Санаи 22-юми декабр дар Хонаи адибо ни ба номи Мирзо Турсунзода ба муноси бати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ маҳфили ёдбуд баргузор гашт. Маҳфилро раиси Иттифоқи нависан дагон Низом Қосим оғоз бахшида, хоти раҳояшро дар бораи шоири зинданом нақл кард, аз хидматҳои ӯ дар соҳаи адабиёт ёдоварӣ намуд ва шеъри ба ӯ бахшида ашро хонд. Гардонандаи маҳфил Ҳунарпешаи мар думии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, пайвандони Сафармуҳам мад Аюбӣ ва дигарон оид ба фаъолияти пурбори эҷодӣ ва шахсияти наҷиби ӯ суханронӣ карданд. Ҳанарпешагони мардумии Тоҷики стон Саидқул Билолов, Файзалӣ Ҳасан, овозхон ва оҳангсоз Зикриоллоҳ Ҳакимов ва сарояндаи ҷавон Лоиқи Давлатманд сурудҳо пешниҳод наму данд. Аз ҷониби Оркестри Гвардияи миллӣ гимни гвардия, ки ба қалами Сафармуҳаммад Аюбӣ тааллуқ дорад, суруда шуд. Пораи монологеро аз намоишномаи Сафармуҳаммад Аюбӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир бо маҳорати хос пешкаши иштирокдорони маҳфил гардонд. Дар охир маҷмуаи дастҷамъие, ки фарогири меҳрномаву ёддоштҳои қалам кашон ва пажуҳишҳои муҳаққиқонамон доир ба осори Сафармуҳаммад Аюбӣ аст, рӯнамоӣ карда шуд.
ЁД АЗ БИНВИШТАҲОИ РӮЗГОРИ МАН КУНЕД…
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





