44.1 C
Душанбе

“Дар талоши ҳақиқат” дар Чин барандаи ҷоиза шуд

Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кишварҳои узви Cозмони ҳамкориҳои Шонгҳой – «Комилиёи тилоӣ», ки рӯзҳои 3-6–уми июл дар шаҳри Чунзини Чин баргузор гардид, сазовори ҷоизаи вижаи доварон гардид.

Ба гузориши “Тоҷикфилм”, ин муфокот рӯзи 6-уми июл дар маросими ҷоизасупории ҷашнвораи мазкур ба синемосозони тоҷик тақдим шудааст.

Бояд гуфт, “Дар талоши ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ ва Некрӯз Ҷалилиён сохта шуда, филмбардории онро Абдукарим Уроқов анҷом додааст. Он бар пояи асари “Интиқоми арвоҳ”-и Хуршед Атовуллоҳ, рӯзноманигор ва детективнависи саршиноси тоҷик ба навор бардошта шуда, корнамоии як рӯзноманигорро бозгӯйӣ мекунад.

Гуфтанист, дар башхи озмунии ҷашнвораи «Комилиёи тилоӣ» ду филми сохтаи «Тоҷикфилм» – “Дар талоши ҳақиқат” (Манзаралӣ Шералӣ ва Некрӯз Ҷалилиён) ва “Зиндагӣ зебост” (Далер Раҳматов) вориди рақобат шуданд. Дар бахши ғайриозмунӣ филмҳои “Охирин сайди сайёд” (Муҳаммадрабӣ Исмоил), “Танҳо ту” (Умед Мирзоширинов) ва “Роҳ” (Носир Саид) ширкат карданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш филми “Дар талоши ҳақиқат” дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кишварҳои Авруосиё – “Авруосиё-Кинофест” ба ҷоизаи “Филмномаи беҳтарин” даст ёфт.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо