44.1 C
Душанбе

Роҷеъ ба чанд ғалати ом дар навишти имрӯзаи тоҷикӣ

Маълум аст, ки Қоидаҳои имло (орфография) дар асоси меъёрҳои забонӣ ва ғайризабонӣ таҳия мешаванд, ки барои таъмини ягонагии навишт ва истифодаи забон дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеъа муҳиманд. Ин меъёрҳо зиёданд ва бояд бар пояи назарияҳои илмӣ ва ниёзҳои забон сохта шаванд. Муҳимтарин меъёрҳои маълум инҳоянд – овошиносӣ (фонетикӣ), луғавию маъноӣ, этимологӣ, сарфӣ (морфологӣ), наҳвӣ (синтаксисӣ), таърихӣ, анъанавӣ, амалӣ ва байналмилалӣ. Қоидаҳои имло бояд ба тавре таҳия шаванд, ки забонро устувор ва меъёри навишторро осон гардонанд, таърихи забонро ҳифз кунанд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд.

Суханро ба дарозо накашида, ба асли матлаб мегузарем. Дар навиштори имрӯзаи тоҷикӣ, хосатан дар расонаҳои чопии кишвар, китобҳои бадеъию таълимӣ, ба ғалатҳое дучор меоем, ки онҳо ҳам собиқадоранд ва ҳам умумишуда. Аксари ин ғалатнависӣ омил ё сабабе (сиёсӣ, таърихӣ, анъанавӣ…)-ро дар пай дорад. Мо дар ин мақола мехоҳем то андозае ба ин мушкил расидагӣ кунем.

Масъалаи нахуст, ки мехоҳем баррасӣ намоем, ба овоз ва ҳарфи Ъ дахл дорад. Маълум аст, ки ин ҳарф асосан дар ифодаи ъайн ва ҳамза дар вожаҳои арабӣ ба кор меравад. Ҳарфи мазкурро пештар аломат мегуфтанд ва сабаби ба ин ном «мушарраф» гардидани он ҳам, албатта таъсири забони русӣ аст. Аммо дар забони муосири тоҷикӣ Ъ фонемаи мустақил буда, овоз низ дорад, масалан дар вожаҳои та(ъ)ом, таълим, маъно, ма(ъ)ориф ва ғайра дар гуфтори аксари тоҷикзабонон талаффузи он баръало ҳис мешавад. Мустақилияти фонемаии ин овоз боз дар он зоҳир мегардад, ки дар баъзе калимаҳо агар талаффуз ва ё навишта нашавад, вожа маънояшро куллан тағйир медиҳад: баъд – бад, суръат – сурат, раъд – рад, буъд – буд ва ғайра. Яъне баръакси дигар овозҳои хосси арабӣ Ъ дар забони имрӯзи тоҷикӣ то андозае ҳазм шудааст ва дар таснифоти фонетикӣ ҳамчун фонемаи мустақил ба қатори ҳамсадоҳо дохил мешавад.

Ғалати нахуст, ки дар мавриди навишти ҳарфи сакта натанҳо умумӣ гашта, балки ҳатто эътибори қонунӣ ҳам гирифтааст, дар байни ду садонок навишта нашудани он аст. Ин иштибоҳ собиқаи қариб садсола дошта, баъди ба хатти кириллӣ гузаштан (1940) зуҳур кардааст. Дар қоидаҳои имлои соли 1940, ки «Орфографияи забони тоҷикӣ» ном гирифтааст, дар бораи ҳарфи Ъ чунин омадааст: «Аломати сакта дар байн ва дар охири калимаҳо меояд:

а) барои ҷудо карда талаффуз кардани ҳиҷоҳо: суръат, ҷуръат, масъул, масъала, анъана ва м. ин;

б) дар калимаҳои сактадор: таъна, аъзо, маъно, маълум, раъй, баъд, таъм, шамъ, манъ ва м. ин;

Ёдоварӣ: 1) Дар калимасозӣ ва калимабандӣ аломати сакта дар миёнаи ду садонок омада монад, бардошта мешавад: маҷмӯъ – маҷмӯи ҳосилот, манба.

2) Калимаҳои советӣ-интернационалии аломати сактадор мувофиқи орфографияи русӣ навишта мешаванд: съезд, объект, разъезд, субъект ва м. ин.» [Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ. – Сталинобод, 1941, 17].

Дар «Қоидаҳои асосии…» соли 1953 низ матлаб ҳамчунон такрор ёфта, аммо дар «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (1972) мазмун тағйир наёфта бошад ҳам, ҳалқӣ будани ин овоз зикр ёфтааст:

«§ 15. Аломати сакта (Ъ)

а) дар калимаҳои тоҷикӣ ҳамсадои ҳалқиро ифода мекунад: аъзо, баъд, манъ, феъл, маълум, шамъ ва ғ.;

б) дар калимаҳои навъи зерин инчунин барои ҷудо кардани ҳиҷо низ хизмат мекунад: анъана, масъала, масъул, Масъуд, машъал, суръат ва ғ.;

в) дар калимаҳои советию интернационалӣ пеш аз ҳарфҳои е, ю навишта мешавад: съезд, объект, адъютант ва ғ.;

г) дар ибораҳои изофӣ аломати сакта дар байни ду садонок ояд, навишта намешавад: мавзӯъ – мавзӯи дарс, манбаъ – манбаи об, тулӯъ – тулӯи офтоб ва ғ.» [11].

Чунонки аз иқтибосҳои овардашуда бармеояд, дар байни ду садонок навишта нашудани Ъ танҳо дар «калимасозӣ ва калимабандӣ» ва «дар ибораҳои изофӣ» таъкид гардидааст, на дар дохили калима. Аммо баъдтар ин «қоида»-и бемантиқ, ки ягон асоси илмию таърихӣ надорад ва комилан мухолифи табиати калима ва калимасозии тоҷикӣ аст, мақоми қонуниро гирифт ва минбаъд Ъ, ба истиснои вожаҳои фаъол ва таъйин, аз байни ду садонок берун гардид.

Дар бораи нишона ва аломатҳои асосии калимаи аслии тоҷикӣ профессор Ҳомид Маҷидов пажӯҳишҳои овошиносони тоҷикро ҷамъбаст намуда, зикр мекунад: «Калимаи тоҷикӣ ҳамчунин бо ду садоноки пасиҳам шуруъ намешавад. Одатан, калимаҳои тоҷикӣ дар аввал бо садоноку ҳамсадо, чунончи, идора, обод, ароба, ё бо ҳамсадову садонок: сад, бозор, дил, даст шуруъ мешаванд. Умуман, ду садоноки паси ҳам барои мавқеи миёна ва охири калимаи тоҷикӣ низ хос нест. Мисолҳои дар ин мавқеъ ду садоноки паси ҳам доштаи забонамон, масалан, соат, маориф, маош, табии ба ҷумлаи иқтибосоти арабӣ дохил мешаванд, ки то ба имрӯз ба пуррагӣ ҳазм нашудаанд» (Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. – Ҷилди I.– Луғатшиносӣ. – Душанбе, 2007. – 248 с., 22)

«Ба пуррагӣ ҳазм нашудаанд» ва нахоҳанд шуд, зеро калимаҳои забони арабӣ низ ҳамчун калимаҳои аслии тоҷикӣ айни ҳамин қоидаро доранд: ду садонок паси ҳам дар ягон мавқеи он намеоянд ва калимаҳои мисол овардашуда бояд дар шакли соъат, маъориф, маъош, табиъӣ навишта шаванд. Пас, дар байни ду садонок навишта нашудани ин ҳарф ягон асоси илмӣ ва «меъёри таърихӣ» надорад. Баръакс, масалан вожаи Қуръон, ки дар ин шакл ғалати маҳз аст, бояд Қурон навишта шавад. Аҷибтар аз ин он аст, ки луғатҳои арабии дар таркибашон ҳамзадошта, ки дар забони асл ҳам талаффузи саҳеҳ надорад, дар хатти тоҷикии имрӯз бо ҳарфи ъ ифода меёбад, аммо калимае ба мисли таъом, ки ҳатто дар мавриди талаффузи тоҷикон сакта дар он равшан маълум мегардад, Ъ навишта намешавад. Дуруст аст, ки ин иштибоҳ собиқаи дерина дорад, аммо имрӯз онро бояд ислоҳ намуд.

Як ғалати дигари «қонунишуда» «… гоҳи ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калима дар ҳиҷои аввал мондани Ъ аз қабили санъат, машъ-ал, масъ-уд» мебошад (ниг. Забони тоҷикӣ синфи 5, Душанбе, 2018, саҳ 41. Эҳсон Субҳон. Имло ҳанӯз баҳсталаб аст. «Омӯзгор», № 2, 13.01.2022). Ин қоидаи нодурусти ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани вожаҳои болоӣ низ аз Қоидаҳои имлои 1941 ва 1953 сарчашма мегирад, масалан: «дар калимаҳои навъи зерин инчунин барои ҷудо кардани ҳиҷо низ хизмат мекунад: анъана, масъала, масъул, Масъуд, машъал, суръат ва ғ.». Чунонки ба назар мерасад, калимаҳо ба ҳиҷоҳо ҷудо нагардидаанд ва маълум нест, ки Ъ дар ҳиҷои аввал мемонад ё ба ҳиҷои дигар мегузарад. Аммо, азбаски Ъ ҳамчун фонемаи мустақил дар қатори ҳамсадоҳо қарор дорад, ба қоидаи зерин бояд итоат кунад: “2. агар дар байни ду садонок ду ҳамсадо паиҳам омада бошад, ҳамсадои аввал ба хиҷои пешина ва ҳамсадои дуюм ба ҳиҷои баъдина тааллуқ дорад: нар-гис, суҳ-бат, боғ-бо-нӣ. Ин тарзи хиҷоҷудокунӣ дар калимаҳои иктибосии арабӣ, ки дар таркибашон фонемаи ъ доранд, низ амал мекунанд: мас-ъа-ла, кит-ъа, қал-ъа, шӯъ-ла, шӯъ-ба ва ғайра” (Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. –Душанбе: Дониш, 1985, 356 с., 84).

Пас, муаллифони китобҳои дарсиро зарур аст, ки дар масъалаи мазкур дастури “Грамматикаи …” -ро риоя намоянд.

Аз гуфтаҳои забоншиносон бармеояд, ки калима дар забони арабӣ дар асоси се ҳамсадо ташаккул меёбад, ки формулаи шартии он дар шакли ФЪЛ муқаррар шудааст. Яъне дар забони мазкур решаи калима бо ду ҳамсадо шаклгирифта вуҷуд надорад. Аз ин забон ба забони тоҷикӣ калимаҳои зиёде ворид гардидаанд, ки мувофиқи имлои имрӯзи тоҷикӣ дар таркибашон ду ҳамсадо доранд: фан, тиб, хат, ҳад, дур, қад, сир ва ҳоказо. Аммо ин вожаҳо ҳам ба қоидаи мазкур содиқанд, яъне дар заминаи се садонок бунёд ёфтаанд ва шакли ду русти навишташон ин аст: фанн, тибб, хатт, ҳадд, дурр, қадд, сирр ва ғ., ки дар муштақот дар аксари онҳо ҳарфи афтода барқарор мешавад: фунун, табиб, хутут, ҳудуд…

Пас, мо ҳақ надорем, ки дар навишт аз ташдиди онҳо ҳарфи охирро кам карда, фақат «ҳангоми калимаю иборасозӣ ташдиди онҳо»-ро меҳрубонӣ карда, барқарор намоем. Яъне ин вожаҳо дар қолаби овозии ҲСҲҲ (тоҷикӣ: даст, гӯшт, мушт, тухм… ва арабӣ: дарс, шукр, раъс, шеър…) сохта шудаанд ва, мантиқан, чӣ тавре ки аз ин калимаҳо ҳарфи охирро партофа намешавад, дар он вожаҳо низ нанавишани ҳарфи дувум дуруст нест.

Ғалати дигар, ки ислоҳи онро дар «Қоидаҳои имло»-и минбаъда зарур мешуморем, сарфи назар шудани ҳарфи Й дар вожаҳои таърихан дар решаашон йотдошта мебошад. Дуруст аст, ки дар калимаҳои якҳиҷогии бо й анҷомёфта, ки ду гуна (бо й ва бе он) доранд, масъала аллакай дар «Қоидаҳои имлои…» (2011) роҳи ҳаллашро ёфт, ки дар: «Қоидаҳои имлои…» 2021 такрор ёфтааст: «ҳам садои «й» дар ибора ва калимасозии вожаҳои решагӣ нигоҳ дошта мешавад: ба рӯйи миз, ба сӯйи хона, ба ҷойи муносиб, найистон, чораҷӯйӣ, ҷомашӯйӣ, раҳпойӣ, бӯйидан, рӯйидан, найи хушсадо, майи лаългун, пайи пой, донишҷӯйи фаъол, чойи сиёҳ, пайомад, пайопай ва ғайра.

Лекин калимаҳои зиёди дигаре ҳастанд ба мисли калимаи оина, ки дар аксари фарҳанг ва луғатномаҳои тоҷикӣ ва, умуман дар китобат, дар ҳамин шакли ғалат навишта мешавад. Масалан вожаи мазкур дар хатти арабиасоси форсӣ тоҷикӣ ду шакли навишт дорад: ва. Дар талаффуз ҳам Й равшан садо медиҳад. Вожаи ғалатимлои оина гоҳо, махсусан дар вақти хониш, дар забони шогирдони мактабхон оъина садо медиҳад. Инро қонунияту табиати забони тоҷикӣ талаб мекунад, яъне байни ду садонок ҳатман ҳамсадое бояд бошад. Чунонки зикр шуд, ин навъ вожаҳо зиёданд: ойила, ойин, ойид, дойира, дойим, ғойиб, фойида ва ғайра.

Як ақидаи нодуруст ҳам баъзан садо медиҳад, ки гӯё садоноки И гоҳо дар калима баъди садоноке омада, ба йотбарсар табдил мешавад. Маълум аст, ки йотбарсарҳо чаҳортоанд (е, ё, ю, я), ки баъзе адибон ва алоқамандони забон ҳатто пешниҳод доранд, то онҳо аз алифбои тоҷикӣ берун шаванд. Ба ақидаи камина, йотбарсарҳо дар «ҳаёти» қариб садсолаи худ дар забони адабии тоҷикии имрӯз хеле суфта ва ҳазм гардидаанд ва берун кардани онҳо ҳеч барои забонамон ва соҳибзабонон ғайр аз ҳарҷумарҷ ҳеҷ фоида намеоварад. Тасаввур кунед: Яҳё – Йаҳйо, биёям – бийойам, назарияе – назарийайэ ва ғ. Пас, будани ин ҳуруф дар алифбои тоҷикӣ зарар надорад, балки баръакс. Аммо И йотбарсар буда наметавонад.

Хулоса, қонунияти «дар калимаи аслии тоҷикӣ пасиҳам наомадани ду садонок» ва ташдиди калимаҳои якҳиҷоии арабӣ дар навишт, бояд риоя гардад ва дар «Қоидаҳои имло»-и навбатӣ ҳамчун пешниҳод ба назар гирифта шаванд.

М. МУЗОФИРШОЕВ,

устоди ДМТ

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо