Дар тӯли таърих тоҷикон соҳиби шахсиятҳои барҷастае будаанд, ки бо эҷоди нодир ва хидматҳои бузург ба фарҳанг ва тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Яке аз чунин ситораҳои тобон — Камолиддини Беҳзод мебошад, ки номи ӯ дар таърихи санъати мусаввирии Шарқ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Мактаби Беҳзод — мактаби зебопарастӣ, инсондӯстӣ ва ҷустуҷӯи камолот аст. Услуби эҷодии ӯ на танҳо ба наслҳои ҳамзамон, балки ба садсолаҳои баъдӣ таъсири амиқ гузошта, ба як равияи мустақили рассомии шарқӣ табдил ёфтааст. Наққоши бузург бо хиради хоси худ тавонист зебоиро бо маърифат ва мазмун пайванд диҳад. Ҳар як расми ӯ на танҳо манзара ё симо, балки ҳикмат ва фалсафаи зиндагӣ дорад.
Имрӯз низ ҳастанд онҳое, ки бо эҳтиром ба мероси ин устоди бузург роҳи ӯро идома медиҳанд. Давомдиҳандаи мактаби Камолиддини Беҳзод будан маънои онро дорад, ки рассом дар эҷод бо диди амиқ, ҳисси баланди зебоӣ, рангшиносӣ ва муҳаббат ба инсон ва табиат амал мекунад. Ӯ на нусхабардор, балки эҳёгари рӯҳи Беҳзод дар шароити замони муосир аст.
Баъзан ривоҷи санъати миниатюраро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нодида мегиранд, ҳол он ки дар ин минтақаи бузурги кашфношуда, миёни дарбори Темурланг дар Самарқанд ва салотини Ҳироти Афғонистон мактабҳои махсуси ин навъи санъат шурӯъ аз асри XVI рушд доштаанд. Ин сабки хоси Осиёи Миёнаро, ки яке аз барҷастатарин намояндагонаш аз Тоҷикистон аст, Олим Камолзода ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири суннати мактаби миниатуранигории хоси Камолиддини Беҳзод омӯхтааст. Имрӯз ӯ равнақдиҳандаи он мактаби бузурги миниатураи Беҳзод буда, тавассути хонамузеи худ тамошобинони хориҷӣ ва дохилиро ба ваҷд меорад.
Камолзода Олим нусхаи порчаҳои миниатюраи зиёде аз асарҳои Беҳзод ба монанди асари Низомии Ганҷавӣ «Хамса» — «Аз шикор бо оҳу баргаштани Хусрав», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Чавгонбозӣ», «Китобхонии шоҳзода дар назди ҷӯй», «Пирамард ва анор», «Хусрав ва Ширин», «Баҳроми Гӯр ва аждаҳор» ва дигар асарҳоро бо маҳорати баланд тасвир кардааст.





