25.4 C
Душанбе

Ҳарзатозӣ дар арсаи маҷозӣ

Шеър самари истеъдод аст, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ ва мушоҳидакориву забондонӣ обуранг мегирад. Маълум аст, ки нашрияҳои бонуфузи адабӣ ҳар гуна навиштаро чоп намекунанд. Аз ин сабаб имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, бавежа Фейсбук, майдони фарохи қаламбадастон гаштааст, ки дар баробари баъзе хубиҳо аз чанд ҷиҳат натиҷаи нохушоянд дорад.

Мавзуи мо ба таври мушаххас дар бораи навиштаҳои касонест, ки дар Фейсбук, дар ин доираи калон худро ҳамчун шоир муаррифӣ менамоянд. Албатта, дар байни касони мавриди назар кам нестанд онҳое, ки вақте маҳсули эҷодашонро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мегӯянд: «Мо даъвои шоирӣ надорем». Бо ин суханон мехоҳанд, ки ба назмгунаҳояшон назари манфӣ надиҳем, ки аз танқид як роҳи гурез асту бас. Оне, ки даъвои шоирӣ надорад, қалам ба даст намегирад, ҳарфе наменависад ва ё агар нависад ҳам, ба касе нишон намедиҳад. Чун ҳамарӯза чизаке навишта, пешниҳоди хонанда мекунанд, худашон эътироф накунанд ҳам, даъвои шоирист. Ҷойи гила аз аксари хонандагон низ ҳаст, ки шоирро аз ношоир фарқ намекунанд.

Пеш аз ҳама, мавриди зикр ва боиси хушнудӣ аст, ки дар Фейсбук чанд тан аз аъзои Иттифоқи нависандагон ва шоирони халқии кишварамон саҳифаи расмии худро доранд. Аз шоирони халқӣ устодон Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода, Алимуҳаммад Муродӣ, Озарахш, Хайрандеш, Озар… қариб ҳамарӯза шеърҳояшонро мегузоранд. Дигар аъзои ИНТ Сиёвуш Ҷунайдӣ, Назрулло Азизиён, Нусратулло Бобоев, Искандари Раҳмон, Гулноз Тоҳириён, Адибаи Хуҷандӣ, Сафармуҳаммад Аҳмад, Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Сурайё Ҳакимова, Сапедаи Муҳаммад ва ду-се шоири дигар, ки шеърашон ба як маҷрои муайян даромадааст, низ фаъоланд. Аз байни онҳое, ки дар даҳ соли охир ба узвияти ИНТ пазируфта шуданд, Сафари Абдураҳим, Абдумалики Абдуҷаббор, Бузургмеҳри Баҳодур, Насимбек Қурбонзода ва чанд эҷодкори ангуштшумор дар Фейсбук шеърҳои хуб мемонанд.

Табиист, ки номи ҳамаро оварда намешавад. Дигар шоирони хуб маъзурамон доранд. Гузашта аз ин, мақсади мо дигар аст. Мехоҳем аз камбуди шеъргунаҳои қаламбадастоне, ки корбари Фейсбук ҳастанду ба таври шабонарӯзӣ бо завқи хонанда сарукор мегиранд, бигӯем. Барои бори аввал номи чандеашон басанда аст: Қудратулло Ёқубов (Аниси Ёқубиён), Шараф Пайдовар Умарзода, Ҷамшеди Маҳкампур, Кайҳон Суфӣ, Ҷалолиддин Нуров.

Дар шеъргунаҳои чунин фаъолони Фейсбук талаботи шеър ба дурустӣ риоя намегардад ва аз мушоҳидаҳои солҳои зиёдамон бармеояд, ки пешравие дар он чи пешкаши мардум мекунанд, дида намешавад. Ҳамоно вазну қофия, мантиқу таносуб, забону баён, маъниву мазмун ва талаботи дигарро, ки барои як шеъри комил заруранд, намедонанд. Мутаассифона, баъзе сарояндагони шинохта бисёртар шеъргунаҳои чунин касонро суруд мекунанд. Ба назар гирифтем, ки дар мавридҳои зиёд боз чунин даъвогарони сухан он чиро, ки дар бисот доранд, бо хати форсӣ ҳам дар Фейсбук нашр мекунанд, то ҳамзабонон хонда тавонанд. Баргардон низ тавассути барномае анҷом меёбад, ки аз иштибоҳ орӣ нест.

Яке аз шеъргунаҳоеро, ки дар саҳифаи фейсбукии Қудратулло Ёқубов (Аниси Ёқубиён) хондем, меорем:

Эй писар дар зиндагонӣ волидонат хор накун,

Дар дами пириашон афтодаву афгор накун!

Аз барои молу давлат, ё зану фарзанди хеш,

Қалбашонро лаҳзае ҳам, ғамгину ғамбор накун…

Бояд дар оғоз гуфт, ки бо ин мазмун садҳо шеър ҳаст, ки сарояндагон ҳам оҳанг бастаанд. Дар ягон мисраъ вазни арӯз риоя нагардидааст. Дар ҳар байт дар қофияҳо (хор, афгор, ғамбор…) ва дар мисраи чорум дар вожаи «ғамгин» вазни арӯз хароб гардидааст. Бо ҳамин равиш вазни арӯз дар ин ғазалгуна то охир хароб мебошад. Ҷуз такрори гуфтаҳои дигарон тозаҷӯиву тозагӯие ба чашм намерасад. Сабаби зиёд шудани чунин шеъргунаҳо аз як ҷиҳат талабгор будани сарояндаҳо аст. Расм шудааст, ки дар тӯйҳо, махсусан дар маъракаи оши наҳор, бо ин мазмун сурудҳо садо медиҳанд. Ҳол он ки дар базму сур бояд сурудҳое хонда шаванд, ки баёнгари шодиву хурсандӣ ва таманниёти нек бошанд. Аниси Ёқубиён аз кори худ қаноатманд шуда, ба эҷодкорони дигар бо «насиҳатнома»-и зер муроҷиат менамояд:

Шоири асил асар нависад,

Шеъри хубу нобу тар нависад!

Имрӯз ҳамаҷо қалам якранг,

Аз манфиату зарар нависад,

То нафъ нарасад қаламкашашро,

Заҳр ҳам бихури шаккар нависад!…

Дар ин ҷо низ аз оғоз дар ҳар байт, дар вожаҳои «шоир», «хуб», «имрӯз», «қалам», «нафъ», «заҳр», «шаккар»… вазни арӯз дуруст нест. Муаллиф, ки чӣ гуна будани «шоири асил»-ро нишон доданӣ мешавад, бояд донад, ки шоири асил вазни арӯзро бояд аз ҳама беҳтар фаҳмад ва риоя кунад.

Ҷамшеди Маҳкампур дар 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов навиштааст:

Кӯҳро бо сӯзи дил коҳ менамояд Ҷӯрабек,

Ҳар суруд аз қалби аз пуроҳ менамояд Ҷӯрабек.

Гарчи обрӯйи баландаш додааст Парвардигор,

Хешро хоксору кӯтоҳ менамояд Ҷӯрабек…

Дар ин «меҳрнома» байте дида намешавад, ки бозгӯи шахсияти наҷиби мухотаб ва ҳунари овозхонии ӯ бошад. Бар замми ин содалавҳона аст. Иллати надонистани вазни арӯз, забон ва ифодаи баён боис гардида, ки чунин ҷумлаҳои дарҳамбарҳам бо номи «шеър» таҳбатаҳ оварда шудаанд. Муаллиф «аз хоксорӣ бо сари хам гаштан»-и қаҳрамони навиштаашро гуфтанӣ аст, аммо «Хешро хоксору кӯтоҳ менамояд» мегӯяд, ки дар ифода мушкил дорад.

Чунин мисолҳоро фаровон овардан мумкин аст, аммо дар ҳамин ҷо иктифо мекунем.

Шараф Пайдовар Умарзода аз онҳоест, ки аз печидагӯии бемазмуну бемантиқ канор намеравад. Ва намеандешад, ки забони шеъри имрӯз бояд чӣ гуна бошад:

Дар орзуи бӯсае лабҳои ман басо,

Ҷӯёи шаҳди сина шуд, оби ҳаёт ку?

Сангар гирифта раҳ дар ин гулзори орзу,

Баҳри тавофи чеҳрааш авҷи қанот ку?

Уфтода аз ҷамолҳо нури азал чаро?

Шарму ҳаё фурӯхта шуд, шармулҳаёт ку?

Байти аввал урёнбаёнии маъмулӣ буда, мисраи «Сангар гирифта раҳ дар ин гулзори орзу» маъное надорад. Дигар мисраъҳо низ суханбозиҳои беҳудаву ноҷо ва орӣ аз ҳунаранд.

Ҷалолиддин Нуров менависад:

Ҳар кор ки буд дар ҷаҳон зуд кардам.

Бо манфияту ба мақсаду суд кардам.

То пашаи шаб зи хонам дур равад,

Дар ҳавлии худ зӣ чалма каҳдуд кардам.

Дар ин маврид на забону баён ва на назокату нафосати сухан аст, на таносуб. Дар байни байти аввалу дувум таносуби мантиқиву маъноӣ нест. Ҳусни баён як сӯ, «зи чалма каҳдуд кардан» бемантиқу духӯра аст. Танҳо «каҳдуд кардам» мегуфт, кифоя буд.

Рӯзе нест, ки Кайҳон Суфӣ дар Фейсбук чизе нагузорад. Инак, аз ӯ мехонем:

Дар ин дунё ҳаёти мо, ду рӯза,

Ҳаёту ҳам мамоти мо ду рӯза.

Вафодорӣ ба ҳоло камшумор аст,

Вафои сустбистоти мо ду рӯза…

Надонистани имло ба он оварда расонидааст, ки муаллиф вожаи «дурӯза»-ро, ки ҳамчун радиф истифода кардааст, ҷудо (ду рӯза) нависад. Аз ин иштибоҳи имлоӣ бигзарем, саропои навишта аз умумигӯӣ бо забону баёни ғалат иборат аст. Духӯрагӣ дар байти дувум дар он аст, ки муаллиф «вафодориро камшумор» ва «вафои сустбисот»-ро «дурӯза» мегӯяд. Ибораи «вафои сустбисот» сохтаи нохушоянд мебошад. Бар замми ин, модом, ки «вафо сустбисот аст», аз «дурӯза» будани он афсӯс набояд хӯрд.

Ҳофизи Шерозӣ дар байте бо зебоӣ ва ҳунармандии хоси худаш овардааст:

Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,

Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст.

Вале Кайҳон Сӯфӣ бо дағалгуфториву урнёнбаёнӣ менависад:

Надорад заррае, меҳру муҳаббат, занғари дунё,

Арӯси чилҳазор домода буда, модари дунё.

Агарчи ранг ба ранг ободӣ бинмуд, одамӣ дар он,

Вале инро намебинад, ба чашми дил, хари дунё.

Агар бори дигар, фасли ҷавонӣ, бозпас гардад,

Ба ҳар шаб мегирифтам, нав ба нав, як духтари дунё.

Саропои ин навишта аз чунин суханони дағалу дурушт ва кӯчагӣ иборатанд. Дар ҷойи дигар ба ҳамин мазмун:

Меҳру вафо надорад, сидқу бақо надорад,

Як лаҳза мефурӯшад ин очазори дунё.

Қаламкаш онест, ки беҳуда саҳифаҳои сафедро сиёҳ намекунад. Қаламро барои офаридани мисрае, байте, шеъре ҳар сӯ мекашад. Ҳарфу ҳиҷо ва калимаву ибораҳоро бо ҳунари офарандагӣ гавҳар мекунад. Интернет воситаи зуду осон шуҳратёбӣ аст. Беҳтар мебуд, агар бо амали шоистае аз ин имкон истифода мегардид!

Ният дорем, дар шумораҳои дигари ҳафтанома дар бораи навиштаҳои дигар корбарони Фейсбук андешаҳоямонро орем. Адабиёти ғании беш аз ҳазорсолаамонро бо ин ҳарзаномаҳо хор накунем. Адабиёт дунёи рангину зебои ҳунари волост, на ҷойи ғелидани ҳар беҳунар! Бо ин гуфтаҳо аз тамоми адибони соҳибкасбамон хоҳиш мекунем, ки фазои беканори маҷозиро бо эҷодиёти хубу хонданияшон пур кунанд, то чунин касон адабиётро ба масхара накашанд.

Нозир МАНСУР,

муҳаққиқ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо