Мирзо Турсунзода
(Мухтасари суханронӣ дар Анҷумани 4 нависандагони Тоҷикистон, соли 1959)
… Ман метавонам гӯям, ки ҳоло аз ҷиҳати ҳаёт, дар мағзи воқеаҳои имрӯза будан вазъият он қадар хуб нест. Нависандагони калонсол – Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Деҳотӣ, Икромӣ ва баъзе дигаре аз мо чанд сол аст, ки бо таҷрибаҳои гузаштаи худ зиндагӣ мекунем. Нависандагони ҷавон аз мо ҳам дида камҳавсалатаранд. Ба тариқи истисно, хушбахтона, метавонем якчанд рафиқонро монанди Фазлиддин Муҳаммадиев ва ё шоир, насрнавис Абдумалик Баҳориро, ки ҳамчун ходимони матбуот ба маҳалҳо мераванд, таърифу тавсиф кунем. Аз таҳлили асарҳои Баҳорӣ мо як қатор камбудиҳои услубӣ, забонӣ ва кашоланависиро пайдо мекунем, вале пухтагии тасвири материалҳо ҳаётӣ буда, конфликтҳо ҷиддӣ ва мавзуъҳо замонавӣ мебошанд. Ин аст натиҷаи зич алоқаманд будани нависанда бо ҳаёт.
Баъзан мо акси ин ҳолатро ҳам мушоҳида мекунем. Ман метавонам «Тобистон» ном асари насрнависи боистеъдоди мо Толисро, ки ҳоло аз қаламронии ӯ ба камолоташ зоҳир мегардад, мисол оварам. Дар ин повест, ки тиллорезаҳои харакатери инсонӣ хуб ҷамъоварӣ карда шудаанд, қаҳрамонони хурду калонсол ба таври зинда тасвир ёфтаанд, якбора манзараи ҳаёт аз назар гум мешавад ва кас намедонад, ин қаҳрамонон аз ҳавои кадом замон ва кадом вазъият нафас мегиранд. Толис ҳақиқатан ҳам ба суханронӣ ва тасвиркашӣ заргар шудааст. Мо ҳар як саҳифаи асари ӯро бо ҳаловат хондем, аммо афсӯс, ки нависанда танҳо вақт ва замонро (давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст – А. М.) ба назар нагирифтааст.
Нависандаи таҷрибаноки мо Ҷалол Икромӣ як қатор асарҳои камобуранг навишт, ки дар онҳо истеъдоди нависанда камубеш ҳис карда шавад ҳам, вале аксари онҳо бетаъсир монданд, чунки муаллиф аз хатти асосии ҳаёт ақибнишинӣ кардааст. Баъд аз гузаштани чанд фурсат нависанда аз миёни кӯҳҳо, водиҳо гузашта дар натиҷа мо очерки бисёр хуби нависандаро, ки «Сафар кардан, ҷаҳон дидан» ном дорад, хонда, лаззат гирифтем. Агар ин гуна сафарҳо бештар мебуданд, ба нависанда ва хонандаҳо боз нафъи бузурге мерасид!
Дар назди мо ду асари яке аз шоирони боистеъдоди тоҷик Ғаффор Мирзо, достонҳои «Асрор» ва «Тоҷи давлат» истодаанд. «Асрор» достони тарҷимаиҳолӣ мебошад. Писарбачаи ятим, худсар, гарданкаш дили соф, одил ва ҳассос дорад. Ғаффор Мирзо чунин образро ба амал овардааст ва мо ба он бовар мекунем. Вале «Тоҷи давлат» аз муаллиф на танҳо худшиносӣ ва донистани муҳит, балки донистани ҳамаи ҳаёт, тақдири республика, таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷикро талаб мекунад. Азбаски шоир ба пеши халқ бисёр кам рафтуо дорад, натавонистааст набзи ҳаёти имрӯзаро ба таври пурра дарк намояд. Ман аз ҷиҳати қувваи бадеӣ наметавонам ин достонро бо достони «Асрор» дар як саф гузорам.
Ман намехоҳам рафиқони худро ранҷонам, вале дар мо шоироне ҳастанд, ки танҳо дар байни чор девори кабинети худ зиндагӣ карда, бо пайраҳаҳои байни хонаи худ ва нашриёт рафтуо мекунанд. Ман домулло Раҳимиро дар назар дорам. Агар ӯ эҷодиёти худро бо ҳаёти ҳаррӯзаи халқи мо алоқаманд мекард, шеърҳои ин шоир монанди обҳои соф ҷорӣ гашта, боз ҳам баланд садо медоданд.
Ҳабибулло Назаров ба наздикӣ «Дар ҷустуҷӯи Карим девона» ном повести адабӣ-таҳқиқии худро ба табъ расонид. Ӯ на танҳо материали қиматбаҳоро ҷамъ кард, балки дар асоси ин материал як повести муҳим ва завқовари пур аз романтика ва драматизмро навишт.
Раҳим Ҷалил дар романи «Шӯроб» худро як бори дигар ҳамчун нависандаи маҳоратноки насри тоҷик нишон додааст. Афсӯс, ки бобҳои аввали роман монанди бобҳои дигари он дили хонадаро ба ҷӯш намеоранд. Конфликте, ки дар асоси ин бобҳо гузошта шудааст, ба фикри мо, конфликти якранг ва схематикӣ мебошад. Камбуди дигари ин асар суст будани тасвири қисми Помир мебошад.
Дар як вақт хонандагони мо қисми дуюми асари Фотеҳ Ниёзӣ «Вафо»-ро мутолиа карданд. Қатъи назар аз якчанд ҷиҳатҳои хуб роман камбудиҳои бисёре дорад. Муаллиф, пеш аз ҳама, ҳисси андозаро фаромӯш карда, даркору нодаркор асарро кашол додааст. Дуюм, ин қисми роман ба образи Сафар, ки қаҳрамони асосӣ мебошад, ҳеҷ чизи наве илова намекунад. Дар қисми дуюм Сафар як одами шахшудамонда, дар аксари мавридҳо бисёр содалавҳ баромадааст, ки роли ҷанговари тоҷикро паст мекунад. Саввум, дар роман саҳифаҳои бисёре ҳастанд, ки ба қатор-қатор овардани фактҳои хушку холӣ ва тасвири рӯякии воқеаҳо бахшида шудаанд. Умуман, забони роман хушк буда, аксари иштирочиёни роман нутқи ба худ хос надоранд. Мо ба маҳорати нависандагии Ниёзӣ боварӣ дорем, чунки ду сол пеш «Духтари ҳамсоя» ном ҳикояеро навишта, ба хонандаҳо тақдим карда буд, ки онҳо аз ӯ миннатдоранд. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки қимати бадеии ин ҳикояи хурд аз қимати бадеии романи ҳаҷми 22 ҷузъи чопӣ баландтар аст.
Дар ин ҷо масъалаи нав – масъалаи нисбат ба худ содиқ будани нависанда ба миён меояд. Масалан, вақте ки мо ҳикояҳои ҳаҷвӣ, шеърҳои лирикӣ ва барои бачагон навиштаи Деҳотиро мехонем, дар онҳо санъати баланди нависандаро ҳис мекунем ва баръакс баъзан шеърҳои публитистии ҳамин шоирро хонда, он қадар қонеъ намегардем ё ин ки баъд аз хондани достони «Бибиробияи чилгазамӯ»-и Суҳайлӣ, ки дар асоси афсонаи халқ навишта шудааст, аз устухонбандии достон ва санъати бадеии он хурсанд шуда мебинем, ки дар ин асар ҳарорати қалби шоир ва ҳаётшиносии ӯ зоҳир гардидааст. Аммо Суҳайлӣ шеърҳои бисёре ҳам дорад, ки якранг ва риторикӣ буда, саросар аз образҳои такроршаванда ва умумӣ иборатанд.
Вақте нависанда мавзуъро бо хоҳиши дил интихоб намекунад, вақте ки ӯ бадеиятро ба нутқи расмӣ иваз мекунад, ба хитобкунӣ мегузарад, дар ин маврид бечуну чаро оҳанги овози худро ҳамчун нависанда гум мекунад.
Баъзан чунин ҳодисае ҳам рӯй медиҳад, ки нависанда дар як жанр истеъдоди худро зоҳир мекунад ва дар жанри дигар мелангад. Масалан, Мирсаид Миршакар қувваи бадеии худро бештар дар достонҳои ҳам барои калонсолон ва ҳам барои хурдсолон навиштаи худ ошкор менамояд. Дар шеърҳои хурд бошад, ба Худо, аз Миршакар Шипачев сохтан мушкил аст.
Адабиёт қувваи сеҳрангез дорад ва ба нависанда ягон маслиҳати муайян додан мушкил аст, ки бо кадом жанрњо ва чї гуна нависад. Дар ин ҷо виҷдони худи нависанда ва эҳсосоти шахсии он бояд амал кунад. Аксар вақт як тарафи меҳнати нависанда ба сифатҳои дигари нависандагии он бартарӣ пайдо мекунад ва ҳамин тарафи кори ӯ тақдири ӯро ҳамчун санъаткор ҳал менамояд. Хонандагон ӯро бо ҳамон ҷиҳати зӯраш мешиносанд.
Кӯркӯрона тақлид кардан бошад, дар шеърҳои лирикӣ ва махсусан дар ғазалҳои мо ҳис карда мешавад. Ғазал шакли лирикаи классикии мо мебошад. Дар асрҳои XVI-XVII ғазал ба дасти шоирони маддоҳ ва қасиданавис афтод. Мазмуни ин намуди шеър торафт пуч шуда, худи ғазал ба олати радиф ва суханбозӣ табдил ёфта, як мавзуъ ҳазорон бор аз тарафи садҳо шоирон беинтиҳо такрор ёфтан гирифт.
Дар замони мо баъзе шоирон на фақат чунин мешуморанд, ки шакли ғазал шакли олии лирикаи ин замона аст, балки худашон ҳам ғазалҳои хушку холӣ менависанд. Дар маҷмӯаи «Гулшан»-и Файзулло Ансорӣ мо чунин мисраъҳоро, ки ҳеҷ ба завқи имрӯзаи хонандаи мо муносиб нестанд, мутолиа мекунем.
Жанри эпикӣ – достоннависӣ дар назми тоҷик махсусн дар се-чор соли охир ривоҷ гирифт. Дар ин бора достони «Ленин дар Помир»-и Миршакар мисоли хубест. Достони Ғаффор Мирзо «Асрор» ҳам хеле завқовар мебошад. Достони Василий Кириллов «Баҳри Тоҷик» … ва достони охирини Баҳорӣ «Сарахбори ҳаёт» аз достонҳои шавқовари назми мо ба шумор мераванд.
Дар адабиёти бачагон ҳам достонҳои ҷолиби диққат навишта шудаанд. Достон – афсонаи «Каттача», асари Аъзам Сидқӣ, достончаи Мирсаид Миршакар «Гуноҳи кист?, достони «Писарчаи ҷаҳондидаи ман»-и А. Қаҳҳорӣ…
Дар мо ҳоло аз ҷиҳати мавзуъ маҳдудият ҳис карда мешавад. Барои чӣ баъзе нависандагони мо танҳо ба мавзуъҳои республикаи худ маҳдуд мешаванд? Барои чӣ онҳо дар бораи республикаҳои ҳамсоя наменависанд?
Афсӯс, назми пучмазмун ва обшуста, ки иборат аз суханбозӣ ва қофиябозиҳо мебошад, дар саҳифаҳои матбуот торафт бештар шуда истодааст. Ин касалӣ аз эҷодиёти калонсолон ба ҷавонон сироят кардааст, албатта, дар ин ҳолат тарбия кардани кадрҳои нави адабиёт, ки онҳо фикрҳои тару тозаи худро акс кунанд, мушкил аст.
Дар назми советии тоҷик шоирон-муборизони роҳи нави лирика ҳам ҳастанд. Чунин тақозоро мо дар шеърҳои шоир Ғаффор Мирзо, дар беҳтарин шеърҳои Файзулло Ансорӣ, дар баъзе шеърҳои Боқӣ Раҳимзода мушоҳида менамоем.
Дар мо муаллифи беҳтарини шеърҳои сурудшаванда Аминҷон Шукӯҳӣ ба шумор меравад. Сурудҳои ӯ дар байни халқи мо машҳур мебошанд. Ин шоир айни шоири рӯзҳои мо мебошад. Ӯ шоири тоҷик бо колорити миллии худ ва шоири имрӯза аст…
Аминҷон Шукӯҳӣ шеъри «Кош бошад кӯчаҳо дуру дароз»-ро навишт. Баъд аз чанд вақт шеъри Ансорӣ «Ишқи ману ту дар шаҳр афсона шуд» пайдо гардид. Пас Бобо Ҳоҷӣ дар мавзуи духтар ва кӯча шеъри худашро навишт. Баъди чанд вақт мавзуи кӯча дар шеърҳои А. Сидқӣ ва Воситзода дастраси хонандагон шуданд ва ниҳоят, аз кӯчаҳои тасвиркардаи ин шоирон дар назми мо як шаҳри пур аз ошиқу маъшуқон ба амал омад.
Ин мисолҳо ҳам шавқоваранду ҳам ғамангез, чунки ин як касалиест, ки ҳам дар адабиёти гузаштаи мо, ҳам дар адабиёти имрӯзаи мо зуд аз яке ба дигаре сироят кардааст. Вақте ки мо ба ин касалӣ роҳ медиҳем, он гоҳ бемаззанависон ва касоне, ки адабиётро сарчашмаи осони даромад ва зиндагӣ ҳисоб мекунанд, зуд ба адабиёт сар медароранд. Ин ҳолат махсус дар соҳаи сурудҳои имрӯза дида мешавад. Жанри суруд аз дасти одамони тасодуфӣ ва шеърбофони тамаъкор ба дод омадааст.
Адабиёт ҷои савдогарӣ ва тамаъкорӣ нест. Дар мо мегӯянд, ки адабиёт оинаи дили халқ аст ва дили халқ муқаддас ва оинаи он бояд беғубор бошад. Ҳар касе, ки дили халқро ҳурмат намекунад, вай сазовори унвони нависандагӣ нест!
Дар вақтҳои охир драматургияи ҷавони мо хеле сабзид. Дар зарфи ду-се сол пйесаҳои нав, ба монанди «Дил – дили Зайнаб»-и А. Мороз ва Ш. Қиёмов, «Саодат»-и Рабиев ва Саидмуродов дар бораи ҳаёти нави колхоз, пйесаи «Дохунда»-и Икромӣ, «Фоҷиа»-и Усмонов »-и Рабиев дар бораи шахспарастӣ, мазҳакаи Боқӣ Раҳимзода ва Саидмуродов «Чинори гӯё», пйесаи афсонавии Тошмуҳаммадов «Суруди Ҳофиз» ба майдон омаданд.
Дар драматургияи операвӣ ҳам чунин асарҳо, ба монанди «Дилбар», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Бахтиёр ва Нисо» ба саҳна гузошта шуданд. Баъд аз даҳрӯзаи санъат ва адабиёт «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов дар бораи ҷанги гражданӣ, пйесаи ҳаҷвии Самад Ғанӣ – «Тӯй», якбора ду пйесаи Ф. Ансорӣ – як драмаи музикавӣ «Ишқ ва ҳаёт» ва дигаре мазҳакаи «Имтиҳон», барои бачагон пйесаи муаллифи ҷавони боистеъдод Ф. Тошмуҳаммадов «Дараи дарёи кабуд» навишта шуданд.
Драматургҳои мо аз навиштани пйесаҳое, ки дар онҳо рӯҳияи қаҳрамонҳо ба таври аниқ тасвир шуда бошад, торафт даст мекашанд. Онҳо бештар як мавзуъро гирифта, аз рӯи схемаи муайян навиштан мегиранд. Мо муқобили тамошоҳои шӯх нестем, вале чаро тамошобинро аз драмаҳои ҷиддии психологӣ маҳрум кунем?!
Кинодраматургия бо вуҷуди ҷавониаш филмҳои аввалини он қариб нисфи ҷаҳонро тай карданд. Комедияи «Ман бо духтаре вохӯрдам», филми «Вазифаи олӣ» ва ё «Чароғ дар кӯҳсор» диққати миллонҳо тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд.
Барои ҷавонон ба сӯи адабиёт роҳи васеъ кушодан лозим аст, вале фақат ояндаи онҳоро ба назар гирифта шитобкорона қабул кардан лозим нест. Сабр кардан лозим аст, ки онҳо қобилияти бадеии худро ба хонанда манзур кунанд. Агар асарҳои бемаза фақат дар журнал ва ё дар рӯзнома чоп шаванду гузаранд, ин ҳам хайрият аст, лекин баъд аз як-ду сол муаллифони ин гуна асарҳо аз мо талаб мекунанд, ки ин халтураро дар шакли китобча чоп карда, онро абадӣ гардонем. Канӣ кӣ ҳад дорад, ки ҳуҷуми чунин муаллифонро баргардонад! Дар ин ҷо қувваи муттаҳиди ҳамаи коллективи Иттифоқи нависандагон лозим аст, қувваи як маслиҳатгар. Боқии бечора ба ин ҳама тоб оварда наметавонад!
Баъзе ҷавонон ба шоирони калонсол «инҳо муаллимони моанд» гуфта, ба назари ғайританқидӣ нигоҳ мекунанд. Ин хуб нест, аз эҷодиёти онҳо ҳам танҳо чизеро гирифтан лозим аст, ки ба хонанда ва адабиёт нафъ оварад, ҷавонон дар бораи ҳамаи воқеаҳои хусусии адабиёт бояд ақидаи устувору мустақили худро дошта бошанд.
Душманони мо кӯшиш мекунаанд, ки адабиёти мо, алалхусус назми моро аз мавзуъҳои ҷанговаронаи ҳозиразамон маҳрум гардонанд. Ғоянокии адабиёт барои мо ҷиҳати муҳимтарин ва асоситарини адабиёт аст. Танқид бошад, ёрдамчии боэътимод ва наздиктарини нависанда аст дар роҳи эҷодии ӯ.
Аз китоби “Таърихи Иттифоқи нависандагон”-и Ато Мирхоҷа