6.1 C
Душанбе

УМРЕ БО ОРМОНИ ОРИЁӢ

Ба муносибати 90-солагии адабиётшиноси зиндаёд Валӣ Самад дар Иттифоқи нависандагони Тољикистон маҳфили поси хотир доир гашт. Маҳфилро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тољикистон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи хидматҳои Валӣ Самад дар соҳаи илми адабиётшиносӣ суханронӣ намуд. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ғафуров Субҳони Аъзамзод оид ба фаъолияти илмии Валӣ Самад маъруза пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, китобе бо баррасии заҳматҳои илмӣ ва эљодии ин шахсияти зинданом дар ҳоли нашр аст. Нависандаи халқии Тољикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тољикистон Муҳаммад Ғоиб, академик Муҳаммадюсуф Имомзода пиромуни мақолаву рисолаҳои илмии шодравон мулоҳи зоти арзишманд иброз намуданд. Донишмандон Абдунабӣ Сатторзода, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Анзурати Маликзод, Шоҳзамон Раҳмон, Шодӣ Шокирзода ки солиёни зиёд бо Валӣ Самад дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ҳамкор буданд, дар бораи шахсияти ӯ ва фаъолияти пурбораш хотираҳои љолиб нақл карданд. Яке аз шогирдони Валӣ Самад – шоир ва рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур шеъри ба ӯ бахшидаашро қироат намуд. Гуфта шуд, ки Валӣ Самад дар риштаи омӯзиши робитаҳои адабӣ корҳои зиёдеро ба анљом расонида аст, ки дар дохилу хориљи кишвар эътироф гаштаанд. Ӯ хештаншинос буду ҳамеша худогоҳии миллиро тарғиб мекард. Дар охир духтари адабиётшинос Сайёра Самадова барои гиромидошти падараш ба ҳамагон арзи сипос намуд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо