23.6 C
Душанбе

Ҳамеша росткорон растагоранд…

Бобохон Маҳмадов дар замони барои Тоҷикистон сахту душвор вазорати фарҳанги ҷумҳуриро сарварӣ кард ва нагузошт, ки касе аз аҳли ҳунар рӯҳафтодаю навмед гардад ва тарки саҳна кунад.

Дар хусуси фазилатҳои инсонӣ, амалҳои хайри мавсуф фарҳангиён медонанд ва ёдовар мешаванд. Ӯ дар замони сарвариаш дар вазорати фарҳанги кишвар ин нуктаро бо сароҳат исбот кард, ки:

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб бувад ба мард баланд...

Дар он айёми пурошӯб вазорат хонаи умеди аҳли фарҳанг шуда буд. Бо баргузории беҳтарин барномаву маҳфилҳои эҷодӣ, ҷашнвораву тадбирҳои бузурги фарҳангӣ умеди мардум ба ояндаи неку дурахшон, ба сулҳу ваҳдат, суботу ободии ҷомеа қавитар мегардид. Маҳз бо ташаббуси вазири кордон ҷашн ва шабҳои эҷодии ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумла овозхонҳои халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов ва Иброҳим Кобулӣ, дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ баргузор гардид ва хидматҳои шоёну пурарзишашон шоиста қадр шуд, ки бидуни шак барои тарбияи маънавию ахлоқии насли нав, хоса ҷавонони эҷодкор, беҳтарин дастуру сабақ буданд.

Маҳз бо ибтикору пуштибонии вазири вақти фарҳанг ва иттилооти кишвар баргузории ҷашнвораи “Суруди сол” аз соли 1995 ба суннати неке табдил шуд ва барои мардум паёме аз сулҳу ваҳдат ва пирӯзии ақлу хирад бар торикию ҷаҳолат гардид.

Бобохон Алиевич бо ҳар васила мададу ғамхории хешро аз эҷодкорони асил, хоса собиқадорони арсаи фарҳангу адабу матбуот, дареғ намедошт. Некию меҳрубониҳое, ки банда аз Бобохон Алиевич дидааст, то қиёмат аз ёд намеравад. Ба сабаби сахтию нобасомониҳои рӯзгор соли 1995 аз театр рафтам (он замон дар театри “Ойина”-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе фаъолият доштам). Акнун бо ҳафтаномаи “Чархи гардун” ҳамкорӣ мекардам ва дар маҳфилу ҳамоишҳои фарҳангию адабӣ ҳам ҳузур доштам. Дар он рӯзҳо чанде аз дӯстон бо тааҷҷуб ба ман хабар доданд, ки Бобохон Алиевич дар бораи ман ва хислату рафторам назари онҳоро ҷӯё шудааст. Баъдан овозхони маҳбубу зиндаёди мо Ҷамшед Исмоилов, ки он солҳо муовини вазири фарҳанг буд, асли матлабро бароям гуфт…

Саранҷом дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1999 вазир бандаро ба ҳузури худ хонд. Аз мушкилоту мусибатҳои басарамомада огоҳ гашт, бо дилсӯзиву самимияти бепоён тасаллиям дод ва бинобар аз театр рафтанам изҳори таассуф кард. Сипас сармуҳосиби вазоратро ба ҳузур хонда, дастур дод, ки бароям маблағе ба унвони ёрӣ таҳия кунад. Ҳарфҳои пурмеҳру ғамхории вазир қалбамро лабрези ҳаяҷону эҳсосот кард ва он лаҳзаҳо беихтиёр қатраҳои ашк аз дидагонам ҷорӣ гаштанд… Мавриди зикр аст, ки аз некиҳои Бобохон Маҳмадов натанҳо ман, балки даҳҳо тан аз аҳли зиё бархурдор шудаанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари вазирону роҳбарон муҳофизони мусаллаҳ доштанд. Бобохон Маҳмадов ин амалро барои худ раво намедонист ва аксари вақтҳо аз хона то кор пиёда ва танҳо меомад. Боре аз ин хусус пурсон шудам. Посух дод, ки “ман дар ҳар ҳолат худамро ҳимоя карда метавонам”. Бале, касе, ки росткору покдилу некпиндор аст, аз ҳеч чиз тарсу бим нахоҳад дошт.

Соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100-солагии поягузории давлати Сомониён бо дастури Бобохон Алиевич дар чандин барномаҳои ҷашнӣ ҳамчун ровӣ ҳузур доштам ва бо пешниҳоду пуштибонии мустақими ӯ ба дарёфти унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудам.

Тирамоҳи ҳамон сол як гурӯҳи босалоҳияти донишмандону адибон ва ҳунармандони кишвар бо сарварии вазири фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ ва ба манзури ширкат дар Кунгураи байналмиллалии намояндагони илму фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. Банда низ бо лутфу инояти Бобохон Алиевич дар он ҳамоиш ширкат варзидам ва бардошту хотираҳои худро аз он сафар дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” муфассал навиштам…

Бобохон Маҳмадов дар ҳар мақому мансабе, ки кор кард, обрӯи худро чун роҳбари масъулиятшиносу дурандеш ва хайрхоҳу меҳрубон ҳифз кардааст. Ба қавли Бадриддин Ҳилолӣ:

Ҳамеша росткорон растагоранд,

Ба ғайр аз ростӣ коре надоранд…

Ортиқи ҚОДИР,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо