37.5 C
Душанбе

Асалбеки Назрӣ: Ҳунарпешагӣ худнамоӣ нест

(Гуфтугӯ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбеки Назрӣ)

КАТИБАИ ЯКУМ: ЗОДРӮЗӢ

– Дар ин синну сол бештар дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Табиист, ки аксар дар пиронсолӣ умри гузаштаро ёд мекунанд. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки миёни хотираҳоям беҳтаринҳояшро ба ёд биёрам ва шукр гӯям, ки чунин зиндагиро аз сар гузаронидам. Айёми беҳтарине, ки бештар ёд мекунам, кӯдакист. Кӯдакӣ давронест, ки на фикри дунё дорӣ, на фикри моли дунё.

– Дар кӯдакӣ бозии дӯстдоштаатон чӣ буд?

– Дар кӯдакӣ ману ҳамсолонам бозиҳои зиёд доштем, ки яке аз онҳо яхмолакбозӣ буд. Ин бозиро бисёр дӯст медоштем ва ба гумонам, аз ҳама зиёд машғул мешудем. Ҳамчунин, ба куштигириву дигар бозиҳое, ки варзишӣ буданд, шавқ доштам ва то қадри имкон машқ мекардам.

– Ба зодрӯзи нав расидан барои шумо чӣ маъно дорад?

– Маънои хуб дорад. Як соли дигар зистан, бо аҳли оилаву дӯстону наздикон будан, бо ҳамкорон барои ҷомеа хидмат кардан ва умуман дар ин кишвари озоду зебо зиндагӣ намудан ҳамеша хубу хуш ва боиси шукргӯист.

КАТИБАИ ДУЮМ: АЗ ЖУРНАЛИСТИКА БА ҲУНАРМАНДӢ

– Устод, шумо дар як муҳити фарҳангӣ ба камол расидаед, оё имкон дошт, ки аз ин гуна муҳит ҳунарпеша нею ҳавонавард, низомӣ, иқтисоддон ё муҳандис шавед?

– Албатта, имкон буд, зеро фарзандони на ҳама фарҳангиён касбҳоеро интихоб мекунанд, ки ба муҳити оилавиашон наздик аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки хоҳ-нохоҳ обро решаҳо ба сӯйи худ мекашанд. Новобаста ба он ки қабул дорем ё не, муҳит таъсири зиёд мерасонад ба мо ва бо гузашти синну сол инро зиёдтар дарк мекунем.

– Дар мавриди интихоби касб чӣ гуна ба хулосаи дақиқ омада тавонистед?

– Ростӣ, дар аввал мехостам ё шарқшинос ё журналист шавам. Ҳам амакам ва ҳам акаам журналист буданд ва мехостам мисли онҳо бошам. Пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ омада, имтиҳоноти дохилшавиро ба шуъбаи рӯзноманигорӣ супурдам, аммо бо ду баҳои “5” ва як баҳои “4” дохил шуда натавонистам.

– Пасон чӣ кор кардед?

– Тавсия доданд, ки як солро барбод надиҳам ва ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоӣ дохил шавам. Ҳамин тавр ҳам кардам ва ин аввалин қадами ман ба сӯйи ҳунар буд. Ба омӯзишгоҳ дохил шудаму дар дилам шуълаи ҳунарпешагӣ пайдо шуд ва бо гузашти андак замоне ин касбро дӯст доштам.

– То ҷое медонем, шумо омӯзишгоҳро хатм накардаед?

– Дуруст аст, дар омӯзишгоҳ як сол таҳсил кардам. Хушбахтона, cоли дуюм дар Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) факултети санъат таъсис ёфт ва ман он ҷо гузаштам.

– Ҳамон солҳое, ки шумо довталаб будед, барои таҳсил дар самти ҳунарпешагӣ ба Маскав мерафтанд, чаро шумо нарафтед?

– Ман ҳам кӯшиш кардам, ки дар ҳамон гурӯҳе, ки махсус аз Тоҷикистон ба Маскав барои таҳсил сафарбар мешуданд, шомил гардам, аммо вақте ки ба вазорат рафтам, гуфтанд, ки довталабон имтиҳоноти дохилшавиро супурдаанд.

– Соли оянда барои Маскав рафтан кӯшиш накардед?

– Қоида чунон буд, ки як гурӯҳ рафта меояд ва баъд гурӯҳи дигарро қабул мекунанд. Чун он замон таҳсилам дар донишкада хуб мегузашт, дигар фикри рафтан ба Маскавро накардам.

– Замони таҳсил дар донишкада аз чӣ танқисӣ мекашидед ва умуман чӣ мушкилот доштед?

– Мушкил надоштам, зеро ҳам бо хобгоҳ таъмин будем, ҳам идрорпулӣ мегирифтем ва ҳам падару модар кумак мекарданд. Хеле хуб мехондам.

– Чанд пул ёриёна мегирифтед ва оё он барои пешбурди рӯзгору таҳсил мерасид?

– Он пул вобаста ба сифати таҳсилу баҳоҳоямон ва иду ҷашнҳо буд. Аз 30 сум оғоз шуда, то 90 сӯм гирифтаам. Барои як донишҷӯе, ки сарфакорона истифода мебурд, албатта, мерасид.

– Замони донишҷӯӣ бо театр алоқа доштед?

– Алоқаам бо театр танҳо дар он зоҳир мегашт, ки ба тамошои намоишҳо меомадам. Ҳамкорӣ намекардам, зеро ба фикре будам, ки дар навбати аввал бояд назарияро пурра омӯзам.

– Шумо пас аз хатми донишкада як сол муаллим шудед, чаро соли оянда корро дар театр интихоб кардед ва аз баҳри омӯзгорӣ гузаштед?

– Маро пас аз хатм ба ҳайси ёвари омӯзгор дар кафедра ба кор қабул карданд, корам бад набуд. Аммо устодам Хушназар Майбалиев пешниҳод намуданд, ки ба театр гузарам ва соли 1973 расман ба театр омадам.

– Дар давоми фаъолияти кориатон дигар дарс нагуфтед?

– Тақрибан 10 сол пеш дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дарсҳои амалии донишҷӯёнро дар театр мегузаштем. Ман ҳам се сол дарс гуфтам ва чун дидам, ки завқи бачаҳо камтар аст, дигар дарс надодам.

– Ба таври инфиродӣ шогирд омода накардед?

– Ин корро накардам, аммо дар вақти кор ҳар ёрие, ки аз дастам ояд, барои ҷавонон мекунам.

– Ҳоло таваҷҷуҳи ҳунарпешагони ҷавон ба театр чӣ гуна аст?

– Хеле беҳтар аст, бачаҳо ҳастанд ва кӯшиши зиёд мекунанд. Аз онҳо умеди зиёд дорем.

КАТИБАИ СЕЮМ: “БОЯД МАВЗУИ ИМРӮЗРО БАРРАСӢ КУНЕМ”

– Устод, насли шумо тавонист, ки ҷойи устодони санъатро то андозае холӣ намонад. Оё бовар ҳаст, ки насли ҷавон ҷойи шуморо пур карда метавонад?

– Дунё ба умед аст. Ман ҳам бовар дорам, ки мавқеи театр баланд мешавад ва таваҷҷуҳи ҳунарпешаҳои ҷавон зиёд мегардад.

– Ҳоло тамошобини театр чӣ гуна аст?

– Дар ҳама самтҳо пешравиву қафомонӣ ҳаст. Театр ҳам замоне чунон мавқеи баланд дошт, ки барои билетхарӣ навбат меистоданд. Албатта, ҳоло чунин нест, аммо ин охири кор набуда, балки умед мебандем, ки ҳолат беҳтар мешавад. Мо толорҳои пур аз тамошобинро бисёр дидаем ва боз ҳам дида онҳоро умед дорем.

– Дар ҳоли ҳозир оё ҳунарпеша ва театр рисолаташонро иҷро карда истодаанд?

– Намедонам чӣ гӯям. Мо кӯшиш мекунем, ки рисолатамонро иҷро кунем, аммо мушкил он аст, ки драматурге надорем, ки вазъи замонро нависад ва мисли оина ба мардум нишон диҳем. Мо аз ҳамин ҷиҳат бисёр танқисӣ мекашем. Медонем, ки барои тамошобини имрӯзро ҷалб кардан бояд мавзуи имрӯзро баррасӣ кунем. Мавзуи замон, ки дар он мушкилоту дастовардҳо баррасӣ мешаванд, ҳамеша ҷолиб хоҳад буд, аммо, мутаассифона, чунин нест. Касе бояд барои театр намоишнома нависад, ки некиро тарғиб кардаву бадиро маҳкум намуда, ҷомеаро ба рӯзҳои беҳтар бовар кунонда метавонад.

– 51 соли ҳаётатонро ба театр бахшидед ва монанди шумо даҳҳо каси дигар ҳам ҳастанд. Чун таҷрибаи ғанӣ доред, оё барои ислоҳи камбудҳои драматургон бо онҳо ҳамкорӣ мекунед?

– Як вақт ин ҳамкориҳо хуб буданд. Муаллиф мавзуеро меёфт ва бо коргардону ҳунарпешагон таҳлил мекард. Он асар дар театр тавлид мешуд ва мувофиқу муносиб буд, аммо ҳоло чунин нест. Онҳо менависанд ва мо ба саҳна мегузорем.

– Ба фикри шумо, ин камбудҳо ҳалли худро меёбанд?

– Ман хушбинам ва итминон дорам, ки мо рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодаем. Боиси хушнудист, ки ба наздикӣ Барномаи давлатии рушди санъати театр барои солҳои 2025–2029 қабул шуд ва албатта, ин имкон медиҳад, ки мо бештар рушд кунем.

КАТИБАИ ЧОРУМ: “БОЯД РИСОЛАТАТРО ИҶРО БИКУНӢ”

– Зиёда аз ним аср мешавад, ки дар як театр кор мекунед. Дар як ҷо ин қадар сол кор кардан чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

– Ягон бадӣ надорад. Агар дилбастаи касби худ бошӣ, ҷойи кор муҳим нест, балки мақсади ягона он мешавад, ки бояд рисолататро иҷро бикунӣ.

– Дар ин солҳо аз дигар театрҳо ба кор даъват накарданд?

– Замоне театри вилоятие саркоргардон надошт, маро даъват карданд, аммо рад кардам, зеро ҳамчун ҳунарпеша кор карданро авлотар донистам.

– Гузашти синну сол ба кори шумо таъсир мерасонад?

– Шукр, ки ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ худамро ҳоло хеле хуб ҳис мекунам. Вақте ки худамро бад ҳис кардам ё матнамро азёд карда натавонистам, аз кор меравам.

– Дар ин мавсими театрӣ дар намоишҳо фаъолед?

– Бале, дар театр қариб ҳар рӯз нақш иҷро мекунам. Нақшаи соли ояндаро ҳоло намедонам.

– Баҳои шумо ба завқи театрии мардум чӣ гуна аст?

– Миёна, вале бовар дорам, ки бо беҳтар кор кардани мо сафи онҳо ҳам зиёд шуда, завқашон баланд мегардад.

– Кай шумо чӣ будани ҳунарро фаҳмидед?

– Пас аз чанд соли кор дар театр. Албатта, алифбои ҳунарро дар донишкада хондам, аммо ба саволҳои зиёдам вақти кор дар театр ҷавоб пайдо кардам. Ҳунар чист? Барои чӣ дар саҳна бояд зиндагӣ кард? Кори мо ба ҷомеа чӣ манфиат медиҳад ва ғайраҳо. Оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки ҳунарпешагӣ худнамоӣ нест, балки дар саҳна зистан аст.

КАТИБАИ ПАНҶУМ: АЗ ҲАР ЗОВИЯ

– Ба ҷуз кори театр боз ба кадом корҳо машғул мешавед?

– Ҳоло ба ҷуз кори театр дигар коре намекунам. Албатта, даъватҳо мешаванд, аммо намехоҳам

– Шуморо дар кӯча бисёр мешиносанд?

– Бале, ман ба муҳаббату самимияти мухлисон хеле зиёд рӯ ба рӯ мешавам. Ин яке аз сабабҳоест, ки шукр мекунам ва аз касби интихобкардаам розӣ ҳастам.

– Агар фаъолияти театрҳо боздошта шавад, чӣ мешавад?

– Мо хеле қафо мемонем.

– Шабҳо дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Вақтҳои охир дар бораи роҳи интихобкардаам фикр мекунам ва саволҳои зиёде маро дунболагиранд.

– Масалан?

– Барои мисол, меандешам, ки оё дар роҳи ростам? Оё ҳаққи касеро нахӯрдаам? Оё рисолатамро ба таври бояду шояд иҷро кардам?…

– Баъди ин саволҳо аз худ чӣ гуна ҷавоб мегиред?

– Ҷавоби мусбат.

– Агар имкон мебуд, ки ба Асалбек Назриеви 25–30–сола мактубе нависед, дар он чӣ менавиштед?

–Агар чунин имкон пайдо мешуд, мехостам ба худам бигӯям, ки драматургияро хуб омӯз ва асарҳои мондагор барои театр бинавис.

– Устод, аз умри гузаштаву корномаи касбиатон розиед, оё виҷдонатон ором аст, худатонро хушбахт меҳисобед?

– Театр талқинкунандаи некӣ аст ва ман умрамро дар ин ҷо сарф кардам. Пас, аз умру корам розиям. Бо заҳмати ҳалол нон ёфта хӯрдам, касеро фиреб накардам ва барои нафъе гирифтан дурӯғ нагуфтам. Пас, виҷдонам ором аст. Субҳ бо табъи болида ба кори дӯстдоштаам меояму бегоҳ ба хонаам, ки маро аҳли оила мунтазиранд, меравам. Пас, ман хушбахтам.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

махсус барои “АС”

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо