31.2 C
Душанбе

Нависандагӣ сарнавишт аст…

Нависанда Шодӣ Раҷабзод соҳиби чаҳор китоби ҳикоя аст ва банда бо эҳтиёти тамом аз равзанаи дидгоҳи худам, яъне он малакаву таҷрибаи диду шинохти осори ҳунарӣ, ки ҳоло дорам, ӯро нависандаи хуби навъи ҳикоя, адиби моҳиятбин ва ҷустуҷӯкор эътироф мекунам…

Ҳикояи “Ғамкушта”-и адиб, ки дар китоби “Дасти боло” мавҷуд аст, сазовори борҳо хондану лаззати маънавӣ гирифтан аст, ҳарчанд вожаи “лаззат” ин ҷо каме номуносиб ҳам ҳаст, аз он ҷиҳат, ки дар пеши назар чун лентаи синамо ғаму андӯҳу фоҷиаҳои шадиди зиндагии одамӣ мегузаранд, аз “забон”-и дарахт қисса карда мешаванд, дарахте, ки самбули як умри пур аз гирудору сарафкандагиҳои одамист. Ин дарахт гӯё моли табиат нест, як ҷузъи башарият аст, ки аз фоҷеъоти башарият барои худи башарият нолаҳои ҷонгудоз мекунад, ҳисобот медиҳад, оҳ мекашад, фиғон мекунад, билохира ҳушдор медиҳад, ки чунин ситаму зулму истибдод хоси одамизода нест, агар одам ашрафи махлуқот аст, бояд аз рӯйи ҳамин меъёри муқарраркардаи эзадӣ бизияд…

Дар Юнонзамини бостонӣ эзадонро бо хӯву хисоли инсонӣ, ришу фашу гӯшу бинӣ ва ақлу эҳсоси одамӣ тасаввур мекарданд, ҳамчунин бо хиёнатҳое, ки баъзе мардони имрӯза ва бонувони сабукандеша дар ҳаққи занону шавҳарони худ мекунанд… Ин ҳолатро антропоморфизм меноманд ва дар адабиёти бадеъ ҳам чунин падидае ҳаст. Масалан, дар навъи анималистика (ва бештар дар тамсил) ҷумлаи ҳайвонот бо забони одамӣ такаллум мекунанд, мисли одамон меандешанд ва рафтор мекунанд… Намунаи ин навъи ҳунарсоза дар адаби ҷаҳон бешумор аст.

Инак, як намунаи хуби ин навъи корбурди ҳунар дар ҳикояи “Ғамкушта” истифода шудааст ва хеле муассир. Хонданаш мушкил аст, мисли он ки аз дарёи пурмавҷу хатар мегузарӣ ё аз пули ларзонаки дараи танге. Баъди мутолиа ва андешаи он ки нависанда чиро дар назар дошт ва ту чӣ маъно ҳосил кардӣ, оҳи сабуке мекашӣ ва ба андеша меравӣ, ки чаро зиндагии одамӣ ин гуна пурғавғост ва сабаби ин сару садоҳо чист…

Ҳодисае, ки тамоми дигар унсурҳои ҳикояро ба худ тобеъ мекунад, замону макони муайянро фароҳам меорад. Дар ҳикоя набояд ҳодиса тӯлонӣ бошад, набояд шахсиятҳо фаровон бошанд. Ҳама гуна дигаргуниҳо дар равиши ҳодиса ва кирдори қаҳрамонҳо бояд мисли ҳалқаҳои як занҷир ба ҳам пайвандад.

Ин вежагиҳо, балки қоидаҳои таълифи насри хурди бадеӣ дар ҳикоёти Шодӣ Раҷабзод риоят мешаванд ва ҳикояҳое аз қабили “Умрбохта”, “Арафаи ид”, “Имтиҳони қисмат”, “Интизорӣ”, “Ранҷиш” ва ғайра чун муште аз хирвор намунаи истеъдоди хуби қиссапардозиҳои адиб аст.

Аз рӯйи мушоҳидаи мо, ҳикоятнависон ду навъ мешаванд: адибоне, ки идеяи хубу тоза доранд ва табиист, ки татбиқи дурусти ин идеяҳо диққати ононро ба муҳтаво ва мазмун, образҳои мукаммал ва андешаҳои ноб бештар мекашад, яъне образ ва андеша дар маркази таваҷҷуҳи ин гурӯҳи адибон қарор мегирад.

