Модар, ба хона омадам, аммо ту нестӣ,
Бар лаб тарона омадам, аммо ту нестӣ.
Гунҷишкаки ба лутфи ту одатнамудаам,
Хоҳони дона омадам, аммо ту нестӣ.
Чун моҳвора, то ки тавофи туро кунам,
Моҳи ягона, омадам, аммо ту нестӣ.
Дарёи ашкҳои худамро шинокунон
Бар ин карона омадам, аммо ту нестӣ.
Эй ғамгусор, чун сафари пеш кӯҳи ғам
Болои шона омадам, аммо ту нестӣ.
***
Гардидам аз ту дуру вуҷудам фигор шуд,
Чун лола барг — барги дилам доғдор шуд.
Ғам омаду ба ҳуҷрае аз дил мақом кард,
Бо меҳру бо муҳаббати ту ҳамҷавор шуд.
Қанду наботу шаккару шаҳду асал ҳама
Бе ту ба коми ман масали заҳри мор шуд.
Чашмам наёфт рутбаи кӯрӣ зи ҳаҷрро,
Бо шавқ рӯзи васли туро интизор шуд.
Ту омадӣ, агарчӣ ба айёми тирамоҳ,
Дар кулли сарзамини дили ман баҳор шуд.
***
Афсуншудаи ду чашми мастат будам,
Фармонбардору зердастат будам.
Лекин ту маро қадр накардӣ, ҳарчанд
Ман моҳии тиллоии шастат будам.
ҲАБИБУЛЛОҲ НАЗАРИЁН





