Камобеш 120 нигораи Амонуллоҳ Ҳайдарзод, нигорагар ва тандиссози хушноми муқими Амрико, ки бо баҳрагирӣ аз шиша, филиз, пластик ва коғаз чеҳраи шахсиятҳои номдори ҷаҳониро нигоштааст, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ рӯзи 10-уми июн бо ҳузур ва суханронии дастандаркорони ниҳодҳои фарҳангӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ баргузор шуд.
Таъкид шуд, намоишгоҳи мазкур як пайванди муҳим миёни Тоҷикистон ва намояндагони форсизабонони ҷаҳон буда, нақши Амонуллоҳ Ҳайдарзода дар тавсеъа ва муаррифии ҳунари нигоргарӣ миёни онҳо муассир аст.
Устод (профессор) Амонуллоҳ Ҳайдарзод дар ин зимн чор медал бо тасвири Эмомалӣ Раҳмон, Кишвардори Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанберо ба нишони дӯстӣ ба Осорхонаи миллӣ тақдим кард.


Бояд гуфт, ки ин намоишгоҳ аз сӯйи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон –«Пайванд» ва Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ роҳандозӣ шуд.
Амонуллоҳ Ҳайдарзод 86 сол дошта, соли 1939 дар шаҳри Кобули Афғонистон дида ба ҷаҳон гушуда, дастпарвари Фарҳангистони ҳунарҳои зебои Рим ва Ҳунаристони медалсозии заробхонаи Рим шумурда мешавад. Ҳамчунин ӯ Ҳунарсарои «Корро»-и Римро ба поён расонида, дорандаи дабизаи (мадраки) коршиноси аршад аз Донишгоҳи Ню-Йорки Амрико мебошад. Устод (профессор) ва бунёдгузори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул ва нахустин осорхонаи ҳунарҳои муосир дар Кобул аст.