Дувум, адибоне, ки идеяи наву тоза надоранд, аз ин сабаб дар офаридани образҳои комили адабӣ дасткӯтоҳ мешаванд ва маҷбуранд, ки тавассути сухани фаровон (монологу диалогҳо, экскурси барзиёди таърихи ин ё он ҷузъи ҳодиса ва қаҳрамон ва ғайра) ҳикояашонро ба анҷом бирасонанд…

Бидуни шак, Шодӣ Раҷабзод аз гурӯҳи аввал аст ва ба чанд далел. Дар хеле ҳикоятҳо аз ҳолу вазъиятҳое сухан мегӯяд, ки барои аксар хонандаҳо ноошноянд, аммо аҳаммияте доранд барои такомули ахлоқу тарзи зисташон. Баъдан, он чи адиб мегӯяд, аз эҳтиёҷоти ботиниаш мегӯяд ва аз натиҷаи мушоҳида ва дидаву шунидаҳояш, чизҳое, ки дар зиндагӣ таҷриба шудаанд ва ба ҳақиқат рост омаданашон мумкин аст.

Севум, воқеият ё ҳақиқӣ будани мазмуни ин ҳикояҳоро тарзи гуфтори шахсиятҳои достонӣ ё ба қавли дигар, нақшҳои ҳунарии ин ҳикоёт собит карда метавонад.

Ҳатто дар ҳикоят барин жанри хурди насри бадеъ шахсияти муаллиф ба ин ё он шаклу тарз намоён мешавад, агарчи ноқил ё ровии ҳодиса ӯ набошад ҳам. Толстой мегуфт: “Барои он ки сухани муаллиф наву муҳим бошад, боистӣ ӯ, яъне муаллиф, аз ҷиҳати маънавӣ рӯшанфикр бошад, худхоҳу болоназар набошад, дар байни анбӯҳи мардум бошад…”

Шодӣ Раҷабзод чунин адиб аст: умре дар деҳа зиста, бо ҳолу ҳавои деҳа ҳамнафас аст ва расму таомули деҳотиёнро хуб омӯхтааст. Ҳамин ҷиҳат аст, ки аксари ҳикоёташ аз зиндагӣ, тарзи андеша ва фаҳму фаросати мардуми деҳ аст, хоҳ паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоъӣ бошад, хоҳ маориф ва ё ин ё он унсури фарҳангу маданияти деҳбудагон…

Дар замони мо, ки барои хонанда дари хазинаҳои осори адибони ҷаҳон ҳамеша боз аст, нависандаи хуб шудан хеле мушкил аст. Аслан мушкил дар навиштан ҳам нест, дар тарзи навиштан аст, дар чӣ гуфтан нест, дар чӣ тарз гуфтан аст…

Акутагава бо он ҷиҳат машҳур шуд, ки парадоксҳои психикаи инсонро бо шаклҳои мухталиф пеши назари хонанда овард, Мопассан аз як ҳодисаи хурд драмаи бузурги сарнавишти инсонро сохт, бад-ин ҳушдор, ки дар зиндагии инҷаҳонӣ пурқиматтаринаш одам аст ва барои одам чизе бидуни аҳаммият нест… Дигар он замонаҳо гузашта, ки адибро барои дарёфти мавзуъ ситоиш кунанд, на, замину замон мавзуъ аст, агар дидани моҳияти он барои адиб ва баровардани хулосаҳои фалсафиву омӯзанда муяссар бошад…

Барои нависандаи хуб шудан дидан ва дарк кардани он ҷиҳатҳои зиндагии инсон лозим аст, ки даркашон барои дигарон душвор аст. Антропологҳо ё инсоншиносон қарнҳост, ки феълу атвору характер ва сабабу омилҳои тағйири рӯҳу равони инсонҳоро меомӯзанд ва то кунун дар мавриди моҳият ва табиати одам ба як хулоса намеоянд. Даҳҳо назарияи одамшиносиро манзур мекунанд, ки ба суоли “инсон кист”, посух медиҳанд, аммо тафовут дар посухҳо зиёд аст.

Инҳо, яъне уламо ин ё он нуқтаи назарро собит мекунанд, чун вазифаашон исбот кардан аст. Аммо вазифаи адиб нишон додан аст… Як манзараи ҳаёти одамиро пеши назари хонанда овардан ва қазовати ҷамъбастиро ба ҳукми хонанда гузоштан.

