Дастандаркорони “Тоҷикфилм” бо ҳайати эҷодии тарҳи “Мубориза барои зиндагӣ”-и ширкатҳои филмсозии “Спектр”-и Русия, аз ҷумла таҳиягар Алексей Митс, филмсозон Румӣ Шоазимов ва Алексей Мячиков ва наворбардор Александр Соловёв дидору гуфтугӯ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии “Тоҷикфилм”, дар ин дидор ҳарду ҷониб аз сатҳи омодагӣ ва интихоби манзараҳо барои сабти филми оянда дар шаҳри Душанбе ва гирду канори он ба мувофиқа расиданд.
Гуфта мешавад, ки ҳайати эҷодии тарҳи “Мубориза барои зиндагӣ” дар баробари омодагӣ ба наворбардории филм, ҳамчунин бо кормандони “Тоҷикфилм”, мутахассисони ҳирфаӣ, роҳбарони ширкатҳои филмсозии бумӣ ва ҳунарпешаҳои касбии тоҷик дидор карданд.

Гуфтанист, дар соли 2025 “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо филмсозони Русия, Эрон ва Ӯзбекистон се филми муштарак месозад.