Боре дар барномаи телевизионӣ ман духтараки ситорагарми тахминан 13-14-солаеро дидам, ки пиано менавохт. Тарзи навохтани ӯ маро ба ҳайрат гузошт. Ӯ бо қиёфаи хеле ҷиддӣ, бо эътимоди комил ба худ асарҳои бузургонеро аз қабили Бах, Мотсарт, Бетҳовен иҷро мекард. Маълум буд, ки ин оҳангҳоро хуб дарк ва эҳсос мекунад. Яке аз асарҳо эҷоди худаш буд. Мусиқии хеле муассир ва хотирмон. Ин асар, чи тавре ки ман ба наздикӣ фаҳмидам, ба хотираи духтари фаронсавӣ Карин Манн бахшида шуда будааст.
Вале аз ҳама ҳаяҷоновараш баъд аз фурсате маълум шуд: ин навозандаи ҷавони мумтоз дар ҳаёти маъмулӣ ношунаво будааст. Ба ин бовари кас намеомад! Ин чӣ муъҷиза аст, ки атрофиёнатро нашунавию мусиқиро шунавӣ ва ҳатто онро эҷод кунӣ?!
Ин духтарак Хиромон Расулӣ буд. То Хиромон ман фақат аз як оҳангсозе, ки қобилияти шунавоӣ надошт, вале симфонияҳо эҷод менамуду ҳатто худаш онҳоро дирижёрӣ мекард, яъне Бетҳовени бузург огоҳӣ доштам.
Дар бораи феномени Бетҳовен то ба имрӯз баҳсҳо давом доранд, аммо композитор ва дирижёри машҳури асри ХХ Леонард Бернстайн чунин ақида дошт, ки Бетҳовен муъҷизаи Худованд буда, аз олами улвӣ неру мегирифт.
Ҳамчунин бо таассуфи зиёд ман аз барнома фаҳмидам, ки Хиромон дигар дар қайди ҳаёт нест, ӯ баҳори соли 1999, дар 14-солагӣ бар асари бемории саратон чашм аз олам пӯшидааст.
Ин барнома ба ман таъсири хеле амиқ гузошт. Аз ҳамон вақт хеле мехостам бо модари Хиромон вохӯрам ва ҳарчи бештар дар бораи ӯ дониста бошам.
Ман мефаҳмидам, ки хотираи Хиромон, наворҳои Хиромон, асарҳои Хиромон набояд гум шаванд. Вале модари Хиромон – рӯзноманигори шинохта Туҳфа Расулӣ, дар Хуҷанд зиндагӣ мекарданду вохӯрии мо ҳеч даст намедод.
Соли 2018 аз матбуот хабардор шу дам, ки дар бораи Хиромон китобе нашр шудааст бо номи «Духтари баҳор», онро модари Хиромон Туҳфа Расулӣ тартиб додаанд, вале онро дастрас карда натавонистам, ягон нусхае дар фурӯш набуд.
Аммо дар сарнавишт будааст, ки ниҳоят тобистони соли 2024 мо бо хонум Туҳфа Расулӣ вохӯрдем. Эшон ба ман дар бораи Хиромон нақлҳо карданд, наворҳои ӯро нишон доданд ва як нусхаи китоби «Духтари баҳор»-ро ба ман тақдим намуданд.
Чӣ хуб, ки Туҳфа Расулӣ ин китобро тартиб додаанд! Ин як «Хиромоннома»-и аҷибест, ҳам ҳуҷҷат ва ҳам қиссаҳо дар бораи зиндагии хеле кӯтоҳ, вале хеле пурмазмуну пурасари Хиромон. Маҷмуа аз хотираҳои волидайн, дӯстон, устодони Хиромон, дӯсти оилаи онҳо Пол Мак-Грегорӣ, мақолаву шеърҳои ба ӯ бахшидашуда иборат буда, дар он наққошиҳои худи Хиромон, мактубҳо ва аз ҳама муҳиммаш, нотаи асарҳои мусиқии Хиромон низ ҷой дода шудаанд.
Маҳз ба шарофати ин китоб номи Хиромон, тасаввурот дар бораи ҳунари фавқулодаи ӯ, асарҳои ӯ, дар бораи худи ӯ чун инсони нексиришту фариштаосо ва ғамхору зебопараст зинда мемонад, гум намешавад.
