Давлати Раҳмониён то ба имрӯз маҷмуаҳои ашъорашро бо номҳои «Растохези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи исён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007), «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), «Номаи офтоб» ба нашр расондааст.
Шоир дар жанрҳои гуногуни адабӣ, ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар шаклҳои нави шеър қувваозмоӣ кардааст. Дар эҷодиёти ӯ, махсусан жанрҳои ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, манзума, қитъа мақоми аввалиндараҷа доранд. Дар ашъори шоир як пайдарҳамию пайвастагӣ ва шиддати фикру ҳиссиёт мушоҳида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ашъори Давлати Раҳмониёнро масъалаҳои ватану ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносӣ, қадрдонии модар, дӯстию ҳамбастагӣ, фироқи наздикон, ишқу ҷавонӣ ва дигар мавзуъҳои иҷтимоъии рӯзгори мо ташкил медиҳанд.
Давлати Раҳмониён дар васфи меҳан, Тоҷикистон, миллату ҳувияти миллӣ ва кору зиндагии мардуми меҳнатқарини кишвар монанди «Ҳадиси муҳаббат», «Ғазали ишқу Ватан», «Ватанам лонаи шерони нар аст», «Рамузи Ваҳдат», «Ватандорӣ», «Иксири Ватан», «Кӯҳистонӣ», «Меҳроби Ватан», «Саги газанда шавад оқибат замонаи мо», «Аз шикастан то набастан», «Лаъли сиришки модар», «Умедгоҳ», «Хоро», «Ишқу имон», «Тоҷикона», «Шодиёна», «Фасли ишқ» шеърҳои зиёд ва хонданӣ навиштааст. Агар ба осори ватандӯстонаи ӯ назар андозем, эҳсос хоҳем кард, ки вай бо эҷоди шеъри Ватан, пеш аз ҳама, ба хонанда моҳияти аслии Ватан, ватандорӣ ва худшиносии миллиро талқин мекунад. Вай ҳарфи матонатро мегӯяд, то барои саодати Ватан ҳамеша ҷонфидо бошем.
Шоир Тоҷикистонро васф мекунад, меситояд ва бо он ифтихор менамояд. Ватане, ки дар шеъри ӯ ситоиш мешавад, соҳиби озодӣ ва истиқлол аст. Аз ҷумла мегӯяд:
Ай кӯҳи Ватан, ба туст рӯйи суханам,
Ҷӯшида чу мӯмиё зи санги ту манам.
Бар фарқам агар тоҷи саодат биниҳанд,
Бинам, ки дар он лаъли ту набвад, фиканам.
Шоир худрову санги Ватанро яке медонад ва мисли мӯмиё аз он мерӯяд. Яъне шираи санги Ватан, ки давои дардҳост, шахси шоир аст. Ҳар тоҷик дар оғӯши Ватан зиндагии мумиёӣ дорад. Шоир дар байте чунин қайд менамояд:
Азбас сухани Ватан зи ҷонам хезад,
Ҷон аст, ки медамад ба ҷисми суханам.
Дили Давлати Раҳмониён саршор аз ҳамин ишқ аст, аз ҳавои Ватан нафас мекашад ва саҷдагоҳаш низ дар ҳамин хоки пок аст:
Чун саҷдагаҳи ҳазор пуштам Ватан аст,
Н-афтад зи даҳан ҳадиси ҳуббулватанам.
Дар ашъори шоир Ватан маънии ишқу истиқлол ва озодиро дорад. Ин чаҳор вожаи муқаддасро намешавад аз ҳам ҷудо кард. Онҳо дар ҳамбастагӣ маънии ҳамдигарро пур мекунанд, сабз мешаванд ва болу пар мебароранд.
Ин шоир дар модарномааш чун дар дигар анвоъи шеъри худ аз жанрҳо ва вазнҳои гуногуну камистифода кор гирифтааст. Дар ин шеърҳо тозагии забон, зебоии тасвир, мушаххасии баён ва дигар унсурҳои шеър корбурди том ёфтаанд. Шеърҳои «Зинда», «Зиёрат», «Фирор», «Сафар», «Бо чашму гӯши дил», «Достони модар», «Гули армон», «Савганд», «Чароғи шикаста», «Ғазали фироқ», «Ду ранг», Сӯзи ҳамеша», «Суруди модар», «Дилашро аз сари шохе бигирам», «Қарз», «Ғамбода», «Доғи шукуфта», «Ночор», «Барги дил», «Такфин», «Алифбои ожанг», «Ҳидоят», «Зан гӯлаи огоҳӣ», «Ҳамто», «Мероси хунӣ», «Соя», «Ғазали дастҳо», «Биҳишти мурғон» ва амсоли инҳо ба ин мавзуъ бахшидаи шоир самимию дилнишинанд.
Шеърҳои Давлати Раҳмониён дар бораи қадршиносӣ ва қадрдонии модар содаву самимӣ, воқеъӣ ва дилнишину дилчаспанд. Шоир ду давраи зиндагии ин сарчашмаи ҳаётбахши инсониро, яке лаззату кайфият, хушҳолӣ ва хушбахтии даврони бо модар будан ва дигаре ғаму андӯҳ ва дарду алами бепоёни баъди марги ӯро дар симои модари хеш ба тасвир меорад. Ба гунаи мисол лаҳзаҳои бебозгашт ва фараҳафзову рӯҳбахши айёми бо модар буданро дар ҷиҳати худогоҳию худшиносии хонанда дар ин ғазалаш хеле хонданию хотирмон қаламдод менамояд:
Азизӣ, нозанинӣ, модари ҷон,
Саодатофаринӣ, модари ҷон.
Дар ин олам, ки кас ҷуз ғам набинад,
Илоҳо ғам набинӣ, модари ҷон.
Қарини дил бувад бисёр, аммо
Ту бар ҷонам қаринӣ, модари ҷон.
Бароям меҳтари беҳтар зиёд аст,
Вале ту беҳтаринӣ, модари ҷон.
Бузургони дурӯғин кам набошанд,
Бузурги ростинӣ, модари ҷон.
Шавам бо офтоби сар мулоқӣ
Гаҳи дидорбинӣ, модари ҷон.
Тулуи беғурубатро бинозам,
Ту хуршеди заминӣ, модари ҷон.
Ба дунёе, ки аслаш ноумедист,
Умеди охиринӣ, модари ҷон.
Дар «Ғазали фироқ», «Ду ранг», «Сӯзи ҳамеша» манзараи марги модарро чунон пурсӯзу гудоз ва аламовару ҷонгудоз ба тасвир овардааст, ки хонандаро ба такон меорад:
Ҳеҷ медонӣ, чӣ коре баъди модар кардаам,
Баъди модар ман ба марги хеш бовар кардаам.
Ва ё дар байти дигари ҳамин ғазал:
Сарфарозиҳои ман бо марги модар хатм шуд,
Хешро баъди сари ӯ хокбарсар кардаам.
Ё:
Сӯзи модар дар дили ман то ба мурдан тоза аст,
Ман дар ин оташ дили худро самандар кардаам.
Адабиёт оинаи зиндагист ва дар он ҳама бешу ками рӯзгори мардум равшану возеҳ акс меёбад. Шоир чун табиби мардум бояд бохабар аз ҳолу аҳволи тамоми табақаҳои ҷомеъа дар шеъри худ вазъи иҷтимоъии халқро бозтоб кунад. Дар шеъри Давлати Раҳмониён вазъи ҷомеъа, ҳаёту зиндагии мардум мавқеъи хоса дорад. Порчаи зерин аз шеъри «Таърихча»-и шоир ифодакунандаи ҳамин маъност:
…Пас аз даҳ навбати лола,
Даме ки дар миёни соқаҳои пунба межӯлид,
Сафи тайёраҳо аз боли таҳдиде, ки чун як дасти ёзида
Маҳобат дошт, барфи заҳр бориданд, субҳи сар фароз омад.
Ман он кӯдак
Ва ин мардам.
Шоир дар шеъри боло аз замони кӯдакии худ, ки дар миёни пахтазорон сипарӣ мегашт, ёд овардааст. Дар замони Шӯравӣ бо тайёраҳо заҳр пошидан ба пахтазорон, ки ҷони сад одамро мерабуд, як ҳодисаи муқаррарӣ шуда буд. Ин шоири ҳақиқатнигорро натавонист ором гузорад. Аз ин ҷост, ки шоир аз як воқеъаи замони кӯдакии худ маънии баланди сиёсию иҷтимоъӣ офарида, вазъи ҷомеъаи шӯравии тоҷикро моҳирона тасвир намудааст.
Дар шеъри Давлати Раҳмониён метавон намунаҳои барҷастаи санъатҳои бадеъиро пайдо кард, ки аз нуктасанҷӣ ва маҳорати баланди шоирии ӯ дарак медиҳад:
Музди лаби хамӯш расидам зи дасти дӯст,
Дар ман намонд зарра, ки қасди дуо накард.
Ё агар ба байти дувуми дубайтии зер назар андозем, метавонем намунаи ифодаи эҷоз бо зарбулмасалу мақолро пайдо кунем:
Дилам нақши пари парвона дорад,
Ки дар вай мурғи оташ хона дорад.
Раҳояш мекунам аз сина, охир,
Куҷо девона сабри хона дорад?
Шоир дар ашъори хеш аз санъати эҷози ҳазф моҳирона истифода кардааст. Яъне аз такрори калима, ибора ё дигар унсури забон даст мекашад, вале маънии шеър халал наёфта, баръакс равшану возеҳ боқӣ мемонад. Масалан, дар ин байт:
Дар ин дӯзах кунад чун шуъла бебок
Дили ман дар сари оташ иқомат.
Дар ин ҷо феъл ҳазф шудааст, вале ба маънӣ халале ворид нагаштааст, баръакс феъли «иқомат кардан» ҳам ба калимаи «шӯъла» ва ҳам ба таркиби «дили ман» баробар хидмат карда, шеърро равон намудааст. Шоир аз такрори бемавқеъи феъли «иқомат кардан» парҳез кардааст, ки ин аз камоли маҳорати баланди шоирии ӯст.
Аз дӯст бирафтам, ки ба худ боз биёям,
Дур аз ҳама дар сурати танҳоии хешам.
Дар ин байт шоир санъати эҷози касрро бо ишорот ифода кардааст. Вожаҳои «дӯст» ва «сурат» вожаҳои ишоратианд, ки ба маънии таҳтонии шеър ишора мекунанд ва хонанда ҳам барои дарки маъно ба қаринаи дигаре эҳтиёҷ надорад.
Хуни ғам меравад аз дил ба найистони танам,
Пири Канъон, ҳазар аз фоҷиаи пираҳанам.
Дар ин байт шоир аз санъати эҷози каср, ифодаи эҷоз бо талмеҳ истифода кардааст. Ӯ бо овардани қарина ба ҳодиса, воқеъа ё шахси таърихӣ ишора мекунад ва маънии зиёдеро дар лафзи андак мегунҷонад. Яъне таркиби «пири Канъон»-ро мухотаб қарор дода, ба қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» ва падари Юсуф – ҳазрати Яъқуб ишора кардааст
Ҳамчунин шоир барои хушу равон ва хонданӣ гардидани шеъраш аз санъати итноб бамавқеъ истифода кардааст. Дар байти зерин ӯ аз навъи итноби эзоҳ баъд аз ибҳом хеле бамаврид истифода бурдааст:
Ду чиз шоири озодаро бигирёнад,
Ба оби дида бишӯяд хаташ, агар донад,
Ки то ҳаёт бувад, ёри ӯ намеояд,
Ки чун вафот кунад, шеъри ӯ намемонад.
Агар ба ин шеър диққат кунем, дармеёбем, ки се мисраи охир бар шарҳи мисраи аввал омадааст. Дар ин шеър мисраи аввал мубҳам ва мисраъҳои баъдӣ шарҳи он мебошанд.
Дар дами кандани ҷон зиннати авроди ман аст
Муфради «Во Ватанам! Во Ватанам! Во Ватанам!»
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки санъатҳои бадеъӣ дар эҷодиёти шоир корбурди васеъ доранд ва шоир бо истифодаи бамавқеъи онҳо тавонистааст шеърашро боз ҳам равонтару ҷаззобтар гардонад.
Фарҳод ШАФИЗОДА,
номзади илми филология