Тавре ки хонандагони азиз хабар доранд, чанде пеш ҳамоиши бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Пориси Фаронса бо шукӯҳи хос баргузор гардид. Дар баробари дигар ширкаткунандагон Шоири халқии Тоҷикистон, пажӯҳитшгари маъруфамон Рустам Ваҳҳобзода низ дар ин ҳамоиш иштирок ва суханронӣ дошт. Бардоштҳои ӯ аз ин сафар дар мусоҳибаи зер ба қалам омадааст.
– Таассуроти аввали Шумо аз ин сафар чӣ гуна аст?
– Ин сафар барои ширкат дар Конфронси байналмилалии илмӣ ва ҷашнии «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО, Порис ба таърихи 11 июни 2025 барои банда ва аҳли илму адаби ҳамроҳ бешак қобили таваҷҷуҳ ва баёдмонданӣ буд. Хоса барои касоне, ки бори аввал Порисро медиданд ва барои ширкат дар ин конфронс ва барномаҳои перомуни он аз 10 то 14 июни 2025 он ҷо буданд. Порис маркази фарҳангии Аврупо шумурда мешавад ва аз ҷумла воқеъ гардидани қароргоҳи ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар ин шаҳр ҳамин воқеъиятро тасдиқ мекунад. Мо аз таърих чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳониро, ки дар ин кишвар бо ҳузури намояндагони барҷастаи илму адаби мо бахусус дар матни дифоъ аз фарҳангу тамаддун ва сулҳи ҷаҳонӣ баргузор шудаанд, дар ёд дорем ва ин ҳофизаи таърихӣ низ моро ҳамроҳӣ мекард.
Дар соатҳои охири парвози тӯлонӣ ба мақсади Фаронса аз тирезаи ҳавопаймо чандин муддат тоҷи симини барфпӯши лозурҳои Алпро мушоҳида мекунед, ки ба манзараҳои лозурии баландкӯҳи Тоҷикистон шабоҳат дорад. Ин хатти симин бо тӯли 1200 километр аз ҳашт кишвари Урупои марказӣ убур мекунад ва майдони он 200 ҳазор км2 аст. Дар доманакӯҳҳо ва водиҳо дар ин масоҳат қитъаҳои бузурги сабзу осмониранг ба назар мерасад, ки иборат аз кӯлҳои мусаффо ва ҷангалзорони анбӯҳ мебошанд. Девораи ин силсилакӯҳҳо аз Порис дур боқӣ мемонад ва то чандин километр доманаҳои ҳошияии ин шаҳрро теппаҳои ҳамчунин сабзу ҷангалзор ташкил медиҳанд, ки баландтарини онҳо Монмарт ва Белвил ҳамагӣ 130 метр иртифоъ доранд. Барои қиёс метавон ба ёд овард, ки баландии бурҷи машҳури Эйфел 312 метр аст. Дар майдони чандкилометрии заминҳои ҳошияи Порис киштзорони ҷадвалкашишудаи рангин назаррабоӣ мекунанд, ки аксар дарав шуда ва танҳо барои шахсони огоҳ маълум аст, ки паязори кадом анвоъи зироат ҳастанд. Хулоса аз нахустин мушоҳидаҳо ҳангоми вуруд ба ин кишвар ва пойтахти он як таносуби дилпазир ва муътадилеро миёни табиат ва саноат мушоҳида мекунед, ки минбаъд дар ҳар қадам онро мебинед. Таърих, ҳунар, саноат, меъморӣ, суннат ва модернизм ҳама дар матну батни таносуби муътадил бо табиат аст. Дар дарахтзорони шаҳр осори дахолати дасти инсон қариб мушоҳида намешавад, гӯё ҳама ҷангалҳои худрӯй аст. Агарчи ҷо-ҷо дарахтҳои азим ва нодиреро, ки назирашон дар “Боғи Ирам”-и мо ҳаст, дучор мешавед ва орзу мекунед, ки кош ба онҳо бештар расидагӣ шавад. Дар умум иқлим ва таркиби гулу гиёҳи Порис ва ҳамчунин парандагон бо кишвари мо чандон тафовут надорад.
Ҳайати устодон дар ин сафар боздид аз чанд осори муҳимтари таърихии Порисро орзу доштанд, ки асосан иборат аз осорхонаи машҳури Лувр, Тоқи Пирӯзӣ дар майдони Шарл де Гол, ки ба ифтихори қаҳрамонони Фаронса сохта шуда ва бурҷи Эйфел буд. Маълум гардид, ки бино бар ҷамъияти бузурги зоирон бидуни ҳамоҳангӣ ва барномасозии пешакӣ тамошои осорхонаи Лувр душвор аст, вале боздид аз Тоқи Пирӯзӣ ва бурҷи Эйфел муяссар гардид. Аз пойи бурҷи Эйфел, ки дар канораи рӯди Сена воқеъ шудааст, саёҳати яксоата бо киштӣ доштем. Ин рӯд, ки дарозои куллии он 776 км аст, дар ҳудуди 13 км. аз миёнаи шаҳри Порис ҷорӣ мешавад ва дар ду соҳили он муҳимтарину диданитарин сохтмонҳои таърихии шаҳр, ки ҳамчунин ёдгори камназири ҳунари меъморӣ мебошанд, қомат афрохтаанд. Дар сайри яксоата бо киштӣ бар рӯйи Сена бисёре аз ёдгориҳои меъмориро тамошо кардем. Аз ҷумла маъбади ҷомеъи Модархудои Порисро, ки ҳанӯз дар деворҳои он осори сӯхтори қарибулвуқуъ боқӣ мондааст. Бар рӯйи рӯди Сена дар ҳамин ҳудуди 13-километрии дохили Порис 37 пул сохта шудааст, ки ҳамчунин ҳар яке асари меъмории вижа ба назар мерасад. Дар ду соҳил ҷамъияти мардум дар ҳоли тафреҳ мушоҳида мешавад, ки содадилона ба сӯйи сайёҳони киштинишин дастафшонӣ мекунанд. Ҳамчунин фавҷи дучархасаворон бар роҳи махсус шерозаи зиндаи ҳамешагии рӯди Сена мебошад.
Фикр мекунам, ҳеч неъмате барои як шаҳр болотар аз вуҷуди чунин як рӯде намебошад, хусусан дар мавсими гармо. Агар Оби Душанбе бандандозӣ шавад, метавонад чунин нақшро адо кунад.
Дар чаманҳои сабзи канори хиёбонҳо ва майдонҳо мардуми бумӣ ва сайёҳон бетакаллуф рӯйи сабза нишаста фароғат мекунанд ва кӯдакон ба бозӣ машғуланд. Гоҳ-гоҳ сайёҳони ҳамзабон дучор меоянд ва бо самимият адои салому эҳтиром мекунанд. Чун бидуни қавлу қароре расм шуда буд, дар ҳар қадам аҳли ҳайат шоҳбайти муносиберо аз Ҳофиз ба ёд меорад. Худвижагии шеъри Ҳофиз низ ҳамин аст, ки забони ҳол аст ва ҳар лаҳза аз ҳузури худ хабар медиҳад.
– Нақши шеъри Хоҷа Ҳофизро дар сарҷамъсозии меҳмонони ин ҳамоиш, хусусан форсизабонон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё сухани Ҳофиз барои ҳамгироӣ ва пайвастани инсонҳо аз гӯшаву канораҳои дунё метавонад таъсиргузор бошад?
– Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд
Сияҳчашмони кашмирию хубони самарқандӣ.
Ҳофиз худ дар замони зиндагӣ шоҳиди ҷаҳонгир шудани шеъраш гардида буд ва ин нуктаро борҳо дар ашъораш ба ҳар навъ баён намуда ва гузашта аз ин барои оянда басо бештар пешбинӣ намуда буд:
Хаёли шоҳӣ агар нест дар сарат Ҳофиз,
Чаро ба теғи забон арсаи ҷаҳон гирӣ?
Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.
Барои тоҷикон ва умуман форсизабонону даригӯён Ҳофиз ҳофизаи муштарак аст. Ҳофизаи муштараке, ки онро дар тӯли қарнҳо таҷриба карда, ба кор гирифта, бо он неку бади ҷаҳонро доварӣ намудаанд. Ҳофиз ҳам худ шарти аслиро барои шинохт ва тақдири воқеъбинонаву мунсифонаи шеъраш, дар баробари доштани лутфи табъ (завқ), донистани забони дарӣ, ба иборати муфассал, огоҳӣ аз назокатҳои забони дарӣ мешуморад:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огаҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
Аммо маъниҳои баланди ашъори Ҳофиз маҳбубияти ӯро хеле фаротар аз доираи ҳамзабононаш бурда, маҳбуби хирадмандон ва озодагони ҷаҳон гардондааст. Ҳоҷати такрори гуфтаҳои бузургтарин шоири мутафаккири Урупо И.В. Гёте дар бораи Ҳофиз нест, аммо ҷолибтар дар баёноти ӯ ва ҳамчунин баъзе қайдҳои файласуфи бузурги олмонӣ Ф.Энгелс он аст, ки эшон бар ҳунари волои суханварии Ҳофиз (ба ҷуз маъниофаринии ӯ) ва қудрати сурати каломи ӯ, дар ин зимн бар камолу ҷамоли забони Ҳофиз – форсии дарӣ таъкид кардаанд. Ин таъкидҳо ба ҳадде сароҳат доранд, ки кас гумон мекунад ин андешамандон ба ҳадди кофӣ ба забони форсӣ ошноӣ дошта бошанд.
Дар ҳақиқат бисёре аз ашъори Ҳофиз аз ҳамон қабил намунаи шеър аст, ки мегӯянд тарҷумапазир нест, зеро сурати калимаҳо чандон нуфуз дорад, ки “сурату сират” айни якдигар шудаанд ва имкон надорад дар забони тарҷума айни ҳамон навъ калимаҳову таркибҳоро пайдо кард. Масалан ин байтро, ки таркибҳову калимаҳои мисраъи аввал, бешак, зодаи табъи худи Ҳофизанд ва собиқа надоранд, чӣ тавр метавон тарҷума кард:
Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро
Дили шоҳони олам зери пар бод.
Ё:
Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад?
Ҳамдами гул намешавад, ёди суман намекунад.
Ин ки як суханвар каломи худро аз роҳи таносуб ва эътидол ба ҳадде бирасонад, ки сурати зоҳири ин калом дили касони ноошно ба забони ӯро низ тасхир намояд, камоли ҳунар ва эъҷоз аст.
Аз роҳи маъонӣ ва нукоте, ки шеъри Ҳофиз саршор аз он аст, истиқбол аз сухани ӯ боз бештар ва густардатар аст. Шеъри Ҳофиз шеъри башарӣ ва ҷаҳонист. Ҳам ҷаҳонӣ ва ҳам ҷовидонӣ. На маҳдудияти заминӣ дорад ва на замонӣ, зеро бар асли фитрати азалии башар сухан мегӯяд ва ҳолатҳову мавзуъҳо ва масъалаҳоеро тарҳ мекунад, ки дар ҳама олам ва дар ҳама замон зеҳну хотир ва қалбу андешаи инсонро машғул медоранд. Беҳуда нест, ки яке аз пуркорбурдтарин вожаҳо дар шеъри Ҳофиз худи ҳамин вожаи “ҷаҳон” мебошад ва агар боз вожаҳои ҳаммаънои онро ба ҳисоб биёрем, шояд дар радифи аввал қарор гирад.
Шеъри Ҳофиз пардаҳоеро иборат аз унсурҳои аразӣ (ғайриаслӣ), ки миёни инсонҳо ҳоил шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо ва ба ҳам бегона кардааст, бармеафканад ва фитрати муштараку ошнои онҳоро намоён мекунад. То ҷое мерасад, ки ҳатто вуҷуди худро чунин пардае мебинад ва мехоҳад аз он берун биравад:
Миёни ошиқу маъшуқ ҳеч ҳоил нест,
Ту худ ҳиҷоби худӣ, Ҳофиз, аз миён бархез!
Аз ин ҷост, ки бисёре аз суханрониҳои ҳамоиш, ки аз тарафи намояндагони миллатҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ироа мегардид, бо шуруъ аз сухани ифтитоҳии Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, асли мавзуъ ҳамин иттифоқ, иттиҳод ва ошноии башарӣ буд. Аз ҷумла “Дарки фарҳангӣ аз сулҳ дар андешаи Ҳофиз” (профессор Аҳмади Покатчӣ, сафири ҶИ Эрон дар ЮНЕСКО); “Таъсир ва ҳузури Ҳофиз дар фарҳанг ва адаби Фаронса” (Проф. Муиз Ризо Биҳиштӣ, узви анҷумани Фаронса); “Ҳамовоӣ ва ҳамдилии Ҳофиз ва Назрулислом дар адабиёти ҷаҳонӣ” (Муҳаммад Абдуррашид, профессори донишгоҳи Дака. Бангладеш); “Маънишиносии “дӯстӣ” дар андешаи Ҳофиз” (Азито Афрошӣ); “Тафсири ғазалиёти Ҳофиз дар суннати шарҳнигории Ҳинд” (Муътабархон Бобоева, Тоҷикистон) ва боз ҷолибтар он буд, ки яке аз тахассуситарин суханрониҳо — “Ҳофиз ва дастхатҳои ашъори ӯ” аз тарафи профессори донишгоҳи Порис Франсис Ришар ироа гардид ва эшон ба ҷуз аз ин суханронӣ аз аввал то охири ҳамоиш дар паҳлуи масъулони конфронс Дилшод Раҳимӣ, намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва профессор Масъуди Миршоҳӣ ба корҳои созмондеҳии он машғул буд.
Самимонатарин суханҳо ба иттифоқи назари ҳамаи ҳозирон дар бораи Ҳофиз ва таъсири осори ӯ дар адабу фарҳанги қазоқро (“Абай ва Ҳофиз”) намояндаи Қазоқистон устоди донишгоҳи Абайи Қазоқистон бону Кенҷаҳон Матиҷонова ба забони салису равони форсии тоҷикӣ ироа намуд.
Ҷойи мубоҳот ва ифтихори барҳақ аст, ки бештар аз ҳама дар ин конфронс донишмандони тоҷик ширкати ҳузурӣ ва фаъол доштанд. Ин ҳайат иборат буд аз донишмандон Фарангис Шарифзода, Муҳаммаддовуди Саломиён, Мирзо Солеҳов, Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Мақсудзода, Ҳасани Султон, Шамсиддин Муҳаммадиев, Меҳрӣ Маҳмадова, Салими Хатлонӣ, Баҳроми Раҳматзод, Муътабархон Бобоева, Мушкиннисо Раҳимова, Нодира Ашӯрова ва нависандаи ин сатрҳо. Масъулияти гардонандагии бахшҳои конфронс ҳам умдатан бар уҳдаи намояндагони Тоҷикистон буд. Ҳамчунин чанд нафар донишманди Тоҷикистон бо навори видеоии суханронии худ ширкат карданд – Аслиддин Низомӣ, Равшан Раҳмонӣ, Аскаралӣ Раҷабов ва Нуралии Нурзод.
Имтиёзи суханронии ҳайати тоҷикистонӣ қабл аз ҳама дар он буд, ки ин матолиб аз қабл дар сурати як пажӯҳиши илмӣ, бо мурооти қоидаҳои пажӯҳиш, зикру иқтибоси манбаъҳо таҳия гардида аз аввал то охир як ҳадафи ғоӣ дар онҳо пайгирӣ ва натиҷагирӣ мешуд ва риояи ин қоидаҳо имкон медод, ки дар ҳудуди замони таъйиншуда аз матлаб натиҷагирӣ шавад ва сухан нотамом қатъ нагардад. Мавзуъҳои интихобӣ низ ҳар яке ба ҷиҳате мубрам ва қобили таваҷҷуҳ буд.
– Дар диду назари ҳофизшиносони кишварҳои дигар ва ҳофизшиносони тоҷик чӣ муштаракоту тафовутҳо мушоҳида кардед (аз гузоришҳое, ки дар ҳамоиш ироа шуданд)? Оё нукоти баҳсангез ҳам дар ин маврид буданд?
– Муштаракоти суханрониҳо ҳамон чизест, ки қабл аз ҳама бархоста аз муштаракоти башарӣ дар шеъри Ҳофиз аст ва қисман аз он ёдовар шудем. Аз дидгоҳи маънавӣ ва ҳамчунин ҳунарӣ дар болотарин поя қарор доштани шеъри Ҳофиз ва ҷаҳонию ҷовидонӣ будани он. Ин ҳақиқати комил дар ҳар суханроние аз зовияи дид ва дар матни вижае баён меёфт. Бале, ба қавли Саъдӣ илм бе баҳс пойдор нест. Баҳсҳо ба ҳақиқат раҳнамун мегарданд, агар баҳс холисона ва ба хотири ба даст овардани ҳақиқат бошад. Аммо ба қавли Мавлоно “Чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд, Сад ҳиҷоб аз дил ба суйи дида шуд”. Баъзан чунин мешавад, ба ҷойи роҳ ҷустан ба мақоми бузургон ва дарку маърифати паёми эшон, мо аз камҳавсалагӣ ё ба далели ғаразе мекӯшем, ки онҳоро ба зӯр дар доираи диду пиндори худ дароварем ва аз онҳову паёми онҳо чизе бисозем, ки посухгӯи ҳадафи маҳдуди худамон бошад. Дар чунин маврид баҳс камтар суд дорад, чун тарафи баҳс ҷӯёи чизи дигарест ғайри он чи дар асл вуҷуд дорад. Дар ин миён аз ҷумла баъзан асли (принсипи) таърихӣ, матни фикрии замону макон, марҷаъият дар таҳқиқи осори бузургони гузашта сарфи назар мешавад ва гӯё ба хотири ҷаҳонӣ ва башарӣ ҷилва додани афкори онҳо ин андешаҳоро бархоста аз афкору назарияҳои ғайримиллӣ, берунӣ ва бегона маънидод мекунанд. Дар ин ҳол ҳувияти миллии ин бузургон зери суол мемонад. Касоне ки чунин амал мекунанд, гӯё дар замири худ итминон доранд, ки фарҳанги бумӣ ва миллию анъанавии мо бидуни тақлид кардан ва тобеъ шудан ба илму фарҳанги бегона, хориҷӣ қобили эҷоди арзишҳои башарӣ нест. Дар ҳоле ки падидаи Ҳофиз ва дигар бузургони фарҳангу адаби мо комилан баръакси чунин пиндор аст. Падидае сирф миллӣ аст, ки ба субут расонда, ки ин фарҳанги миллӣ дар зот ва сиришти худ, бо ҳифзи тамоми унсурҳои миллии худ, башарист. Хушбахтона, ин мавридҳо бидуни ҷарру баҳсе, ки боиси ихтилоф ва озурдагӣ шавад, дар суханрониҳо баён шуд ва руҳи муҳташами мудорои Ҳофиз ҳамеша ҳоким буд:
Гар хотири шарифат озурда шуд зи Ҳофиз,
Боз о, ки тавба кардем аз гуфтаву шунида.
Аммо як мавриди мушаххасро дар посухи ин суоли шумо метавон ёдовар гардид. Бону Ҳумайро Шаҳбоз, устоди Донишгоҳи миллии Исломобод (Покистон) суханроние дошт бо унвони “Иқболи Лоҳурӣ – мунтақиди адабӣ ва фалсафии Ҳофизи Шерозӣ”. Суханронии пурмуҳтаво ва пурборе буд. Аммо мавзуъе буд, ки аз бунёд перомуни худ баҳсҳои шадидеро ҳамроҳ доштааст ва ҷамъияти бузурге аз дӯстдорони Ҳофиз дар Лоҳур ва Кашмирро бар алайҳи Иқбол барангехта ва ҳатто падари Иқбол, ки муршидаш ҳам буд, аз ин қазия нигарон гардидааст. Чун дар ин бахш аз ҷараёни конфронс масъулияти гардонандагиро доштем, дар поёни ин суханронӣ лозим донистем бо ёдоварӣ аз баёноти профессор Ҷовид Иқбол дар бораи падари бузургвораш дар китоби шарҳиҳолии “Зиндарӯд” таъкид шавад, ки Иқбол яке аз дӯстдорон ва мухлисони хоси Хоҷа Ҳофиз ва шеъри ӯст ва сабку шеваи Ҳофиз дар ғазалиёти ӯ медурахшад. Аз ҷумла ғазали бисёр машҳури инқилобии Иқбол бо матлаъи “Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо, Эй, ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо” татаббуъе бар ғазали Ҳофиз аст.
Аммо интиқоди Иқбол аслан на аз Ҳофиз, балки аз бардошти нодурусти ҷамъияти он рӯзи Ҳинду Покистон ва умуман ҳамаи ҷомеъаи мусулмонон аз Ҳофиз буд, ки аз шеъри ӯ таслими маҳз ба тақдиреро, ки ба пиндори худ пазируфтаанд, шиор кардаанд ва ин навъи фикр онҳоро аз талошу мубориза барои озодӣ ва саодати худ бозмедорад. Дар асл андешаҳои Ҳофиз баръакс саршор аз талқини озодагӣ, саъйу талош, умеду бовар ба ояндаи равшан, пирӯзиву саодату камол аст. Иқбол дар посухҳои худ ба мунтақидонаш ин масъаларо равшан мекард.
– Оё осори Хоҷа Ҳофиз дар Тоҷикистон ба таври лозим ва густардаву амиқ пажӯҳиш шудааст?
– Дар бораи шеъри Ҳофиз, андешаву оро, сабку равиш, забону баён, ҷанбаҳои ҳунарӣ ва суварии шеъри ӯ, маънишиносии калидвожаҳои шеъри ӯ ва… дар Тоҷикистони даврони шуравӣ ва Истиқлол пажӯҳишҳои қобили эътиное анҷом шуда, ки суханрониҳои ироашуда дар ин конфронс намунаҳое аз ҳамин қабил ҳастанд. Ҳамчунин чанд бор девони Ҳофиз дар Тоҷикистон ба чоп расидааст. Шояд тозатарин чопи девони Ҳофиз дар умум девоне таҳияшуда бар асоси матнҳои мавҷуд дар Мовароуннаҳр бошад, ки онро профессор Масъуди Миршоҳӣ анҷом дода ва ба ширкаткунандагони ин ҳамоиш тақдим намуд.
Аммо чунонки худи ин пажӯҳандагон ва ноширон баён доштаанд, инҳо ҳанӯз коре оғозин барои анҷоми як кори ҷомеъ ва як нашри интиқодӣ ё академии Ҳофиз мебошанд. Ҳанӯз вуҷуди мулҳақоте дар девонҳои гуногуни Ҳофиз, ноҳамхонии бисёре аз матнҳои шеъри Ҳофиз, баҳсҳои зиёде ки бар сари маъноҳои абёти Ҳофиз сурат мегирад ва ҳеч ба поён намерасад, худ собит менамояд, ки кори асосӣ дар пеш аст ва ҳатман бояд анҷом шавад. Қабл аз ҳама ба ин хотир, ки Ҳофиз дар таъйини андеша ва ҷаҳонбинии миллии мо нақши муассире дорад ва агар Ҳофизе асил ва бо шинохти солими ӯ муаррифӣ шавад, онгоҳ ин нақш ҳам мусбату созанда хоҳад буд.
Вақте китоби устод Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил”-ро кас мутолиа мекунад, орзуе дар дилаш пайдо мешавад, ки эй кош, ба ин ҷомеъият дар бораи ҳар яке аз бузургони адабиётамон китобе медоштем. Зеро дар ин китоб шумо вориди муҳити таърихӣ ва илмию назарию эътиқодотии адиб мешавед. Заминаи андешаҳо ва ҳатто тахайюлоти ӯро мушоҳида мекунед. Муҳимтарин вазъро дар худ таҷриба менамоед, ки ин эҳсоси аҳволи ботинӣ ва фикрию таҷрибии адиб аст.
Корҳое ки дар ҳофизпажӯҳӣ дар дохили кишвар ва кишварҳои ҳамзабон шудааст, заминаи хуберо барои корҳои оянда фароҳам сохтааст.
Ин кор ҳамчунин бояд дар заминаи шинохти амиқи таърих, фалсафа, ҳикмат, ирфон, забон, ҳунар ва ҳама бахшҳои дигари зиндагии маънавии замони Ҳофиз, ки дар шеъри ӯ асаргузор буда, бозтоб ёфтааст, анҷом пазирад. На ба таври гусаставу мавридӣ.
– Оё ин ҳамоиш танҳо аз конфроси илмӣ иборат буд ё бахшҳои дигаре низ дошт?
– Бахши дигаре аз ин ҳамоиши бузург бо унвони “700 сол бо Ҳофиз” бахши ҳунарӣ буд бо ҳузури теъдоди зиёде аз ҳунарпешагони ансамбли “Шашмақом”-и Тоҷикистон бо раҳбарии раиси ин ансамбл – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саид буд, ки ҳамзамон ӯ худ бо пӯшиши суннатӣ дар намоишҳо нақши Хоҷа Ҳофизро адо мекард. Мутаассифона, замони барномаҳои фишурда имкон надод, ки ҳайати илмӣ дар барномаҳои ҳунарии гурӯҳи худамон ширкат кунад. Аммо дар поёни рӯзи охири ҳузур дар Порис тавонистем дар консерти гурӯҳи симфонии Ораши Фулодванд дар толори бузурги ЮНЕСКО ширкат намоем. Воқеъан як барномаи ҳунарии пуршукӯҳе буд, ки ҳузури шоистаи ҳунармандони тоҷик Ситораи Кароматуллоҳ, Фирдавси Ҳошим ва Шоҳрух Юнусов дар баробари намояндагони чандмиллатии гурӯҳ ин барномаро барои мо дилпазиртар месохт.
Ораши Фулодванд бо гирдиҳам овардани як оркестри беш аз 100-нафарӣ зоҳиран мехоҳад шукӯҳу ҷалоли осори ҷовидонаи классики моро бо он паёмҳои ҷаҳоние, ки дар онҳо нуҳуфтааст, ба гӯши аҳли замон расонад. Интихоби шеър, мурооти оҳангу зарби арӯзӣ ва маънавии матн, гаштҳо ва пайвандҳои ҳунарии ҷузъҳои барнома, авҷҳо ва зеру бам – ин ҳама дар хидмати расондани маъниҳо ва беш аз он руҳи маъниҳои каломи малакутии Ҳофиз буд. Оре, сазовор он аст, ки абёте чун:
Биё, то гул ба рафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Ин нукта, ки Ораши Фулодванд ба вижагии мусиқии каломи Ҳофиз пай бурда ва истифода аз ин оҳанги нуҳуфта дар печидагиҳои арӯз ва таносуби садоҳои ҳуруфи шеъри Ҳофизро яке аз воситаҳои шарҳи ҳунарии маъонии шеъри Ҳофиз медонад, дар яке аз мусоҳибаҳои ӯ бо “Хабар онлайн” ошкор мегардад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд: “Ашъори Ҳофиз нисбат ба шоирони дигаре мисли Мавлоно ва Саъдӣ ба лиҳози интихоби вожа, мафҳум ва авзони арӯзӣ печидатар ҳастанд ва мафоҳимро бо рамзу роз ба гӯши хонанда мерасонад. Мо бо интихоби ин мусиқӣ худамонро ба чолиш кашидем”.
Ба чунин ҷалолу тантана ва дар айни ҳол гулбонге бархоста аз умқи дилу ҷон садо бидиҳад.
Ин ҷо ҳам равони ҷовидони Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳозир буд ва қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме”, ки бидуни эълом ҷойгоҳи суруди миллии муштараки форсизабононро пайдо кардааст, шерозаи заррини ин барнома гардид.
Мо ҳам таҳти таассуроти ҳамин шеъри ҷоннавози устод Рӯдакӣ ба истиқболи лаҳзае, ки дилпазиртарин ҷузъи барномаи ҳар сафари хориҷӣ ҳаст, расидем – яъне бозгашт ба Ватан.
Суҳбаторо Т. ХАЛИЛӢ, “АС”