22.4 C
Душанбе

Ҳунар пирӣ надорад, ҷовидон аст

Ҳунарпеша, таҳиягар ва драматурги шинохта, Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов соли равон 90-солагии худро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат бо устод мусоҳибае анҷом дода шуд.

– Устод, чӣ хотироте ба ёд омад, ки табъатонро хушу болида мебинам. Шояд айёми ҷавонӣ ё рӯзҳои нахустини ҳамкорӣ бо таҳиягарони маъруфи «Тоҷикфилм»-ро ба ёд овардед?

– Бале, ҳам ҷавонӣ ва ҳам рӯзҳои аввали қадам гузоштанам ба ин даргоҳи муқаддаси ҳунарӣ ба ёдам омад. Хотироту хаёлҳои ширини кӯдакию наврасӣ чун тасмаи кино аз назар гузаштанд. Лентаи киноро бозпас монда, тамошо кардан мумкин аст, аммо наврасию ҷавониямонро баргардондан корест муҳол.

1 июни соли 1935 дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар деҳаи Шаршараи собиқ ноҳияи Кангурт (ҳоло Данғара) чашм ба дунё кушодаму дар якунимсолагӣ падарам вафот кард ва дар оғӯши гарми саршор аз меҳрубониҳои модарам мондам.

Азбаски айёми кӯдакиам ба солҳои вазнини 37 рост омад, дар хонаи бачагони ноҳияи Кангурт тарбия гирифтам. Хамроҳ бо Талбак Назаров, Миратулло Атоев, рассомони халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, Рамазон Сафаров ва дигарон аз ғамхорӣ, парасторӣ ва меҳрубониҳои муаллимон ва мураббиҳои хонаи бачагон, маъруф ба сағирахона, бепарастории хешро фаромӯш карда будем. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода:

Мо ҳам он вақтҳо дар интернат

Тарбиятгир баччагон будем.

Аввалин отряди пионерӣ

Аз ятимони тоҷикон будем.

– Зиндагии Шумо баъди хатми мактаб-интернат ба чӣ ранг ҷараён гирифт? Шуморо барои хондан ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус – техникуму омӯзишгоҳҳо магар нафиристоданд?

– На, моро ба ихтиёрамон гузошта, иҷозат доданд, ки ба мактабҳои олии дилхоҳамон ҳуҷҷат супорем, зеро дастпарварон мактаб-интернатро ҳама бо баҳои хубу аъло хатм карда буданд. Ҳама ташнаи илму дониш буданд. Илм омӯхтан ба кас мисли обу ҳаво зарур буд. Давлати мо ба рӯйи фарзандон дари донишгоҳҳоро васеъ кушод.

Боре ҳамроҳи шарикдарс ва дӯстам Сарватшо Акобиршоев дар кӯчаҳои зебои пойтахт сайругашт мекардем, ки аз пешамон як марди баландқомати босалобат баромаду салом дод. Баъди салому ҳолпурсӣ пурсид:

– Бачаҳо, мехоҳед, ки ба шаҳри Москва рафта, дар мактаби актёрӣ таҳсил кунед. Агар хоҳед, фардо ба бинои Вазорати маданияти Тоҷикистон ҳозир шавед. Он ҷо аз ҷавонон имтиҳон мегиранд.

Рӯзи 15 июли соли 1955 дар бинои Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (ҳоло кӯчаи Бохтар, 10, собиқ кӯчаи Орҷонкидзе) барои таҳсил дар Институти давлатии санъати театрии Маскав ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) имтиҳон супурдем. Аъзои Комиссияи қабул бо сарварии декани факултети актёрии ГИТИС Всеволод Парфирович Осталский – раис, аз вазири маданияти Тоҷикистон Қосимҷон Ҳакимзода, устодони саҳнаи тоҷик Абдусалом Раҳимов, Шамсӣ Қиёмов, Лутфӣ Зоҳидова, Меҳрубон Назаров, Азиза Азимова ва шоиру нависандагон иборат буд. Баъди имтиҳони қабул 20 ҷавони тоҷикро интихоб карданд.