Масалан, дар ҳикояи “Ҷемпери сабз”, ки сухан дар он андаке тӯлонист (15 саҳифа), равиши воқеа на аз сабаб ба натиҷа, балки баръакс аст: зане, ки умре ору номус ва рифоҳи умри фарзандон шиори ҳаёташ аст, дар тӯли бист сол назди шавҳар худро ҳақ бароварданӣ мешавад, мудом дар андешаи ободии хонавода ва осудагии зисти шавҳару фарзандон аст, на сахтиҳои рӯзгор ва душвориҳои молии баъдиҷангӣ (ҷанги шаҳрвандии дохилӣ), балки ҳамин гумону шубҳа ва гуфтори талху заҳрогини шавҳар ӯро рӯҳан бемор кардааст…

Асоси сужаро на як ҳодисаи яклухт, балки ҳамин масири бадфикрии шавҳар ва мудом савгандхӯриҳову рози дил карданҳои зан таркиб додааст. Баҳонаи чунин бадгумонӣ баногаҳ гум шудани як ҷемпери сабз аст, ки худи зан куҷо гум шуданашро дақиқан намедонад. Зан барои пайдо кардани қути лоямуте аз саҳар то шом ба фурӯши меваву сабзавот машғул аст, шавҳараш бекор ва кӯдаконаш мактабхонанд. Иллати наёфтани посухи дақиқ дар мавриди гум шудани ҷемпери сабз ӯро назди шавҳар дар ҳоли ғарибе гузоштааст, ягона силоҳаш сухан аст ва изҳори вафодорӣ, ишора ба он ки аз авлоди инсонҳои бошараф аст ва агар шавҳар таъмини молии хонаводаро ба шона мегирифт, ӯ ҳаргиз аз хона по ба берун намениҳод.

Тақрибан тамоми ҳикоя иборат аз гиреҳбанд шудааст: муколамаву такгӯйиҳо ва тасвири рӯҳияи хаставу аз ҳаёт сардшудаи зан.

Гиреҳкушоии ҳикоя дар охири асар оварда мешавад: зани солманде ҳамон ҷемпери сабзро бармегардонад, зеро чанд сол баъди марги шавҳараш аз ин рафтори бад, яъне дуздидани моли дигарон, азияти маънавӣ кашидааст. Рӯзе аз рӯзҳо ҳамин зан ҷемпери сабзи ҳамсояфурӯшандаро дар бозор (вақти набуданаш) медуздад ва солҳои сол истифода мекунад, то он даме ки шавҳараш баъди фавт ба хобаш медарояд ва таъкид мекунад, ҳар гуноҳе, ки карда бошад, ҷуброн намояд…

Ҳамин тавр, бозгашти ҷемпери сабз бозгашти бовару эътимод ба шавҳар аст, аммо чӣ суд аз ин “расидани ҳақ ба ҳақдор”, ки бист соли дароз зиндагӣ ба мотамхона бадал шуда буд…

Аз нигоҳи навъ ин асар ҳикояи психологист, зеро бунёди ҳикоя бар асоси муқобилгузории ду тарзи андеша – умеду вафо ва шиддати мунтазами гумони бади беасос сохта шудааст.

“Духтарак, бенавоӣ ва фариштаҳои зарринбол” ҳам аз фоҷиаи солҳои баъди ҷанг (муноқишаҳои дохилӣ) қисса мекунад. Нависанда муборизаи ду неруи ба ҳам муқобил – олами орзуву умедҳои ширини кӯдакӣ ва дар рӯбарӯяш – азияти сахту талхи нодориву камбизоатиро тасвир мекунад.

Адиб тавониста, ки дунёи софу беғаши орзуҳои як духтараки хурдсолро, ки ҳамагӣ иборат аз як мӯзаву як рӯймоли гарму як палто дар ҷашни солинавӣ буд, ба ваҷҳи муассир бирасонад… Ҳикояи “Бегона” ҳам анҷоми ғамангез дорад, “Вопасин лаҳза” ҳам…

Албатта, на ҳама ҳикоёти нависанда чунин оҳангу чунин муҳтавои фоҷиавӣ доранд, ҳикояҳое ҳастанд, ки дар онҳо сафои муҳаббати инсонӣ, хулқу атвор, расму таомулу характерҳои барҷастаи ашхоси бавиҷдону ихлосманди ормонҳои нек зуҳур мекунанд.

Як силсила ҳикоёт бо танзу юмори нозуки нависанда иртибот доранд, инҳо силоҳи адиб барои ошкор кардани нақсу иллатҳоеанд, ки зиндагии шоистаи одамонро доғдор месозанд.

“Ҳикоянависӣ мисли кандакорӣ дар чӯб аст”, – навишта буд Чингиз Айтматов. Агар нақше хато равад, табиист, ки тамоми кори устои ҳунарманд беҳуда хоҳад шуд. Адиб он гоҳ хато намекунад, ки инсон ва муҳити ӯро хуб медонад ва ормонҳоеро дар қалбу рӯҳаш мепарварад…

Шодӣ Раҷабзод ҳамин гуна дониши густарда аз одаму замонаву ҷомеа дорад ва он ормонҳоеро, ки дар навъи ҳикоя таҷассум мекунад, ба суди ҳамин одаму такмили муҳити зиндагии ӯст.

Ҳафиз РАҲМОН

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо