Вақтҳои ахир роҷеъ ба он ки ҷавонон ба китобу китобхонӣ чандон майлу рағбат надоранд, сарусадоҳо дар ҷомеа хеле зиёд шудааст. Дар низоми таълими адабиёт, ки беҳтарин функсия ё вазифаи тарбияи маънавӣ ва фарҳангии инсонҳоро дорад, қолабҳо то ҳанӯз тағйир наёфтаанд: дарсҳои адабиёт бо ҳамон усули пешинаи лексияхонӣ ва баъдан дар дарсҳои семинарӣ ягон мавзуъро якҷо (бо тамоми гурӯҳ) хонда, омадану ҷавоб додан боқӣ мондаасту халос. Мутаассифона, навгониҳо нест, бевосита аз осори шоиру нависандагон шинос шудани донишҷӯён таҷриба карда намешавад.
Замона тақозо мекунад, ки шакли муомила бо ҷавонон дар раванди таълими адабиёт куллан дигар карда шавад, роҳу усулҳоеро бояд ҷуст ва татбиқ кард, ки худи ҷавонон бо осори адибону шоирон шинос шаванд, асарҳоро худашон хонанд ва бо тарзи мубоҳисаву раддубадали афкор ба фаҳму дарки он ки нависанда чӣ арзишҳо ва чӣ ҳикматҳои зиндагиро дар назар дорад, бирасанд.
Шакли дарсе, ки бо ибтикори адабиётшиноси маъруф, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва публитсист Ҳафиз Раҳмон ва бо ширкати Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ва барандаи Ҷоизаи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ба номи Чингиз Айтматов Муҳаммад Ғоиб баргузор шуд, семинари адабӣ унвон дошт.
Мавзуи дарс – эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб дар курси якуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муқаррар шуда буд. Донишҷӯён пешакӣ аз муаллим супориш гирифта буданд, ки аз эҷодиёти ин адиб (аз соҳаи насраш – роману қиссаҳо ва ҳикояҳои Муҳаммад Ғоиб) ҳар қадар метавонанд асарҳо хонанд ва дар семинари адабӣ аз якеи онҳо иттилоъ диҳанд. Дар семинари адабӣ худи муаллифи асарҳо, яъне Муҳаммад Ғоиб иштирок ва баҳогузорӣ хоҳад кард. Ҳамин тавр, ташкили чунин навъи дарс навоварона буда, ба рушди андеша ва завқи бадеии ҷавонони донишомӯз мусоидат хоҳад кард.

Семинари адабӣ бо ташаббуси муаллими дарсгӯ – номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва публитсист Ҳафиз Раҳмон баргузор шуд. Устод Ҳафиз Раҳмон тӯли сӣ сол аст, ки аз адабиёти тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ба донишҷӯён дарс мегӯяд ва аз зумраи устодони навовар ва ташаббускори Донишгоҳи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ бо ҳамин семинари баргузоркардааш собит кард, ки зарфиятҳои ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ зиёд аст ва яке аз онҳо – баргузор кардани семинарҳои адабӣ бо иштироки худи адибон мебошад.
Дар семинари адабӣ асосан масъалаи ҷойгоҳи насри бадеӣ дар эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб мавриди баррасии донишҷӯён қарор гирифт. Ҳар донишҷӯ аз осори насрии Муҳаммад Ғоиб 4-5 асар хонда, фаҳму дарки худро аз якеи онҳо ба намоиш гузоштанд.
Дар маҷмуъ 13 донишҷӯ суханронӣ карданд ва мавриди пурсишу посух қарор гирифтанд. Инҳо донишҷӯёни соли якуми факултаи журналистика буданд ва забони таълимашон русӣ буд. Аз ҳамин сабаб дарс мувофиқи дониши худи донишҷӯён – ҳам ба забони русӣ ва ҳам тоҷикӣ сурат гирифт. Масалан, агар яке, ки забони русиро хуб медонист, асари мутолиакардаашро ба русӣ ҷавоб диҳад, каси дигар ба забони тоҷикӣ андешаву бардоштҳояшро мегуфт. Ин усули семинар аз он ҷиҳат хуб аст, ки ягон донишҷӯ, агарчи забони русиро хуб надонад ҳам, бекор намемонад ва ҳатман асари бадеӣ мехонад.
Донишҷӯён андешаҳои худро роҷеъ ба осори хондаашон баён карданд ва муаллим якҷо бо донишҷӯёни дигар бо саволҳо муроҷиат мекарданд. Худи Муҳаммад Ғоиб дар семинар иштирок кард ва дар охири семинар андешаҳояшро баён кард.

Аз ҷониби донишҷӯён қиссаву ҳикояҳои Муҳаммад Ғоиб – “Тафтиш” “Расследование”, “Горькая судьба”, “Парварда”, “Питомица», «Подош», «Дарди ҳастӣ», «Талхком», романи «Соярӯшан», «Даҳшат», «Ҳасрати дидор», «Фарёди солҳо», «Дунёи тақдир», «Ҷинояти беҷазо», қиссаи «Касе дар нимароҳ намемонад» хонда шуданд. Ин қиссаву ҳикояҳо аз китобҳо ва маҷмуаҳои Муҳаммад Ғоиб — «Подош», «Соярӯшан», «Сояи нур», «Баҳои ҷон», «Светотень» интихоб шуда буданд.
Донишҷӯён Собир Холматов, Оминабону Ҳаитзода, Аҳтам Саъдуллозода, Маҳфуза Азиззода, Сарвиноз Боймуродзода, Наҳтуллои Раҳматулло, Маҳмадҷон Иброҳимов, Руҳулло Шоймуродов, Нуриддин Давлатбеков, Озод Малахов сатҳи дониш ва идроки худро аз асарҳои хондаашон манзур карданд.
Дар интиҳои семинар худи Муҳаммад Ғоиб хулосаву бардоштҳояшро аз ин тадбир муфассал баён карда, аз заҳмату машаққати нависандагӣ ва ҷойгоҳи адабиёт дар рушди ҷомеа суҳбат кард.
Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиби соҳибқареҳа ва маъруф дар соҳаи насри бадеӣ Сироҷиддин Икромӣ низ ба таври мухтасар андешаҳои хешро роҷеъ ба чунин шакли донишомӯзӣ изҳор дошт.
Қарор МУҲАММАДИЗОДА,
номзади илми филология, дотсент