Намедонам, олимон дар бораи қобилияти навозанда ва эҷодгари мусиқӣ шуда тавонистани одамони ношунаво чӣ ақидаҳо доранд, вале ман ба Леонард Бернстайн ҳамақида шуда, фикр мекунам, ки Хиромон Расулӣ муъҷизаи Худованд буду то 12-солагиаш инро на худаш медонисту на волидонаш. Ва танҳо тасодуф дар симои Пол Мак-Грегорӣ қобилиятҳои фавқулодаи ӯро ба ҳамагон аён кард.
Аз маҷмуа бармеояд, ки фаъолияти мусиқии Хиромон тахминан дар 12-солагиаш шуруъ шуда, ҳамагӣ 2 сол давом кардааст ва ӯ дар 3 моҳ барномаи 2-солаи мактаби ибтидоии мусиқиро азбар карда, асарҳои Бах, Мотсарт, Бетҳовен, Глинка ва Чайковский барин композиторони машҳурро озодона дар консертҳо навохтааст ва худ низ ба оҳангсозӣ машғул шуда, панҷ асари мусиқиро барои фортепиано эҷод кардааст.
Пол Мак-Грегорӣ нақша дошт, ки хиромонро ба Инглистон бибарад ва ӯ дар он ҷо ҳунарнамоӣ карда, ҳамаро ба ҳайрат орад.
Дар як анкета Хиромон навиштааст, ки мехоҳад дар оянда навозандаи пиано шавад. Вале панҷ асаре, ки аз ӯ боқӣ мондааст, бешак, аз истеъдоди композитории ӯ низ шаҳодат медиҳад. Хуб аст, ки ин асарҳо чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати лаҳну шаклгирӣ хеле аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Агар лаҳни яке сирф тоҷикӣ бошад, дар асари «Ба хотираи Катрин» Хиромон аз «Суруди қадимии фаронсавӣ»-и П. Чайковский истифода кардааст, аммо дар «Баҳор» ном асараш лаҳн озод буда, ба ягон миллат мансуб нест. Ин гувоҳи он аст, ки диди Хиромон маҳдуд набуда, вай озодона дар асарҳояш аз унсурҳои мусиқии Шарқу Ғарб истифода кардааст.
Агар Хиромон зинда мемонд, бовар дорам, навозанда ва оҳангсози барҷаставу овозадоре мешуд.
Агар Хиромон зинда мемонд, ҳоло баҳори чиҳилумини ҳаёташро истиқбол мекард.
Ман фикр мекунам, ки китоби «Духтари баҳор» ҳатман бояд дубора нашр шавад. Вале ҳоло, ки он дастрас нест, зарур медонам, ки чун армуғон ба зодрӯзи чиҳилумини Хиромон Расулӣ, барои болидагии руҳи ӯ ва хурсандии пайвандону дӯстону мухлисон ва хонандагон порчаҳо аз китоб ин ҷо оварда шаванд.
Лола ТОЛИС,
оҳангсоз
ПОРЧАҲО АЗ КИТОБИ «ДУХТАРИ БАҲОР»
Абдураҳмон Расулӣ, нависанда ва рӯзноманигор, падари Хиромон:
Дар айёми кӯдакии Хиромон аввалҳо мо чандон дарк намекардем, ки гӯшҳои ӯ ношунавоянд. Ӯ ба боғчаи кӯдакон мерафту ҳанӯз гапзаниро намедонист. Мураббияҳо пай бурданд, ки гӯшҳои Хиромон ношунавоянд. Бо маслиҳати мутахассисон ӯро ба боғчаи махсус гузаронидем. Ҳамзамон ба табобати вай машғул шудем. Профессорон Ю. Исҳоқӣ, И. Холматов ва дигар табибони машҳур ӯро аз назар гузаронданд. Хулосаҳо гуногун буданд… Хуллас, ин чиз то ҳанӯз барои мо муаммост…
…Модари Хиромон – Туҳфа, ки низ ҳамкасби ман, яъне рӯзноманигор аст, аз сабаби тангии рӯзгорамон дар хонаи як шаҳрванди хориҷӣ – Пол Мак-Грегорӣ (табааи Инглистон) ба сифати хидматгори хонагӣ ба кор даромад.
Пол Мак-Грегорӣ инсони хеле бомаърифат ва бофазилате буд, ҷаҳонбинии васеъ дошт, ба Барномаи ТАСИС-и Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон роҳбарӣ менамуд ва хеле инсондӯсту хайрхоҳи атрофиён буд. Вай дар хона пианино дошт ва дар вақтҳои холигиаш аз муаллими мусиқӣ Регина Бояшакова дарси мусиқӣ меомӯхт.
Рӯзе Хиромон бо модараш ба хонаи Пол мераванд ва Пол ба духтарак таваҷҷуҳ намуда, аз ношунаво будани ӯ хеле маҳзун мешавад. Нохост ба сари ӯ фикре меояд: шояд Хиромон мусиқиро ҳис кунад? Ва ба Хиромон бо имову ишора мефаҳмонад, ки «Биё, ман мусиқӣ менавозам ва ту ба ман нигоҳ кун!». Пол навои «Марш»-и Бетҳовенро менавозад. Хиромон бо завқ ба пианино ва ангуштони мусиқинавоз менигарад. Ва Пол аз ҷояш мехезаду Хиромонро ба сари пианино мешинонад ва мегӯяд: «Канӣ, навоз!»
Ва Хиромон бехато он пораи мусиқиро дар пианино менавозад. Хиромоне, ки аз ин пеш ягон бор ба пианино даст нарасонда буд ва ягон бор мусиқие дар ягон асбоб нанавохта буд.
Пол Мак-Грегорӣ аз ҳайрат худро гум мекунад ва ба ваҷд омада мегӯяд:
– Охир, ин духтарчаи ту нобиға аст! Ман худи фардо ӯро ба назди муаллима ам мебарам. Бигузор бо ӯ машғул шавад.
Вақте Регина Петровна духтарчаро мебинаду аз ношунавоияш огоҳ мешавад, аввал ба мусиқиомӯзияш шубҳа мекунад. Аммо баъди андаке машқ кардан бо ӯ ангушти ҳайрат мегазад…
Истеъдоди Хиромон ҳам муаллимааш Регина Петровна, ҳам ҳамсабақонаш, ҳам рӯзноманигорону мутахассисони ҳунарро ба ҳайрат меовард.
Пианинонавоз ва бастакори машҳури итолиёӣ Алберто Померанс, ки бо даъвати миссияи СММ ба Душанбе ташриф фармуда буд, аз истеъдоди Хиромон огоҳ шуду чун навохтани Хиромонро шунид, ба ваҷд омад ва низ ӯро нобиға номид. Умеди ҳама аз Хиромон калон буд. Ӯ бояд ба Англия ба сафари ҳунарӣ мерафт… Аммо…
Як рафиқам дар рӯзҳои мотам ба ман тасаллоомез гуфт:
– Дар зиндагӣ одамҳое ҳастанд, ки 80-90 сол умр мебинанд, лек аз худ осоре намемонанд. Духтарчаи шумо дар умри чордаҳсолааш як олами нотакроре ба ёдгор гузошт ва тавассути ин умрашро ҷовидона сохт…
Туҳфа РАСУЛӢ, рӯзноманигор, модари Хиромон:
Хиромон! Биё, баҳори ту омад. Ту баҳорро хеле дӯст медоштӣ. Мегуфтӣ, ки ман баҳора нағз мебинам, ҳама хушрӯй, сабз, гул… Охир, ту худ духтари баҳорӣ. Баҳорон ту ба оғӯши мо омадӣ. Баҳорон ту оламро муаттар месохтӣ ва баҳорон аз бари мо рафтӣ…
Ҳама дар ҳайрат, ҳам сомеонат, ҳам оҳангсозон, ҳам мутахассисон, рӯзномаю маҷаллаҳо дар васфат мақолаҳо чоп мекунанд, ҳама дар ҳайрат! Чӣ хел духтарчаи ношунавою забонаш лол чунин истеъдодро дорост! Аз истеъдоди ту ба ваҷд омада, яке аз бастакорони номии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Ҳамдамов андешаҳояшро чунин баён кард: «Ин хел истеъдодҳо дар таърих дар садсолаҳо як бор ба рӯи олам меоянд ва ин як нафар дар асри мо, яъне охири садаи мо духтарчаи шумо, Хиромон мебошад».
Вақтҳои фориғ аз мусиқӣ сурат мекашидӣ. Дар ин ҷода ҳам ту сеҳркориҳо мекардӣ… Умуман ту зебоиро дӯст медоштӣ. Зебоӣ гӯё идеали ту буд. Баръакс, аз рафтори ношоистаи баъзеҳо нафрат мекардӣ. Дурӯғро бад медидӣ. Агар ягон сухани дурӯғро шунавӣ, бо имои кӯдакона мегуфтӣ, ки дурӯғ гуфтан мумкин не, Худо ҷанг мекунад. Мусиқию сураткашӣ аз нафосатҳои ҳаёти ту буданд.
12 апрели соли 1999 аз хотирам намеравад. Ту мехостӣ ҳамаи дӯстонатро ба рӯзи таваллудат даъват кунӣ. Вале аз тангии манзил ва сардии ҳаво андеша карда, гуфтӣ, ки ба Почобегим алло гӯй, ба Регина Петровна алло гӯй, ба муаллимаи азиз алло гӯй ва ҳамин хел чида-чида дӯстонатро бо хоҳиши ту даъват кардем. Он рӯз ту ниҳоят хурсанд будӣ, ба ҳозирон барои кумаку дастгириашон борҳо «раҳмат, раҳмат» гуфтӣ… Мусиқиҳоятро навохта додӣ. Ту он рӯз он қадар хуб навохтӣ, ки ман аз ин пеш ҳеч надида будам. Он рӯз барои хотира бо суратгираки худат суратҳо гирифтем. Аммо ин суратҳоро ту дида натавонистӣ. Баъд аз як ҳафта аз мо рафтӣ. Аҷал сахт қасди ҷонат карда будааст. Лек натавонист то баҳор туро аз мо рабояд. Шояд ин шарти ту буд дар назди аҷал! Ниҳоят, ту баҳорон, айёми гул чун гули навшукуфта аз теппаи канори шаҳр манзили абадӣ гирифтӣ…
Ёд дорӣ, боре амаки Полат шӯхиомез гуфта буд: «Хиромон, ту ба Англия меравӣ, маънии номат Хиромонро пурсанд, чӣ ҷавоб медиҳӣ?» Ту ҷавоб дода натавонистӣ. Ӯ гуфт: «Ман туро дар он ҷо «Ҳанӣ», яъне чун асал ширинӣ, муаррифӣ мекунам». Ту аҷаб завқ карда будӣ…
Падарат, ки ту маънии зиндагиашон будӣ, дирӯз гуфтанд: «Нобиғаҳо умри кам, вале ҷовидона мебинанд». Ҳаққо, ки чунин аст. Ту низ дар мусиқиҳоят умри ҷовидона дарёфтӣ…
Духтари баҳорам! Баҳори атрбез, баҳори нозанин омад. Ба ҷустуҷӯи ту омад. Баро, баҳорро оғӯш гир. «Таронаи баҳор»-атро навоз, ки баҳор бо ту менозад, духтари баҳорам, Хиромонам, баҳорам, баҳори хушбӯю хушрӯю пурнакҳатам…
Регина Петровна Бомиакова, устоди Хиромон:
Хиромон истеъдоди нотакрор аст. Ман ба бисёр кӯдакон дарси мусиқӣ додам. Бачаҳои шунавоиашон хуб ҳам ҳастанд, аммо мусиқиро мисли Хиромон дарк карда наметавонанд. Вай мусиқиро бо тамоми вуҷудаш дарк мекард.
Мактуби Пол Мак-Грегорӣ ба Хиромон, Англия, 2 октябри с 1997:
Хиромони азиз, ман видеоро ба бародарам, ки дарси мусиқӣ медиҳад, нишон додам. Ӯ аз навохтани ту хеле хушаш омад.
Хиромони азиз, ман видеоро ба бародарам, ки дарси мусиқӣ медиҳад, нишон додам. Ӯ аз навохтани ту хеле хушаш омад.
Он чиро, ки ман дар бораи хониш гуфтам, фаромӯш накун. Ҳар рӯз ҳадди ақал 40 дақиқа хондан лозим (ду бор 20-дақиқагӣ).
Аз 20-и октябр ман дар Брюссел мешавам. Дар он ҷо аз пайи ёфтани муаллимаи мусиқӣ мешавам, аммо медонам, ки ҳеч вақт Рогина Петровнаи дуюмро намеёбам! Ту метавонӣ мактубро ба Мавҷуда диҳӣ ва ӯ онро ба ман мефиристад. Ба ту ҳамаи хубиҳоро хоҳонам, бӯса мекунам.