Аввалҳои моҳи августи соли 1955 мо, ҷавонони ташнаи илму маърифат – ман, Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Ҳаким Маҳмадзоҳиров, Қашқарӣ Мирзоев, Неъматҷон Дӯстматов, Дамир Раҳимов, Каримҷон Назиров, Аҳмадҷон Қодиров, Абдураҳим Қуддусов ва дигаронро барои таҳсил ба Маскав фиристоданд.

Ин даҳ ҷавони шаҳрӣ дар оилаи шахсиятҳои шинохта тарбия ёфта буданд. Рафтору муносибаташон аз ҷавонони деҳот фарқ дошт.

Устодонамон Олга Ивановна ва Борис Владимирович мехостанд аз бачаҳои деҳотӣ кадрҳои ояндаро тарбия намоянд. Онҳо нағз медонистанд, ки кадрҳо, асосан, аз деҳот мебароянд.

Бори дуюм имтиҳони қабул моҳи сентябри ҳамон сол дар шаҳри Сталинобод гузашта буд. Ин навбат дотсенти ГИТИС Нина Викторовна барои интихоби духтарон омада, баъди озмуни Комиссияи қабул аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Борон Сангмамадова, Гавҳар Алиева, Мастура Давлатова ва аз байни писарон Аскар Абдураҳмоновро барои таҳсил ба Маскав бурд.

Соли дуюми таҳсил – 1956 ба гурӯҳи дуюми тоҷикии ГИТИС Мукаррама Камолова, Марям Исоева, Ҳошим Гадоев, Тамара Абдушукурова, Хуррам Акрамов дохил шуданд.

Соли сеюми таҳсил, яъне соли 1957, аз курси сеюм Маҳмудҷон Воҳидов ва Музаффар Ғаниев бо мо ҳамроҳ шуданд.

– Аз солҳои таҳсил дар Институти давлатии санъати театрии Маскав чӣ хотираҳои ширин доред?

– Мегӯянд, ки донишҷӯӣ айёми тилоии умр аст. Замони таҳсили мо дар ГИТИС ба солҳои 1955-1960 рост омад

Ба студияи тоҷикии ГИТИС, яъне ба мо, бузургтарин устодони санъати театрӣ, аввалин зани профессор дар ҷаҳон – Олга Ивановна Пижова, ҳунарпеша, коргардон ва педагоги барҷастаи мактаби театрӣ Борис Владимирович Бибиков, декани факултети актёрӣ Всеволод Парфирович Осталский, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ Иосиф Моисеевич Раевский, дотсент Нина Викторовна Чефранова, профессор Михаил Петрович Чистяков, Николай Викторович Пажитнов, Шавкат Ниёзӣ, Маҳрам Файзов, Салоҳ Солеҳ ва дигарон дарсу маҳорат ва машғулиятҳо мегузарониданд. Ректори донишкада профессор Матвей Алексеевич Горбунов буд.

Ман дар курсамон котиби ташкилоти ибтидоии комсомолӣ-комсорг будам ва бо баҳои аъло хонда, стипендияи сталинӣ мегирифтам, ки 750 сӯми шуравӣ буд. Ҳатто аз маоши баъзе муаллимони ГИТИС зиёдтар. Донишкадаро бо Дипломи аъло (сурх) хатм кардам.

Яке аз хотироти ҷолибам ин аст, ки дар Донишкада Студияи тоҷикии мо асари К. Симонов — «Ҷавоне аз шаҳри мо»-ро бо дастгирӣ ва таҳияи Б. В. Бибиков ва Н.В Пажитнов дар саҳнаи ГИТИС гузошт. Ин асар кори якуми дипломии мо буд. Баъд асари нисбатан ҷиддӣ – «Камбағалӣ айб нест»-и А. И. Островский дар таҳияи М. П. Чистяков рӯйи кор омад. Ман нақши африқоии Савичро бозӣ карда будам.

Кори сеюми дипломии мо соли 1960, яъне намоиши хатмкунандагони студияи тоҷикии ГИТИС «Шоҳ-гавазн»-и мазҳаканависи итолиёӣ Карло Готсӣ интихоб шуд. Ин мазҳакаро устодамон Борис Владимирович Бибиков ҳамроҳи мо, хатмкунандагон, таҳия карда, рӯйи саҳна гузошт.

Ман дар ин мазҳака нақши посбонро иҷро кардам. Мазҳакаи «Шоҳ–гавазн» баъдан ба репертуари мо дохил шуд ва онро дар театрҳои шаҳри Хуҷанд ва Лоҳутӣ борҳо намоиш додем.

Лаҳзаи дигари хотирмон зиёфати хайрбодӣ дар тарабхонаи машҳури «Славянский базар»-и шаҳри Маскав буд, ки мо, донишҷӯён, аз ҳисоби стипендия каме пул ҷамъ карда, ба устодонамон як пиёла чой додем. Ҳамаи педагогҳои барҷастаи ГИТИС дар ин зиёфат ҳузур доштанд ва нӯшбод гуфтанд.

– Баъди панҷ сол тақдири 20 хатмкунандаи ГИТИС чӣ шуд?

– Мо ҳамчун ҳунарпешаи драма ва кино тарбия ёфта, ҳунар омӯхтем. Вале ҳамаи хатмкунандагонро ба Театри мазҳакаи мусиқии Ленинобод (ҳоло Суғд) ба номи А.С. Пушкин фиристоданд. Дар ин театр ҳунарпешаҳое лозим буданд, ки маҳорати нақшофаринӣ, сурудхонӣ ва рақсидану овоз хондан доштанд.

Расо як сол дар Театри Хуҷанд (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) кор кардем.

Баъди расидани мактуб ва муроҷиати Олга Ивановна Пижова ба унвони котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов мо, 20 нафар дастпарварони ГИТИС-ро ба шаҳри Душанбе, ба Театри овозадори Лоҳутӣ оварданд. Ҳамин тавр, 63 сол дар ин театри номдори Тоҷикистон аввал чун ҳунарпеша, баъд чун коргардон ва драматург кор кардам ва то ҳанӯз кор мекунам.

Гурӯҳи мо дар муддати кӯтоҳ сазовори эҳтиром гардид.

– Яъне фаъолияти шумо ҳамчун драматург ҳанӯз аз соли 1961 оғоз ёфтааст. Оё баъдан ин фаъолиятатонро идома додед?

– Вақте ки соли 1961 ба Театри Лоҳутӣ омадем, дар баробари нақшофаринӣ ба навиштани пйесаҳо машғул шудам. Баъди чанд сол ба коргардонӣ низ рӯ овардам. Дар тӯли ин солҳо намоишномаҳои «Олами пурасрор» (1968), «Карим девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷӯгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кашфҳои Абдулқосим» (1982), «Бе пир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми Чӯбина» (1995), «Мастӣ– пастӣ» ва ғайраҳоро навиштаам. Дар маҷмуъ 25 асари саҳнавӣ иншо кардам. Ҳама намоишномаҳоям саҳнавӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар саҳнаи театри Лоҳутӣ нақшҳои Искандар аз «Мурдаҳо»-и Ҷ. Муҳаммадқулизода (1963), Хоҷа аз «Хизматгори ду Хоҷа»-и К. Голдони (1964), Куйбишев аз «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло (1964), Турло аз «Ду веронагӣ»-и У. Шекспир (1966), Кайковус аз «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, умуман, дар саҳнаи ин театр то имрӯз зиёда аз 30 нақши асосиро офаридаам.

– Кадоме аз нақшҳоро ба осонӣ иҷро кардаед? Оё чунин нақши хотирмон доред?

– Соли 1963 устод Аслӣ Бурҳонов асари «Мурдаҳо»-и драматурги озарӣ Ҷ. Муҳаммадқулизодаро ба саҳна гузошта, иҷрои нақши Искандарро ба ман ва Ато Муҳаммадҷонов супорид. Ҳар навбат шарикам ин нақшро бозӣ мекарду навбати ман намерасид. Боре пеш аз намоиш ба пардозхона даромада, либосҳои қаҳрамонамро пӯшида, грим кардам. Ато омада, дарро тақ-тақ зад. Накушода гуфтам, ки ин навбат ман ба саҳна мебароям. «Ин тавр бошад, коргардонро огоҳ кунед, боз ҷанҷол нахезад», – гуфт Ато Муҳаммадҷонов.

Бо вучуди ин дарро накушодам. Коргардон ва директори театр Ҳоҷиқул Раҳматуллоев омаданд, дарро накушодам.

Ниҳоят розӣ шуданд ва Аслӣ Бурҳонов таъкид кард, ки агар нақшро иҷро карда натавонӣ, аз театр меравӣ.

Ман тамоми ҳастиямро истифода карда, бори нахуст ба саҳна баромада, чунон образи Искандарро бозӣ кардам, ки ҳар се ҳайрон шуданд. Дар охир Аслӣ Бурҳонов дастамро фишурда гуфт:

– Аз имтиҳони мо гузаштед, табрик!

Соли 1999 «Баҳроми Чӯбина»- ро ба озмуни театрӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурдем. Дар он ҷо беҳтарин театрҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ карданд. «Баҳроми Чӯбина»- ро дар ин озмун се бор намоиш додем ва он писанди аҳли ҳунар ва мардуми Эрон гардид. Сазовори ҷоизаи намоён шудем. Пас Вазорати фарҳанг муддати сафари моро як ҳафтаи дигар тамдид карду мо дар шаҳрҳои асосии ин кишвар «Баҳроми Чӯбина»-ро намоиш додем.

Ё ки драмаи «Карим девона»-ро соли 1971 Ҳабибулло Абдураззоқов ба саҳнаи Театри онвақтаи ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд гузошт. Оҳангҳои асари саҳнавиро Хайрулло Абдуллоев навишта буд. Баъди нахустнамоиши он устод Раҳим Ҷалил ба саҳна баромада, ба бозии ҳунарпешаҳо, кори таҳиягар баҳои баланд дод.

Як хубии кор он буд, ки мо асарро ҳангоме навишта, рӯйи саҳна гузоштем, ки як гурӯҳи олимонамон дар матбуот зидди китоби «Дар ҷустуҷӯи Карим девона» мақолаҳо навиштанд. Нависанда он шабу рӯз бемор буд. Вақте ки ҳамроҳи Ҳабибулло Абдураззоқов ба манзилашон рафта, лавҳи таблиғии намоиши «Карим девона»-ро ба устод нишон додем, хеле хушҳол шуд…

– Устод, шумо ба коргардонӣ низ рӯ оварда, зиёда аз 50 намоишномаро рӯйи саҳнаҳои театри Лоҳутӣ, театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ва дигар театрҳо гузоштаед. Лутфан дар ин бобат каме маълумот диҳед.

– Асосан кори ҷиддии ман ҳамчун коргардон баъди хатми курсҳои олии режиссёрии назди Театри марказии тамошобинони навраси шаҳри Маскав оғоз ёфтааст.

Аввалин намоише, ки дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ ҳамчун коргардон гузоштам, «Олами пурсарор» буд, ки ба қалами худам тааллуқ дошт. Нахустнамоишаш 9 майи (1968) дар саҳнаи театри Лоҳутӣ баргузор гардид. Баъдан мазҳакаҳои «Ҷон модаракон»-и Абдулло Қаҳҳорӣ (1972), «Роҳзан ва кӯчагард»-и М. Бахтӣ (1975), «Муборизон»-и С. Карас (1976), «Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов (1977), «Роҳзанон»-и Ф. Шиллер (1979), «Эраҷ паҳлавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и А. Зак ва Н. Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоевро таҳия кардам.

«Муаллими рақс»-и Лопе Де Вега, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»- и А. Атобоев ва Ғ. Абдулло, «Ганҷи ранҷ» , «Чаманзори Ваҳдат», «Шоҳ Лир»-и В. Шекспир , «Ишқи нобино»- и М. Салим ва ғайра, ки дар умум 50 ададро ташкил медиҳанд, маҳсули заҳмати коргардониям мебошанд.

– Дар суҳбату маҳфилҳои фарҳангӣ аксари ҳунарпешаҳои шинохтаи театру кино бо арзи эҳтиром ба шумо «устоди азиз» гуфта, муроҷиат мекунанд.

– Ин сабаб дорад. Соли 1967 дар назди Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченнко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) факултети санъат кушоданд, ки он то соли 1973 амал мекард. Соли 1973 Институти давлатии санъати Тоҷикистон ташкил шуд ва кори ин факултет дар Институти нав идома ёфт.

Дар қатори устодони саҳнаи тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Қиматшо Имматшоев, Маҳрам Файзов, Аскар Абдураҳмонов, Хушназар Майбалиев, Азиза Азимова, Маҳмудҷон Воҳидов банда низ ба донишҷӯёни факултети навтаъсис ҳунари актёриву коргардонӣ омӯзондам. Аз ин сабаб, шогирдонам маро устод мегӯянд.

– Шуморо соли 1955 ба узвияти Иттифоқи хеле бонуфузи нависандагони Тоҷикистон қабул карданд ва аз ҳамон замон то кунун дар маҳфилҳои адибон фаъолона иштирок мекунед.

– Ман дар наврасиам китобхониро хеле дӯст медоштам. Шеърҳои шоирони классику муосирро ба зудӣ ҳифз мекардам. Бо аксар шоирони маъруфи тоҷик дӯстию ҳамкорӣ доштам ва ҳанӯз ҳам ин анъана идома дорад.

Бар замми ин, 25 асари саҳнавӣ – пйесаву драмаҳо навиштаам, ки ба шакли китоб низ чоп шудаанд. Соли 2010 асари «Рӯбоҳ ва катча»–ро бо теъдоди 3000 нусха барои наврасон чоп кардам. Ду сол пеш китоби дигарам – «Мисраъҳои ноҳамвор», ки иборат аз ҳазлу шӯхиҳо, хотираҳои ҷолиб аз ҳаёти адибони тоҷик аст, ба дасти хонанда расид. Ҳамчунин дар жанри ба худ хоси «Парешонияи Тӯрахония» ҳаҷву мутоиботи зиёде дорам, ки порчаҳояшро дар лаҳзаҳои танаффуси байни намоишҳо барои хушҳолии дӯстону шогирдонам қироат мекунам.

– Устод, мо нав ба масъалаи асосӣ, яъне ҳунари кинои тоҷик расидем. Дар оғоз хостем танҳо аз хусуси фаъолиятатон дар киностудияи «Тоҷикфилм» суҳбат кунем. Вале шарҳи ҳолатон барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат аст. Биёед, аз ин боб суҳбатро идома диҳем, яъне аз ҳамкории шумо бо кинои тоҷик.

– Ёдам ҳаст, ки дар курси охирини ГИТИС мехондему таҳиягари сатҳи ҷаҳонии тоҷик Борис Алексеевич Кимёгаров маро ба интихоби ҳунарпешагон, ки ҳоло кастинг мегӯянд, ба ҳамин макон даъват карда буд. Он солҳо ин ҷо боғи калони сердарахт, вале нообод буд ва ман ҳатто намедонистам, ки боғ дар ихтиёри киностудияи «Тоҷикфилм» аст. Дар як гӯшааш хоначае буд ва он ҷо барои кормандоне, ки филмҳои навашонро ба навор мебардоштанд, хӯрок мепухтанд.

Ман аз озмуни интихоби ҳунарпешагон барои филми наве, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ бахшида шуда буд, гузаштам, аммо бо сабабҳои маълум иҷрои он нақшро ба дигар ҳунарпеша вогузор карданд. Ҳамин тавр соли 1959 ҳамкории бебарори ман бо кинои тоҷик оғоз ёфт. Бори дигар коргардон Климентий Минтс соли 1966 ба Театри Лоҳутӣ омада, ҳангоми тамошои намоишҳои ман Нозукмоҳ Шомансурова, Михаил Аронбоев, Наим Ғиёсов, Абдулхайр Қосимовро ба филми наваш, ба кастинг даъват кард.

Аз кастинг гузаштем. Нақши ситорашиносро дар филми ҳунарии «12 қабри Хоҷа Насриддин»-и К. Минтс иҷро кардам. Баъд дар филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар масҷиди куҳна»-и С. Ҳамидов (1969), нақши паҳлавон Гев аз филми ҳунарии «Достони Сиёвуш»- и Б. Кимёгаров (1976), нақши намояндаи Кумитаи Марказии Тоҷикистон дар силсилафилми ҳунарии телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад»-и Б. Кимёгаров (1979), нақши профессор, падари Лола аз филми ҳунарии телевизионии «Агар дӯст дорӣ»-и А. Қуддусов (1982), нақши Раҳим аз видеофилми ҳунарии «Буд — набуд…» (сенарияи худам, коргардон Асланшоҳ Раҳматуллоев), дукондор аз силсилафилми телевизионии «Муҳаббат»-и Умедшо Мирзоширинов (2008) ва дигар нақшҳоро иҷро кардам.

Аз ҳар филми бадеие, ки дар он нақш офаридаам, хотираҳои аҷиб дорам. Ҳоло фақат филми ҳунарии «Достони Сиёвуш»-ро ба ёд меорам, ки дар он нақши паҳлавон – Гевро бозӣ кардам. Лаҳзаҳои ин филмро дар павилиони киностудияи «Тоҷикфилм», шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина ва мамнуъгоҳи шаҳри Уммон ба навор гирифтанд.

Ба хотир оред, шикори ғизолон ё нахчирро мо дар мамнуъгоҳи шаҳри Уммон бардоштем ва ҳангоми шикор Фарангисро пеш аз ҳама ман дида будам.

Саҳнае, ки Судоба Шоҳ Ковусро ҳангоми зиёрати қабри модари Сиёвуш аз неши мор халос мекунад, дар мамнуъгоҳи Уммон наворбардорӣ шудааст.

Устод Кимёгаров баъди хатми наворбардории «Достони Сиёвуш» ният дошт, ки аз ҳаёти Ҳаким Фирдавсӣ низ филми бадеӣ бисозад ва ваъда дод, ки иҷрои яке аз нақшҳои асосии филми навашро ба уҳдаи ман мегузорад. Афсӯс, ки умраш вафо накарду дар 59-солагӣ ин ҷаҳонро тарк гуфт ва тақдири «Фирдавсӣ» номаълум монд.

Бовар дорам, ки киносозони ҷавони имрӯза ҳатман ба достонҳои Ҳаким Фирдавсӣ рӯ оварда, дар асоси онҳо филмҳои бадеӣ таҳия хоҳанд кард.

– Устод, ташаккур ба Шумо, ки вақти пурқимати хешро дареғ надошта, бо мо суҳбат кардед ва ёду номи бузургони театру киноро пос доштед.

Мусоҳиб Тиллои НЕКҚАДАМ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо