25.4 C
Душанбе

«Як ханда кун, эй гул…» Чӣ гуна ин тарона беш аз пеш пурҳаводор шуд?

Нашри навори кӯтоҳе дар олами интернет, ки дар он соҳибсаҳифа “Як ханда кун, эй гул”-ро гӯё “ҳазломез” ва “мутафовит” “иҷро” мекард, боиси дигарбора беш аз пеш пурҳаводор шудани ин таронаи зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин гардид. Гузашта аз ин, ин корбар, ки шояд интизори фароҳам омадани чунин як “дастоварди блогерӣ” набуд, дар як муддати кӯтоҳ тавонист корбарони зиёдеро ба сафҳааш ҷазб кунад. Бигзарем аз ин! Аммо ин замзамаи “мутафовит” вокунишҳои тунди корбаронеро низ дар пай дошт. Махсусан мардуме, ки ба ҳунари асил бо ҷиддият бархурд мекунанд ва ҳатто андаке ҳам ба шӯхӣ гирифтани исму кори чеҳраҳои тобноки ҳунарро намепазиранд ва махсусан дар ин маврид сари ҳунармандони марҳум ҳассосанд, рафтори ӯро ношоиста хонда, ба беэҳтиромӣ нисбат ба ҳунару ҳунарманди асил маҳкумаш карданд. Албатта, ин “кори блогерӣ”-ро бахши дигаре аз корбарон бо иншои ҷумлаҳое монанди “ҳар кори арзишманди ҳунарие бо чунин бархурдҳои танзомез, ҳатто гоҳе як андоза таҳқирбарангез рӯбарӯ мешавад ва набояд дар чунин маворид масъаларо ҷиддӣ гирифт”, ба навъе мусбат натиҷагирӣ намуданд. Парвонаи Тоҷиддин, яке дигар аз фарзандони ба овозхонӣ машғули зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддин низ ба масъала аз ин зовия назар карда, дар суҳбате иброз дошт: “Албатта, ҳадафи оне ки бо адоҳои мисли “Як ханда кун, э-о-о-о..” ба қавле бо тарона ҳазл кард, пурҳаводор сохтани саҳифаи худ дар интернет буд. Ҳоло пешниҳоди ба ин монанд муҳтавоҳо миёни блогерон кори маъмулӣ шуда-аст. Вале бибинед, ки ин амалкарди ӯ ба тарона латмае назад, балки онро беш аз пеш пурҳаводор сохт. Кори ҳунарии ҷаззоб ва ҷовидона чунин аст. Ҳарки бихоҳад аз хеш чизе ба он биафзояд, боз ҳам шакли асли он барои мухотабон шуниданитару диданитар боқӣ мемонад. Айни ҳамин иттифоқ бо таронаи падари ман афтод ва ин рӯзҳо ҳамчун намояндаи ин хонадони ҳунарӣ шодам, ки боз ҳам ба ин баҳона садои устоди ҳунари тоҷик, шодравон Тоҷиддини Муҳиддин дар олам бештар шунаванда пайдо мекунад. Ин аст нишонаи хоси ҳунари асил, ки марг надорад”.

Воқеан ҳам таронаи “Як ханда кун, эй гул…”-ро, ки ҳанӯз соли 1994 бо намоҳангаш ба бозори ҳунар ироа шуда буд ва имсол ба эҷоди он 31 сол пур мешавад, ин рӯзҳо метавон аз ҳар гӯшаи интернет шунид. Бахши бузурге аз ҳаваскорону касбиёни моил ба овозхонӣ ба замзамаи ин тарона пардохтаанд ва бо лаҳнҳои гуногун онро иҷро мекунанд. Дастаи ҳунарии “Ҳавас”, сарояндаҳое мисоли Ғолибҷон Юсуфов, Суҳроб Одинаев, Азиза Қобилова, Шаҳзоди Даврон, Достонбек Мирзоев, Акрамҷон Ҳотамов, Зокир, Парвонаи Тоҷиддин ва ҳаваскороне зиёде ин таронаро бо шеваҳои гуногун то ҳол бозхонию нашр кардаанд. Махсусан иҷрои зиндаи ду гулдухтари дастаи мусиқии “Ҳавас”-и Ӯзбекистон, ки охиран онро саҳифаи ютубии “Осиё” нашр кард ва дар ҳайати дастаи мутрибон гиторнавози ҷавону тавонои тоҷик Бахтиёр Акрамзода низ буд, дар пойгоҳҳои нашри корҳои ҳунарии интернет ҳаводорони зиёде доштааст.

Ҳатто соле пеш бо истифода аз матни ин суруди машҳур Дилшоди Файзулло бо навои дигар суруди шӯрангезе иҷро кард.

Бо овардани ин чанд далел метавон гуфт, ки дар ин миён ҷудо аз тоҷикони алоқаманд ба овозхонӣ намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла ӯзбекҳо, озариҳо, афғонистониҳо, эрониҳо, туркҳо ва ҳатто африқоиҳо низ ҳастанд. Ин корбарони ҳавасманд ба сурудхонӣ, марду зан бо шавқу завқи том “Як ханда кун, эй гул..”-и овозхони нотакрор, яке аз нахустин чеҳраҳои тобноки эстрада дар Тоҷикистон, номовари дастаи ҳунарии “Гулшан”, равоншод Тоҷиддини Муҳиддинро замзама кардаву дар олами интернет ҳамагонӣ карда истодаанд. Ба ҳадде ин тарона ҳамапазир шудааст, ки ҳоло дар наворҳое тика-тика иҷрои чанд касро дар як навбат мегузоранд ва аз корбарон бо ироаи суоли “кӣ беҳтар мехонад?” назар мепурсанд. Назаргоҳи ин наворҳо пур аз ҳадиси корбарони гуногунмиллати шабакаҳои иҷтимоии интернетист, ки аксарият ҷудо аз посух додан ба суоли “кӣ беҳтар мехонад?” ба ҷаззобияти тарона ишора менамоянд. Дуруст аст, ки ба таъбири маъмул, “мусиқӣ сарҳад надорад” ва забони он башарист. Вале хеле кам иттифоқ меафтад, ки таронае ба ин андоза ҳамапазир шавад. Албатта, ин пеш аз ҳама аз қудрату зарфиятҳои фарогири забони тоҷикӣ-форсӣ дарак медиҳад, ки бешак, дар таърихи башарият ҳазоронро шайдои хеш кардааст ва имрӯз низ миёни намояндагони миллатҳои олам дӯстдорони ин забон кам нестанд. Яъне дар навбати аввал ба малакаи эҷодии шоири ин тарона устод Олимхон Исматӣ бояд аҳсан гуфт, ки бо истифодаи моҳиронаи вожаҳои навозишии забони ноби тоҷикӣ ба эҷоди як ғазали мухтасару сода даст ёфтааст, ки сарояндаи зиндаёд ба як дидан ҳаваси дар ҳавои он тарона сохтанро кардааст

Як ханда кун, эй гул, лаби хандоната садқа,

Эй ғунчадаҳон, зираи дандоната садқа!

Бар чоки гиребони ту гар дида бидӯзам,

Дилчок шавам, чоки гиребоната садқа!

Лаб бар лабам овез, ки дар ҳасрати лабҳот

Ҷонам ба лабам омада, эй ҷоната садқа!

Бо як нигаҳ аз раҳ бизадӣ тифли диламро,

Мижгонсияҳо, чашмаки шайтоната садқа!

Дар суҳбате Олимхон Исматӣ иброз дошта буд, ки “шеъри мазкур замони дар нашриёти “Адиб” фаъолият доштанам эҷод шудааст. Ин шеъри даврони ҷавонии банда буд, ки устоди ҳунар шодравон Тоҷиддини Муҳиддин онро ба суруди дӯстдоштаи мардум табдил дод. Беш аз 30 сол мешавад, ки ин тарона ҳаводорони хешро аз даст намедиҳад ва ин мояи ифтихори банда низ ҳаст”.

Месазад дар тақвияти ҷумлаҳои болозикр илова кард, ки албатта дар баробари эътирофи маҳорати волои суруднависии шоири ин тарона наметавон сабку шеваи хос ва муассири ҳунарманди нотакрор Тоҷиддини Муҳиддинро низ сарфи назар намуд, зеро эшон дар иҷрои ин ва дигар таронаҳо аз зарфиятҳои ҳанҷараи хеш бо маҳорату малакаи тамом истифода кардааст.

Ҳамзамон таронаи мазкур замоне эҷод шуд, ки аҳли эстрадаи он даврон ҳам мисли имрӯз бештар таронаҳоро бозхонӣ мекарданд. Барои мисол дар барномаи ҳунарии равоншод Тоҷиддини Муҳиддин низ таронаҳои бозхонишуда кам нестанд. Яъне як далели рӯшани он замон пурҳаводор шудани таронаи “Як ханда кун, эй гул” ҳамин буд, ки он кори тоза ва фардии овозхон маҳсуб мешуд.

Парвонаи Тоҷиддин дар суҳбате иброз дошт, ки падарам ин таронаро махсус барои ман эҷод кардаанд ва ин ҳарфи худро чунин тавзеҳ дод: “Ҳанӯз 15 сол қабл ба аҳли хонавода, дӯстону ҳамкасбон мегуфтам, ки суруди “Як ханда кун, эй гул”-ро падарам барои ман сароидаанд. Шабе аз маҳфиле хона омаданд ва диданд, ки аз шиддати дарди дандон гиря дорам. Ҳамон дам назди дандонпизишкам бурданд ва аз дард раҳо шудам. Аммо вақте ки падар гиряи маро диданд, мушоҳида кардам, ки дилашон реш шуд ва аз китоби рӯйи миз шеъре баргузида, ҳамон шаб шакли ибтидоии таронаи мазкурро сохтанд. Падарам ҳамеша мегуфтанд, рӯзе бо ифтихор хоҳӣ гуфт, ки ин тарона барои ман эҷод шудааст”.

Воқеан њам оњанги “Як ханда кун, эй гул…” маҳсули истеъдоди оҳангсозии ҳунарманд аст ва бо ҷаззобияти хоса сохта шудааст. Мутрибони дастаи ҳунарии “Гулшан” ҳам, ки ҷумла дар кори мутрибӣ мумтоз буданд, оҳанги ин таронаро дар ҳамоҳангӣ ба зарфиятҳои ҳунарии овозхони мумтоз Тоҷиддини Муҳиддин ба наво овардаанд. Наво ба он ҳад содаву ҷаззоб аст, ки иҷрои он тавассути ҳар асбоби мусиқие имконпазир аст ва зимни иҷрои оҳанги суруд аз ҳар созе метавон нағмаи дилпазиртар аз дигареро шунид. Ҳамин аст, ки ҳавасмандони иҷрои ин таронаи дилошӯб натанҳо ҳаваскорону касбиёни соҳаи овозхониянд, балки ҳамеша мутрибони созҳои гуногун ҳаваси навохтани навои ин таронаро мекунанд ва бо шавқ соз ба даст гирифта, бо оҳанги таронаи “Як ханда кун, эй гул” ба наво меоянд. Махсусан ҳоло ки тарона дигарбора пурҳаводор шудааст, бисёре аз соҳибсозони дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ саҳифадор, филми мутрибии худро бо иҷрои бекаломи ин тарона ҳамагонӣ мекунанд. Албатта, қисми зиёди ин навозишҳо на касбӣ, балки ҳаваскоронаанд. Вале дар идома бо чанд ҷумла тавсифи як навозиши касбии мутриби ҷавон, вале дар соззанӣ тавонои тоҷик Хушбахт Ниёзов менамоем.

Хушбахт аслан мутриби сози рубоби бадахшонист, ки ин рӯзҳо дар ҳавои таронасароии ситораҳои эстрадаи тоҷик соз мезанад ва дар Ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои кишвар фаъолият мекунад. Махсусан таронаи тозаи Мадина Ақназароваро, ки “Мастам аз нигоҳат” ном дорад, рубобнавозии Хушбахт ҷаззобтар кардааст. Ин мутриби ҷавон навореро бо навозиши навои таронаи “Як ханда кун, эй гул” тавассути саҳифаи инстаграми хеш ҳамагонӣ кард, ки дидани он ҳаловатбахш аст. Хушбахт ба навои аслии тарона побанд нашуда, бо ҳифзи асолати оҳанг тозагиҳое низ ба он ворид намудааст. Ба ҳадде дар раванди иҷрои ин наво касбият ва эътимодаш болост, ки қисмате аз оҳангро бо як даст менавозад.

Дар ҳавои маҳбубияти беш аз пеши ин тарона охиран Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҳунариеро таҳти унвони “Як ханда кун, эй гул” эълон кард, ки дар он сарояндагони касбию ҳаваскор имкони бозхонӣ кардани таронаҳои овозхони нотакрор ва зиндаёди тоҷик Тоҷиддини Муњиддинро доранд. Барои беҳтарин иҷроҳо ҷоиза ҳам медиҳанд. Албатта, роҳандозии чунин сабқатҳои ҳунарӣ, чунонки дар эълони озмуни мазкур зикр гаштааст, ба эҳёи суннатҳои қаблии эстрадаи тоҷик ва оммавигардонии он шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон ин амал як навъ арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин дар рушди санъати эстрадаи тоҷик аст. Парвонаи Тоҷиддин, ки ҳамчун фарзанди ҳунарманд дар раванди ташкил ва баргузории озмуни мазкур бо Вазорати фарҳанг дар ҳамкорист, дар бораи марҳалаи аввал ва онлайнии озмун чунин иброз дошт: “Ба роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сипос мегӯем, ки чунин иқдоми шоистаро пеш гирифтанд. Ҳоло ҳудуди беш аз 30 ширкаткунанда аз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ирсоли навори замзамаҳояшон тавассути Телеграм дили моро ба идома додани марҳалаҳои баъдии озмун гарм карданд. То 1-уми июни соли равон, ки озмун натиҷагирӣ мешавад, албатта ширкаткунандагон бештар хоҳанд шуд. Ба баҳонаи ин озмун ният дорем, ки бо бунёди осорхонаи ҳунарии падар шоми эҷодии хоси эшонро низ баргузор кунем”.

Мо низ бо иншои чанд сатр дар бораи таъриху ангезаи эҷоди таронаи “Як ханда кун, эй гул”-и шодравон Тоҷиддини Муҳиддин ва шарҳи далелҳои маҳбубияти бештар пайдо кардани он, ба роҳандозони ин озмун барор таманно мекунем ва дар матлабҳои баъдӣ аз ҷараёни он мегӯем.

Бахтиёр РАҲМОНИЁН, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо