37.5 C
Душанбе

Ҳамнафаси рангҳо

Вориди коргоҳи ҳунарии наққоши шинохта Илёс Мамадҷонов мешавем, ба димоғ бӯйи рангҳо ва ба гӯш навои Шашмақом мерасад. Ӯро банди тасвири асари тозае меёбем. Ба офаридаҳои муъҷизаосояш, ки деворҳои ин коргоҳро зеб мебахшанд, чашм медӯзем ва бо дунёи асрорангези ин мусаввири соҳибзавқ аз наздик ошноӣ пайдо мекунем. Илёс Мамадҷонов рассомест, ки офаридаҳояш марзҳоро гузашта, санъати тасвирии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Намоиши асарҳои ӯ дар Австрия, Британияи Кабир, Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва мамлакатҳои дигар баргузор шудаанд.

Мо дар рӯ ба рӯи ӯ қарор гирифтем ва дар ин фазои илҳомбахш суҳбатро оғоз кардем…

– Коргоҳи ҳунарии шумо нигористонеро мемонад, ки фазои илҳомбахшу дилфиребе дорад. То чӣ андоза ба ин фазо дилбастагӣ доред?

– Ин устохона ягона ҷоест, ки ман бо худам ҳастам. Ман ин ҷо нақш намебозам. Масалан, вақте кор меравам, чун омӯзгор бояд либоси махсус пӯшам ва бояд тавре рафтор кунам, ки хоси омӯзгор бошад. Аммо ин ҷо ман озодам. Ҳам механдам, ҳам мегирям. Худ ба худ суҳбат мекунам, гоҳо худамро ҷанг ҳам мекунам. Ин ҷо тамоман дунёи дигар аст. Асарҳоям маро он гунае мепазиранд, ки ҳастам. Баъзан мусиқии шӯрангез мемонам. Бархоста аз сидқ миёни мусаввараҳо рақс мекунам ва боз мӯқалам дар даст корамро идома медиҳам. Ман ошиқи ин фазоям…

– Чӣ гуна шумо муайян мекунед, ки вақти анҷом ёфтани асар расидааст?

– Пеш аз як асарро офаридан назди худ мақсад мегузорам, ки чиро бояд тасвир кунам. Баъдан фикрҳоямро рӯйи варақе менависам ва ангораи (эскиз) асарро омода месозам. Пасон тасвири мусаввараро оғоз мекунам. Аммо ҳастанд наққошоне, ки бидуни нақшаи пешакӣ корашонро якбора шуруъ мекунанд. Ман ҳам баъзан аз ин усул истифода мебарам. Вале дар умум пеш аз оғоз тайёрӣ мебинам. Дар вақти кор шумо худатон эҳсос мекунед, ки асар бояд анҷом ёбад. Аммо баъзан ба кор чунон дода мешавед, ки мехоҳед беохир рӯйи он кор кунед. Дар ин ҳолат бисёр муҳим аст, ки дар ҷои лозима нуқта монед. Холст забон надорад, ки гӯяд: кофист. Баъзан мешавад, ки асарро рӯгардон карда, канор мегузоред ва пас аз чанд моҳ аз нав рӯйи он кор мекунед.

Раванди кори эҷодӣ бисёр аҷиб аст. Вақте аз устохона берун мешавам, ҳамеша дар фикри онам, ки зудтар баргардам ва бубинам, ки охири корам чӣ мешавад. Баъзан мешавад, ки асарро ба охир мерасонам ва аз худ қонеъ намешавам. Мегӯям, ки метавонист хубтар анҷом ёбад. Аммо вақти дигар хурсанд мешавам, ки бисёр хуб анҷом ёфт. Ҳатто хубтар аз он ки интизораш будам…

– Илҳом дар кори шумо то чӣ ҳад муҳим аст?

– Ман ҳеҷ гоҳ интизори илҳом намешавам. Илҳом вақте меояд, ки ба устохона биёиву сари кор нишинӣ. Ман ҳар рӯз ин ҷо меоям. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман ҳар рӯз кори эҷодӣ мекунам. Мусиқӣ гӯш мекунам. Мусиқии Зиёдулло Шаҳидиро бисёр дӯст медорам. Гулҳоро об медиҳам. Бо чашми пӯшида рангҳоро мебӯям. Баъзан бисёр пуркор мешавам, аммо ҳатман ягон соат ҷудо карда, ба коргоҳам меояму ба мусаввараҳоям мегӯям, ки бибахшед, имрӯз вақтам хеле танг аст, наметавонам бо шумо бошам…

– Вақте ки ба ягон кас мусаввараатонро мефурӯшед ё туҳфа мекунед, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирад? Оё дил кандан аз асари офаридаатон мушкил нест?

– Вақте харидор меояд, ман мегӯям, ки масалан, ин мусаввараамро намефурӯшам, ҳо ана дигарашро мефурӯшам. Баъд ҳайрон аз ман мепурсанд, ки чаро инашро намефурӯшед? Ҷавоби ман ҳамеша якест: «Ман аз ин мусаввара чизи даркориямро ҳанӯз нагирифтаам.» Ба қавле, ҳоло аз тамошояш сер нашудаам. Масалан, вақте шумо духтарча доред, бисёр аз корҳояш лаззат мебаред. Рафтораш писанди дилатон асту ба шумо фараҳ мебахшад. Ҳарчанд бисёр дӯсташ доред ҳам, рӯзе шумо дарк мекунед, ки вақти ба оилаи дигар рафтани ӯ расидааст. Мусаввараҳо низ чунинанд.

– Шумо як силсила асарҳое нигоштаед, ки дар онҳо қаҳрамонон чеҳраи маҳзун доранд. Чӣ шуморо водор кард, ки ин асарҳоро офаридед?

– Баъзан вақте кӯча мебароям, ғамгин мешавам. Чунки мардум, чи хурду чи калон, аз сидқи дил хурсанд нестанд. Ба якдигар шодӣ намебахшанд ва дар рафторашон самимият дида намешавад. Як хастагиеро дар руҳи онҳо ҳис кардан мумкин аст. Шояд танҳо дар назари ман чунин менамояд. Аммо бовар кунед, ки ман махсус ин чеҳраҳоро маҳзун наофаридаам. Дар раванди кор ҳамин чиз дар асарҳои ман пайдо мешаванд. Шояд сабаб он аст, ки ман инро бештар эҳсос мекунам. Ҳоло кӯшиш мекунам, ки дигар чеҳраҳои шод офарам. Бе ҳамин ҳам инсонҳои ғамгин кам нестанд. Аз ин рӯ бояд асаре офарид, ки ба онҳо шодӣ бахшад.

– Чӣ шуморо ба олами санъат овард?

– Ҳарчанд дар оилаи мо касе рассом набуд, ман аз хурдӣ ба мактаби рассомӣ мерафтам. Лек фикри эҷодкор шуданро надоштам. Фикр мекардам, рӯзе устои гулкор мешавам ва рӯйи дару девори мардум наққошӣ мекунам. Мехостам ба Коллеҷи рассомии Душанбе дохил шавам ва баъди хатми он ба Конибодом баргардам. Барои сураткашии ман падару модарам ҳамеша ёрӣ мекарданд. Дар хонаамон тӯй бошад ҳам, падарам мегуфтанд: рав, аз паси дарсат шав. Хурсанд ба дарс мерафтам ва бо завқ расм мекашидам.

Соли 1991 барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омадаму аз диктант баҳои 2 гирифтам. Ман ҳеҷ гоҳ аз диктант баҳои паст намегирифтам, аммо чӣ хел шуд, намедонам. Баъд соли оянда ҳамроҳи падарам омадем. Бо худ як китоби диктант оварда будем. Субҳ аз хоб мехестам, падарам матнро мехонданду ман менавиштам. Субҳона мехӯрдему боз диктант менавиштем. Хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдему ҳамин кор такрор меёфт. Хуллас, дар як рӯз то даҳ диктант менавиштам. Ҳамон вақт дар Душанбе ҷанг буд ва вазъи ят ноором. Ман то ҳол дар ҳайратам, ки падарам ҳама ин вазъиятро дида, боз натарсида, мехостанд, ки ман хонам, дониш омӯзам. Аз падару модарам хеле миннатдорам. Дар хона хеле эрка будам. Вақте ба Душанбе омадам, тамоман дигар шудам. Як мақол ҳаст, ки “то мусофир нашавӣ, мусулмон намешавӣ”. Ба дасти инсони шариф, устод Сабзалӣ Шариф афтодам ва зиндагиям дигар шуд.

– Чун шумо аз устодатон Сабзалӣ Шариф ёд кардед, лутфан бигӯед, ки аввалин шиносоиятон бо ӯ кай иттифоқ афтод?

– Соли 1994. Соли дуюми таҳсили мо буд. Ман бисёр хуб мехондам ва роҳбари гурӯҳамон будам. Ҷавон будаму камтар ҳавобаландӣ карда, ба баъзе дарсҳо дертар меомадам ва медонистам, ки муаллимон ҳеҷ чиз намегӯянд. Аммо вақте ба дарси муаллими нав Сабзалӣ Шариф чанд дақиқае дер кардам, маро аз синф ронданд. Пагоҳ ҳам чунин шуд. Ёд дорам, чи гуна назди мудир даромада, ариза навиштам, ки ин муаллим ба мо дарс надиҳад. Мудир Валимад Одинаев ба ман нигоҳ карда гуфт, ки мисли Сабзалӣ ҳеҷ гоҳ устод ёфта наметавонӣ. Баъд ман ба як роҳи муайян даромадаму дигар дер намекардам. Бо мурури замон чунин шуд, ки мисли писарашон шудам. Наздик ба даҳ сол дар хонаашон зиндагӣ кардам ва барои ман падар шуданд. Солҳои донишҷӯӣ мепурсиданд, ки пул дорӣ? «Бале» мегуфтам. Баъд “канӣ, бароварда нишон деҳ” мегуфтанд. Пул дошта бошам ҳам, боз ба дастам пул медоданд. Агар падару модари ҳақиқии худам маро таваллуд карда бошанд, дар Душанбе падару модари ман Сабзалӣ Шариф ва Нозигул Зайдуллоева ҳастанд. Ба шарофати устод бо бисёр инсонҳои наҷиб вохӯрдам. Аз ҷумла бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки дӯсти наздики устод буд. Ҳар вақте ба хонааш меҳмонӣ меомад, ҳатман мегуфт, ки “Сабзалӣ, ҳама шогирдҳоят нағзанд, аммо ҳамин шогирдат дигар. Ояндааш бисёр равшан аст”. Ёди Сайф гиромӣ бод!

– Оё барои рассом баргузор кардани намоиши асарҳо муҳим аст?

– Албатта. Андешаи тамошобин бисёр муҳим аст. Ҷолиб аст, ки кори туро ҳамкасбонат чӣ гуна қабул хоҳанд кард. Ту дар устохона нишаста, наметавонӣ ҳама нуқсони асарҳои худатро бубинӣ. Вақте ба намоиш мегузорӣ ва андешаҳои навро мешунавӣ, ин ба ту кумак мерасонад. Шахсан барои ман бисёр муҳим аст, ки ҳамкасбонам чӣ кор мекунанд. Дар кадом услуб ва дар кадом равия асар меофаранд. Ман аз онҳо ғизои маънавӣ мегирам. Барои рассом бисёр муҳим аст, ки аз дунёи эҷодии дигар рассомон, аз ҷумла рассомони хориҷӣ, воқиф бошад. Шумо хатоҳои худатонро ҳис мекунед ё баръакс пешравиатонро мебинед. Баъзан саволҳо пайдо мешаванд, мо бо ҳакасбон машварат мекунем. Ба қадри имкон ба якдигар ёрӣ мерасонем.

Мо санъатшиноси ҳирфаӣ хеле кам дорем. Ҳатман бояд мунтақиди касбӣ сари кор бошад. Кори санъатшинос танҳо таъриф кардан нест. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон асардуздӣ зиёд шудааст. Бояд санъатшиноси боқувват пайдо шавад, ки роҳи ин гуна чизҳоро бигирад. Мо бояд ҷавононамонро ба мамлакатҳои хориҷа фиристем, ки аз мактаби санъатшиносии ҷаҳон огоҳ шаванд.

– Имрӯз рассомонеро дидан мумкин аст, ки аз рӯйи аксҳои интернетӣ асар меофаранд. Шумо ба ин чӣ назар доред?

– Ин хел рассомон кам нестанд, ки аз рӯйи акси каси дигар мусаввара тасвир мекунанду мефурӯшанд. Ман ҳамеша мегӯям, ки ин кори шумо нодуруст аст. Аслан ин кори эҷодии шумо нест. Ин назари ҳамон нафарест, ки манзарраро бо диди худаш акс гирифтааст. Ту акси гирифтаи ӯро нусхабардорӣ мекунӣ. Ман чунин кор намекунам ва қабул ҳам надорам. Ҳар наққош вазифадор аст, ки ғаму шодӣ ё мушкилу пешрафти ҷомеаро бо диду назари худ инъикос кунад.

– Шогирдони зиёд доред. Аз онҳо ифтихор мекунед?

– Бисёр ифтихор мекунам. Имсол 28 сол шуд, ки омӯзгорам. Шукр, ки шогирдонам қариб ҳама роҳи эҷодии худро идома додаанд ва имрӯз эҷодкорони хубанд. Каме бошад ҳам, тавонистам дар рушди эҷоди онҳо саҳм гузорам. Ман муносибат бо шогирдонро аз устод Сабзалӣ Шариф омӯхтам. Ана ҳамин мусаварраҳоеро, ки ин ҷо мебинед, аз шогирди ҷавони мананд. Дар рӯзҳои наздик намоиши асарҳо дорад. Ҳамроҳ омодагӣ дида истодаем. Шогирдро то паррончак шуданаш тарбият бояд кард. Рӯзе, ки роҳи худро пайдо кард, фараҳманд мешавӣ ва ифтихор мекунӣ.

Барои суҳбати ҷолиб сипос!

Мусоҳиб Сайидо ШАРАФӢ, “АС”

- Таблиғ -spot_img

2 шарҳ

ШАРҲИ ХУДРО НАВИСЕД

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо