст, ки чӣ коре аз дасти ту бармеояд ва чӣ васоили ҳунариро барои анҷом додани он лозим медонӣ ва ба навъи аҳсан ин воситаҳоро метавонӣ ба кор бибарӣ.
Вале кор танҳо бо ҳамин хулоса намешавад. Ҳатто берун аз ҳудуди кори шоирӣ низ, вақте ки сохта ва офаридаи як нафарро истифода мекунӣ, кор гирифтан аз ҳамон «сирр»-е, ки дар офариниши онҳо қаблан кашфу ошкор шудааст, номумкин аст. Чунин сир наметавонад вуҷуд дошта бошад. Дар ҳар асари манзуми алоҳида, агар он воқеан арзишманд ва ҳосили истеъдоди асил бошад, «сир»-и махсусе ниҳон аст.
Ман ин ҷо перомуни «сирр»-и шеъри «Қитъаи нодаравида»-и Некрасов мулоҳиза рондам. Танҳо Некрасов метавонист ин шеърро бинависад, на шоири дигар. Ин шеър аз ашъори дигари Некрасов, масалан аз «Тройка» («Чаро ба роҳ ҳарисона бингарӣ инсон») тафовути куллӣ дорад ва низ дорои «сирр»-и махсуси дигарест. Агарчи ҳамон гуна некрасовона суруда шуда, бо вуҷуди ин, азбаски ӯ дар шеъри «Тройка» бо маводи дигари зиндагӣ сару кор дошт, мебоист тарзи дигари баёну ифода, орояҳои лафзӣ ва алҳони дигаргунаро кор мебаст ва ғояи эҷодии дигарро ҷой медод. «Сирр»-и «Қитъаи нодаравида» дигар ин ҷо ба кор намеомад.
Бо ин ҳама гуфтан мехоҳам, ки шоир бояд ҳамеша ба пеш гом бибардорад, тарзу усулҳои нави бозтоби воқеиятро пайдо бикунад, бо бозёфтҳои тозаи шоирона шеърро ғано бибахшад ва ҷӯёву кашшофи «асрор»-и нави шоирӣ бошад. Танҳо дар ин сурат шеърҳояш мутанаввеъу шавқовар ва нағзу пурмағзу асил хоҳанд шуд.
Аммо батакрор мегӯям: инсон ба шарте ба ин ҳадаф даст меёбад, ки аввалан соҳиби қудрату маҳорати шоирӣ бошад, сониян, ба ҳадди лозим ба ин кор омода бошад, ба абзорҳо ва донишҳои зарурӣ тасаллут дошта бошад, кӯр-кӯрона кор накунад ва қотеъона бидонад, ки чӣ кореро бояд анҷом бидиҳад ва чӣ гуна анҷом бидиҳад.
Михаил ИСАКОВСКИЙ
Тарҷумаи Толиби ЛУҚМОН
(аз китоби «О писательском труде»)