25.4 C
Душанбе

Айби худат (ҳаҷвия)

Одамро аз кор пеш кунанд, ана баъд зиндагии душворе сар мешавад. Аммо ба рафиқони гӯлпурс ва шиносони кунҷков фаҳмонидан, ки чаро ҷойи кор надорӣ, аз он ҳам душвортар аст.

Мақсади ман нақли саргузашти худам нест. Не, не! Ман, одатан, дардамро ба дӯстон бо умеде мегӯям, ки шояд касе дасти ёрӣ дароз кунад ва баъзан ҳамту барои холӣ кардани дил. Дар ҷавоб онҳо маро хуб истинтоқ мекунанд, мехоҳанд чуну чаро буданашро фаҳмида гиранд ва он гоҳ маълум мешавад, ки сабабгори ҳамаи шӯрбахтиҳо худам будаам. Агар ман, масалан, ин тавр рафтор намекардам ё он тариқ гап намезадам, хӯҷаин ба ман ҳеч гоҳ кордор намешуд. Модом, ки чунину чунон кардаам, худам гунаҳгор. «Айби худат!» ҳукм мебароранд онҳо ва қаноатманд мешаванд.

Боре ман саргардони корҳои худам, ғарқи фикр дар кӯча мерафтам. Ногаҳон дасте ба китфам расид. Ақиб гаштам, ки Камоли Усмон. Вай хурсандона аз паҳлуям равон шуд. Вале андоми турши маро дида, мижгонҳояшро поён хобонид, гӯё ниқоб пӯшида бошад, авзояш тағйир ёфт.

– Мефаҳмам, – гуфт ӯ андешамандона. Маълум мешавад, ки ӯ аз кор ронда шудани маро медонад. Акнун аз вай ҷойи гурез нест. Ҳозир ба ҳотаи ман санг партофтан мегирад ва исбот кардан мехоҳад, ки ба ҳамааш худам айбдорам. Худро хафа вонамуд карданаш ва оташаки хандони чашмонаш, ки руст карда наметавонист, ба ҳам ночаспон буданд. Ман худро ба нодонӣ задам ва пурсидам:

– Чӣ воқеа рӯй дод? Ягон ғам дорӣ?

– Ба ман ҳеч чиз нашудааст-ку, аммо шунидам, ки ту боз бекор мондаӣ…, – ҷавоб дод ӯ.

– Зарар надорад…, – дилпурона гуфтам ман, то фаҳмонам, ки ин мавзуъ кирои гап надорад.

– Наход, зарар надошта бошад, азизам… Ҳай, ҳай! – Вай аз роҳ бозистод – ҳай, ҳай! Биё, қаҳвахона меравем, якпиёлагӣ қаҳва менӯшем ва ту нақл мекунӣ, ки чӣ воқеа рӯй дод, – таклиф кард ӯ.

– Кирои нақл надорад… – ҷавоб додам ман.

– Чаро? Як ба афтат нигоҳ кун, ки ба кӣ монанд шудаӣ. Рафтем, рафтем! Нақл мекунӣ, дилат холӣ мешавад.

– Гӯё, ки ягон чиз тағйир меёфта бошад…

– Ту маро хафа кардӣ… Магар ман дӯсти ту нестам?

Мо ба қаҳвахона даромадем.

– Канӣ, нақл кун, чӣ шуд, – исрор кард ӯ гаҳи қаҳванӯшӣ.

– Хӯҷаин маро аз кор пеш кард…

– Барои чӣ?

– Ман аз куҷо донам. Аз худаш пурс…

– Ба кор дер мондӣ? – пурсид ӯ.

– Не, ҳамеша дар вақташ меомадам.

– Ту супоришро иҷро накардӣ?

– Не-е… Ман доим гапашро қувват медодам.

Камол аз бетоқатӣ ба нохунхойӣ даромад:

– Дуруст! Ту музди иловагӣ пурсидӣ?

– Напурсидаам…

–Дар ҳаққаш ягон гап гуфтӣ? Мумкин бадгӯйӣ карда бошӣ?

– Не, гуфтам-ку, дӯстам!

Вай монанд ба ҳамин боз саволҳои бисёре дод.

– Тавба! Ё тавба! Пас чаро туро аз кор пеш кард? Мумкин ту ба рӯйи ӯ ҳамин хел, чунонки ба ман менигарӣ, сахт нигоҳ кардаӣ?

– Намедонам… Шояд нигоҳ карда бошам?

– Ҳа-а. Акнун маълум шуд. Ман гуфтам-ку, ҳатман ягон сабаб дорад. Одамро баҳудаву беҳуда аз кор пеш намекунанд! Ғайр аз худат дигар касе гуноҳ надорад. Магар ба ин хел нигоҳи дилшикоф тоқат кардан мумкин аст? Худо занад, ки худат гунаҳгор!

Вай худро хеле сабук ҳис кард…

Ман нимғурма «паноҳи Худо» гуфтаму аз қаҳвахона баромадам. Вақте ки хӯҷаин аз кор пеш кард, ман ин қадар хафа нашуда будам.

Ба автобус савор шудам.

– Як гап шунидем, рост аст? – ба остона по мондаму ҳамин саволро шунидам. Дар курсии охир як шиноси дигарам менишаст.

– Рост…

– Афсӯс, барои чӣ?

– Намедонам…

Вай монанди муфаттише, ки ба кушодани гиреҳи ҷинояте банд аст, андешамандона гуфт:

– Афсӯс! Одамро бесабаб аз кор пеш намекунанд. Ҳатман ягон сабабе будагист…

– Ба ҳар навъ…

– Мумкин хабаркашӣ карда бошанд?

– Ба фикрам, накардаанд…

– Ё ба ҷойи ту каси беҳтаре ёфтааст?

– Вай ҳамеша мегуфт, ки аз кори ман розист.

– Шояд ӯ каси дигаре ёфтааст, ки ба музди камтаре розӣ шудааст?

– Ин хел одам ёфт намешавад!

– Пас чаро туро аз кор ронд? Шояд ту бо ӯ муомилаи дурушт кардӣ?

– Чӣ хел дурушт? Ҳама барин муомила мекардам.

– Фаҳмо… Магар бо хӯҷаин ҳама барин гуфтугӯ кардан мумкин аст? Мумкин нест… Ту ба ӯ бетакаллуфона муроҷиат кардаӣ ва ӯ ранҷидааст.

– Не, охир, дӯстам… Ман хӯҷаинро моҳе як бор медидам. Ҳамон вақт ҳам вай ба ман қариб гап намезад.

– Маълум, равшан… Ҳар сафсата, ки ба даҳонат ояд, гуфтан гирифтаӣ, ки ба дили хӯҷаин задааст. Қаҳраш омадааст, вай ҳақ аст. Айби худат.

Баъди ин ӯ низ қаноатманд шуд.

Ман дар аввалин истгоҳ аз автобус фуромадам. Дилам чунон буғз карда буд, ки дар ҳақиқат мехостам ба ягон кас бухси дил кафонам. Ман назди як дӯсти деринаам рафтам.

– Маро аз кор пеш карданд, – баробари аз остона даромадан эълон кардам ман. – Вале, илтимос, ҳамин, ки чизе напурс ва сабабашро наков…

Баъд аз чунин муқаддимаи ман ҳисси кунҷковии ӯ боло гирифт:

– Маълум, ки сабаби хеле ҷиддӣ дорад…

– Напурс, илтимос…

– Рӯзҳои ид ӯро табрик мекардӣ? Ба хонааш мерафтӣ?

Ман ҳеч гоҳ ба хонаи хӯҷаин намерафтам, вале барои дӯстамро фирефтан гуфтам:

– Мерафтам… Ҳар рӯзи ид, ҳар соли нав, ҳамеша ҳар гоҳе маврид мувофиқ афтад, мерафтам…

– Фаҳмо… Вақте ки бисёр меравӣ…

– Ман бисёр нарафтаам…

Ин низ ба ман ҳамаи он саволҳоеро дод, ки дигарон пурсида буданд.

– Аз афти кор, ба назараш нафоридаӣ?

– Баръакс… Ман ба вай маъқул будам.

– Пас сабаб чӣ? Ҳеч ақлам намерасад…

Тоқати ман тоқ шуд ва аз ҳаяҷон хеста, пасу пеш гаштан гирифтам.

– Ботинкаат ғаж-ғаж мекунад!.. – ногаҳон хитоб кард дӯстам.

– Ҳа, ғижжас мезанад, – тасдиқ кардам ман.

– Кай боз?

– Аз рӯзе, ки харидаам. Панҷ моҳ боз мепӯшам ва ҳамеша ғаж-ғаж мекунад.

– Бо ҳамин ботинка кор рафтӣ?

– Ҳа.

– Вой, вой… Охир, ман гуфтам, ки бесабаб аз кор пеш намекунанд.

– Ва ту сабаби аз кор ронда шудани маро ёфтӣ? – пурсидам ман.

Вай дар курсии мулоим баҳузуртар нишаст ва ба насиҳат даромад:

– Аз саҳар то бегоҳ ғаж-ғаж кардани ботинка ба гӯши кӣ мефорад! Ба ин тоқат кардан мумкин нест! Хӯҷаин дуруст рафтор кардааст… Ана, бародар, айбат дар куҷо…

– Дуруст, айби ман, – бо ҷаҳл дод задам, – ман гунаҳгор, гунаҳгор! Аммо ман дар ин рӯзи сахт ба назди ту барои шунидани ин гапҳо наомадаам.

Ман дарро сахт пӯшида берун баромадам.

Бегоҳӣ аз ҳамин ҷиҳат фикркунон тарафи Қадиқиё мерафтам.

– Хеле чуқур ба фикр ғӯтидаӣ? – пурсид ношиносе. – Ягон бадбахтӣ рӯй дод?

– Не, ҳеч гап не…, – гуфтам дар ҷавоб.

– Аз андомат маълум, ки ғаме дорӣ. Гӯй, шояд ёрие расонда тавонам.

–Хӯҷаинам аз кор пеш кард…

– Чаро?

– Намедонам.

– Шояд гуноҳе карда бошӣ?

– Ботинкаам ғаж-ғаж мекунад. Хамин ба хӯҷаин нафоридааст.

– Азизам, магар барои ҳамин ҳам аз кор пеш мекунанд? Ягон сабаби дигаре будагист.

Ман рост ба чашмаш нигоҳ кардам, қаҳраш омад.

– Ин ҳам сабаб шуда наметавонад!

– Ман бо вай хеле кам гап мезадам.

– Сафсата!

– Ман ба рӯйи шахси ношинос нигаристам ва хандидам.

– Ҳа, ту, мазмун, ба рӯйи хӯҷаинат нигариста, ана ҳамин хел заҳрханда кардаӣ?

– Бале, бале, айнан ҳамин тавр заҳрханда кардам ва хӯҷаин маро аз кор ронд. Айби худам. Акнун фаҳмидӣ? Ба муродат расидӣ?

Ман баргаштаму рафтам.

Ин рӯзи сиёҳро ба охир расонда, ба хона омадам. Баъди шом Иброҳим омад. Вай хеле хафа буд. Даҳ рӯз пеш ӯро аз кор озод кардаанд.

– Вой, вой… Барои чӣ озод карданд?

– Намедонам…

– Албатта, сабаб дорад.

– Туро ҳам беҳуда пеш накардагистанд… Аз кор бисёр мегурехтӣ?

– Магар справка намебурдӣ, ки касал будӣ?

Мо ба пурсуҷӯйи якдигар сар кардем. Гаҳи суҳбат Иброҳим ҳар дам атса мезад, сулфа мекард ва бо дастрӯймол бинӣ пок мекард.

– Аз афташ, ту шамол кашидаӣ? – пурсидам ман.

– Ҳамеша ҳамин хел… Як умр шамол задагӣ…

Ман аз ҷой хестаму гуфтам:

– Акнун фаҳмидам, ки барои чӣ туро аз кор пеш кардаанд! Гунаҳгор худат, айби худат…

Иброҳим бо ҳайрат ба ман менигарист…

– Ту ҳар дам бинӣ пок мекунӣ, ба хӯҷаин мефорад магар? Ҳатман туро озод кардан лозим буд. Ҳамин хел не?

Ман ором шудам. Ҳатто хурсанд шудам. Гӯё, ки ба кори нав даромада бошам.

Аз китоби «Мактубҳо ба он дунё»,

тарҷумаи КӮҲЗОД

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо